Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (22-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

– Бар халифа бениҳоят хашмолуда шудани маро сабаб он аст, ки ба шоҳаншоҳи муаззам ва музаффари мо номае пур аз таҳдид фиристодааст. Ҳол он ки такаббуру манманӣ ва худситоӣ хилофи дини мубини ислом аст. Халифа сахт хато кардааст ва ӯро мебояд сазовор ҷазо диҳем!

Муҷирулмулк Абулқосим Умар бо шиддати бештар халифаи аббосиро маҳкум кард:

– Ҳоқони бутпарастро бар зидди подшоҳи мусулмон шӯрондани амиралмӯъминин гуноҳест нобахшиданӣ! Дар вақташ аз бойгонии шоҳони ғазнавию ғуриён низ мактубҳои иғвоангези Носирхалифаро ёфта будем, ки ин далели бадхоҳии ӯст. Алҳазар аз чунин халифаи нопок ва бадният! Вайро вожгун намуда, меҳтарӣ ба дигар дуда супоридан нураналонур мешавад!

Амири силаҳшӯр Зиёуддини Марвазӣ андешаи худро мухтасар ва таъсирбахш изҳор кард:

– Ё киромулакрамин! Ба куштани садри шарифи Маккаи мукаррама қотили зархарид фиристодани халифаро шунида, мӯйи сарам рост хест, дилам аз яхи сард хунуктар шуд ва ғойибона туф кардам ба рӯяш! Илоҳо, ба нафрати муслимин ва музлимин гирифтор шавад Носири базаҳкор! Баҳиҷ ном сарвари қабилаи араб аз авлоди Алӣ, ки дар шафати Марв сукунат дорад, ҳозир аст бе ягон дирҳам сари Носирхалифаи бераҳмро аз тан ҷудо кунад. Агар шоҳаншоҳи муаззам рухсат фармоянд, Баҳиҷро бе ягон дудилагӣ ҳамроҳӣ кардан вазифаи ифтихории банда аст!

Котибулиншо Низомуддин пас аз ҳамду сано иқдоми Султон Муҳаммадро хирадмандӣ ҳисобид:

– Машварати имрӯзаро кори хом не, иқдоми басо пухта меҳисобам. Шоҳаншоҳи пурхиради мо чӣ гуна аз роҳ бардоштани уқдаро аз ҳамаи мо беҳтар донанд ҳам, шунидани ақидаи некхоҳонро зарур донистанд. Шукр ва сипос Худовандро, ки айёми меҳнату кулфат ва шиддати рӯзгори халқи мо ба поён расида, обрӯю эътибори давлати Хоразмшоҳиёни Кабир тадриҷан боло меравад ва пешравӣ дар ҳама ҷабҳа мароми муназзам дорад. Доноён ва зиракон фармудаанд, ки агар мурод аз маслиҳату машварат рафоҳияти халқу давлат ва савобандӯзӣ бошад, даҳчанд бештар ба дӯстон мурувват, бо душманон мадоро бояд намуд, то риштаҳои бародарӣ мустаҳкамтар шавад. Он гоҳ мо метавонем, бо ширинзабонӣ ва лутфи хуш пили сафеди халифаи Бағдод ба ҷониби дилхоҳ кашем…

Аз ваҷоҳати Хоразмшоҳ аён буд, ки ин пешниҳод пазируфта нашуд. Бо вуҷуди ин Шайхулислом Маҷдуддин дурри якто ва гавҳари гаронбаҳои ислом будани бародарро махсус таъкид намуда, бе ягон сабаби ҷиддӣ ба сари бародари ҳамдин ханҷар кашиданро хилофи шариат ҳисобид ва гуфт:

– Дар олами ислом касе кушта шудани халифаро хостор нест. Ба лонаи мори хуфта ва сабуксар ҳамла овардани шери жаён оқилӣ набошад. Чаро оқил кунад коре, ки бор орад пушаймонӣ…

Хоразмшоҳ, ки фикру андешаҳои дигар вакилдоронро ботамкин мешунид, дарҳол лаб ба эътироз кушоду машварат ранги дигар гирифт.

– Агар халифа мори сабуксар бошад, ман бо вай чунон бозӣ кунам, ки кӯдакон бо гӯй бозӣ кунанд! Аз чунин саркӯбӣ ҳеҷ пушаймон нашавам.

– Фармон шуморост, эй шоҳаншоҳи олам! Лекин ба андешаи мо, сабру таҳаммул беҳ аст аз сабуксангӣ. Яқин медонам, ки андак илтифоти Шумо мушкилкушои ин уқда хоҳад шуд…

– Шонздаҳ соли тамом сабру илтифот кардем, ҳамин кофист! Ба хубию хушӣ борҳо бо Носир фаҳмондем, ки аз хулафои собиқ ибрат гираду чуноне онҳо шоҳони собиқ Алпарслону Маликшоҳу Санҷарро мӯҳтарам медоштанд, мартабаи моро низ ба ҳамон дараҷа расонад. Мо аз вай дигар ҳеҷ чиз нахоҳем ва эҳтиромашро нигоҳ дорем. Вале Носир шаъбадабозӣ мекунад, шоҳаншоҳи оламро намебинад, сухани вайро намешунавад. Найрангу фиреб бас! Маро корд аз гӯшт гузашта, теғ ба ҷон расидааст. Пачақу маҷақ карда, мисашро мебарорам!!

– Ҷаҳонофарин ситам дар ҳаққи ноиби Пайғамбари оламро дӯст надорад…

– Хулафои рошидин ҳаққан ҳаққо ноибони Пайғамбар буданду барои поку мусаффо нигоҳ доштани дини мубини мо мекӯшиданд. Дигар халифаҳо давлатманду дунёдор буданду Носир бархилофи фармудаҳои Китоби Аллоҳ кор мебарад. Вай ҷаббор асту халоиқ маҷбур, вале мо фармонбардор наем, мухторем мо! Фақат аз Худованди карим метарсем мо, эй шайхи гиромӣ, аммо аз халифаи золим як тори мӯ тарс надорем, дуд аз димоғаш мебарорем!

Сипаҳсолор Шамсуддини Калободӣ чолок аз ҷой ҷаста, паҳлӯи Хоразмшоҳ истод ва бо қатъияту садоқати самимӣ гуфт:

– Мо ба хурӯҷ кардану шикастани сари душман ҳамеша тайёрем! Ҳар киро душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст! Дувист ҳазор сарбози турк – қалби сипоҳи содиқи шоҳаншоҳи олам саф андар саф ба пой андар истода, ишораи подшоҳи муаззамро интизоранд. Дувист ҳазор сарбози диловари Аҷам дар майсараву маймана қодир ва ҳозир истодаанд, то кини шоҳони Аҷам аз халифаи Араб ситонанд!

Шайх Маҷдуддин дид, ки шоҳаншоҳ бар сухани рақиби бадшиор гӯши ризо кушодааст, дарҳол аз ҷой хест, то шарораи гулханро хомӯш гардонад:

– Кини шоҳони Аҷам хостан оташи азоби абад афрӯхтан аст, ки дину хирад бисӯзад. Шумо, ки забонро тир сохтаву дилро камон намуда, гиреҳ аз кори фурӯбаста кушодан мехоҳед, аз зарбаи сарпанҷаи тақдир ғофил набошед! Ҳадиси муборак ба ёд оред: ҳар кӣ ба халифа дарафтад, кораш ба Худо афтад!

Шайхулислом боз чанд ҳадиси табаррук ва панди ниёгон ба самъи подшоҳ расонду оташи ғазаби ӯро андаке паст гардонд. Дигар вакилдорон, ки аз зоҳир шудани хилофи назар миёни Хоразмшоҳ ва шайхулислом мутаҳайиру саргаранг буданд, осуда нафас кашида, бо умеди хайр сарвари олимақомро нигаристанд, ки бо оҳанги ҳалим лаб ба гуфтор кушод:

– Ман хуб медонам, ки гуфтору пиндори мо хоҳ нек бошаду хоҳ бад, амиралмӯъмининро хуш наёяд. Зеро дар симои ҳар кадоми мо хасми ҷонсӯзи худро мебинад. Ҳоло, ки кори мо боло гирифтааст, вай аз тарсу ваҳм сар ба куҷо заданро намедонад. Аммо нотарсона изҳори андеша карданҳои шайхи бузургвори Хоразм маро хуш омад. Фақат… донистан мехоҳам, ки эшонро ба далерона сухан гуфтан чӣ ё кӣ водор сохта бошад?

– Маро Худованди олам, модарбузурги модарони гетӣ фармуданд, ки ҳама ҷиҳати масъаларо фошофош бигӯям, то кор аз кор нагузарад.

– Зиҳӣ, Модар! – хитоб кард котибулиншо ва ҳама ба ҳурмати Турконхотун аз ҷой хеста, сари таъзим фуруд оварданд. Хоразмшоҳ ба ваҷд омаду ба солорӣ гуфт:

– Маълум мешавад, ки модарбузурги олам моро ба ҳурмати байзаи ислом даъват фармудаанд. Модарам мегӯянд, ки ҷое халифа тухми ҷафо кошта бошад, ҳеҷ гоҳ хирмани вафо набардорад ва дар хоке агар ниҳоли хилоф шинонда бошад, дарахти дӯстӣ насабзад. Яъне Халифа уқдаи бисёре чун донаи ангур дар дили мо андохтааст, вале мо дасисаҳои ӯро боз як мудати дигар таҳаммул мекунем. Зеро хуб медонем, ки фақат аз роҳи сабр инаби араб ба шароби таҳур табдил меёбад, ки онро аҳли биҳишт менӯшанд. Азбаски Ғӯрганҷи мо ба эътирофи ағлаб шоирон як гӯшаи биҳиштӣ дар рӯйи замин аст, шароби таҳур насибаи ҳалоли мост ва сӯҳбати мо дар ҳолест, ки тирагиҳои онро ҷуз ба машварати соғар натавон соф кард. Фурсати он расида, ки бо паймонаи май паймони бародарӣ пок созему мушкилоти гетиро ҳал намоем…

Зиёфати шоҳона имрӯз бар шумо меҳрафзо ва гуворо бод! Шароби таҳур ба тану ҷонатон ҳаловату ҳузур бахшад! Мутрибону шоиронро фарёд кунед! Надимаи нави ман, он кабки хушпарвоз куҷост? Гӯед, ки биёяд, ҳамҷинсонашро биёрад ва хотири мо болида дорад…

Равзанаи панҷум. Ташреҳи мукаммали баҳси шодию ғам дар маҷлиси майгусорон

Зиёфат оғоз ёфтан ҳамон аз осмон гул борид! Аз нахустин барфи лаклакӣ буттаю дарахтони урёнгашта чун дар фасли баҳорон шукуфтанду кунҷе, ки сиёҳ буд, сап-сафед шуд. Хоразмшоҳ ҳадяи табиатро фоли нек ҳисобид ва бо хуррамӣ нидо кард:

– Барфи сафед ба вақте омад, ки мо хостем базми нишот оростан, то тирагиҳо пок гардонем. Чӣ хуш, ки Парвардгори олам мададгори мост ва ба рағми сиёҳӣ сапеда фиристод. Дилҳо шодмон доред, ки роҳамон сафед гашт ва пирӯзӣ насиби мо хоҳад шуд. Дер ояд, аммо шер ояд! Бо хотири ҷамъ бода нӯшед ва шодӣ кунед!

Маликушшуарои дарбор Сафии Бӯстӣ байте мувофиқи ҳол замима кард:

Дар ин барфу сармо ду чиз аст лоиқ:

Шароби мураввақ, рафиқи мувофиқ!

Шоири дигар ӯро ҳамовоз шуд:

Хезеду хаз оред, ки анҷоми хазон аст,

Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.

Чил тан махсусони дарбор – наздикону хосагон, қарибону маҳрамон ва ҳамсӯҳбатони подшоҳ ба ибораи худашон чашму ангушт чила карда, дар маҷлиси шароб чила нишастанд. Муғанниён машғули нағмаву суруд шуданду маҷлисиён саргарми соғар задан. Паричеҳрагони хос шароби ноб ба пиёлаҳои булӯр рехтанду туркдухтарони сабукрӯҳ ва нозукмиён бо нозу ишва ба ҷилва омада, ғорати дилу дин оғоз ниҳоданд. Соатаке дар ҳавои «Ганҷи бод» ҷавлон мезаданду соатаке бо садои «Ганҷи гов»…

Нигина аз атласи хуҷандӣ пираҳани наве пӯшида, дебочаи муаллам аз ҳарири хушнақшу нигор ба китф андохта, мушкмӯй ва ғолиябӯй ба тарабгоҳ омад, вале ба саҳна набаромад. Зеро Хоразмшоҳ хоне ҷудогона фармуда буд барои се тан ва бо лутфи хоса дасти Сайфуддину Нигинаро баргирифта, намоишкорона ба қалби доруззиёфат оварду ҳар дуро ба паҳлуи худ шинонд. Сипас бифармуд барои ҳамагон кабоб аз оҳуи Бухоро, шароб аз ангури Ғӯрганҷ ва хӯриш аз тазарви Самарқанд оварданд. Дилу ҷигари бирён наздиктари Нигина ғеҷонду бо хуррамӣ гуфт:

– Хоса барои ҳар сеи мо шароби сеякӣ овардаанд, ки мусалласи шоҳона мегӯянд. Онро бо меҳр он қадар ҷӯшондаанд, ки аз се ду ҳиссааш буғ шуда, фақат шарбати холисаш боқӣ мондааст. Мусалласи пок рӯҳафзо ва роҳатфизо аст, андӯҳи даҳсоларо аз табъ меравонад ва шодию нишоти нав меорад!

Эй кабутари ҳарам! Имшаб, ки сухангӯйи шакаршикани ман астӣ, соткин41 бигардон! Бо лаби хандон амри Хайём ба иҷро расон:

Эй ҳамнафасон, маро зи май қут кунед,

В-ин чеҳраи қаҳрабо чу ёқут кунед!

Нигина бо эҳтиёти тамом пиёлаи заррин пурмай гардонда, бо ду дасти адаб ба Хоразмшоҳ манзур карду ба Сайфуддин саволомез нигарист. Шоир бо ишорат вайро манъ фармуду бо чашму забони илтиҷо ба подшоҳ рӯ овард:

– Комрону комёбу шод бошед, эй шоҳаншоҳи олампаноҳ! Узри каминаи камтаринро қабул фармоед, ки лошаробам…

– Чаро?!

– Пирам маро ба паймонашиканӣ насиҳат карда… Тарсам, ки агар паймон шиканам…

–Натарс, шоир! Акнун туро раҳнамо ва пир манам! Дар маҷлиси мо паймонашиканӣ гуноҳ, аммо паймон нав кардан савоб бошад! Ту, ки ба хидмати мо камар бастаӣ, бо мо шод бошу шод зӣ! Шарбати таҳур нӯши ҷон кун, ки нӯшобаи аҳли биҳишт аст!

– Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олампаноҳ. Лекин… ҳанӯз ба қадри як қадаҳ хизмат накардаам…

– Хизмати ту дар пеш аст, эй шоир. Пас аз қадаҳи аввал чоргона хоҳӣ хонд андар ситоиши маҷлиси аҳбоб ва таҳуроӣ шароб! Эй шакаршикан, соткин бигардон!

Ин карат Нигина бо ду чашми пурилтиҷо Сайфуддинро нигаристу вай пиёлаи шароб дар даст бо оҳанги дигар лаб ба тавалло кушод:

– Эй шоҳаншоҳи олампаноҳ, шоҳписари шумо ба падари Нигина қавл додааст, ки амонат бе хиёнат нигоҳ…

– Бас! Ҷалолиддин амонат бе хиёнат ба мо супурд. Акнун Аҳмад надиму Нигин надимаи ман! Фазлу ҳунари гулу булбули Исфара маро маълум шуд ва ҳар дуро мӯҳтарам гардондам. Шод бошед ва бе ягон гапу ҳарфи зиёдатӣ фармони маро иҷро кунед!! Шароби дарғамӣ ба шодӣ бо шоҳи надимпарвар нӯши ҷон кунед!!!

Хоразмшоҳ бо як бардоштан ҷоми пурмай холӣ карду Сайфуддин аз нисф камтар, аммо Нигина пиёла ба лаб бурду ҳеҷ нанӯшид. Дарзамон оразаш арғувонӣ гашт. На аз таъсири шароб, балки аз шарм. Чашм ба замин афкандани ӯро дида, шоҳ завқ бурду бо ишораи абрӯ шоирро ба саҳна хонд ва фармуд:

– Чаҳоргона бихон, эй шоир, ки маро шодӣ физояд ва Нигин аз ангуштари хиҷолат бадар ояд!

Аз ҷой хестани шоирро дида, мутрибони рамузфаҳм оҳанги навозиш тағйир доданду раққосаҳо ба канори майгусорон нишастанд ва рубоии бадоҳатан эҷодшударо бо шавқ шуниданд:

Нафи шоҳ чу васли дилбарон дилкаш бод!

Дар коми аду оби ҳаёт оташ бод!

Дар базми хуши мо дилбаронро имрӯз

Нӯшидани ҷому бода бо моҳваш бод!

Хоразмшоҳ лаззати том набардошт магар, ки ба чапу рост сар ҷунбонду «Ҷуфт шавад, аммо рубоӣ нашавад!» гуфт. Сайфуддин даст ба рӯйи дил бигзошту ба тараннуми шеъри нав пардохт:

Эй низоми мулкро ройи ту дастур омада,

Лашкари азми ту ҳар ҷо рафта, мансур омада!

Ту Алои диниву як нима номи ту лақаб,

Дар саводи шеъри ман чун ваҳй мастур омада.

Дар ҳавои лутфи ту бе миннати боди баҳор

Тоби таб дар ӯҳдаи ислоҳи ранҷур омада.

Чашмаи Хизр аст, гӯй, ҷоми бода бар кафат,

Ҳамчу оташ дар миёни баҳри масҷур омада.

Зӯҳра дар базмат, ки бошад мутриби тардомане,

Хубу зеботар зи тоқи абруи ҳур омада!

Акси ёқути Нигини туст, агар ҳаст он сафо

Дар либоси оташӣ дар оби ангур омада.

Ҷилва кун бар тахти бахт ин наварӯси бикрро

З-он ки меҳмони азиз асту ҳам аз дур омада!

Дар санои ту радифи шеър кардам, то бувад

То қиёмат дар миёни халқ машҳур омада…

Хоразмшоҳ дасти рост боло бардошту ба ангуштарини тавқеъ, ки нигинаш мӯҳри подшоҳӣ буд, ишора намуда, рубоии нав фармуд, ки «тавқеъ» дошта бошад…

Нигина аз тарс лаб газид, аммо шоири хушилҳом фар-фар сароид:

Эй номи ту унвони зафарномаи мулк,

Алқоби ту ороиши сарномаи мулк.

Чун ояи нусрат аст бар рояти шоҳ

Нақши хати тавқеъи ту барномаи мулк!

Хоразмшоҳ аз ҷой нимхез шуду ширакайф нидо кард:

–Ҳаббазо, эй шоир! Барои се чакомаи чак-чакӣ се қадаҳ шароби сеякӣ бояд бинӯшем! Соқиро садо деҳ!

Сайфуддин бо табассуми малеҳ лаҳзае нафас рост карда, соқиёни базми хосаро нигарист ва мастона қадам ниҳода, назди соқибачаи хубчеҳрае омаду даст ба китфаш ниҳода, хитобаи шоҳона хонд:

Соқӣ, майи лаъли аргувонӣ дардеҳ!

В-он оби чу оташи ҷавонӣ дардеҳ!

То маҷлиси Фахри мулкро шод кунӣ,

Бархезу нидои дӯстгонӣ дардеҳ!

Соқибача ончунон ба ваҷд омад, ки бехудона аз мағзи ҷигар нидои дӯстгонӣ баровард:

– Шод бош, шоир!!

Дигарон низ офарин хонданду ба маҳорати шоир қойил шуданд. Аммо шоҳи сархуш инҷиқиро давом дода, хост шоири хушилҳомро мот намояд:

– Эй шоир! Дар як чаҳоргона соқиро се бор садо деҳ!

Андалеби Исфара дарҳол мақсади ниҳонии шоҳаншоҳи Хоразмро фаҳмиду бо таъзими сабуки шоирона супориши олиро пазируфт ва бо лаҳни гӯшнавоз рубоии нав хонд:

Мо маст шудем, май биёр, эй соқӣ!

Чун овардӣ, дер мадор, эй соқӣ!!

То як соат ба коми дил биншинем

Дар хидмати садри рӯзгор, эй соқӣ!!!

Шоҳ мот гашту ба саломатии шоир қадаҳ бардошт – ва ӯро маст гардонду ба ҳолаш гузошт ва бепарво даст ба тахтапушти Нигина ниҳод. Чун булбули сармаст аз накҳати гул навозиши бисёр кард. Аввал сухангӯйи шакаршикан гуфту ҷони ҷаҳон номид, сипас суманбӯйи анбарзақан гуфту ороми ҷон хонд. Баъдан ба мусалласи пок монанд карду исбот намуд, ки рухсору бару дӯши дӯшизааш аз мушку анбару уд хушбор асту чун шароби сеякӣ хушгувор. Бурдае аз дили бирёни тазарв ба даҳонаш андохту ангуштони ҳинорангашро бӯсидаю орази арғувониашро бо кафи даст ламсида, бо лафзи майолуд иқрор кард, ки аз шароби сирфи муҳаббат нашъаи дучанд бардоштааст. Бо чашмони хуморӣ ба наргисҳои бодомӣ пурмеҳр назар афканду нимғурма садо баровард:

– Акнун вақти он расида, ки аз ҳавои кокулат лаззат барам! Бархезу ба ҷилва о!!

Нигина, ки аз ҳаракати бешармонаи подшоҳ торафт дилтанг мешуд, бо рағбати том ҳаракати хестан кард. Вале шоҳи махмур имкон надод. Дасти дағал ба китфи нозук ниҳода, бозгашт ба ҷояш шинонд.

– Ором шин, эй кабки зудпарвоз! Модарам мегӯяд, ки ба вай як рақси зӯр тӯҳфа кардаӣ…

– Оре, шоҳаншоҳи муаззам. Ҷилваи кабки дарӣ ба Худованди олам тӯҳфаи беҳтарини ман аст…

– Ба ман чӣ тӯҳфа дорӣ?

– Дигар ҳама рақсе, ки дар бисот дорам, ҳатто ҷони ҷавонам фидои шумо…

– Ҳаббазо! Гапат маъқул, лекин тӯҳфаи шоҳонаат ку?!

– Як рақси бухороӣ дар лаҳни нав тайёр кардаем, агар ба шумо маъқул шавад…

– Ба ман маъқул нест рақси бухороӣ! Самарқандию хуросонию хуҷандияш ҳам номаъқул! Аз рақси арабию аҷамӣ безор ман! Рақси хоразмӣ биёр!!

– Ба чашм, эй шоҳаншоҳи олам. Ҳафтае пеш наберашоири шумо Камоли Исмоил дар васфи Ғӯрганҷ ғазали хубе навишту устод Комрон оҳанги зӯр бастанд. Агар мутрибони хоразмӣ сароянд, ман кабки хоразмӣ шавам, бо тамоми вуҷуд рақс кунам, зеро аввалин бинанда шумоед. Фақат… рухсат диҳед, либос иваз намоям…

– Зарурате нест. Рақси хоразмӣ дар либоси аҷамӣ аҷаб хушнамо ва дилрабост! Лаҳву тараб оғоз кунед!!

Суруди хоразмӣ бо нақароти «Гӯрганҷам, гулганҷам» аз забони ду хунёгар шӯхоҳанг садо доду Нигинаи парипайкар аз сари раққосае каҷкӯлоҳи хоразмӣ ба орият гирифта, шӯху шанг ба рақс даромад. Бо ҷамоли маҳтобӣ ва камоли офтобӣ ҷилвагарӣ ба ҳадди олӣ расонду сармастони тарабгоҳ ғиреву ғавғо ба само бардоштанд. Хоразмшоҳ бағоят шоддил гашт ва рағбати рақс бо фаридаи анбарзақан кард. Аммо ҳарчанд кӯшид, аз ҷой хеста натавонист. Чашм дошт, ки Сайфуддин ба мадад мерасад. Вале шоири навмаст парвои олам надошту мисли дигарон гӯшту устухон мехойид.

Манзараи завқбахш аз назари Нигина пинҳон намонд. Бо чобукии ҳайратангез худро мисли гулпараки тиллоранг ба паҳлӯи шоҳи саргаранг расонд ва ҷавлон кард ба ҳар навъе, ки олиҷанобро ба муроду рағбат омад. Бо тиру хаданги ишваю ноз дили шайдои шоҳро чоку садпораю обу адо гардонду вай «Аз сарат гардам, парӣ!» гӯён рӯю чашму абрувони Нигинаро бӯсаборон карда, кафи аз барги гул нозуктари кабки дарӣ ба дидаҳояш молид.

Хоразмшоҳ ангуштари тавқеъ аз дурри Адан, ки арзиши нигинаш аз хироҷи солонаи мамлакат бештар буду ҳама шоҳони олам бо рашку ҳасад онро менигаристанд, ба каф гирифт. Онро пеши чашми Нигина наздик оварда, «ними дунё ба зери ин нигин аст, ки мӯҳри ману ному нишони ман аст!» гуфту баланд хандид ва Ҳотами Тойро ба як нӯл зад:

– Эй ҷони ҷонам! Эй Нигини меҳрубонам! Қадри ту аз ин нигин гарон аст! Лаъли Яман пеши лаби лаълат арзон аст! Ин ангуштари нигин аз дурри Адан барои рақси дурри якдонаи ман тӯҳфаи шоҳонаи ман!!

Аз гуфтори пурэҳсос ва муболиғаноки шоҳаншоҳи олам Нигина лолу ҳайрон фурӯ монду мисли ҳайкалсанги бутпарастон ноҷунбон шуд. Ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки ба чунин марҳамати олӣ сарфароз мешавад. Сараввал гумон кард, ки бодаи айшу сӯҳбати нек, ва аз ин ҳам бештар, рақси дилошӯби хоразмӣ бештар аз бодаи сеякӣ бар шоҳ асар намуда, ҳардамхаёлаш кардааст ва бо надимаи андаке сархуш лӯхтакбозӣ мекунад. Вале аз идомаи гуфтор маълум шуд, ки шоҳро ба висоли Нигина рағбат бениҳоят афзудааст. Вай бо чашмони нимкоф ва дастони ларзон аз таъсири шароб чанд карат кӯшида, бо душворӣ ангуштари подшоҳӣ ба ангушти раққоса андохту ғолибона ба атроф нигарист бо умеди он, ки муқаррибону ҳамқадаҳон лаб ба таҳният мекушоянд. Валекин ҳамаро афтодаву сар ба ҳар тараф бинҳодаву масту аласт дид. Хандиду гуфт:

Миёни маҷлиси шодӣ майи равшан ситонам ман

Гаҳ аз дасти бути Ворух, гаҳ аз дасти бути Яғмо!

Шоҳи мардон ман будаам! Даҳ соткин сеякӣ хӯрдам, аммо ҳуш-ёрам! Акнун ҳар дуямон ҷимбазм мекунем! Вақти рақси паҳлӯ фаро расид. Пештар биё, бадри Ворух…

Вуҷуди Нигина ларзид. Зеро аз забони Шакархонум шунида буд, ки ишқи пирӣ гар биҷунбад, сар ба расвоӣ мезанаду аз мардӣ то номардӣ як қадам аст. Хост худро дур кашад, вале аз ғазаби шоҳ тарсид ва ҷафстар нишаст. Хоразмшоҳ сари гарон ба зонуи надима ниҳоду… бихуфт.

Шоҳи мардонро низ шароб тамом дарёфта буд…

Чунин ҳолат бори аввал набуд ва надимону канизону гулрухони бисёре аз васли шоҳи сармаст ноумед гашта, тасфи дили беқароргашта бо дигарон паст мекарданд. Аммо Нигина мисли онҳо ангушти ҳасрат нагазид, балки аз нобарорӣ шод гашту аввал ҳадяи гаронбаҳоро бозгашт ба ангушти подшоҳ ниҳод. Сипас ба фаррошу канизони махсус фармуд, ки шоҳаншоҳи оламро тавассути тахти равон беозор ба хобгоҳаш расонанд. Нигоҳубини Сайфуддинро ба Комгору шогирдонаш супориду ба қафояш нигоҳ накарда, ҳамроҳи Шакархонум ва канизак ба манзили худ шитофт.


* * *


Хоразмшоҳ рӯзи дигар чоштгоҳон ба ҳуш омад. Худро дар хобгоҳи барҳавои хеш, рӯйи болини мулоим ва роҳатфизо дида, ҳайрон шуд. Муддате ба сақфи гулнақш нигариста, карахт хобиду хост рӯйдодҳои дирӯза ба ёд оварад. Сӯҳбат бо вакилдорон, шеърхонии малик-ул-калом, рақси Нигина дар лавҳи хотираш падидор гашт. Дигар ҳеҷ чиз ба ёдаш наомад. Бо надомат оҳ кашида, ба паҳлуи дигар гашту чашмаш ба ангуштари тавқеъ афтид. Аранге рӯйдоди асосӣ ба ёдаш расид. Саросема ба атроф нигарист: чаллаи ҳадяшуда дар дасташ буд, аммо аз Нигина ному нишоне набуд! Ҳақиқати ҳолро бо рамуз, тахминан муайян карду сахт маҳзун шуд ва дубора оҳи сард кашид. Якбора сараш сих заду сахт ба дард даромад. «Нигина ҳеҷ куҷо намегурезад, – худ ба худ ғурунгид Хоразмшоҳ. – Аввал илоҷи дарди сар бояд ёфт, баъд…»

Дар доруззиёфат лаҳву тараб идома дошт. Вакилдорон бо ҳарифони кокулпарешон арҳаму дарҳам нишаста, шароб менӯшиданду ишрат мекарданд. Дар кунҷе ошиқе бо дӯсте маст хуфта буду дар кунҷи дигар ёре аз дидори дилдоре шодмонӣ дошт. Бонги чангу руди мутрибони хуморшикаста бо бонги нӯши соқиёни майгусор ҳамқирон буду шоир Сайфуддин камари шодгуна дар дасти чапу қадаҳи шароб дар дасти дигар байти ошиқӣ мехонд. Омадани подшоҳро дида, миёни ёр раҳо карду бо нидои «Бархезед, ёрон! Хусрави фаррухсияр омаданд!» гӯён ба истиқбол шитофт ва чакомае лоиқи вақт хонд:

Боди саҳаргаҳ вазид, субҳ дамид, эй нигор!

Вақти сабӯҳ аст, хез, бодаи гулгун биёр!!

Чанг зану бода нӯш, шод зиву ғам махӯр,

Дамдамаи ною нӯш даври замонро мадор!

Хоразмшоҳ, ки бағоят саргаранг буд, ҷоми сабӯҳӣ то қатраи охирин нӯшид, бо рағбати том рухи соқии гулнор бӯсид ва дарзамон аз дарди сар фориғ гашту ба шодмонӣ печид. Нигина, ки дар пушти дар интизорӣ мекашид, хиромон ба маҷлисгоҳ даромад ва дасту китфи шоҳро бӯса зада, бо ноз ҷоми заррин ба каф гирифт ва соқии ширинзабон шуд. Шоҳи ташналаб қадаҳи дуюмро низ ҳарисона қоқ карду шарму хиҷолатро барҳам зада, гӯё ягон гапу коре нашуда бошад, бо лаҳни меҳрубонӣ пурсид:

– Эй ёри писандида, куҷо будӣ? Кайфияти аҳвол бар чӣ минвол аст?

Нигинаи чеҳрахандон, ки мисли гулдухтарони хоразмӣ пироҳани лоҷуварду шалвори сурх, сарандози зард ва кӯлоҳи заррин пӯшида, барои ҳама гуна рақсу бозӣ тайёрии том дошт, аз лабони ақиқи шакаролуда дурри сухан фишонд:

– Тамоми шаб мисли моҳи мунир дар осмони торик яккаву танҳо ва андаке рӯсиёҳ будам. Чеҳраи офтобии Шуморо дидан ҳамон мисли гул шукуфтам, навниҳоли орзую умедам сабзу хуррам шуд.

– Ҳаббазо, эй ёри фархундаҳол! Ҳаббазо, эй офтобниҳол! Акнун сухани маро бо гӯши дил бишнав: ҳадяи подшоҳ пойи пас надорад! Ман тӯҳфа барнагирам! Ангуштари нигинаш дурри Адан зеби ангушти офтобниҳоли чаман аст! Ангуштаре, ки аз ангушти ман берун ояд, дигарбора ба ангушти ман наояд!

Боз мегӯям, ки ангуштарини дили маро беҳтарин нигин ту ҳастӣ!!

Хоразмшоҳ ин карат бо чолокии ҳайратангез чаллаи заррин ба чилики маҳин андаровехт. Аҳли маҷлис ба ҷавонмардию ҳиммати баланди шоҳи арҷманд ҳазор аҳсан гуфтанд ва қадаҳро то қадри имкон баланд бардоштанд. Сайфуддин яке аз онҳо буд ва ҷоми муборакбодро тиҳӣ гардонда, шоирона ноз кард:

– Пора бодо дилам, агар аз шоҳаншоҳи олам тӯҳфае нагирам!

Асоси тавба, ки дар муҳкамӣ чу санг намуд,

Бубин, ки ҷоми подшоҳӣ чӣ гунааш бишкаст!

Хоразмшоҳ қоҳ-қоҳ хандиду яке аз канизони нозанинро бо имои ангушт пеши худ хонд ва пурсид:

– Чӣ ном дорӣ?

– Дилафрӯз.

– Чӣ номи мувофиқ! Эй шоир, хоҳишат пазируфта шуд. Аз ҳамин лаҳза, ин нозанин Дилафрӯзи туст! Дар сояи давлати мо дилафрӯзи ҳамдигар бошед!

Мавҷи табрик баробари қадаҳ баланд хесту канизак бо таъзими фарох паҳлӯи хоҷаи наваш гузашт ва «ҳар чӣ фармоед, фармонниюшам» гуфт. Сайфуддин аз тӯҳфаи ғайриинтизор ба шигифт омаду китф дарҳам кашид ва пурсид:

– Ин лӯхтакро чӣ кор кунам?

Хурду бузург баробар хандиданд.

– Ба ман фурӯш! – луқма партофт яке.

– Моли нағзро ба ҳеҷ кас надеҳ! – маслиҳат дод дигаре.

– Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун! – фармуд сеюмӣ.

– Аввал ба ақди худ дарор, баъд дуди димоғаш барор! – тавсия дод чаҳорумӣ.

Маслиҳати охирон ба гӯши Сайфуддин форид. Дасти Дилафрӯз ба даст гирифту «Рафтем ба пеши шайхулислом» гӯён мастомаст қадаме пеш гузошт. Вале сахт калавиду агар канизак намебуд, болои хон меафтид. Саҳл ҳушёр шуда, узромез ба Хоразмшоҳ нигарист, ки бо доруға саволу ҷавоб мекард:

bannerbanner