Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (23-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

– Шайхулислом чаро наёмад?

– Гуфтанд, ки порае ранҷур аст…

– Аз чӣ ранҷур аст?!

– Малик-уш-шуаро медонад.

Сафии Бӯстӣ башитоб пеши Хоразмшоҳ омаду замини хидмат бӯсид ва гуфт:

– Дар китобҳо сабт шуда, ки шоҳ Исмоили Сомонӣ шоирпарвару шеърдӯст будаасту бо шуаро муҷоласати зиёд доштааст. Бад ин сабаб уламо бар вай мутанаффир будаанд. Менамояд, ки муҷоласати шумо бо шуаро ба шайхулислом хуш намеояд, бад ин сабаб ранҷуранд.

Хоразмшоҳ дар хашм шуду доруғаро фармуд:

– Бирав, ҳоҷибулалбобро бигӯ, ки асас фиристад ва шайхулисломро бо зудии тамом назди мо ҳозир гардонад, то изои балеғ фармоем!

Амри олӣ бо зудии барқосо иҷро шуд ва Хоразмшоҳ ба Маҷдуддин имкони нафас рост кардану нишастан надода, бо дуруштӣ чаҳорчӯбаи одобро шикасту бо итоб пурсид:

– Эй шайх, медонӣ барои чӣ туро ранҷа кардам?

– Шоҳаншоҳи муаззам бартар медонанд.

– Бӯстӣ мегӯяд, ки шайх ба ҷаласаи шоирон нафрат дорад…

– Ба майгусории шоирон нафрат дорам. Май роҳати тан, аммо офати ақл аст. Аз ақли тира шеъри равшан берун наояд.

– Шайхи бузург худро пурхирад меҳисобад. Мо ҳам ягон зарра камӣ надорем. Лекин аз рӯзе, ки шеър ҳасту шоир – май ҳасту соқӣ! Давоту дафтар ва паймонаю соғар идомаи ҳамдигар!

– Шароб дар зеҳну идрок иллат падид орад. Хирад коҳад, илҳом ноқис шаваду шеър оҷиз. Шоир, ки оҷиз шавад, аз чашми шоҳ биафтад…

– Баръакс, аз май чашмаи илҳоми шоир ба ҷӯш ояд ва шеъри хуб сарояд. Мисли Хайёму Анварӣ ва дигар шуарои ҳарию дарӣ. Ана, мисоли зинда Сайфи Исфара: вақте май нӯшид, илҳомаш ҷӯшид, фар-фар шеърҳое хонд, ки ҳатто ман қойил шудам!

– Сайфуддин шароб нӯшид?!

– Ҳа. Нигин ҳам нӯшид. Дигару дигарҳо, ҳама нӯшиданд. Ман ҳам нӯшидам. Акнун навбати ту! Шайху шоиру шоҳ баробар қадаҳ мебардоранд! Соқӣ!!

Шайхулислом рӯй дарҳам кашиду бо лафзи «Астағфируллоҳ!»42 ним қадам пештар омад ва дасти эҳтиром болои дил гузошта, гуфт:

– Эй бузургворшоҳи олам, аз он рӯзе, ки бар тахт нишастед, то ба имрӯз мо ҳамнамаку ҳаммаслакем ва бар онем, ки «ад-дину ва-л-мулку тавъамони», яъне дину давлат ҳамзод, дугонаанд. Аз он рӯзи муборак то ба имрӯз назди дӯсту душман борҳо гуфтааму боз мегӯям, ки мартабаи шумо амир-ул-умаро муайяд мин-ас-само аст, яъне шоҳаншоҳи таъйидшуда аз осмон шумоед ва хуб медонам, ки ба Худои меҳрубон эътиқоди хос доред. Ман ҳам ба шумо эътимоди хос дорам ва ҳар чӣ савоб донед, ҳамон мекунам. Лекин илтимос, имрӯз маро маъзур доред. Зеро агар шайхулислом май ба даст гирад, як рукни давлат аз даст меравад. Эй бузург…

– Бас! – бошиддат хитоб кард Хоразмшоҳ. – Амри наҳй дар масҷид хуш аст, эй шайх! Агар подшоҳ чунин бошад, ки фармонаш иҷро накунанд, чӣ фарқ байни ӯ ва дигарон! Соқӣ, соткин!!!

Шайхулислом ба риққат омад. Зеро дар худ дигар қудрати муқовимат бо шоҳи гаронмаст наёфт. Хост бо ҳилаи шаръӣ аз чанги тавоно халос шавад. Қадаҳ аз дасти соқӣ гирифтаю нохост ба замин афтонда, «Худо нахост!» гуфтанӣ буд, ки мӯътамади сарои хос таъҷилан номаи сарбамӯҳре ба дасти Хоразмшоҳ расонд. Вай бо як назар басо муҳим будани мактубро фаҳмид. Қадаҳ поён ниҳода, мӯҳр барканд ва ба Сафии Бӯстӣ дароз кард, то бо овози баланд хонад.

Шоир ба мазмуни нома аҳамият надода, гӯё ки шеър мехонда бошад, бо савти марғуланок ба қироат шурӯъ кард: «Сипоҳиёни халифа Носир ба ҳоҷиёни Ғӯрганҷӣ шабона ҳуҷум оварда, якеро куштанду чандеро дасту гардан бишкастанд ва ҳама молу коло ба яғмо бурданд».

Дар пеши назарҳо ранги арғувонии рухсораи шоҳ заъфаронӣ шуд. Аз хашму ғазаб ҷаҳон ба назараш торик гашт. Модари Носирхалифаро сахт дашном доду ғойибона бар вай хашм гирифт:

– Қасам ба Худо ин мардро ақл нест! Агар заррае ақл медошт, ба сари худ бало намехарид. На худаш тинҷу бароҳат зиндагӣ мекунаду на ба дигарон имкон медиҳад, ки бемалол дами беғам зананд. Ин ноқисулақлро сазовор ҷазо бояд дод!

Сафии Бӯстӣ ҳошокалло Хоразмшоҳро дастгирӣ кард:

– Қасам ба Худо, сухани шоҳаншоҳи олам дуруст асту дуруст асту дуруст аст! Ҳатто кӯдаки гаҳвора медонад, ки Носир халифаи носара асту бахти хасир дорад. Хилофат бе халифа Носир бод!! Зиҳӣ нафози шоҳаншоҳи мо дар садри хилофати ислом!!!

Ҳама ба эҳтироми ҷумлаи охирон бедиранг қадаҳ бардоштанду Хоразмшоҳ низ чун ташналабе ҷоми пурмай даркашид. Аммо лаззат набардошту тира шуд, хашм гирифт ва гуфт:

– Онаи зори халифаро нишон медиҳам! Ман шераму вай шағол!!

– Вай рӯбоҳ, шоҳаншоҳам, – лаб лесид Сафии Бӯстӣ.

Аз тамаллуқи баҳангоми маликушшуаро шаробиён завқ бурданду Хоразмшоҳ рӯҳбаланд шуд:

– Акнун вақти он омада, ки рӯбоҳи маккорро пӯсту пора кунам! Вакилдорон истанд. Ба дигарҳо ҷавоб! Созандаю бозандаю магасу чагасҳо, дафъ шавед!

Дар қатори дигарон Сайфуддину Нигина ҳам хомӯш бадар рафтанду Хоразмшоҳ шиддати нафрин зиёда кард:

– Лаънати олам бар сари халифа резад, айши маро талх кард! Хӯш, кӣ чӣ пешниҳод дорад?

Шайхулислом, ки ягона марди ҳушёр ва бедори маҷлиси нобаҳангом буд, бо овози андаке ларзон гуфт:

– Раъйи олӣ бартари раъйҳост ва шоҳаншоҳи оламро аҳволи замон муқаррартар аст. Лекин хуб мешавад, агар маҷлис ба рӯзи дигар мавқуф гузорем, то муқаддимаи субҳи козиб даргузарад ва толеаи субҳи содиқ даррасад. Тарсам, ки аз саврати43 шароб ягон…

– Хомӯш! – бонг зад Хоразмшоҳ. – Мо аллакай як бор бо маслиҳати шайх амал карда, сабру таҳаммул карда, фиреб хӯрдем. Дасти шикастаю ҷони мурдаю хуни рехтаи зойирони хоразмӣ бар гардани шайх аст!! Мо дигар интизор намешавем ва кори имрӯз ба фардо намегузорем! Ин соат айни вақт аст. Моро бояд тадбир андешид зудтар, ки муҳимот таъхир напазирад ва хуни ноҳақ рехта нашавад!

Шайхулисломи рангпарида худро ором дошта натавонист:

– Эй бузургворшоҳи олам, хабари хуни ноҳақ саҳеҳ нест… Ҳуҷҷати дақиқ ба ростии ин сухан чист? Гувоҳи зинда бар ин қавл кист?

– Чӣ?!! Мо мастем ё шайх??!

– Нусхаи ин шумхабар субҳи барвақт ба Худованди олам, Маликаи муаззама расида буд. Таҳқиқ нишон дод, ки ҳоҷиёни моро на сипоҳиёни халифа, балки исмоилиҳо озор додаанд…

Баъзе вакилдорон оҳи сабук кашиданд, аммо Хоразмшоҳ ваҷоҳаташро тағйир надода, нафасе сукут варзид ва ҷилави сухан дигар сӯ кашид:

– Шайх аз ин хабару таҳқиқ мин айн44 огаҳӣ ёфт?

– Ҳамроҳи Маликаи олам субҳона хӯрдем ва…

– Чӣ?!! Эй мардум, фаҳмидед?! Шайх аз маҷлиси шоҳ гурехта, ба сӯҳбати малика рафтааст! Ё наузанбиллоҳ!

– Худованди олам маро оҷилан даъват карданд…

Хоразмшоҳ, ки тез-тез миҷа зада, ба чеҳраи анорранги Маҷдуддин менигарист, якбора рӯй турш карду ба хашм дод зад:

– Бас! Худоё, ин чӣ гап? Бархез аз пеши ман! Фарёд ба кӣ гӯям ва дармон аз кӣ ҷӯям?! То кунун бар дигарон тамасхур мезадам, акнун ба ман тамасхур мекунанд… Соқӣ!!

Хоразмшоҳ ҷоми шароб дар даст бо чашми хунполо шайхулисломро нигаристу ёдаш омад як сӯҳбати таърихӣ бо модараш:

…Се рӯз қабл аз ҷулус45 Қутбиддини валиаҳд дар хилватхона танҳо нишаста, перомуни ҳоли мулк ва ояндаи давлатдорӣ андеша меронд, ки модараш бесадо ворид шуд ва баъди салом ҳол пурсид. Фарзанди қобил мухтасаран шарҳ дод, ки оид ба мулкдорӣ ва таҷдиди он нақшаю муҳимоти бисёре ихтиёр кардаасту пас аз тааммул ва тааммуқ ҳар он чӣ боиси маслиҳат бошад, мушаххасан ба модар хоҳад гуфт.

Турконхотун сари фарзанди ба подшоҳӣ расидаро модарона бӯсиду бо мулоимат гуфт:

– Раъйи шумо олист ва рӯшану маъқул, эй нури чашму чароғи модар! Ҳар чӣ мехоҳед, муборак аст. Аммо… як масъала ҳаст, ки таъхир напазирад…

– Бифармоед, эй модари меҳрубон.

– Мо ҳама бар дину миллати обои хешем ва бузургон фармудаанд, ки дину давлат тавъам аст. Ин нуқтаи муҳимро шумо ҳам, эй фарзонафарзанди модар, хуб медонед. Модари шумо кушоиши корро дар он мебинад, ки дар навбати аввал, бидуни таъхир, шайхулисломро муқаррар ва муайян бикунем, то бо фатвои эшон ҳар амру иқдоми шумо аз ибтидо хушоянд ва мӯътамад шавад.

– Фикратон айни муддаои мост, эй моми меҳрубон! Вале алҳол фардеро намебинам, ки ин маснади олиро шоиста бошад…

– Агар бо назари нек бингарем, фарди арзандаро метавон дарёфт!

– Кӣ бошад ӯ?

– Ӯро Шарофиддин ном ва Маҷдуддин насаб асту мартабааш – аллома! Ҷадди некмаҳзари ӯ бо ҷаъди аълои мо ҳамнишин буданд. Вай мардест мӯътабар, фозилу хирадманд, некрӯй ва хушбӯй…

Он рӯз Қутбиддин бо андаке шубҳа боэҳтиёт ба чашми модар нигоҳи жарф андохта буд. Зеро калимаи охирин ба гӯшаш на онқадар гуворо расиду таҳдор аз худ пурсид: «Чаро модар калимаи «хушбӯй» пурназокат талаффуз кард?» Ва худ ба худ чунин посух гардонда буд: «Модар хуб медонад, ки атриёт маро бисёр хуш меояду аз бӯйи бад сахт нохуш мешавам. Бинобар ин калимаи «хушбӯй»-ро хушоҳанг ба забон овард»…

Оре, он замон шоҳзодаи ҷавон бо хулосаи осон рашку шубҳаро бартараф карда буд. Аммо имрӯз, вақте ки шоҳаншоҳи ҷаҳон асту Санҷару Искандари сонӣ ва оламу одами бисёре дидаву қиссаҳои зиёде шунидааст, калимаи «хушбӯй» ва маҳз ин мардро ба мансаби олӣ пешниҳод кардани модарро ба тарзи дигар маънидод кард. Мастомаст ба хулосае омад, ки солиёни дароз миёни модараш ва шайхулислом дӯстию улфатӣ дигаргуна идома дорад. Агар чунин намебуд, шайх маҷлиси подшоҳро сарфи назар карда, ба сӯҳбати модари шоҳ намерафт…

Хоразмшоҳ чашми хунполо аз чашми пурсаволи шайхулислом дур афканду оҳи сӯзони дил бо шароби сард фурӯ нишонд ва аз байни дандон садо баланд кард:

– Аз маҷлиси мо гурехтани шайх мавзӯи сӯҳбати алоҳида. Баъди сафари Бағдод ба ин муаммо бармегардем. Лекин масъалаи имрӯза лотаъхир. Хӯш, кӣ чӣ пешниҳод дорад?

Ин дафъа аввалин шуда, Шамсуддини Калободӣ овоз баланд кард:

– Сагро аҷалаш ояд, ба домани соҳибаш даҳан меандозад. Худи араб мегӯяд, ки «зараба калбун наҷисун!» Халифаи бераҳмро бераҳмона бояд кӯфт!

Хоразмшоҳ бо аломати таҳсин сар ҷунбонду Зиёуддини Марвазӣ навбати сухан гирифт.

– Медонистем, ки халифаи малъун ба хоразмиён сафои зиёда надошт ва тахми адоват мекошт. Акнун ки ба хоразмиён ҷафои зиёдат раво дидааст, беамон бикӯбем, то мисаш барояд!

Муҷиралмулк Тоҷиддин лаб ба дуои бад кушод:

– Рӯйи бадхоҳи Хоразм чу пушти паланг бод! Илоҳо, аз боди хазон шохи умраш бишканад! Эй шоҳаншоҳи олам, фақат шумо қудрат доред, ки ин касофатро аз сари мусулмонҳо дур андозед. Ман тайёр, ки худи ҳозир бо шамшери бараҳна ба сари халифа тозам!

– Шитоб накунед, ҳазрат! – ба мубоҳиса пайваст котибулиншо. –Мегӯянд, ки ин зимистон барфу сармо бағоят афзун мешавад.

Хоразмшоҳ билфавр зид баромад:

– Барфу сармо садди роҳи мо набуд ва намешавад! Бағдод сармо надорад ва араб чӣ будани барфро намедонад. Дил қавӣ доред ва ба ҳарбу зарб тайёр шавед!

– Яъламуллоҳ46, эй шоҳаншоҳи олам, – овози шайхулислом аз ҳарвақта зайифтар садо дод. – Сармо мешавад ё гармо – Худо медонад. Ҳарбу зарб мешавад ё не – инро ҳам довари ҳақ медонад. Мо ҳамеша ба он мекӯшем, ки кӯдак чу лаб аз шири модар бишӯяд, нахуст исми шарифи шумо гӯяд ва ба шумо фатҳу нусрат ҷӯяд ва гӯяд: Янсуракаллоҳ,47 эй тоҷвари гетӣ! Вале ба хилофат хуҷум карданро нораво ва хато медонам. Ин кор мисли ба теша осмон тарошидан муҳол асту хатарнок! Оқилон ба коре, ки эҳтимоли хатар дошта бошад, машғул нашудаанд…

Хоразмшоҳ дандон ба дандон совида, гуфтори насиҳатомези шайхулисломро то охир шуниду бо кароҳат эрод гирифт:

– Мо мутааҷҷибем ба суханҳои шайх, ки кӯдакро ба итоати шоҳ мехонад, аммо худ итоати шоҳ надорад, ба ҳар усул фармони моро инкор мекунад. Ҳама вакилдорон «самъан ва тоъатан» мегӯянду шайх амри моро хато меҳисобад. Росташро гӯй, ту дар хизмати кистӣ? Фармонбардори мо ё лаганбардори рақиби мо?

– Ман бандаи Худо ва фармонниюши шумоям, эй шоҳаншоҳи олам. То зиндаам, нофармонии шумо намекунам. Ба лаҳни модарбузурги муаззам мегӯям: Садақаллоҳу мин амили солеҳан фалинафсиҳи ва ман асоа фаалайҳо!

– Бас! Ман арабӣ менадонам! Ба хоразмӣ бигӯ, ки чӣ гуфтӣ?

– Худованди азза ва ҷалл мефармояд: ҳар кӣ некӣ кунад, барои худ некӣ хостааст ва ҳар кӣ бадӣ варзад, бад ба вай баргардад!

– Хомӯш!!! – Хоразмшоҳ ончунон баланд бонг зад, ки ҳама вакилдорон аз ҳайбаташ чун барги бед ларзида, ба лаб кулӯх молиданду бо тараҳҳум шайхулисломро нигаристанд. – Ман ба мусулмонҳо некӣ мекунам, зеро халифаи бадро аз байн мебардорам. Ман, ки шоҳаншоҳи давлати Хоразмшоҳиёни кабир ҳастам, сипоҳиёнро фармон медиҳам: барои ҷангидан алайҳи халифа Носир омода бошед! Теғро ба манфиати ислом кор фармоед. Аз ҷонибдори халифаи золим ҳар киро ёбед, ҷо ба ҷо кушед!

Ман пагоҳ ба роҳ мебароям. Агар халифаро зинда нагираму ба сад хорӣ то Ғӯрганҷ набиёрам, Санҷару Сикандар наям!

Шайхулислом, ки аз муомилаи дағалу алфози қабеҳи подшоҳи маст бо хиҷолату маломат сар ба зер афканда, мисли садаи солор сокит меистод, ҳарчанд зӯр зад, худро ором дошта натавонист:

– Эй бузургворшоҳи Хоразм ва адолатпаноҳи муслимин, Худованди олам мартабаи халифаи исломро гиромӣ медорад. Бо амри Худованд ҳеҷ душман бар вай ғолиб наояд. Модарро маранҷонед, то Эзид шуморо наранҷонад…

– Ҳой, шайхи палид, хомӯш шав! Инак, кӣ будани ту ба мо маълум шуд! – шӯълаи ғазаб ва рашк дар оташхонаи дили подшоҳ зад ва бо ваҳшат фарёд зад: – Доруға!!48 Доред ин палидро. Гумоштаи халифа Носир аст ин мунофиқ!! Модарамро бо фанду фиреб бероҳа карду акнун маро аз роҳ заданист. Бандед ӯро!!!

Вакилдорон ангушт ба дандон газиданду котибулиншо шитобон, аммо ҳаросон назди шайхулислом омад ва бехгӯшӣ гуфт:

– Ё шайхи кабир, хоҳед, ки ҷонатон халос шавад, пеши пои подшоҳ сар монеду тавба кунед ва гӯед, ки «Аз Худо шавкати шоҳаншоҳи Хоразм ва шикасти халифа Носир талаб дорам!»

– Ҳаргиз чунин нагӯям! – солор посух гардонд Маҷдуддин. – Дилу имон қавӣ бошад, дарду ғам зайиф шавад. Калиди мо ба қулфи тавба рост намеояд! Охир гуноҳе накарда, чаро тавба гӯям?! Шоҳ аз ҳавзи шароб берун барояд ва ба чашму дилаш сухан дарояд, он гоҳ рӯйи ману кафи пойи ту мегӯям…

Ҷумлаи охирин то гӯши Хоразмшоҳ расиду мастона қоҳ-қоҳ хандид ва бо оҳанги масхара хитоб кард:

– Шунидед? Шайхи палид «рӯйи ману кафи поят» мегӯяд! Ҳа-ҳа-ҳа! Шайхи шарманда аз кори зишташ пушаймон шудааст! Дер шуд, эй донои нодон! Ягон узру тавба қабул намешавад! Жожи жанда махой!! Ҳа-ҳа-ҳа!

Шайхулислом ба қаҳқаҳаи майолуда эътиборе надода, аммо эҳтироми тарафайнро нигоҳ дошта, бо тамкини хос гуфт:

– Агар иҷозати олӣ бошад, чанд ҷумла арза дорам…

– Каломи вопасин мехоҳӣ гуфтан? Марҳабан!

– Алҳамдулиллоҳ, ки Эзиди таъоло ҳама бандаҳои мусулмонро тоати амиралмӯъминин фармудааст ва ҳар он чӣ гуфтем, аз рӯйи ҳимояти ислом ва ғайрати дин ҷойиз донистем. Мо, ки алмудом камари бандагӣ бар миён бастаем, ба дунё дилкашолӣ надорем. Мӯътақидем, ки дар дунёи фонӣ роҳи гузари мо оқибат ба марг аст. Аз рӯзгори Каюмарс то ба имрӯз ҳеҷ касро аз марг маоф накардаанду саду ҳаштод подшоҳи номвар низ ақиби якдигар рафтаанд. Мо ба ҳукми тақдир розием, вале агар шоҳаншоҳи ҷалилушшаън савоб бинад, хатои мо бубахшад ва шайхулисломро ба инсоф ҳукм бигзорад…

Хоразмшоҳ, ки ақли хираву авзои парешон дошт, аз хитобаи садри ислом фақат як калима шунавид ва бонги дурушт бар вай зад:

– Ту дигар шайхулислом нестӣ! Ҳа-ҳа-ҳа! Ту пирхарӣ!! Пирхаре, ки ба мурдан маҳкум шудааст. Ҳа-ҳа-ҳа! Туро дар ҷувол андохта, тарзе бикушем, ки худат қисса карда будӣ…

Хоразмшоҳ рухсораи суп-сурх оташгирифта ва арақшор бо дасторчаи оҳарӣ пок карду доруға ва миршабҳои ба хидмат расидаро фармуд, ки ҷуволи пашмин биёранду шайхро ба дохилаш андозанд ва даҳони ҷуволро бо ресмон банданду то мурданаш бикӯбанд.

Нафаре барои ҷувол тохту ҳамроҳи ӯ Пири муаммари Хоразм, шайхулшайхи олимартаба, поягузори тариқати кубравия ҳазрати Наҷмуддини Кубро ба толор қадам ранҷа намуд.

Хоразмшоҳ баробари дидани муқаддаму мӯҳташами шайхони бузург чалаҳушёр шуда, пештар омад ва ҳар ду якдигарро бо эъзоз дар оғӯш кашиданд. Шайхи бузург то дараҷае сар фуруд овард, ки пешонааш ба синаи шоҳ расид, бо кунҷи чашм Маҷдуддинро нигаристу рӯйи подшоҳро бӯса дод ва гуфт:

– Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим. Зиндагонии шоҳи Хоразм дароз бод ва дар иззу давлат солҳои бисёр сарфароз гардад. Худо маро фидои ту кунад, эй султони кабир ва мабодо, ки ташрифи ман сабаби нуқсони ҳурмат ва ҷоҳу мартабаи олиҷаноб шавад. Овозаи нохуше ба гӯшам расид, ки миёни шоҳаншоҳ ва шайхулислом гарде афтодааст. Барои ташреҳ омадам, то ба ваҷҳи лутфу шафқату марҳамати шоҳона ва оқилона шуморо оштӣ диҳам. Чӣ бад кардаст, ки бад шуд ҳоли муриди мо?

– Эй бузургвор, намедонӣ, ки аз муриди палид чӣ афтод?

– Бигӯй, то шунавам.

– Гумоштаи халифа будааст ин кӯрнамак! Модари маро гӯл зада, ба халифа моил гардонду акнун маро садди роҳ шуданист.

– Ман аз моҷарои ҳавлнок сахт дар шигифт афтода пеши ту омадам, то бигӯям, ки дар замири замона мухталиф тақдирҳост ва бар ҳама сир фақат Худои ягона воқиф асту тақдирсози мост. Хуб несту нек набошад, ки садри ислом ранҷонӣ. Савоб дар он мебинам, ки ба талаттуф хашми хеш барнишонӣ ва авфи гуноҳ кунӣ…

– Ё Абдуҷаноб, ҳар чизи дигар хоҳӣ, туро бубахшам, аммо ин пирсагро намебахшам! Кор ба ҷое расида, ки узрро мақом намонда!

Шайх Кубро китфи Хоразмшоҳро бӯсиду аз равзанаи дигар сухан кушод:

– Ё шоҳи Хоразм, сухан аз тавқеи ту дар машриқу мағриб равон аст. Яздони пок, азза ва ҷалла, то ҷаҳонсолорӣ расм кардааст, аз дудмони Хоразмшоҳиён чун ту подшоҳе пой бар тахт наниҳодааст ҳам ба мардӣ ва ҳам ба диёнату мардумпарварӣ. Заволи хилофати Носир аз ҷиҳати қатли шайх Маҷдуддин мустақим нагардад магар ба инояти шоҳи одили Хоразм. Агар дар дили ту дини мусулмонист, асло оҳанги хуни мусулмон макун. Хотири миллати мусулмон аз дағдаға фориғ соз, ки заҳри ҷонгазой аст. Гунаҳкарда ба мо фирист, то панди сазовор диҳем… ва аз роҳи хато гардонем.

– Лоилоҷ аст ин дархост, эй Шайхи Бузургвор. Палидро ба ҳолаш гузор. Ҳар хорие, ки пеш ояд, бибояд кашад! Дард ба дилам расид, сабрам намонд!

Шайх Кубро ба зону нишасту оҳанги побӯсӣ кард. Хоразмшоҳ имкон надод ва Шайхи мукаррамро ба по хезонду илтимоси ӯ мабзул кард:

– Эй Бузургвори Хоразм, аз ту шарм медорам, ки иззати воло дар чашми ман дорӣ, лекин савганд ба Худо, ки агар ҳазор бор замин бибӯсӣ, ҳеҷ суд наёбӣ ва шогирди нохалафат иҷобат нашавад! Насиҳати ҳама олам алҳол ба гӯши ман бод аст!!

Шайх Кубро даст ба осмон бардошта, гиряолуд нидо кард:

– Вой бар андӯҳи ман! Эй корсози банданавоз ва эй бандапарвари бениёз, бо фазлу раҳмати беиллати худ ба фарёдам бирас!

Ҳитта, ҳитта! Ҳитта ъанно хатоёно… Худовандо, гуноҳони мо аз мо бияфкан…

Вакилдорон ба паҳлӯи Шайх Кубро омаданду бо забони узр авфи гуноҳи Маҷдудин пурсиданд. Хоразмшоҳи саргарон бо нӯки ангуштон чаккаҳояшро дошта, чашмонашро пӯшиду ҷавоби рад дод.

Илтиҷои Сайфуддину Нигина, чанд вузарою умарою шуаро низ беасар монду ҳама оҷиз ва фурӯмоя гаштанд.

Аз ҳама охир Турконхотун омад. Бе карру фар, бо дасту пои ларзон омад, то қатли шайхулисломро монеъ шавад. Гуфт, ки қабл аз юриши Бағдод куштани Шайхулислом маслиҳат несту фоли бад аст. Чун аз шоҳи хомӯш садое набаромад, пеши фарзанд ба зону афтиду гиряолуд илтиҷо кард:

– Эй чашму чароғи модар! Аз Худои болои сар тарседу шайхул- исломро зинҳор диҳед, ки бо дуои ин покмард бузургӣ ёфтед. Пири мулку милкро накушед, ки калиди бахту иқболи шумо дар забону замири вай аст. Ин шайхи муборакнафас мушкилкушои давлату савлати мост…

Хоразмшоҳ бо азобе чашмонашро кушоду хун дар раги қалбаш ба хурӯш омад ва дар умраш бори аввал ба модар итобу хитоб кард:

– Кифоят, модар! Нолаву зора накун дигар! Ин бадбахт ҷазои сахт намегирифт, агар «хушбӯй» гуфтани ту ба ёдам намерасид. Ин шӯрбахт лаҳзае пеш авф мешуд, агар ин ҷо намеомадӣ ва «муборакнафас» намегуфтӣ. Акнун ҳаройина вайро нобуд хоҳам кард! Агар тағофул кунам, зери маломат монам, ки чаро ту ин мардро аз кайфар раҳо кардӣ…

– Даст нигоҳ дор, эй фарзанд! Магар девона шудаӣ?!

– Доруға! Бизанед шайхро!! Чандон бизанед, ки қадаш аз қадаҳ паст шавад!!!

Ду миршаби таҳамтан шайхулисломро ба зону шинонда, бари куртааш дариданду ба чашмаш бастанд. Сипас ӯро ба ҷувол андохта, чандон бо чӯб заданд, ки устухонаш гард гашту халта пур аз хун ва гӯштреза…

То дами мурдан аз даруни ҷуволи сарбаста фақат як дуо садо медод:

– Дилат исфандвор сӯзад, шоҳо!


* * *

Хоразмшоҳ рӯзи дигар чоштгоҳ аз курду туркмону арабу тоҷику турк лашкари гарон ороста, ба фатҳи Бағдод раҳсипор шуд. Пиёдаву савора он қадар зиёд буд, ки чашм сиёҳӣ мезаду замин ба назар наменамуд. Аз наъраи садҳо пили масти ҷангӣ ва шиҳаи ҳазор андар ҳазор аспу хару хачир кӯҳу кӯтал меларзид. Санҷари сонӣ мисли Искандари замон дар хинги сиёҳ бовиқор нишаста, бо такаббур ва ғурури зиёд ба атроф менигарист. Худро шоду хуррам вонамуд мекард. Аммо дилаш мисли лахчаи нимсӯхта сарду сиёҳ буд. Зеро ин дафъа сафараш бе дуои пирону ҳидояти бузургворон шурӯъ гардид:

Шайхи дуогӯ андаруни ҷуволи даҳанбаста оғуштаи хуну хок ҷабран ба хоби абад рафта буд…

Пири муаммари Хоразм ҷамоли худро нишон надод ва ҳарфе ба забон наовард…

Модари дидагирён ва дилгарон ба гусел набаромад ва Узлоғшоҳи валиаҳдро иҷозати сафар надод…

Хоразмшоҳ, лоҷарам, худ даст ба дуо бардошт ва по ба рикоб гузошт…


* * *

Сайфуддин даъвати Сафии Бӯстиро бо баҳонаи «пойи лангам ранҷи сафар набардорад» рад карду аз сафари Бағдод худдорӣ намуд ва як шабонарӯз аз хона берун нашуд. Субҳи дигар бо гардани каҷ ба манзили Нигина омад. Якҷоя бо устод Комгору Шакархонум чой нӯшиданду рӯйдодҳои ду рӯзи охирро аз ғалбер гузаронда, марги шайхулисломро талафоти гарон ҳисобиданд, ба шоҳи майпараст нафрин хонданд, Турконхотунро мазаммат карданд.

Аз ҳама бештар Сайфуддин андӯҳгин буд. Гуфт, ки дар дили андалеби Исфара пурдард сухан фузун аст. Зеро бо ҳазор орзую умед ба Ғӯрганҷ омаду тутии шакаркалом шуд, коми шоҳаншоҳи олам бо шаҳди сухан ширин гардонд, лек ҳазор афсӯс, ки мамдӯҳаш хармагас будааст:

Умрам ба бод рафт дар ин хокдони ғам,

Лек орзуи ҳар ду ҷаҳонӣ наёфтам.

Бо хармагасе шакар хӯрдаму бода,

Як ҳамдаме ба зиндагонӣ наёфтам…

– Ин шеърро пинҳон дореду ба ҳеҷ кас нахонед, Аҳмад-ако! – гуфт бо оҳанги изтироб Нигина. – Агар шоҳ фаҳмад, кор чатоқ мешавад.

– Дил бебок дор, эй маъсума хоҳар. Гумон аст, ки бо хармагас бори дигар дучор оем.

– Чаро ин хел мегӯед?

– Бадгавҳар будааст Хоразмшоҳ! Ҳафтод бузургвори замон миёнҷӣ шуданду бо ҳафтод забон узр хостанд, напазируфту аз аспи такаббур нафуромад, ғайри худ касеро надид. Лаънати Худо бар подшоҳе бод, ки пайи озори садри ислом бошад! Садқаи эҳтиром шавад шоҳи модарбахато! Дигар тоқати дидори наҳсаш надорам, аз дарбор меравам.

Сӯхтам з-оташи ҷавонии хеш

Мӯҳр кардам дари амонии хеш.

Навбати навбаҳори умр чу рафт,

Рафтам аз кӯйи нотавонии хеш…

– Шумо нотавон нестед, ако!

– Не, хоҳар. Назди ин кабири замону сағири замин, ки боди рикоби кибраш беҳтарин шахсият аз ҳарами дин бибурд, оҷизу нотавонам. Ба ҷуволи пурхун нигариста, ба Шайхи бузург гуфтам, ки дар сина ҳама тухми ғамат коштаам ва маро аз дарди ту бедор бод чашм, то баъд аз ин ба хоб набинам хаёлу ваҳм… Минбаъд аз шоҳи ҳарзакори хуфтамаст чашми вафо надорам, аз боргоҳаш манзалати иззу ноз, мартабае дигар нахоҳам. Шоҳе, ки ба халифаи олами ислом хилоф меварзад, ҳеҷ гоҳ ғолиби масоф намешавад! Шоҳе, ки шайхи олии исломро бегуноҳ мекушад, дар оташи дӯзах месӯзад!! Шоҳе, ки модари худ шармсор мекунад, шармандаи ду олам мешавад!!!

Шоҳи хармагас, харкалла ва харҳанга оянда надорад. Дигар ҳаргиз маликулкаломи дарбори харподшоҳ нахоҳам шуд!

– Офарин ба шоире, ки гапи дар дил доштаи халқро бехато мехонад! – пурҳаяҷон нидо кард устод Комгор.

– Ҳазор лаънат ба подшоҳе, ки қадри аллома намедонад! – гиряолуда садо баровард Сайфуддин ва ба ёди аллома Маҷдуддин ба силки назм дурдона чид:

Дар бари хок хуфтаӣ, Садри замон, дареғи ту,

Хоки сиёҳ бар сари шоҳи замон, дареғи ту!

Ҷон дареғ бошад, ар бе ту бувад ҷаҳон, вале

Назди ман, эй ҳама ҷаҳон, чист ҷаҳон? Дареғи ту!

Қолаби ту дар ҷувол хуфтаву ман ба хок бар

Монда чунин-дареғи ман, хуфта чунон-дареғи ту…

Комгор ашки чашмашро пок карда гуфт:

– Акнун ман шеър мехонам, ҳама бодиққат шунавед:

Агар ҷавр дар подшоӣ кунӣ,

Пас аз подшоҳӣ гадоӣ кунӣ.

Маёзор омӣ ба як хардала,

Ки султон шубон асту омӣ гала.

Чу пархош бинанду бедод аз ӯ

Шубон нест, гург аст, фарёд аз ӯ!

Нахоҳӣ, ки нафрин кунанд аз пасат,

Накӯ бош, то бад нагӯяд касат…

– Ин шеъри хубро, интухин, худатон навиштед? – бо овози ҳазин пурсид Шакархонум.

bannerbanner