
Полная версия:
Нигина ва Мирмалик
– Эй шоҳаншоҳи олам, ҷони ҷавонам фидои сухани дурфишони шумост! Ҳамеша ва дар ҳама ҷо Шуморо фармонбардорам ва ҳар чӣ фармоед, аз ҷон гиромӣ медорам. Байти Ҳоқонӣ садои дили ман аст:
Шоҳо, ғазанфаре туву парвонаи ту ман,
Парвона дар паноҳи ғазанфар некӯтар аст!
Хоразмшоҳ сари Мирмаликро бо силаи навозиш ба осмон расонду падарвор лаб ба гуфтор кушод:
– Баъди Ҷалолиддин моро ба ҳеҷ кас эътимедӣ нест ҷуз ба ту. Бояд, ки ту низ фарзандвор бар мо эътиқод бандӣ. Мо як хатои туро, кардаи туро нокарда пиндоштем, аммо ҳушёр бош – агар бори дигар аз ту беадабӣ ояд, уқубат кунем нопурсида!
Хуҷандро ҳеҷ кас аз ту шоистатар нест ва туро мебояд шаҳри бузург ба ҷавонмардӣ нигоҳ дорӣ, ки сарҳади душман бошад. Дастури мо ин аст, ки баъди тӯй ҳар чӣ зудтар ба Хуҷанд рафта, ба ҳокимияти вилоят машғул шавӣ. Зеро мардум яла мондаанд чун гӯсфандони бечӯпон дар соҳили Сайҳун… Ва боз як дастури дигар: он ҷавони кӯҳистонӣ чун гавҳараки чашм нигоҳ дор, ки гуноҳе надошту бе ҳеҷ дудилагӣ худро дар маърази хитоби подшоҳ андохт ва бебок бори гуноҳи туро бардошт! Худо мадад кунад, ки чунин дӯстони сарсупурда байни туву Ҷалолиддин сершумор гардад…
* * *
Ҷалолиддин ва Мирмалик аз арки подшоҳӣ сад қадам дур нарафта, дар бозори Ғӯрганҷ овоза паҳн гардид, ки Дамир Малик барои ҳокими Хуҷанд шудан фармон ёфтаасту шаби одина бо Ойчечак тӯйи арӯсӣ мекунад.
Хабари охирин барои Нигина гӯшхарош ва дилтарош буд. Балки мисли тир синаашро шикофта, ба маркази дили ишқпарвар расиду сувайдо шуд – чун холи чашм нуқтаи сиёҳе гардид, ки олами равшанро дар назараш тираву тор намуд. Худ аз худ сараш ба дард омаду нафаскашӣ душвор гашт. Сабру қарор аз даст дод ва қариб буд, аз ҳуш равад.
Шодгунаи мустаманд, ки ҳафтае қабл бо дили пок «Эй бахт, биҳишт аст Ғӯрганҷ!» мегуфту меболид ва ба афсуни Савсан бовар карда, беист «Мирмалик, дари бахтамро кушо!» мегуфту механдид, имрӯз бо қалби чок «Дӯзах аст Ғӯрганҷ!» мегуфту менолид ва чаппа будани афсуни Савсанро фаҳмида, «Эй Мирмалик, дари бахтамро чаро бастӣ?!» гӯён хун мегирист…
Шакархонум низ ҳоли табоҳ дошт. Сахт метарсид, ки аз гиряву нолаи бисёр дили нозуки кафтарак обу адо мешавад ва тӯйи Ойчечак ба азои Нигина табдил меёбад. Вай аз тарс меларзид, лек чораи халосӣ наёфта, пайваста аз Худованди карим мадад мепурсид…
Ғазанфари рамида низ ҳеҷ ором намеёфт. Аз андешаҳои печдарпеч, хаёлоти хелмахел ва нақшаҳои рангоранг деги майнаи сараш ба ҷӯш омад. Вайро на танҳо чашму дил ва бару дӯш, балки ҳамаи бисту чор пора устухони ҳар ду тарафи баданаш ба дард расида, пайваста озор медод. Озурда аз он буд, ки бо Нигина тавре мехост натавонист сӯҳбат кардан. Зеро язаки нигаҳбон лаҳзае аз вай дур нашуда, ҳатто имкон намедод, ки рӯйи ёр ба серӣ бинад. Ва намедонист, ки Нигина вайро ягон бор дид ё не? Зеро аз базми ҷамшедӣ то ин замон Нигина кабки зарринқафас гардида, бе иҷозати шоҳ аз хона баромаданаш манъ шудаасту Мирмалик илоҷи наздикшавӣ надорад. Хоразмшоҳ имкон намедиҳад. Се рӯз пеш маншури ҳокимӣ бо аламу хилъат ба Мирмалик фиристод. Ӯро бо ҷомаю камарбанду дастор ва парчами бахшидаи подшоҳ дар кӯчаҳои Ғӯрганҷ гардонданд. Аз пеш ду найзадор мерафту аз қафо Сабзалию Шоҳмуроду ҳашт сарбозу саркардаи хуҷандӣ. Мардум аз дидани домоди нави шоҳаншоҳ шодӣ мекарданду ба умеди зиёфат лаб мелесиданд. Вале домод лаб мегазид…
Рӯзи дигар бо амри Хоразмшоҳ бузургони давлат, қозиён ва аҳли илм ҳозир омаданду шайхулислом хутба хонд ва Ойчечак нафси нафисаи хеш ба Мирмалик бахшид. Баъди ҳиболаи никоҳ35 Турконхотун ба арӯсу домод тоҷи гавҳарнишону ангуштарҳои тилло, даҳ ғуломи ҷавону даҳ канизаки моҳрӯ ва як ҷуфт аспи сафед бахшид. Ҳама барои хуррамии навбуюг36 шароб хӯрданд, вале Мирмалик заҳроба менӯшид…
Хайрият, ки он шаб Сайфуддин ба меҳмонӣ омад. Дилбардорӣ карду варақе аз ҷайб бароварда гуфт:
– Андарзномае навиштам бародарвор. Онро ба малики нави Хуҷанд қироат мекунам:
Малик, гар ошиқӣ, аз ҷон маяндеш
Зи доғи оташи ҳиҷрон маяндеш.
Чу дар даври сарандозон фитодӣ,
Зи даври гунбади гардон маяндеш.
Ба тири ғамза гар хунат бирезад
«Бирезаш!» гӯву аз борон маяндеш.
Сиёсатгоҳи мардон кӯйи ишқат
Ту ошиқ бошу аз Султон маяндеш!
Чу шери шарза сар неҳ бар дари бор
В-аз ин пас аз саги дарбон маяндеш.
Агар ҷон хоҳадат, ҷон пеши ӯ каш,
Бикаш он дарду аз дармон маяндеш.
Чу дар майдони ушшоқ омадӣ, рав
Далерона даро, аз ҷон маяндеш!
Мирмалик бо чолокии ҳайратангез коғази абрешимӣ аз дасти Сайфуддин гирифт:
– Ба Яздони пок ниёиш мекунам, ки ин шеър то инқирози олам боқӣ монад ва раҳнамои содиқону сиддиқон шавад! Ташаккур, бародарам…
Шаби одина бо амри Хоразмшоҳ саросари шаҳри азим оин бастанд ва мунодиён аз оғози қизилтӯй мужда расонданд. Аз ҳар майдон муғанниён овози симоъ бароварданду шаҳр аз шодмонию хушӣ лабрез гардид. Майпарастон хуррам буданд, ғайр аз Мирмалик. Гаштаю баргашта аз Рӯдакӣ байт мехонду оҳ мекашид:
Оҳ аз ин ҷаври бад, замонаи шум,
Ҳама шодии ӯ ғамономеғ…
Рӯзи чаҳорум баъди наҳор Хоразмшоҳ Мирмаликро ба ҳузур пазируфту бо хушнудӣ мужда расонд:
– Бо дастури мо дабирон нома набиштанд ба ин мазмун, ки Хуҷандро ҳокими наве падид омад аз тухмаи сомониён… Мо ба ту лутфу марҳамати бештар аз он кардем, ки худ умедвор будӣ. Зеро шоҳписари мо дар ниҳоди ту нишони бародарӣ мебинаду мо далели рушд аз садоқат дидем. Ва се чиз ба ту арзонӣ доштем. Аввалан хешӣ кардем бо ту, ки ин далели ростии эътимоди мо бошад. Сониян, ҳукумати вилояти азим ба ту супурдем, ки ин далели бузург доштани сулолаи ту ва шарафу қадри ту бошад. Солисан, туро дар номаҳо ҳокими муаззам ва мукаррам лақаб ниҳодем, андар мухотабу мукотибот, то туро бузургворӣ бошад миёни ҳамсолу амсоли ту!
Моро аз ин муомилот ҷуз вафодорию садоқати ту ғаразе нест. Бидон, ки ҳазор дӯст кам асту як душман бисёр!
Номаҳои мо аллакай ба ҳама вилоятҳо фиристода шуд. Туро мебояд бо ҷалолате ҳар чӣ тамомтар ва бо суръати ҳар чӣ тезтар бо роҳбаладии шоҳписари мо Ҷалолиддин ба ҷониби Хуҷанд раҳсипор шавӣ!
Мирмалик дарҳол хӯд бар сад ниҳоду камар бар миён маҳкам баст ва тан бо оҳан пинҳон карду асп хост ва то савор шудан Сайфуддинро барои хайрбод ба оғӯш кашиду ба дасташ варақе дода, бехгӯшӣ гуфт:
– Ба Нигина фаҳмон, ки Ойчечак арӯси дурӯғин аст. Дар дили ман ғайри Нигина ба касе дигар ҷой нест!
* * *
Дарвозаро бесадо кушода, Сайфуддин ҳамроҳи шогирдаш нӯшдору дар даст ба ҳавлӣ даромад. Бо як нигоҳ вазъиятро ташхис карду рост болои сари Нигина омад ва бо оҳанги рӯҳнавоз гуфт:
– Эй маъсума хоҳар, худро ба даст гиру ғамро дур афкан! Саратро боло бардор, хоҳари ҷон, бароят навиди нек овардам.
Нигина бемадор сар бардошту аз дасти Сайфуддин коғазпораи чорқатро гирифта, саросема кушод. Ҳусни хати Мирмаликро дарҳол шинохт. Ба ҷонаш рӯҳи тоза дамид. Ҳарисона навиштаи дасти маҳбубро хонд:
Муддате талхии ҳиҷрони ту бароям ширинтар аз қанду набот мешавад. Вале, эй Нигини дилам, осуда бош: баҳри он мекӯшам, ки бароят рӯзгоре аз асал ширин фароҳам оварам.
Ситора дар ҳаво тавқи зарин аст,
Худам ангуштарӣ, ёрам Нигин аст.
Худовандо, Нигинамро нигаҳ дор,
Ки ёри аввалу охир ҳамин аст!
Нигина, ки ба ишқи поки Мирмалик бовар дошт ва иҷборӣ будани ақди никоҳи ӯро медонист, маънои рубоӣ – мақсади ғазанфари дилгазонро зуд фаҳмид. Гиряолуд хандид…
Устоду шогирд оҳи сабук кашиданду Камолиддин бо лафзи ширин гуфт:
– Асло колива нашав, эй кабӯтар. Яъне, гарангу ҳайрону саросемакор мабош!
Чу сабру таҳаммул шавад ёри кас
Ба некӣ муяссар шавад кори кас!
Нигина хандаолуд аз нишонаи шоири ҷавон бӯсид ва ӯро додар хонд.
* * *
Сайфуддин Нигинаро ором сохта ва шогирд ин ҷо гузошта, худ ба манзили шайхулислом шитофт, ки ӯро оҷилан даъват карда буд.
– Ҳозир ҳамроҳи шоҳаншоҳи олам ба зиёрати қабри падараш меравем, – гуфт Маҷдуддин ва раҳораҳ нақл кард, ки ҳабдаҳ сол муқаддам, як рӯз пеш аз ҷулуси Қутбиддин ба тахти подшоҳӣ, ҳамроҳ ба қабристони қадимаи Ғӯрганҷ-дафнгоҳи хоразмшоҳиён барои зиёрат рафта буданд. Он вақт гӯристон ҳолати ҳузнангез дошту аз барфу борон аксар қабрҳо чӯкида, фатарот гашта буданд. Шоҳзодаи навқирон манзили охирати падару бобоён валангор дида, ба риққат омаду бо азми қатъӣ гуфт, ки дар навбати аввал оромгоҳро обод кунем ва мақбарае бисозем азиму мӯҳташам, шоистаи қиблагоҳии азимушшаън! Бо эҳсоси баланд ҳарф задани шоҳи навқирон дар оромгоҳи хомӯшон беасар намонд ва шайх Наҷмидини Кубро, ки баъди мукаммал азбар намудани илми илоҳиёт ва ҳирқаи шайх Исмоили Касрӣ аз Миср ба Ғӯрганҷ баргашта, баҳри бунёди фирқаи нави тасаввуфӣ сокини хонақоҳ шуда буд, лаҳзае ба ҷамоати мо пайваст. Нияти хайри фарзанди ғамхорро ниҳояти савобу эҳтиром ҳисобидаю хизматҳои арзандаи ҳазрати Алоуддин Текешро таъкид намуда, дуои сабз кард: Ризвонуллоҳи алайҳумо ва анораллоҳи бурҳонаҳу!37
Мақбара аз ҳар ҷониб назарнамо ва ободу зебо буду давродавр нишастангоҳи мурассаъ дошт. Баъди қироати саҳеҳи бардавом ва дуову дуруди фаровон ба рӯҳи Султони Кабир фарзанде, ки бузургсол ва накӯаҳвол шуда буд, парда аз рӯйи асрор бардошт:
– Шаб қиблагоҳӣ раҳматуллоҳи алайҳумо, дар хоби мо намудор шуданд ва гуфтанд, ки «аз шоҳи гӯр панд омӯз!» Саҳеҳ намедонам, ки шоҳи гӯр кист ва маънои ин гуфтор чист?
Маҷдуддин ва Сайфуддин саволомез ҳамдигарро нигаристанд. Дарҳол фаҳмиданд, ки муаммо дандоншикан асту барои ҳалли он донишу таҷрибаи имрӯзиён басанда нест ва азбаски Шайх Куброи ба дараҷаи валӣ расида ҳолиё дар хонақоҳи берун аз Ғӯрганҷ аст, ба умқи таърих фурӯ бояд рафт. Онон ҳамчунин карданд ва Сайфуддини пурмутолааро ба ёд омад, ки як шоири давраи ҷоҳилияти араб подшоҳи сосонӣ Баҳроми Гӯрро танзомез «Гӯршоҳ» унвон карда буд. Мантиқан, падар фарзандро мефармояд, ки аз Баҳроми Гӯр панд омӯзад.
Хулосаи маликулкаломро шайхулислом маъқул донисту Хоразмшоҳро низ ин ишора писанд омад ва гуфт:
– Аз Баҳроми Гӯр ҳар чӣ медонед, маро воқиф гардонед!
– Дақиқӣ дар «Шоҳнома» навиштааст, ки Баҳроми Гӯрро дар ҳеҷ сухан норост надидаам, дар ҳеҷ кор нодон надидаам, ба ҳеҷ носазо ҳамоҳанг надидаам, – гуфт бо пешонаи арақшор Сайфуддин. – Мегӯянд, ки дар некӣ кардан башитоб буду аз бадӣ парҳезгор…
Хоразмшоҳ бо ишораи сар сухани шоирро қабул фармуд ва «мисли ман будааст» гӯён ба Маҷдуддин нигарист.
– Шайх ҳам чизе мегӯяд?
– Баҳроми Гӯрро бар нафсу бар орзуҳои хеш подшоҳӣ беш буд аз подшоҳии мулк…
– Наход?! – пурсид бо таҳайюр Хоразмшоҳ ва Маҷдуддин дарк намуд, ки ҷавоби ӯро шоҳаншоҳи олам таҳаввур, яъне ҷасорати бемулоҳиза ҳисобидааст. – Маълум мешавад, ки шайхи мӯҳтарами мо «Шоҳнома» нахондаанд, аз базму шикору ишқварзиҳои Баҳром огаҳӣ надоранд…
Шайхулислом андак сурху сафед шуда, бо забони узр гуфт:
– Тавсифи ин шоҳи сосонӣ, ки парвардаи шоҳи араб асту бадхоҳи дини мусулмонӣ ҳаргиз муроди мо набошад, эй шоҳаншоҳи олампаноҳ! Он чӣ аз хондаю шунидаҳо ёд омад, бараҳна гуфтам, ки маро маъзур доред. Ва агар иҷозати олӣ бошад, ҳикояти дигаре ба хотирам расид.
– Мухтасар шавад.
– Ба рӯзгори Баҳроми Гӯр ганҷи Кайковус ёфтанд – ду говмеши заррини дар охурчаи симин баста ва бадали коҳу алаф пеши онҳо ҷавоҳиру марворид рехта!
Чун аз Шоҳгӯр шодиёна гирифтанд, гуфт: «Мо ганҷе, ки Кайковус ниҳода, набардорем! Моро нанг бошад ниҳодаи дигаронро бардоштан. Мо бо теғу тиру зӯрмандӣ хазинаи душман мегирем, то мулкро ободон нигоҳ дорем».
– Ин ҳикоят ибратомӯз аст. Акнун бигӯед, ки Баҳроми Гӯр бо кадом забон сухан мегуфт?
– Вақти чавгонбозӣ паҳлавӣ мегуфту андар ҳарбгоҳ туркӣ. Дар маҷлису сӯҳбати мардум дарӣ мегуфту бо мӯбадон ва аҳли илм форсӣ ҳарф мезад. Бо занон забонаш ҳарӣ буду хашму ғазаб ба арабӣ ихроҷ мекард.
– Забони ҳарӣ чӣ забонест?
– Мисли забони заргарӣ сохта ва махфӣ асту басо ширин ва хушу гуворо.
– Он Гӯршоҳ ҳақиқатан ҳам мо барин будааст-ку! Дар ҷанг туркӣ мегӯему дар сӯҳбату давлатдорӣ тоҷикӣ ҳарф мезанем, бо уламо арабгуфторему дар сӯҳбати занон хоразмӣ корбаст мекунем. Офарин ба подшоҳони мозӣ, ки гетӣ бо гуногунзабонӣ ба мо супурдаанд.
Акнун ба ман фаҳмонед, ки «баҳром» чӣ маъно дорад?
– Рӯзи бистуми ҳар моҳи шамсиро баҳром ном асту маънояш шамшер…
Шайхулислом сухани шоирро тасдиқ карду илова намуд, ки ситорашиносони қадим сайёраи Миррихро Баҳром меномиданд.
– Баҳром оё Миррих аст?! – бо шавқу шӯри пурвалвала хитоб кард Хоразмшоҳ. – Чаро гапи асосиро барвақт нагуфтед? Маро ишораи қиблагоҳӣ комилан равшан шуд! Мунаҷҷим куҷост?!
То омадани ахтаршиноси дарбор Хоразмшоҳ ба мусоҳибонаш шарҳ дод, ки Миррих ахтари панҷуми фалак буда, мураббии хоразмшоҳон пазируфта шудааст.
– Рӯзи ҷулуси нахустподшоҳи сулолаи мо осмонро якуякбора абри сиёҳи торику тира ба пуррагӣ пӯшонд ва олам зулмот шуд, – бо чашмони пуршарора рӯйдоди таърихиро қисса намуд Хоразмшоҳ. – Ҳама бо тарсу тааҷҷуб ба осмон нигариста, баръало диданд, ки барқи азиме дурахшиду абри гаронро дупора кард ва офтоби тобону ситораи рахшонро дар назарҳо ҷилвагар сохт. Яъне барои Хоразмшоҳи аввал аз Хуршед тоҷи заррин гирифту аз Миррих теғ ситонд. Аз ҳамон рӯз дар ҷаҳон ақидае паҳн гашт, ки Миррих тақдимгари теғи оламгир ба Хоразмшоҳиёни кабир аст!
Сайфуддин байте бадоҳатан хонд:
Дурахшанда барқе баромад зи меғ,
Зи хур тоҷ бистод, зи Баҳром теғ!
Хоразмшоҳ хурсандона сар ҷубонду Шайхулислом чобук ба гап ҷома пӯшонд:
– Ҳар он чӣ шоҳаншоҳи олам гуфтанд, комилан ҳақ асту рост! Уламо низ бар онанд, ки хоразмиёнро Муштарӣ бахшандаи дастору мусҳаф асту баҳром тақдимгари теғу ҷавшан ва фатҳу нусрат…
Мунаҷҷими солхӯрда Абулфазл дастури Хоразмшоҳро бодиққат шунида, устурлоб ба даст гирифту дараҷаи баландии ҷирм-ҳои фалакро аз уфуқ то самтурраъс38 санҷид ва китобу дафтар кушода, толеъ дуруст карду бо лаби хандон гуфт:
– Ин замон бар ҳаққи толеи подшоҳии Шумо мақоми Искандари Зулқарнайн мувофиқ уфтодааст. Миррих дар ҳолати шараф қарор дораду Муштарӣ ба ҳолати хубут расида, ки ин барои ҳарифи шумо номубораку бадфарҷом аст. Аммо кавкаби иқболи Шумо дар баландтарин дараҷаи бурҷи осмон медурахшад, ки ин аломати фатҳу зафар буда, анқариб ситораи яке аз мулукони баландмартабаи олам хирасӯз мешавад, яъне фармонбардори шоҳаншоҳи баландахтар мегардад…
Шайхулислом дарҳол лаб ба дуо кушод:
– Поко, парвардгоро, бахту иқбол ва насибу тақдири шоҳаншоҳи азимушаъни Хоразми Кабирро мӯътабару муборак ва муаззаму ҳумоюн гардон, ситораи давлати шоҳаншоҳи баландахтарро андар ҳама мулки олам ва макони одам ба хосу ом раҳнамо ва бахткушо гардон.
Омин, ё Раббулъоламин.
* * *
Ишораи мунаҷҷим ба ахтари баланд ва ситораи хирасӯз Хоразмшоҳро жарф андешманд гардонд. Боқимондаи рӯзро дар хилватхона ба танҳоӣ гузаронд. Суханони шайхулислому маликулкаломро дар бораи Гӯршоҳ – Баҳром – Миррих мисли марворид дона – дона дар риштаи таҳлил гузаронда, таъбири хобро чунин баровард, ки падар ӯро ба муҳорибаи ҷадид роҳнамоӣ мекунад. Аммо ҳариф кист? Кучлук, Чингиз ё Носир?
Сафир фиристодану изҳори дӯстӣ кардани Чингизхон далолат бар он медод, ки алҳол вай ҳарифи сарсахти Хоразмшоҳ нест. Кучлук ҳам душмани ғаддор аст, вале ҳолӣ ҳозир бо вай ҷанг кардан барвақт – бигзор дар байни шоҳони машриқу мағриб муддате балогардон бошад. Яъне бо ҳарифи сеюм Носирхалифа мебояд ҳарб карду таъбири саҳеҳи хоб ин аст, ки падар бо ишорати пӯшида писарро даъват мекунад, ки кори нотамоммондаи ӯро идома дода, халифаи аббосиро сари зону шинонад. «Ганҷи Кайковус набардорем!» гуфтани Баҳроми Гӯр ишора бар он аст, ки писар на барои хазинаю дафинаи халифа, балки баҳри фароз овардани армону арванди падар ба фатҳи Бағдод мепардозад.
Аз халифа ситондани кини падар ҳамеша дар моварои нақшаҳои ҳарбии Қутбиддини сонӣ меистод ва дар хобу бедорӣ чашми он медошт, ки дер ё зуд нишастан ба саманди хилофат ӯро насиб мегардад. Вале солҳои аввали подшоҳӣ ба ин амал имкон ва иқтидори кофӣ надошт. Фақат баъди забти Ироқи Аҷам бори аввал кушоду равшан қадам ба густохӣ ниҳод. Аз қазо таҳрикдиҳандаи асосӣ худи халифа шуд – фармон баровард, ки номи писараш, валиаҳди курсии хилофат Абунаср Муҳаммад бинобар ба умури давлатдорӣ нолоиқ буданаш аз хутба бароварда шавад. Ин амр дар ҳама мамолики мусулмонӣ бечунучаро иҷро гардид, аммо Султон Хоразмшоҳ саркашӣ намуд. Зеро чунин мепиндошт, ки пеши роҳи фарзандро тахтабанд кардани падар ба таълимоти дини ислом мухолиф асту агар ин амал аз ҷониби халифаи мусулмонҳо роҳандозӣ шавад, ба ҳукми анъанаи бад медарояд ва ҳама падарон бадхоҳи писар мешаванд. Бо чунин андеша хатибонро маҷбур кард, ки дар ҳар хутба номи Абунасрро ҳатман зикр кунанд.
Муддате гузашту Хоразмшоҳ дигарбора ба халифа хашмолуд шуд. Зеро вай аз гуфтору кирдори мустақилонаи садри шарифи Макка, ки авлоди барӯманди Алӣ ибни Абутолиб буд, сахт ранҷида, зархаридеро барои куштани ӯ фиристод. Вале қотил саҳван бародари садри шарифро сар буриду пеш аз дигарон Хоразмшоҳ ба ғазаб омад. Ҳадаҳа имомҳоро ҷамъ оварда, халифаро шадидан маҳкум намуд ва аз аҳли тақво дархост, то ба рағми Носири Аббосӣ ҷиҳод эълон кунанд.
Қозӣ Муҷирро ба ҳайси сафири хос ба пойтахти хилофат фиристод, то аз девони олӣ қотеъона талаб намояд, ки Қутбиддин Муҳаммад Санҷари Сонӣ садри аввалмақом ва ҳокими мутлақи мамолики исломӣ эътироф шавад. Ба унвони халифа номае фиристод чун обу оташ: пур аз вожаҳои биёяму бигираму бисӯзаму бикушам! Аммо…
Дар Бағдод ба сафир ҷавоби қотеъ гардонданд, ки хаёли хомро аз сар дур андозад. Зеро ба номи Хоразмшоҳ ҳеҷ гоҳ хутба хонда намешаваду кишварҳои забтшударо сарвар будан ӯро кофист. Дар Бағдод ҳеҷ кас ба вай арҷ намегузорад ва назари нек надорад. Сипас мактубе ба ҷоҳталаб навишт, ки даст аз ҳаракати нописандида боздорад.
Гумоштаи халифа Носир ҳамроҳи қозӣ Муҷир ба Ғӯрганҷ омада, ҷавобияи девони олиро бори дигар шифоҳӣ таъкид карду андар ситоиши сулолаи аббосиён бо лаҳни мутантан сухан гуфт. Қозӣ Муҷир афзуд:
– Ҳар касе халифаи Расули Худойро хилоф кунад, ҳамчунон бошад, ки сар аз тоати Худои таъоло кашида бошад ва аз доираи мусулмонӣ берун шуда бошад. Зеро Парвардигори олам дар маҳкамкитоби хеш мефармояд: «Атиу-л-лоҳа ва атиу-р-расула ва улу-л-амри минкум»39. Яъне, «фармон баред Худойро ва фармон баред расулон ва пайғамбарони ӯро ва итоат кунед Худовандони амр бар шуморо».
Эй шоҳаншоҳи олам, ҳақро иҷобат кунеду рӯй аз ботил гардонед. Васвасаи шайтонӣ аз сар дур андозед ва дар паи озори амиралмӯъминин набошед…
Султон Муҳаммад каломи тумтароқи сафиронро то охир бо тамасхури ошкоро шунид ва ба туркӣ ҷавоб гардонд:
– Модари ман турк асту забони бадавӣ фасеҳ намедонам. Лекин мазмуни иқтибосро фаҳмидам. Ҷавоби маро бодиққат шунав, эй қозӣ. Гоҳ итобу гоҳе хитоб, гоҳ нармию гоҳе гармӣ шеваи подшоҳист. Агарчӣ аз халифа каломи меҳрубонӣ кам шунидаем, лекин бисёр шунидаем, ки дили мусулмонҳоро озор дода, уламои шарифро бо ҳилаю тазвир куштан мехоҳаду ҳазорон муслиминро ба рӯзгори дароз дар зиндонҳо бо шиканҷа нигоҳ медорад. Ҳатто кор ба ҷое расида, ки мусулмон дар ҳабсхона фарзанд таваллуд мекунаду мисли ҳайвон умр мегузаронад. Яъне, иқтибоси муборакро ба ман нею ба гӯши амиралмӯъминин бояд хонд, то ҷабру зулму озори мусулмонҳоро хотима бахшад. Агар аз дилозорӣ даст накашад, ба ғазаби Худованди бахшандаю меҳрубон дучор мешавад. Қасам ба номи Худо, ончунон озораш диҳам, ки бадтар аз ранҷу азоби ҷаҳаннам бошад!
Таҳдиди гаронбори Хоразмшоҳ бесабаб набуд. Баъде ки дарбори гӯрхони қарахитоӣ зеру забар гардид, аз махфигоҳи хазинаи ӯ дар қатори номаҳои подшоҳони олам мактуби бо хати настъалиқ навиштаи Носирхалифа ёфт шуд, ки Хоразмшоҳро сахт мазаммат намуда, ба падараш лаънат фиристода, аммо хоқони бутпарастро дуою сано хонда, ба муборизаи беамон зидди хоразмшоҳиён даъват мекард. Номаи сиёҳи халифаи давлати исломӣ ба подшоҳи кофирон дарди пинҳони дили Султон Муҳаммадро ба хурӯш овард. Чун мор ба худ мепечид ва чораю тадбир меандешид, ки сафири навбатӣ Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ омаду шӯълаи ғазаби султонӣ фурӯзон карду рафт ва рӯҳи Алоуддини Текеш ноором гашту дар хоби фарзанд падид омад, аз Баҳром теғ ситонду ба сареҳ ва киноя писарро роҳи Бағдод нишон дод…
Ба назари Қутбиддин Муҳаммади Сонӣ чунин намуд, ки падараш аз дуриҳои дур, аз қабати осмонҳо бо чашми умед ба писар менигарад, фарзанди муқтадирро ба идомаи мубориза даъват мекунад.
Хоразмшоҳ яқин медонист, ки ҳуҷум ба дили хилофат чун ҳамла ба Самарқанд ё Бухоро кори саҳлу осон нест ва пайомади мухталиф дораду аз халифаи мусулмонҳо кини падар хостани шоҳаншоҳи муқтадир мисли хурӯши раъд дар чиллаи тобистон ҷаҳони андак орамидаро ба хурӯш оварда, моҷаро ба ғавғои рӯзи маҳшар табдил меёбад. Бинобар ин зарур донист, бо хирадмандони кордону ботадбир, исфаҳсолору вакилдорони соҳиброй ва уқдакушой машварат ороста, тибқи фармоиши падар панд биёмӯзад.
Қаъду ҷалас40 бо хоҷагони давлат як рукни подшоҳии Қутбиддини Сонӣ ҳисоб меёфту ду сол боз арзи вуҷуд дошт. Аммо падару бобоёнаш ин корро намекарданд, зеро вазири оқилу доно, кордон ва соҳибтадбир доштанд, ки дасти рости худ меҳисобиданд ва фақат маслиҳати ӯро ба инобат мегирифтанд. Вазирон, одатан, аз тоифаи бузургмардони арҷманди Аҷам пазируфта мешуданд ва Хоҷаи бузург унвонашон буд. Вазире, ки «Низом-ул-мулк» лақаб мегирифт, ваколатҳои волотаринро соҳиб мегардид.
Султон Муҳаммад ҳам дар солҳои аввали ҳукмронӣ Низомулмулки фарзонае дошт бо номи Баҳоудин Масъуд. Вале ситорааш ба Турконхотун рост наомаду сахт пофишорӣ кард. Фарзанди гапдаро Масъудро аз маснад ронда, бо маслиҳати модар Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро вазир хонд. Аммо зуд аз карда пушаймон гашт, зеро вазири нав бе лаёқат, бе дониш ва ришвахори гузаро буду хиёнатҳо раво дошт. Хоразмшоҳ ҳафт сол зиёдтар тоқат карду оқибат аз мансаб ронд ва гуфт: «Ба Ғӯрганҷ пеши пуштибонат раву гӯй, ки мо туро пушти по задаем!»
Турконхотун ин амрро напазируфт ва ибни Солеҳро вазири хеш хонда, мартабаашро дучанд боло бардошт – агар замони вазири подшоҳ будан пешопешаш чор найзадор мерафт, акнун ҳашт шотир найзаи душоха дар даст вайро ҳамроҳӣ мекарданду ҳар амраш дар ҳама шаҳру вилоятҳо бекамукост иҷро мешуд. Аз дуҳокимиятӣ шоҳаншоҳи олам бениҳоят ғазаболуд шуд. Лекин ба рағми модар иқдоме накард. Аз ноилоҷӣ маснади вазирро тамоман барҳам дода, ваколатҳои хоҷаи бузургро ба шӯрои вакилдорон афганд, ки шаш аъзо дошту инак, ҳамагон ба машварати олӣ даъват шуданд.
Хоразмшоҳ андешаю хулосаҳояшро муфассал ба вакилдорон баён карда, дар фуроварди сухан гуфт:
– Мулки ман аз мулки Носирхалифа агар бештар нест, камтар нест. Ин мартабаю хайлу ҳашам, ганҷинаю дафинаю хазина, хадаму лашкару фармонравоӣ, ки имрӯз дар дасти мост, дар ақсои олам боз кирост?! Ман бар сари дигар подшоҳон чун устоди меҳрубон бар сари кӯдаконам! Вале халифа аз рашк ва бахилӣ ҳақиқатро эътироф кардан намехоҳад. Вай бадбахт аст. Зеро ба давлатдорию молу чизи дунё фирефта шуда, амалҳои солеҳи хулафои рошидинро идома намебахшад. Балки ҷавру зулмро ривоҷ дода, ваҳдати дину имонро вайрон мекунад, дили муслимин ғамгин медорад.
Солиёни зиёдест, ки мо бо аъмоли зишти амиралмӯъминин муросою мадоро мекунем. Вале ҳар он чӣ қаблан гуфтему кардем, аз сари густохӣ набуд, аз андешаи худ нагаштаем ва аз карда пушаймон нестем. Такроран мегӯям, ки ҷуз ободонию тараққиёти хилофати ислом ва хушнудии кулли мусулмонҳои дунё чизи дигар намехоҳам. Ман сипоҳи гарон сохтаам, аммо на барои ҷанг бо хилофати исломӣ, балки барои аз сари қудрат дур андохтани амиралмӯъминини мағрур, бадхоҳ ва золим қиём мекунам. Яъне фақат дар миёни ману халифа теғу тир аст! Интизорӣ ва сабру қарори ман аз ҳад гузашта ва кор ба ғояте расида, ки илло ҷиҳод илоҷе нест!! Агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, шумо ҳама фармони маро итоат кунед ва аз байъати ман берун нашавед. Агар андешаи дигар дошта бошед, паси парда нигоҳ надоред, ҳар кӣ дар маҷлис сухан тавонад гуфтан, фошофош бигӯяд, ки андар ин қазия чӣ мебинад ва маро чӣ мебояд кардан?! Маро аз Шумо раҳнамоиву нерӯ мебояд ва ҳам тадбири накӯ! Ҳама якдил бошем, бикӯшем, то он подшоҳон, ки аз паси мо меоянд ва тоҷу тахти хоразмшоҳиёни кабирро мегиранд, моро ба некӣ ёд кунанд!
Вакилдорон бо навбат аз ҷой хеста, ҳар кадоме ягон-ягон сухан гуфтанд. Соҳибулҷайш-соҳибилашкари бузург ва сарвари мӯҳташаму мӯҳтарами хуросонӣ Тоҷиддини Сарфароз, ки дар айвони иззат муқаддамнишин буд, аввалин шуда, ба сӯҳбати подшоҳ даромад. Мадҳу ситоиш мухтасар карда, иродаи шоҳаншоҳиро муқаддам ва афзал шумориду Носирхалифаро мазаммат намуд: