Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (19-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

Аз ин хоби ғалатӣ ҳама хандидем, вале аз таъбираш оҷиз мондем…

– Номи он махлуқ Наснос асту ҳиндуҳо бахткушои дӯшизаҳои нозанин меҳисобанд, – шарҳ дод Сайфуддин.

– Ин хел бошад, интухин, гапи хоб тамом! Маълум мешавад, ки қиссаи хоби Нигина аллакай ба тутуқ расидааст…

Тахмини Шакархонум дуруст буду Турконхотун, ки очаи сеҳру ҷоду ва хобгузори авлодӣ буданашро ҳама медонистанд, Нигинаро маҷбур кард, то хоби дидаашро мӯ ба мӯ ҳикоят кунад. Бодиққат шуниду аз равзана ба берун нигариста, хоби нӯшинро мисли як кампираки солхӯрдаи хоразмӣ, худ ба худ таъбир, тақрир ва таҳлил кард: «Дар айни омад-омади шоҳаншоҳи олам ин хел хоб дидани кабутари чашминтизор беҳикмат нест. Агар Наснос ба вай даст нарасонда, бо меҳрубонӣ дар атрофаш гирд мегашт, духтарак бе ягон қилу қол ба шарафи пойбӯсии Шоҳаншоҳи олам мушарраф мегашт. Лекин Наснос кафтаракро ҳамроҳи худаш бурду муаммои чигил сохт. Пеши кӣ бурд ин паридухтарро?? Ба кӣ бахшид ин фариштаи заминиро, ки ҳамнишин бо париҳост? Наход бозубанду тумору таъвизу сеҳру ҷодуи Воруху Хуҷанд то ҳол таъсирбахш бошад?! Не, набояд ин хел бошад! Наснос, ки хидматгузори боргоҳи мост, кабутари ҳарам дур аз ҳарам намебарад, насибаи падар ҳеҷ вақт ба каси дигар намебахшад! Яъне кабутари ҳарам ба пеши валиаҳди падар бурдааст! Оре, ин офтобрух надимаи Узлоғшоҳ хоҳад шудан!!»

Табъи Турконхотун аз бозёфти нишотангез хуш гашту бо меҳр пурсид:

– Эй гулбадан! Мехоҳӣ, ки шод бошӣ дар ҷаҳон вақти зистан?

– Оре, эй улуғмодар!

– Мехоҳӣ, ки арӯси мамлакат бошӣ?

– Оре, эй улуғмодар!

– Акнун аз туст худатро ёрӣ кардан. Ончунон кун, ки мо мефармоем!

– Бифармоед, эй улуғмодар!

– Умеди мо чунин аст, ки дар Ғӯрганҷ туро аз банди ҷоду пурра халос кунем. Рафтем ба хилватхона!

Нигина аз қафои Турконхотун ба яке аз ҳуҷраҳои канории даргоҳи подшоҳӣ ворид шуд. Хонаи хилват ороиши ғайримуқаррарӣ дошт: палоси зард ба фарш густурдаю дар миёнаҷо чор кӯрпачаи чоркунҷаи заъфаронӣ барои нишастан ниҳода ва пардаҳо низ ҳама ранги зарир доштанд. Турконхотун хилъати фарохдоманеро нишон дода, ба Нигина фармуд, ки болои тахти мудаввар шинад.

– Вақте ман берун рафтам, Савсани созанда медарояд. Вай аз ҳиндувони андарост. Қадаш пасту рӯяш сиёҳ. Лекин ту натарс. Ба овози баланд ягон калима гап назан! Ҳатто салом надеҳу ором нишаста, бо забони безабонӣ фақат як ҷумла бигӯ: «Узлоғшоҳ, дари бахтамро кушо!» Такрор ба такрор бигӯ, фақат хомӯшона, бесадо гап зан! Чун дуд барояд, ман дарзамон меоям…

Баъди лаҳзае дари ҳуҷра бесадо кушода шуду чор бонуи оростаю перостаи ҳиндӣ гултабақҳои чинӣ пур аз дону гули заъфарон дар даст дарун даромаданд ва бо нозу адои ширин гирди Нигина се бор тоб хӯрданду ҳар кадоме ба кунҷе рост истод. Аз дур садои мавзуни ҳиндидарой – зангӯлачаи махсуси кашмирӣ ба гӯш расид, ки тадриҷан баландово шуда, дил ба хурӯш меовард. Бо зарбу оҳанги зангӯла чор духтари кунҷакӣ аъзои бадан ҷунбонда, ҷавлони рақс оғоз намуданд. Аммо садои ҳиндидарой ба пушти дар расиду якбора қатъ гардид. Духтарон тозон сӯи Нигинаи мутаҳайир омада, гултабақҳоро баробар ба чор тарафи ӯ гузоштанд ва худ дузону нишаставу сари ангушти дастҳо ба ҳам расонда ва дар ин маврид ангуштони пайвасти ишоратӣ ба нӯки бинӣ ниҳода, хомӯшу беҳаракат истоданд.

Баъди хомӯшии лаҳзавӣ ҳиндидарой дигарбора садо дод ва овози форами ҳайзарон – найи хушнавои ҳиндӣ ва таблаки туббонӣ ба он ҷӯр гашту паси ҳам ба хона Савсани зангӯланавоз бо ду марди созанда дохил шуданд ва мусиқии дилангезе ба атроф танин андохт. Чор духтари ғунуда баробар пару бол кӯфта, муддате рақсиданду хурӯшиданд. Савсан лаҳзае ором надошт ва пайваста гирди Нигинаи беқароргашта давр мегашту дар ҳар қадаме вайро бо лафзи омехтаи ҳиндую хоразмӣ дуруду салом мегуфт. Таҳният ҳамагӣ камтар аз як дақиқа тӯл кашид ва Нигина таъкиди Турконхотун бо камоли нуқтасанҷӣ риоя карда, пайваста калима мегардонд. Аммо номи Узлуғшоҳро ягон маротиба зикр накарда, беист «Мирмалик, дари бахтамро кушо!» мегуфту ҳар як ҳаракати атрофиёнро таҳти назар медошт ва фақат ба як савол ҷавоб ёфта наметавонист: чаро бисоти хона ва либоси ҳамагон зард асту ҳатто давволи дасти таблакнавоз – тасмачаи сахти чармин, ки аксаран сиёҳранг мешавад, ранги заъфаронӣ дорад?

Савсани соҳир, ки беист ҷаҳр мегуфт, давргашти дигар ба тартиби нав оғоз карду заработи зангӯлаю нолаи най ва нақароти таблакро қатъ сохта, ноаён ба тоҷикӣ гузашт ва нидое синахурӯш баровард:

– Дуруд туро, эй кабутари ҳарам! Хушо, ки ҷавонӣ дорию ҳусну малоҳат! Зиҳӣ арӯси нозанин бо ҷамоли маҳҷабин!

Хушо, ки рӯйи ту чун офтоб мазҳари нур аст ва мисли мо ба хату хол ҳоҷате надорад. Халқи ин мулки ҷаҳон аз машриқ то мағриб ҳама санохони ту хоҳад шуд, азеро ҳунару ҳусну ҷамоли оламшумул дорӣ. Ҳолиё як лаҳза аз рақсу аз дилситонӣ фориғ бишав ва он чӣ дорӣ дар хаёлу дар замир рӯи каф ор, то ҳар ду бо ҳам бисозем ва имрӯзро бо фардо пайвандем. Аммо ҳар лаҳза бар он бош, то ҳар чӣ ният кунӣ, назар бар гули заъфарон ниҳӣ, ки он гули аълои Қоин23 аст, шодиангез аст, хушбӯй аст, камёбу қиматбаҳост ва гули мақсуд аст. Номи худованди кишвар бо зари он навишта шавад ва тасхиргари дилу мамолик заъфарон бошад. Ман ҳама дам дар хидмати ту бошам ва ҳеҷ сония фурӯ нагузорам ва Худо маро фидои ту кунад, агар кор ба муроди дили ту рост накунам…

Савсан нафас рост карду ба марди таблакнавоз нигарист ва ӯ бо шавқи том бар табира давол зад. Яке аз духтарон, ки гултабақи заъфарон дар даст дошт, маҳин роҳ гашта, рӯ ба рӯи Нигина омад, дузону нишаст ва гули шукуфонро ба маърази нигоҳи вай устувор дошт. Савсан дасти рост боло бардошт ва найнавоз бо дуҳулзан ҷӯр шуд ва ҳарду оҳанге навохтанд дар ҳавои «Ё Савсан, ё Савсан» Духтаре, ки гултабақи гандум дошт, пеши Савсан омад ва ӯ қадре заъфарон ба каф гирифта, онро ба даҳон наздик оварда, зери лаб дуое хонду ба рӯи гандум пошид ва бо афсунгарӣ донаҳоро зард карду муште аз он ба сару китфи Нигина пошид…

Сипас духтаре, ки табақи арзан дошт, пеш омад ва Савсан амалҳои қаблӣ такрор кард.

Баъд духтаре, ки табақи ҷав дошт, пеш омад…

Савсан боз лаҳзае нафас рост карда, боқимонда донаҳои арзан, ҷаву гандумро ба чор тарафи ҳуҷра пошид ва қарибтари Нигина чорзону нишасту гуфт:

– Эй соҳибқирони ҳусну малоҳат! Акнун дуои асосӣ бихонам ва агар он таъсир бахшад, дуд барояду заъфарон сабз шавад ва ҳар нияту мақсади ту иҷро гардад.

Афсунгарӣ ба авҷ расид: ду марди созанда бо ҷӯшу хурӯш таблаку ҳайзарон бо оҳанги «Ё савсан» менавохтанду дар ҳавои он духтарон чусту чобук мерақсиданду баробар «Ё савсан» мегуфтанд ва соҳирзани қадпаст ба ваҷд омада, бо лафзи қадимаи ҳиндӣ афсун мехонд ва дар ҳар фосила бо тамоми қувват «Ё бараҳман совандар!»24 мегуфт.

Баъди фосилае ҳама баробар ҷим шуданд ва… худ аз худ аз ҳар гултабақе дуд баромад маҳину латиф ва хона хушбӯй шуду Нигина моту мабҳут. Вай бо чашми хеш медид, ки дебои тиллоранги танаш ва ҳам либоси зарири атрофиён сабзранг гашту бисоту палосу пардаҳои хона низ ранги сабз гирифт. Нигина махсус ба давволи дасти таблакнавоз нигарист: ранги он ҳам тағйир ёфта, ба сабзи кабудтоб бадал гашта буд…Нигинаро хаёле ба сар омад, ки шояд худи ӯ низ саропо сабз гашта бошад…

Ба хона Турконхотун даромад ва чун тағйири ҳолат бидид, хурсанд шуд ва бо овози баланд «Қоб!» гуфт. Дар остона канизаке намудор шуд, ки дар даст табақи тиллоӣ дошт ва рӯи он як дона зағораи навакак аз танӯр канда буд. Маликаи бузург ба қудрати Савсани афсунгар қоил шуда, ӯро офарин хонду бо дастони ҳиноранги худ зағора пора карда, ҳиссае ба Нигина дод ва гуфт:

– То паканаз гарм аст, тановул бибояд кардан. Ҳамон тавре, ки оҳанро дар гармогармияш бибояд кӯфтан. То ба ин дараҷаи олӣ таъсир кардани афсунро бори аввал мебинам! Ин фоли нек аст духтар. Агар анҷомро аз оғоз бинем, иншооллоҳ, чархи гардун бар муроди Узлуғшоҳи ман мечархад, кавкаби иқболаш ба дараҷаи баландтарин мерасад. Шод бош, Нигина, ки ниҳоли бахтат сабз шуд! Узлоғшоҳи ман туро ба авҷи осмон мерасонад, сардафтари ҷумла духтарони дарбор мегардонад!

Нигина, ки лаҳза ба лаҳза хуштабъу болидахотир мешуд, ба гӯш пунба дарниҳода, бошавқ зағора мехойид ва ҳамоно аз таҳти дил «Мирмалик, дари бахти ман кушо!» мегуфт. Бовар дошт, ки афсуни Савсан барги зардгаштаро сабз намудаасту маҳз Мирмалик вайро сардафтари ҷумла духтарони хушбахт мегардонад!!

Овози ширадор ва ҷаррори Турконхотун духтари аз афсунгарӣ саргарангшударо саҳле ҳушёр намуд:

– Бархез, эй духтар! Ба хона рав ва омадани бахтовари худро интизор шав!

– Бахтовар кай меояд?

– Навакак хабар расид, ки пойи мубораки шоҳаншоҳи олам ба Ҷавора расидааст, аз Ғӯрганҷ ҳамагӣ ҳашт манзил дуртар… Иншоаллоҳ, имрӯз ё пагоҳ дида ба дидор мерасад…

Равзанаи сеюм. Тавсиф ва тасвири парвози ҳунар ва афту дарафти шоирону соҳирон дар базми ҷамшедӣ

Вақти намози бомдод фаро расида бошад ҳам, шаҳри бузург ҳанӯз ҷомаи сиёҳфом дар бар дошт. Тифлону кӯдакон масти хоби ноз буданду занон ҳанӯз ба сари оташдон нарасида. Оромӣ ва сукути якнавохтро фақат ҷеғи хурӯсон халалдор месохт. Ва ин ҳангом дар майдони назди арки подшоҳӣ – воқеъ дар баландии шаҳри андарунӣ – гулхане фурӯзон гашт. Ҳамзамон аз ҳар канора садои сурнай ва наъраи карнай баланд шуд. Худи ҳамин лаҳза дар саҳни бозорҳои қадиму ҷадид, пешмайдони масҷиди ҷомеъ гулханҳо забона заданд ва овози дуҳулу карнай ба фалак печид. Дар қисмати берунии Ғӯрганҷ, назди қалъаи Шамоха, боғи Ҳазорбед, дар Курдносхоз, Базминия, Хев, Ҷавора, Курдар, Кож, Хушмиш, Нужобон ва дигар шаҳру рустою қасабаҳои Хоразм низ гулханҳо фурӯзон гашта, садои карнай ва таблу сурнай аз оғози тантанаи бузург навид расонданд.

Муаззинҳо аз манораҳо қабл аз бонги аввал бар Муҳаммад Мустафо (с) дуруд фиристода, сипас мунодӣ заданд, ки имрӯз шоҳаншоҳи олам ба шаҳри Ғӯрганҷ ташрифи қудум мефармояд ва хурду бузургро мебояд, ки пеши пояш аз чашму дил дурру гавҳар нисор намоянд. Иловатан, бар раъият мужда расонданд, ки шурӯъ аз имрӯз дар Ғӯрганҷ ва дигар шаҳру деҳоти Хоразм як ҳафта дег бар оташдони хона нагузоранд ва ба қизилтӯй – зиёфати шоҳаншоҳӣ биёянду шодӣ бар шодӣ физоянд.

Гулханҳо фурӯзон буданд то даме, ки шафақи субҳгоҳӣ доман паҳн кард ва нури нахусти хуршеди оламоро ба тоҷи подшоҳӣ расида, онро мунаввару дурахшон гардонд. Дар ин рӯзи ҳуҷаста даргоҳи подшоҳ – боргоҳ, сарои аморат, кушки тиллокорӣ, қасри мӯҳташам ва арки бузург бо фаршҳои фохир ва созу олоти вофир чун бӯстон ороста буд ва канизони гулгунқабо дар ҳама толору ҳуҷраҳо анбару заъфарону испанд сӯхта, ҳаворо муаттар ва рӯҳнавоз мекарданд.

Вақте ки офтоб як қади найза боло шуд, овози табли подшоҳӣ баланд гардид ва аламбардорон ливоҳоро барафрохтанд.

Мардуми шаҳр ва рустои атроф чун аз ташрифи шоҳаншоҳи бузурги олам воқиф шуданд, аз ҳар канор бо шодмонӣ ба майдони пеши кӯшки шоҳаншоҳӣ омаданду ин ҷо бо лашкариён омезиш ёфта, ба умеди дидани подшоҳи музаффари Хоразм қарор истоданд.

Дар саҳни мармарини кӯшк сарони лашкар, дабирону қозиён, сӯфиён ва ғозиён ба расми хидмат саф кашидаву истодаву биншаста буданд.

Дар дохили кӯшк, ки ба расми хоразмӣ тоҷу тахти подшоҳӣ ороста шуда буд, мардони маҷлиснишин – бузургони давлат, сипоҳсолору вазирон, зимомдорон, аъёну ашроф, аҳли қалам ва ҳашам, меҳмонон ва кулли фарзонагон шодком нишастанд. Гурӯҳе аз адаб бар замин чашм дӯхта ва гурӯҳе бо ҳам паст-паст муколама мекарданд, аммо ҳамагон ишораи мири боргоҳро нигаронӣ доштанд.

– Байрақи шоҳи Хоразмро биёред! – нидо кард мири маҷлис бо лафзи буррои тоҷикӣ ва ҳама бузургони чашминтизор баробар аз ҷой хеста, ба эҳтироми парчами давлати Хоразм бо тавозӯъ сар фуровардаю дасти рост ба сандуқи сина бинҳода, рост истоданд. Ағлаби онҳо ва умуман қисмати умдаи аҳолии Хоразм тоҷикон буданд ва қатъи назар аз бартарӣ доштани унсури туркизабон дар салтанати хоразмшоҳиён забони коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва давлатдорӣ тоҷикӣ буд.

Қутбиддин Муҳаммад худ яке аз ҳаводорон ва ҳомиёни асили забони дарӣ ба шумор мерафт ва мехост, ки ин қоидаи маъмул қатъиян риоя гардад. Айни замон вай фармоиш дод, ки дигаре аз қоидаҳои маъмули дарборӣ ба ойини давлатдории шоҳони Аҷам мутобиқ карда шавад: дар гузашта агар шоҳи Хоразм вафот кунад, таблу нақораи ӯро чаппа гузошта, болояшро бо гилем пӯшонда, ҳамроҳи тобут мебурданд ва зери хок мегӯронданд, лекин вақте Алоуддин Текеш худораҳматӣ шуду надимон хостанд, таблу нақораи ӯ ҳамроҳи ҷасад бардоранд, валиаҳди ҷавон қатъиян муқобил баромад ва гуфт: «Мо давоми умри падарем ва бо нақораи падар подшоҳӣ мекунем. Ончунон бошад падар, ҳамчунон ояд писар!»

Ба парчами подшоҳӣ низ тағйироте ворид сохт. Қаблан ранги байроқи шоҳони Хоразм мисли осмони кабуд нилгун буду дар кунҷи болояш моҳу ахтар намоён. Бо амри шоҳи нав ранги як ҳиссаи байрақ мисли парчами ковиёнӣ алвонӣ гардид ба сони шафақи гулгун ҳангоми тулӯи хуршед…

Аламбардор ливои нави подшоҳиро баланд бардошта, бо низому ифтихори олӣ қадам ниҳода, ба толор ворид шуд ва таҳти садои пуршукӯҳи таблу нақораи қадима аз мобайни толор гузашта, дар тарафи рости тахти подшоҳӣ қарор истод.

Пас аз як нафас хомӯшии пурсалобат фарёди мири маҷлис бо дабдабаи бештар баланд шуд, ки зеру забар ва махраҷи калимаҳоро бо диққати том риоя карда, мутантан нидо баровард:

– Худованди Хоразми бузург, шоҳаншоҳи муаззам ва осмон- қадри замон, ҷаҳондори музаффари масъуд ва кишваркушой, каҳф-ул-фуқаро, мулоз-ул-ғурабо, мураббиюл фузало, муҳиб-ул-атқиё ва анбиё, аълоҳазрати ҳумоюнӣ Қутбиддин Санҷари замон ва Искандари сонӣ Муҳаммади Хоразмшоҳ ташриф мефармоянд!

Садои карнаю сурнай ва таблу дуҳул аз равоқҳои толори муаззам бо оҳанги нишотафзо ба якборагӣ танин андохт ва аҳли маҷлис дастафшон ба таҳсину таҳнияти шоҳи Ҷалили Хоразм бонги хушҳолӣ заданд.

Дари дутабақа ва тиллокории воридгоҳи ҷониби шарқ бесадо кушода шуд ва як села гулдухтарони хушлибосу хубчеҳра ва ҳамқадубаст, ки чун себи сурхи хубонӣ шабеҳи якдигар буданд ва гулу раёҳин дар даст доштанд, дар ду тарафи пойандози бахмалӣ, ки аз остона то пояи тахт густурда шуда буд, саф кашиданд. Ва чун суроби Қутбиддиншоҳ намудор гардид, хурӯшу ғирев ва ғулғула то ба Сурайё расид.

Шоҳи ғолиб ҳақиқатан ҳам хуршедсимо ва хуршедтоб буду фарри эзидӣ дошт. Вай ба расми аҷдодӣ калонсув – кулоҳи хоразмӣ бар сар ниҳода, ҷомаи ҳарир пӯшида ва камарбанди зарварақи абрешимӣ бар миён баста, бо виқору тамкин ба маҷлисгоҳ ворид шуд. Вай қадам мемонду гулдухтарон ба русуми шоҳони Аҷам зери пояш барги гулу райҳон нисор мекарданд.

Вақте шоҳ ба пеши тахти мӯҳташам расид, навозандаҳо баробар зарбу оҳанг қатъ карданд ва духтарон чун мавҷи гул бадар рафтанд. Хоразмшоҳ бо такаббури аҷдодӣ салом гуфту бароҳат бар курсии мулк нишаст. Дар толор чунон хомӯшие ба амал омад, ки агар кас бодиққат гӯш андозад, таппиши дили подшоҳро баръало шунида метавонист. Ва ӯ ҳаяҷону изтироби қалбашро бо ибораи «Ё раббӣ, анта раҷоӣ! – Парвардигоро, ту умеди ман ҳастӣ!» фурӯ нишонда, бо номи Худованди ҷону хирад салису равон сухан оғоз намуд. Аз ҳарфу ҳиҷои нахустин ба он мекӯшид, то каломи мавзун ботамкин ва санҷида ба забон орад, зеро хуб медонист, ки сухани подшоҳон сабуку реза набояд бошад.

Пас аз ситоиши пайғамбарон ва шоҳони бузурги олам ҳозиринро фаровон дуруду салом гуфт ва афзуд:

– Парвардгори оламро сипос ва шукри беҳад мегӯям, ки ниёи мо падар бар падар садри Хоразм буданд ва мо қадам бар қадам бо оини шоҳони пешин меравем. Фатҳу зафар ҳамеша ёри мост. Хоразми Кабир ба давлати муқтадир мубаддал гардид. Мулки мо аз баҳри Хазар то халиҷи Порс ва кӯҳи Ҳиндукуш доман паҳн кардааст! Давлати мо таъна бар Мисру Ҳинду Чин мезанад!! Ахиран мо бо подшоҳи қарахито муҳориба карда, Гӯрмоли ғаюрро саркӯб кардему ҷаҳонро аз тухми куффор пок гардондем. Шоирон фатҳнома навиштанду моро Искандари Сонӣ унвон ниҳоданд. Мо шукргузорем, ки ҷойгузини Санҷар ва Искандар шудаем ва орифон Залиллоҳ25 мегӯянд. Шумо ифтихор кунед, ки чунин сарвар доред! Фатҳнома ба ҳама шаҳру навоҳӣ фиристед, то хушхабар дар ҷаҳон пароканда шавад. Ҳама меҳтарони кишвар огоҳ созед, то хутба таври сазовор бихонанд ва бо унвони Искандарӣ сикка бизананд.

Шумо ҳама фарзандон ва бародарони манед. Минбаъд низ якҷоя бо Шумо зидди душман ҳарб мекунам. Ҳоло ба самъи Шумо мерасонам, ки мо қарор кардем дар ин рӯзи муборак ҳар яки Шуморо бо хилъату инъоми подшоҳӣ сарфароз гардонем.

Аҳли толорро ин каломи меҳрубонӣ баробар аз ҷой хезонд ва чун дар сафи намоз баробар таъзим баҷо оварда, бо нерӯи тоза давоми сухани Шоҳаншоҳи кабирро бо мароқи том шуниданд.

– Лашкариён сутуни салтанат мебошанд ва мо қарор додем, ки ба шарафи ғалабаи бузург ба ҳар сипоҳӣ сад динори хоразмӣ тӯҳфа намоем ва ба муддати як сол аз раъияти Хоразм ушри чизе нахоҳем.

Роҳи подшоҳон ҳамеша равшан аз чароғи дили фарзонагон ва оқилу доноён аст. Дар ин ҷода низ мо пайрави содиқи ҷадду обои хешем. Агар олими пурдон Исмоили Ҷузҷонӣ ба Қутбиддин Муҳаммади аввал даҳҷилдаи «Захираи хоразмшоҳӣ» бахшид, Имом Фахриддини Розӣ ба Қутбиддин Муҳаммади сонӣ «Ҷомеъ-ул-улум» ҳадя кард! Аз имрӯз эътиборан Боғи Ҳазорбед комилан ба ихтиёри аҳли қалам мегузорем. Бовар дорем, ки адибон чун «Захираи Хоразмшоҳӣ» асарҳои пурарзиш ба мо ҳадя меоранд.

Вобаста ба ин масъала як нуктаи муҳим ва нозукро мехоҳам ба таври махсус таъкид созам. Аз қадимулайём дар марзу буми Хоразм туркон ва тоҷикон мисли ду бародар буданду ҳастанд ва мо низ ба онҳо муносибати мусовӣ бояд дошта бошем. Ҳам дар базм ва ҳам дар разм аз маҳорату иқтидори онҳо тарафайн баҳрабардор гардем, ҳам улба ва ҳам улбо26 бетафриқа бо ҳам бубинем.

Мо идомабахши фатҳу нусрати Хоразмшоҳони бузургем ва сари Гӯрмол ба хок молидем, тахту бахташро шикастем, аммо аждаҳои наве сар бардоштааст, ки номаш Темучин, лақабаш Чингиз аст. Ин бутпараст дар пеши мо ҳақир аст, лекин моро мебояд ҳар лаҳза омодаи ҳарб бошем. Хоҳиши замирӣ ба шумо ин аст, ки бо мо дурустпаймон бошед, то бо тадриҷ ва тадбир хоки душман ба бод афканем!

Ҳама бо нидоҳои «Зиҳӣ шоҳаншоҳи олам!», «Комёб бодо Санҷари сонӣ!», «Ҷовидон бодо Искандари сонӣ!» аз ҷой бархестанд. Гаронмоягон ва номдорони хиттаи Хоразм аз ҳар сӯи толор бари домони Султон Муҳаммад Заллиллоҳро бӯсида, зару гавҳар ба пеши пояш фурӯ рехтанд ва бо шоҳӣ бар вай салом карданд.

Шайх Маҷдуддин порае аз Қуръони азимушшаън қироат намуд ва Шоҳаншоҳи кабирро дуои нек кард:

– Поко Парвардигоро, давлати Хоразмшоҳиёни Кабирро обод гардон! Мулкро бегазанд, лашкарро фармонбардор, раъиятро ором нигаҳ дор! Шоҳаншоҳи музаффар ва одили моро баландахтар гардон! Шоҳаншоҳи олампаноҳи мо, ал-муайид ли дин-ул-лоҳ ва ал-мунтасир ли оли Расулилоҳ27 дар паноҳи исмати хеш сайидтолеъ ва фархундаҳол нигаҳ дор! Омин ё Раббулъоламин.

Бо амри шиҳна ду ҳазор сипоҳии озодаву тозанафас дарзамон ҳозир шуда, дар ду тарафи роҳрави мармарфарши кӯшки подшоҳ баробар истоданд. Сипас ғуломони тануманди ҳинду ҳабаш тахти равон оварданд, то шоҳаншоҳро назди халоиқ бароранд ва аз он ҷо ба доруззиёфат расонанд…


* * *


Баъди зиёфат базми ҷамшедӣ барпо нашуд. На аз он сабаб, ки табъи нозуки шоҳаншоҳ набардошт, балки зарурати таъхирнопазире ба миён омад: лаҳзаи омодашавӣ мунҳӣ28 ба подшоҳ бехгӯшӣ хабар расонд, ки аз ду тарафи олам ду сафири олимақом ба Ғӯрганҷ ворид шудаанд – аз ҷониби шимол гумоштаи махсуси Чингизхон, аз самти ҷануб фиристодаи халифаи араб Носири Аббосӣ. Азбаски дар ойини давлатдорӣ омадани сафири подшоҳ ташрифи худи ӯ ҳисоб мешавад, Муҳаммади Хоразмшоҳ таъхирро хилофи одоб дониста, ба амири ташрифот амр кард, ки бо риояи комили расмияти қабул меҳмононро ба толори пазироӣ ҳозир намояд. Худ ба хилватхона гузашт, то андешаҳояшро мураттаб ва либосашро мутобиқ созад.

Қутбиддин аз хурдсолӣ, вақте валиаҳд шуданаш аён гардид, дар дил як орзуи ширин мепарварид – билоди Чинро тасриф намудан ва тамоми боигариҳои онро ба даст овардан! Зеро аз таърихномаҳо хондаву аз бузургворон шунида буд, ки Офаридгори олам ҳама сарвати дунёро ду ҳисса намуда, қисмати аввалро дар бағали кӯҳ ва зери хоки Чин пинҳон намуда, боқимондаро дар Мочин – яъне дигар кишварҳои рӯйи замин тақсиму тарака кардааст.

Баъди охирин сафари бобарори ҳарбӣ, ки мулки қарахитоён зеру забар гашту шоҳи ин қабилаи кӯчӣ зери замин рафт, барои ҷомаи шодӣ пӯшонидан ба орзуи айёми кӯдакӣ имконияти фарох фароҳам омад ва шоҳи ғолиб хост, оҳанро дар гармогармӣ кӯбида, сари лашкар ҷониби Чин гардонад. Вале писараш Ҷалолиддин хаста шудани сипоҳиён, дурии роҳ ва наздик расидани мавсими сарморо пеш оварда, нияти падарро то баҳорон мавқуф гузоштан хост. Дар ҳамин ҳол ҷосусон хабар оварданд, ки лашкариёни Чингиз барои ҳуҷум кардан ба Чин тайёрӣ мебинанд. Ин навиди шубҳанок, аммо даҳшатангез шасти Қутбиддинро паст гардонд, аммо ниҳоли орзуяшро нашикаст ва ба Ғӯрганҷ омадани гумоштаи Чингизхонро фоли нек ҳисобид. Бовар дошт, ки тоҷири утрорӣ Йусуф Канка барои равшан намудани торикиҳо кӯмак мерасонад.

Йусуф – гумошта ҳамроҳи худ тӯҳфаи бисёре оварда буду боз як армуғони хоса аз бузургнойон Чингизхон ба Султон Хоразмшоҳ – тиллосанги азими худрустае шабеҳи гардани шутур, вале калонтар аз он!

– Бо чашми сар дидам, ки Чингиз-қоон ин тиллопораро бо дасти тавонои худ аз Тиллокӯҳ канда, ба халтаи заррин андохта, болои ароба ниҳод ва моро фармуд, ки ин тикшимишро якҷоя бо номаи сарбамӯҳр шахсан ба дасти мубораки шоҳи Хоразм супорам, – гуфт бо оҳанги эҳтиром ва ифтихор сафир ва лӯлакоғази абрешимӣ бо ду дасти адаб ба Хоразмшоҳ супорид.

Ҳадяи гаронмоя ва бесобиқа ҳамаро дар шигифт гузошт. Аммо шоҳаншоҳ фақат бо кунҷи чашм онро нигаристу аввал ба нома чашм давонд. Зеро барояш муҳим он буд, ки Чингизхон чӣ навиштааст?!

Мактуб ба забони порсии дарӣ, вале бе риояти одоби номанигорӣ иншо гардида, мухтасару сода буд: «Бо арзи салом ба Хоразмшоҳ ин сухан мегӯем: ман султони машриқ ҳастаму ту султони мағриб! Хоҳони онам, ки байни мо аҳду паймони сулҳу дӯстӣ мустаҳкам бошад, тоҷирон ва корвонҳо байни мамлакатҳои мо бемалол равуо кунанд. Молҳои қиматбаҳо ва дигар ашёи рӯзгор, ки дар мамлакати ман ҳаст, дар мамлакати ту озодона фурӯхта шаваду ҳама гуна молу ашё аз мулки ту дар мулки ман бе ягон монеа ба савдо гузошта шавад. Хеле хуб мешавад, агар ба якдигар халал нарасонем ва душманӣ накунем. Подшоҳи машриқзамин ба подшоҳи мағрибзамин офият мехоҳад».

Иқрори дӯстӣ кардани Чингизхон ба Хоразмшоҳ писанд омад. Ҳарчанд худро подшоҳи ними дунё ҳисобидани як муғули чаласавод ба табъаш нафорид, лекин нияти ҷанг надоштанашро дониста, равшандилу осудахотир шуд. Номаълум оҳи сабуке кашида, мулки Чинро фурӯ гузошту чашми тамаъ ҷониби Бағдод дӯхт, ки фатҳи он рози пинҳон андар ниҳонхонаи дилаш буд ва лаҳзае вайро ором намегузошт. Ҳамеша фурсати муносиб мекофт, то кори нотамоми падарро ба анҷом расонда, Носири Аббосиро маҷбур намояд, ки Султони Хоразмро шоҳаншоҳи олами ислом эътироф карда, дар Бағдод хутба ба номи ӯ хонад.

Хоразмшоҳ алҳол, аз ҳарвақта бештар, ба ин кор имтиёз ва иқтидори комил дошт. Дар давоми понздаҳ соли подшоҳӣ Хуросону Ироқи Аҷам, Мозандарону Озорбодҷон, Ғуристону Ғазнаву Бомиёнро то уқёнуси Ҳинд зери тасарруфи худ дароварда, Мовароуннаҳрро ишғол ва аз қарохониву турку қарахитойҳо тамоман пок гардонда, бештар аз чорсад шаҳри бузурги оламро забт намуда, мамлакати паҳновари ягона ва комилан соҳибистиқлоли Хоразмшоҳиёни Кабирро бунёд карда буд! Лашкариёнаш ҳолиё ба фатҳи Гурҷистону Шервону Анатолиё машғул буданду дар остонаи Миср қарор доштанд… Аммо барои пешравии оянда ва кишваркушоиҳо монеаи асосӣ хилофати Араб буду Носирхалифа санги садди роҳи Хоразмшоҳ…

Маҳз дар чунин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсоз бо пойи худ омадани ду сафирро Қутбиддини сонӣ ҳидояти мушкилкушо аз ғайб ҳисобид ва қарор дод, ки бо Чингизхон муросову мадоро намояд. Аввал элчии ӯро бо иззату икроми зиёд пазируфт. Сипас сафири араб Шаҳобиддини Суҳравардиро ба ҳузур хонд.

Шайхи шайхони олам Суҳравардӣ дастхолӣ омада буд, ҳатто аз халифа расмулхате надошт, валекин бо эҳтимоми Хоразмшоҳ сазовори эъзоз ва эҳтироми лоиқ гардид ва муқаддимаи сӯҳбат бо меҳрубонию такаллуфи тарафайн саршор буд. Фақат баъди он ки номи Носирхалифа ба забон омад, лутфи гуфтушунид лағв гашт. Шайх паёми шифоҳии халифаро айнан ироа кард ва гуфт, ки ҳомии дин ва давлати ислом аз аъмоли зишти Кучлук нисбати мусулмонҳо барошуфта, сахт ба хашму ғазаб омадааст. Зеро ин бутпарасти ашаддӣ тиловати «Қуръон», азон гуфтану намоз хондан, салла бастану ҷома пӯшиданро манъ карда, дари масҷиду мадрасаҳоро баста, мусулмонҳоро маҷбуран ба бутпарастӣ водор менамояд.

– Ин гапу корҳоро мо ҳам медонем! – ба сухани сафир латма андохт Хоразмшоҳ. –Вале намедонам, ки чаро амиралмӯъминин хомӯш аст ва ягон тадбир намеандешад?!

– Халифаи дин ва давлати ислом ба Хоразмшоҳ пайки иҷобат мерасонад ва мегӯяд: «Эй амири бузурги ислом, хуруҷ кун бар кофири мутлақ Кучлук, лашкар бикашу мулк аз дасташ бигир ва ӯро ба ҷаҳаннам бифирист, ки Худованди ҳақ ту ҳастӣ. Дуои ман дар қафои туст ва шак надорам, ки Аллоҳ таъолоҳ туро бар вай нусрат диҳад ва бо шарофати ту мусулмонҳоро сарбаланд гардонад».

– Ҳимояти дин ва ҳаёти муслимин вазифаи аввалиндараҷаи амиралмӯъминин аст. Бигзор худи Носирхалифа лашкар кашад ва он кофари мутлақ ба ҷаҳаннам фиристад!

bannerbanner