Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (20-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

–Вай ба қудрати Хоразмшоҳ эътимод дорад, ӯро амиралумаро ал муайяд минассамо29 меҳисобад…

– Агар эътимод дошта бошад, хутба ва сикка ба номи мо фармояд, моро сарвари мусулмонҳои олам хонад. Он гоҳ мо дар давоми як ҳафта Кучлук ба ҷаҳаннам фиристода, диёрашро мусулмонобод мекунем.

– Халифа ба ман дастур додааст, ки…

– Дастури халифа барои мо як пули сиёҳ арзиш надорад! Тавонад – Кучлукро аз байн бардошта, дини исломро бар бутпарастон ғолиб гардонад. Натавонад – ҷойро холӣ кунад, то шахси сазоворе ҳомии мусулмонон бошад. Тамом-вассалом!

Шайхи шайхони олам Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ музтарибҳол аз толори пазироӣ берун баромад. Шайхулисломи Хоразм Маҷдуддин ва шоир Сайфуддин ҳарчанд кӯшиданд, дар базми ҷамшедӣ иштирок накарда, ҳатто ба хонақоҳи Шайх Наҷмуддини Кубро нарафта, ҳадаҳа ҷониби Бағдод шитофт. Аммо элчии Чингизхон ангуштнамои хосу ом дар базми шоҳаншоҳи Хоразм буд…


* * *


Баъди намози аср бо амри шиҳнаи Ғӯрганҷ лашкариёни дарборӣ силоҳ баста, гирдогирди доруззиёфат барои посбонӣ саф заданд ва омадурафти беиҷозат қатъ гардид. Чун ҷаҳонро торикӣ фаро гирифт, бонги таблу дуҳулу дабдаба, говдуму санҷ, ойинаи филону карнай ва сапедмӯҳра баланд гашта, аз оғози тантанаи оламафрӯз дарак дод. Дар толори азим бештар аз ҳазор шамъи чаҳоргонаи бухорӣ фурӯзон гашту хонсолорони чобукдаст ва баковулони покизалибос дар як дам сад хон ба чандин рангу бор чиданду дастархонҳои сап-сафеди оҳарӣ аз меваҷоту сабзавоту қандалоти хелмахел алвонӣ намуданд. Надимони тезҳаракат таомҳои гарм, шаробҳои нарм, туршиҳои мӯътадил ва хӯриш аз кабку оҳу ва тазарви сафед оварданд…

Хоразмшоҳи қавипайкару шофмӯйлаб ва кашидариш бо чеҳраи нуронӣ ва гунаҳои арғувонӣ ба болишти зебо такя зада, дар тахти мӯҳташам бо шукӯҳу шавкати олӣ менишаст. Канизони ёсуманбӯй ва надимони парипайкар бо мирваҳаи товусӣ ва лутфу навозиши шоҳӣ хидмати бандагӣ ба ҷо меоварданд. Бузургони давлат ва меҳмонон аз чапу рост орому сокит нишаста, омадани Турконхотунро интизорӣ мекашиданд, ки тибқи одати ҳамешагӣ ҳамроҳи аҳли рикоби хеш баъди мардон ба толор ташриф меовард.

Сукути бардавомро овози баланди мири ташриф ба ғалмағал табдил дод:

– Худованди олам, модарбузурги муаззама ва уллиаҷниҳа30 садрнишини бонувони машриқу мағриб, улёҳазрати олимақоми салтанати Хоразмшоҳиёни Кабир Турконхотун офтоби ҷаҳон бо ташрифи қудуми хеш маҳфили моро мунаввар месозанд!

Таблу нақораи подшоҳӣ ба садо омаду Турконхотун либосҳои фохира дар бар ва қизилтоҷ31 бар сар бо виқору салобати модаршоҳӣ ба маҷлиси мардон ҷасурона гом ниҳод. Ҳама баробар аз ҷой хеста ва нафасҳо дарун кашида, ҳар қадами ӯ ба чашмони пурмеҳр гиромӣ медоштанд. Турконхотун якмарому бовиқор пеш мерафту аз қафояш ҳафт гулдухтари нозанини хушлибос доманкашон чун товуси хиромон ҳаракат мекарданд. Бо як нигоҳ аён буд, ки онҳо ғуломдухт ё канизак нестанд, зеро либосу ороишу пероиши ҳар кадом ба хироҷи вилояте меарзид. Ин ҳафт гули наврустаи гуландомро Турконхотун аз байни чил бойдухтари мумтози Ғӯрганҷ писандида, интихобан гулчин карда буд ва ҳамаашон ба қабилаи канглӣ тааллуқ дошта, миёни духтарони қавми Турконхотун беҳтарини беҳтаринҳо ҳисоб меёфтанд. Падари ҳар кадоме сипаҳсолори сарсупурдаи модаршоҳи Хоразм буду неруи зиёди ҳарбӣ дар ихтиёр дошт ва амри Маликаи ҳамтабори худро аз ҳама фармоишот муқаддам медонист.

Аз ҳамин сабаб Турконхотун бо сари баланду табассуми фарох ва каруфари олӣ пеш мерафту чунин вонамуд мекард, ки дар ин толори бузург ғайр аз писараш дигар касеро намебинад. Аммо аҳли толор ин тафохур ва назарбаландиро амали шоиста меҳисобиданд. Охир, писари на ҳар модар шоҳаншоҳи олам мешавад ва на ҳар модарро чунин бахти баланд муяссар мегардад, ки дар базми ҷамшедии фарзанди фатҳовари худ бо ҳамҳамаю дамдама ширкат варзад!

Аз қафои Турконхотун боз як гурӯҳ занони савлатманд вориди базмгоҳ шуданд. Маликабону Дилором сархайли онҳо буду дар паҳлуяш Нигина беҷуръатона қадам мезад. Чеҳраи хандон дошт, аммо чашмони маҳзун. Зеро соате қабл аз оғози базм Турконхотун қавлу қарори худро тағйир дода, кабутари ҳарамро аз рақсидан боздошт ва ба машшотаю канизон фармуд, ки бо ғолияву кофуру анбар ин бути шакарлаби мушкинхолро боз ҳам хушрӯй ва хушбӯй гардонда, чун арӯс ороста, дар базмгоҳ бо либосу ороишоти беҳтарин ба чашми Узлоғшоҳ манзур намоянд.

Амри ҷалоҷинкампирро шунида, Нигина мувозинати ақлу эҳсосро гум карду беҳол ва ночор рӯйи фарш нишаст. Дуд аз димоғи Шакархонум баромаду бо дилу ҷигари сӯхта ба манзили Малика Дилором тохт. Ҳарчанд медонист, ки аллакай кор аз эътидол гузашта, тағйир додани ҳолат имконнопазир гаштааст. Вале Маликаи Хоразм бо тамкини ҳайратангез ҳаяҷони мураббияро фурӯ нишонду бо солорӣ гуфт: «Ҳар ду ором шаведу ба намоиши ҳунар омода бошед. Шоҳписари ман масъаларо табъи дили мо ҳал мекунад!»

Турконхотун ва аҳли ҳарами ӯ дар нишастгоҳи алоҳида ҷо ба ҷо шуданду канизакони муғанния самоъ оғоз ниҳоданд. Хоразмшоҳ бо нигори лоларухе, ки арӯси мамлакат унвон дошту зулфи пурхаму тоб ва мӯйи марғулаи ӯ рашки мушки Хутану анбари Соро буд, дар садри маҳфил нишаста, бо ҳузуру ҳаловати том навои арғунунӣ мешунид ва шароби арғувонӣ менӯшид. Он сарви равон бо қабои парниён гирди сари тоҷвар парвона буду вақте навои хусравонӣ дар толор танин андохт, бо ҷамоли матлуб ва чеҳраи маҳбуб хиромон ба ҷилва омад, то ба ҳусну ҷамоли зебо ва ҳаракоти ширинадо дили Хусрави Хоразм волаву шайдо намояд. Вале Хоразмшоҳ ба ёри дерин эътиборе надода, саволомез ба Ҷалолиддин нигарист, ки дар хони паҳлуи рости падар менишаст.

Писари чашминтизор дарҳол аз ҷой хесту аввал одоби таъзими подшоҳӣ риоя намуда, аҳли базмро хомӯш ва диққати умумро ба худ ҷалб гардонду бо фарри бузургманиш каломи хуш ба забон овард:

– Эй падари меҳрубон ва оламгири ҷаҳонбон!

Сарфароз аз онам, ки фарҳанги шоҳону меҳтарону фарзонагонро накӯ медонеду накӯ медоред ва ниҳоду рафтору кору сози подшоҳӣ дар сатҳи олӣ сомон медиҳед. Сипоҳ оростану кин хостану разм кардану шабехун задану шаҳр гирифтанҳои Шумо вирди забонҳост ва андар сифоти хуби шумо достонҳои марғуби зиёд набишта шуда, ки ба гӯшу дилҳо хушгувор ояд.

Ифтихор аз он дорам, ки Санҷари замон ва Искандари сонӣ шумоед, эй падари баландахтари ман! Месазад, ки корномаҳои шумо дар Шоҳномаи навин сабт гардад ва ояндагонро дарси ибрат шавад. Ба ин ният аз Исфараи нозанин шоире овардам, ки баъди рӯй дар ниқоби хок кашидани Ҳоқонӣ кас мисли ӯ надидааст! Ахтари тобони назми Аҷамро қабул фармоед.

Сайфуддини Исфарангӣ, ки дар шафати шайхулислом менишаст, бо таъзими шоирона худро ба мобайни падару писар расонд ва интизор истод, ки дастур чӣ мешавад.

Хоразмшоҳ сар то пойи шоирро бо чашми харидорӣ нигаристу гуфт:

– То ҷаҳон будааст, ҳеҷ подшоҳи сулолаи мо аз шоире сарфи назар накардааст. Зеро аз лашкару ганҷу хазинаи подшоҳӣ осоре намонад, аммо ба шарофати шеър, ки бақои исми шоҳро таркиб мекунад, номи ӯ ҷовид монад. Синою Ҷузҷонӣ, Ватвоту Форёбӣ ва садҳо бузургони Аҷам аз боргоҳи Хоразмшоҳиён нашъунамо ёфтаанду ту ҳам хуш омадӣ, эй шоир. Модарам гуфтанд, ки табъи рост дорию аз Исфара барои мо достоне дастовез овардаӣ…

Сайфуддин ягон ҳарфи зиёдатӣ нагуфта, ҳар ду даст боло бардошт ва ба қироати қасида пардохт:

Дар гулшани мулк бори дигар,

Товуси зафар кушод шаҳпар.

Афканд ҳумои фатҳ соя

Бар чашмаи офтобханҷар.

Дебочаи корномаи мулк

Шуд хатм ба номи шоҳ Санҷар.

Яъне, ки Алои дину дунё,

Султони муҷоҳиди музаффар.

Шоҳе, ки кашад камони туғро-ш

Тири гардун ба хатти меҳвар.

Шамшер зи Ҳафтхони ҳайҷо

Мехӯрд ғизо зи косаи сар.

В-аз хуни муборизон ба ҳар сӯ

Паррон шуда чун ҳубоб миғфар.

Мерафт хаданги барқпайкон

Бар ҳошияи саводи лашкар.

Андар паи оби зиндагонӣ

Дар зулмати разм чун Сикандар.

Эй ояти кибриёи шоҳӣ

Дар хатти китобаи ту музмар.

Таърихи ҷалоли тоҷдорӣ

Бар нақши нигини ту муқаррар.

Фармони туро, ки дар ҷаҳон бод

Аз мисраъи азми ту равонтар.

Дарё ба забони мавҷ хонад

Дар ҳалқаи гӯши моҳии кар.

Теғи ту ба лафз гар дарояд

Мар тӯтии нутқро баробар.

Хуршед кунад ба меҳр дар кон

Нақши лақаби ту бар рухи зар.

В-аз адли ту беш барнаёяд

Бо теғи кашида шоҳи Ховар,

То шох занад ниҳоли давлат

Динро ба заҳоби адлпарвар,

Аз лутфи ту атр менишинад,

Бар ашҳаби бодпои анбар.

В-аз теғи ту об мегурезад

Дар зовияи масомгавҳар.

Шамшери ту ҳуҷҷатест қотеъ,

Бар мункири миллати паямбар!

Туғрои ту оятест зоҳир

Дар мусхафи ихтиёри кишвар.

Он гоҳ, ки чу гирди бода хасмат

Афтод бурун зи даври соғар.

Чун кӯҳ сипоҳи ӯ гарон шуд,

Аз бас пайкон, ки дошт дар бар.

То зулфи арӯс фатҳ гардад,

Аз гарди сипоҳи ту муанбар.

Дар маърака бод лашкаратро

Иқбол зафарнамою раҳбар!

Хоразмшоҳ шодмону ҳайрон ва хандон гуфт:

– Офарин, эй шоири сухандон! Лафзи ту ҳама хубу ба маънӣ ҳам осон будааст. Шод бош, ҳар байте ба ҳазор дирам харидам!

Базмиён лаб ба табрик ва таҳсин кушоданду Сайфуддин бо таъзим ва табассуми фарох посухи ом дода, дар паҳлуи Ҷалолиддин идомаи сухани шоҳро интизор истод.

– Модарам мегӯянд, ки шеъри ту дар баландӣ аз манораи Бухоро болотар асту дар як соат фар-фар даҳ шеъри тар гуфта, анвариёну унсуриёнро ба як нӯл задаӣ! Таърифи модар хушам омад ва ҳоло, ки дар хидмати мо падидор гаштаӣ, сухан фошофош мегӯям: агар саноати шеър ба осмони ҳафтум расонда тавонӣ, дар шариати подшоҳӣ ба назми ту илтифот кардан моро воҷиб бошад. Азеро аз шоири бузург ҳам шоҳон ифтихор доранду ҳам бандагон.

Эй булбули Исфара! Бо чашми шоирона шамъу султону парчамро нигар, Санҷару Искандар ба ёд овар, аз ҷилваи канизону ишваи нигорон дар базми олӣ илҳом дарёб ва ончунон бадеҳа гӯй, ки аз тиллои Чин беҳтар ва аз анбари соро муаттар бошад!

Марду занҳои маҷлиснишин аз хӯрдану нӯшидану гап задан бозистода, бо ҳисси кунҷковӣ шоирро нигаристанд. Мутриб, ки дар ҳама ҷо ёри суханвар аст, ба навохтани як савти маҳин пардохт, то илҳом ангезад. Сайфуддин бо нигоҳи пурназокат ӯрову аҳли толорро навозиш намуда, Мирмалику Нигинаро дарёфт, ки ҳар ду лаб ба дуо кушода буданд. Ба ҳамдигар табассумҳо тӯҳфа карданду шоири болидарӯҳ, тезбин ва борикхаёл ба султону парчаму шамъҳои фурӯзон назар афканда, ин ҳамаро хаёлан ба ҳам пайваст ва тору пуди суханро бо радифу қофия омехта, ба шеърбофӣ шурӯъ намуд:

Зи шоми парчами султон ҳилоли фатҳ шуд пайдо,

Чу шамъ аз сар гирифт ин боргоҳи мулку дин боло.

Ба сони чашмаи хуршед оби мулк шуд равшан,

Зи гарди мавкиби султон Алоуддин в-ад-дунё.

Шаҳи хусравнишон Санҷар, ки чун дар саффи кин ояд,

Муҷавваф гардад аз тираш чу новак найзаи аъдо.

Сикандарояте, к-аз Тур Мӯсовор бинмояд,

Чунон дар кӯҳи торикӣ дили хасмаш яди байзо.

Ҷаҳондоре, ки теғи осмон бар сафҳаи теғаш

Кунад аз хуни бадхоҳон мисоли фатҳро туғро.

Агар тӯфони кини ӯ ба Машриқ ҳамлае орад,

Ба ҷуз мардумгиё дар Чин намонад сурате барпо.

Агар моҳи ливои ӯ шабе хирман занад дар Чин,

Наёрад офтоб аз бим теғи хеш дар саҳро.

Агар алмоси қаҳри ӯ ба кӯҳи Қоф рӯй орад,

Ҳавои тири ӯ аз таф бисӯзад шаҳпари анқо.

Зи ишқи он, ки ҳамчун об бӯсад хоки майдонаш,

Чу май бар худ ҳамеҷӯшад дар атрофи ҷаҳон дарё.

Дарояд маҷлиси аъло ба зери чатри симобӣ,

Кашида теғ чун хуршед зи авҷи қуббаи мино.

Ғуломони сияҳкашро ҷалоли қадри ӯ дода

Синони найза аз ақраб, камаршамшер аз Ҷавзо.

Шаҳаншоҳо, ба бӯи он, ки фармони ту бинюшад,

Мизоҷи гулшакар гирад нафас дар коми аждарҳо.

Дили маънинигоронро зи девони қабули ту

Назар шуд ёри фикрат аз саводи хиттаи иншо.

Ҳамеша то нигоронро зи шамъи чеҳра мехезад,

Зи оҳи шабравони ишқ дуди анбари соро.

Чунон бод оташи қаҳрат, ки пеш аз ҳашр бархезад,

Адӯи мулкат аз ҳайбат зи шамъи рӯҳи дудосо!

Хоразмшоҳ шеъри тару тоза ва устодонаро шуниду бовар кард, ки Сайфуддини Исфарангӣ метавонад дурри гаронбаҳо бадеҳатан суфтаю пурҷило гардонад. Ӯро сано хонду ситоиш кард, фармуд, то хилъати хос диҳанд ва бар сараш кӯлоҳи маликӣ ниҳанд. Сипас ба паҳлуи худ шинонду гуфт:

– Шод бош, эй Сайфи Исфаранг, ки туро бар басити мулки Хоразмшоҳиёни Кабир назир нест. Шоире муборакнафас, ки дархурди шавкати мо бошад, падид омад! Аҳлан ва марҳабан, эй малик-ул-калом!!

Ҷалолиддини некурӯй, ҷаъдмӯй ва ҷиддисимо, ки алмудом абрувони гиреҳбаста дошту ҳафтае як бор бо душворӣ табассум мекард, хандон-хандон лаб аз садафдандон бардошт:

– Шумо ҳам шод бошед, эй падари меҳрубон! Ман ҳам шодам, ки дар паҳлуи Санҷари замон ҷойгузини Умари Хайёмро мебинам! Акнун вақти он расида, ки Маҳастии замонро ба Шумо пешкаш намоям…

– Куҷост ӯ?

– Вай дар паҳлуи модари азизи хонадони мо нишастааст. Ин кавкаби рахшони Исфара дуюмин ҳадяи фарзандии мо ба Искандари замон аст! Иҷозат диҳед, дар ҳузури ҳама бузургони давлат ва надимони ҳазрати ҳумоюнӣ, ки дар базми ҷамшедӣ мураттабанд, кабутари ҳарам ҳунари хеш ба шумо манзур гардонад…

– Раво бошад, эй шоҳписари падар. То мо хушему ишрати мо хуш аст, ҷаҳон хуш бошад!

Устод Комгор дарҳол ғижжак ба даст гирифту нолаи ушшоқ аз фарш то арш расид. Салими Ҳобон – найнавози машҳури Хуросон ба вай ҷӯр шуд. Дигар мусиқорҳо чангу барбату даф ва рубобу шоҳруд ба наво оварданд. Овози хуш аз кому даҳону лаби шаҳдрези Шакархонум ба толор танин андохт. Нигина чун ҳавои ушшоқи «Хуросон» гирифт, бо лаби чун ғунча шукуфта аз парда хесту ба саҳна баромад, даст бароварду ниқоб бидарид. Гӯиё моҳи тобон аз паси абр берун шуд! Домани аз барги гул поктарро сабук афшонду сӯйи Хоразмшоҳ нигоҳи гарм афканда, дасти адаб ба сина ниҳода, дилбарона таъзим кард ва баъде ки мутрибон ба якдигар бо меҳр даромехтанд, бо ноз ба ҷилва омаду аз нуру кавкаби рахшон атроф мунаввар гардонд. Дар базмгоҳ гилеми ҳазорнақше буд ғаниматӣ аз кохи шоҳони сосонӣ, ки ҳаштод бар ҳаштод газ32 андоза дошт. Нигина миёнашро хам додаву ҳалқа андар ҳалқа зада, хиромон давр гашту бо кафши аз гулбарг маҳинтар болои гилем баромад ва ончунон гарм ҷавлон рафт, ки гӯё дар найистони дили бинандаҳо оташ андохт. Дарзамон фарёду хурӯш аз ниҳоди умум баромад ва толор ларзид. Хурду бузург баробар офарин хонданду зери пояш гавҳарҳо фишонданд.

Набераи маҳбуби Хоразмшоҳ ва дӯсти беғарази Нигина, шоири дилбеқарор Камоли Исмоил чун ҳамеша инони ихтиёр аз даст дода, бо шавқу шӯри ҷавонӣ садо кард:

Эй фариштаи шигарфи Ворух,

Бути занҷирҷаъди зеборух,

Навбари боғи гулбазми ҳунар,

Фурӯ рез аз дурҷи гавҳар шакар!

Вақте Камолиддин шеър мехонд, машшотаи чирадаст чун бод парида, Нигинаро бо зару зевар оросту мувофиқи базми тараб либос пӯшонд. Ба дасту пояш абранҷин – ҳалқачаҳои тиллоӣ басту ба гарданаш анбаринаи хушбӯй овехт, ба кокулонаш мӯйбанди заррин басту ба сараш кӯлоҳи мурассаъ ниҳод ва пироҳани даққи мисрӣ пӯшонд, ки рангаш аз барф сафедтар буду нафистарин шоҳии гаронбаҳои замон ҳисоб мешуд. Ҳарчанд Нигина атласи Хуҷанд аз дебои Мисру Рум афзал медонист, нозу итоб накарду дар ҳавои нағмаи чанг оростаю пероста, гоҳ ошуфтаю гоҳе оҳиста ба рақс шурӯъ кард. Саҳнагилемро як давр гашту ба ҳолати ҷунуни рақс омад. Вай сад паёму салом аз пасу пеш мешунид, лек ба алейк лаб накушода, ончунон зебою шӯрангез чархид, ки ақл аз дилҳо рамиду ҳар шефтаеро ҳаваси рӯйи гулғунча дар сар шуд. Ҳар кадоме мепиндошт, ки Нигина сӯйи ӯ хиром дорад ва чун як мушт мӯйи анбаринаш аз кӯлоҳ берун шуд, фарёди мастонаи ҷавонҳои чашмхумор аз толор берун париду ба осмон пайваст. Дигарон низ ҷунунӣ гашта, дар ҳавои рақси Нигина нақди ҷону нақди ҷайбро баробар пеши пояш мефишонданд…

Аз чеҳраи афрӯхтаи Хоразмшоҳ нур меборид. Аз ҳунару ҳусну ҷамоли Нигина чунон ба нишот омада, хуштабъ гашта буд, ки чун аз рақс фориғ шуд, пеши худ хонду хуш бинавохт, чашмонашро бӯсид, инъоми бисёр фармуд ва сухани шоҳона бо рубоӣ оғозид:

То дил бувад, эй дилбар, то ҷон бувад, эй ҷонон,

Бо меҳри ту дорам дил, бо ишқи ту дорам ҷон!

Ҳарчанд ки Султонам, охир ба ту мӯҳтоҷам,

Чун ишқ падид ояд, мӯҳтоҷ шавад Султон!

Ҳусну ҳунари волои ту дар дили ман ҷой гирифт, эй кабки хушхироми булбулободи Ғӯрганҷ! Аз ин пас кошонаи дили ман ҷавлонгоҳи туст! Аз ин пас арӯси мамлакат унвони туст, эй парирух! Аз ин пас ту фақат барои ман мерақсӣ, эй кабутари ҳарам!!

Магасҳоро аз саҳна ронед!!!

Нигина замини хидмат бибӯсид ва бо лутфу тавозӯи ҳар чӣ тамомтар булбули гӯё шуд:

Подшоҳе, ки аз ҷабинаш тофтӣ нури Илоҳ,

Он Алоуддин Муҳаммад аст, ба Хоразм подшоҳ!

Бо шукӯҳи давлату иқболу адлу доду дин,

Дорад аз тавфиқ нишоту фатҳ аз пирӯзӣ сипоҳ!

Хоразмшоҳ аз бадеҳаи раққоса дучандони аввал шод гашту «Зеҳ!» гуфт ва надимон дарҳол кому даҳони Нигина аз тилло лабрез гардонданд.

– Базми имрӯзаи мо накӯтар шуд аз ҳама базмҳои дигар! – шоду хуррам нидо баровард Хоразмшоҳ. –Маҳастии замон ба паҳлӯи ман омад! Вале имрӯз аз раққоса ғазал нахоҳам. Ҷилва намо, кабки дарӣ!!

Навои мутрибу садои хунёгар ҳар ду забон як карда, бо замзамаи оҳанги «Ҳиҷоз» Нигинаро фарёд намуданд, ки бихурӯшад ва рақс беҳуш кунад. Ин карат Нигина ба ангуштони худ гул баста, ба саҳна баромад ва чун ба ҷилва даромад, ба назари базмиён чунин намуд, ки хиромиданаш мисли рақси гул аз насими навбаҳорон нафису дилрабост. Овози пойи Нигина дар гилеми абрешимӣ зарбу лаҳни махсус дошт ва ин сарви маҳваш чу ба рақс гарм гардид, аз боди домани гулбезаш дар чашму дили хурду бузург оташи хирадсӯз даргирифт. Ҳамаро аз бехудӣ хун дар шараён ҷӯшиду дил ба фарёд омад. Вале касеро маҷоли руҷӯи эҳсос намонда буд. Ҳама аз Хоразмшоҳ ҳарос доштанд, ки бо амри қотеъ магасҳоро аз саҳна ронда, Нигинаро кабутари пеш хонда буд. Ҳатто Ҷалолиддини мафтуншуда ҳам овоз баланд намекард. Сайфуддини хушилҳом низ хомӯш менишаст, ҳарчанд мехост бо ҳазор забон васфи Нигина кунад. Вале шодгунаи моҳсимо парвои оламу одам надошт, бо нозу адои ҷонгудоз ва ҳусну ҳунари баландпарвоз дилу дин ба ғорат мебурд.

Дар авҷи самоъ муғаннӣ бо сӯзу гудоз гӯши борбат битофту он бо ғаму ҳасрат зор-зор нолида, дилҳоро об гардонд. Нигина мисли кабутари нимбисмил беист бол меафшонду занҳо ба риққат омада, оби чашм мерехтанд. Аммо Мирмалик гумон мекард, ки шоҳпари боли ҳумо бар сараш мерезад. Зеро аз ҷавонӣ ин паррандаи биҳиштиро дӯст медошту дастомӯз кардани кабутари Ворух орзуи деринааш буд.

Нолаи борбатро садои тарабангези даф барҳам заду кабутари бисмил ҷон гирифт ва чуст аз ҷой баланд шуду боли парвоз кушод. Рухи Мирмалик аз шодӣ чун шамъи паҳлӯяш фурӯзон шуд. Аз ҷой хесту хост гулбонги шодӣ занад, вале саривақт худро ба даст гирифт. Айнан дар ҳамин лаҳза Нигина сӯяш нигаристу дид, ки маҳбуби дилаш, бахткушояш чун сарви баланде рост истодаасту чеҳрааш чу офтоб медурахшад. Пурмеҳр назаре сӯяш афканду даст рӯйи дил ниҳода, паёми дӯстгонӣ эҳдо намуд. Аз шӯълаи нигоҳ рухи Мирмалик оташгун шуд. Шодгуна ба ваҷд омаду ончунон бо ноз ҷилва кард, ки чанд ҷавон мадҳуш шуда, бесадо ба фарш афтиданд. Инони тоқати Мирмалик аз дасташ рафту бехудона наъра зада, кисаи пурзар пеши пойи Нигина партофт!

Аҳли базм барқосо ҳушёр ва дилхавотир шуданд. Зеро Хоразмшоҳ аз хашм зарду сурху сафед гашту рагҳо аз гарданаш бархост. Бадқаҳрона даст афшонду пой бар фарш зад ва чун шери жаён ғуррид:

– Беадаб кист?!

Рақсу нағмаву суруд бо ишораи устод Комгор ба якборагӣ қатъ гашту Нигина пушти даст газид ва оҳи пурдард кашид. Бо умед Ҷалолиддинро нигарист. Аммо вай сархам меистод, шояд тадбир меҷуст. Дигарон низ сарпасту хомӯш буданд. Касе заҳра надошт, ки лом кафонад…

Пурсиши дубораи Хоразмшоҳ мисли тундар садо дод:

– Беақлу бетамиз кист??

Мирмалик хост лаб ба ҷавоб кушояд, аммо Шоҳмурод пешдастӣ кард:

– Эй подшоҳи олам, беақли беадаб манам.

– Ким ту?

– Як ҷавони кӯҳистонӣ… Шоҳмуроди масчоҳӣ… Тавба кардам…

– Дафъ шав!

Магасчаро аз саҳна ронед!!

Бе хармагас базмро давом диҳед!!!

Равзанаи чорум. Ташдиди тавбаи маҷбурӣ ва хобу хаёли баҳсбарангез

Нигина аз шодӣ дар пероҳан намеғунҷид, ки ғавғо дар базм ба хушӣ пароканда шуд. Вале рӯзи дигар масъала ранги дигар гирифт. Хоразмшоҳ чоштгоҳӣ Ҷалолиддин ва Мирмаликро ба ҳузури хеш хонду бе ҳеҷ муқаддима гуфт:

– Шаб кори нохуб шуд – гуноҳ Дамир Малик карду кайфар кӯҳистонӣ кашид! Қасам ба Худо, агар каси дигар мебуд, зинда намемонд!

Шоҳзода ва сипаҳбуд фаҳмиданд, ки подшоҳ аз шабафрӯзии шабпараи хуҷандӣ огоҳ будаасту аз сари меҳр ба Мирмалики далер, родмард, зӯрманд ва тирандози рустамкаманд – бародархонди мушфиқ ва ёри мувофиқи писари маҳбубаш худро нодида гирифта, хашми хеш фурӯ нишондааст. Дили ҷавони ошиқпеша ба риққат омаду ба зону афтода, гуфт:

– Дилу ҷонам фидои хоки пойи шумо… Илтиҷо мекунам, тавбаи маро қабул фармоед ва бори дигар аз гуноҳам гузаред…

– Тавбаи ту он вақт пазируфта шавад, ки чашм аз кабутари ҳарам бардорӣ ва ӯро дар гӯшаи фаромӯшӣ танҳо гузорӣ!

– Фармонбардорам, эй шоҳаншоҳи олам. Савганд мехӯрам, ки аз кабутари ҳарам дасту дил шустам ва тавбатуннасӯҳ33 кардам.

Хоразмшоҳ бо заҳрханд бародархондаҳоро нигаристу оҳанги итоб ба нестӣ расонд:

– Мо ба савганди ту бовар дорем, эй шоҳини Хуҷанд! Эътимоди мо аз он аст, ки туро ҳаққи неъмат бисёр аст ва маро аз асорат раҳо карда будӣ. Дар вақташ бобокалонам Отсиз гуфта буд, ки аз касе қарздор будани подшоҳ хуб нест ва пайдост, ки дар олам ягон сир пинҳон намонад. Мо соф шудем. Акнун дили модари моро хуш дор, то ҳеҷ бадгуфтор миёни мо роҳ наёбад.

– Хушнудӣ ва хушҳолии Худованди олам мароми мо ва боиси хушнудии каминаи камтарин аст. Бифармоед…

Шоҳзода Ҷалолиддин, ки то ин муддат шунавандаи хомӯш буд, аз падар иҷозат пурсида, ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд:

– Эй падари бузургвор, хуш андар хуш сухан гуфтани Дамир Малик маро хуш омад. Агар модаркалонам ин хушгӯйиҳоро шунавад, додархонди маро меҳрубон хушу34 мешавад!

Хоразмшоҳ қоҳ-қоҳ хандид ва гуфт:

– ори хуб кардӣ, эй фарзанди азиз, ки як муҳими хайр ба ёдам расондӣ! Ин пагоҳӣ модаркалонат пурсида буд, ки «агар ман Ойчечакро ба Дамир Малик диҳам, кадом вилоят ба вай медиҳӣ – Самарқанд ё Хуҷанд?»

– Шумо чӣ посух гуфтед, эй падари бузургвор?

– Гуфтам, ки интихоб аз худи ӯст…

Дар хилватхонаи бошукӯҳ сукути лаҳзавӣ пардакушои роз гардид. Мирмалик дарк намуд, ки шабафрӯзии шабпара барои Ойчечаки чашминтизор тақдирсоз, аммо барои Нигинаи умедвор тақдирсӯз шудаасту ошиқи шитобзада хоҳад-нахоҳад даричаи ишқи покро ба рӯйи ёри дилхоҳаш муваққатан пӯшида, аз равзанаи сохта ба дунёи дигар ворид мешавад. Баъд…

Сурфаи пасти Ҷалолиддин чун шӯълаи барқ риштаи хаёлоти Мирмаликро сӯзонд ва ба ӯ фаҳмонд, ки маътал нигоҳ доштани шоҳ басо пурхатар асту дар кори хайри ишоракардааш ҳоҷати ягон андешаву истихора нест. То қадри тавонистан лабу даҳон пурханда карду сари таъзим ба аломати таслим фуруд овард:

bannerbanner