
Полная версия:
Нигина ва Мирмалик
Камолиддин дарҳол байт бофт:
Ҳамсилк кунем дурру гавҳар,
Мақсуди шумо шавад муяссар!
– Офарин, бародар, андешаи маро даҳчанд беҳтар суфтӣ! – гуфт бе оҳанги тамаллуқ Нигина. – Акнун росташро гӯй, ки ту шоир шудан мехоҳӣ ё амир?
– Чаро чунин мепурсӣ?
– Агар шоир шуданӣ бошӣ, тахаллуси Камол Исмоил туро мезебад, агар амир шавӣ Камолиддин ибни Ҷалолиддин хушоҳанг ояд.
– Рости гап, ба ман ҳар дуяш маъқул. Лекин… ба ту иҷозат медиҳам, ки ҳамеша маро Камол Исмоил ном барӣ.
– Тахаллуси зебо муборак шавад! – ба сӯҳбат даромехт марди сурхинарӯ. – Лекин мардуми Марв одате доранд, ки ба ин муносибат зиёфат медиҳанд. Чанд сол пеш ман ҳам зиёфат дода будам.
– Устоди моро Шариф ному Комгор лақаб аст, – фурсати муносиби муаррифиро бо чолокии занона истифода бурд Шакархонум. –Эшон ҷудо ҳам ромишгари зӯр, интухин, сарвари муғанниёни дарбор. Секаса ба рақсҳои Нигина оҳанги мувофиқ мекофтем, ки шумо омадед… Интухин, оё медонед, ки тахаллуси эшон чӣ маъно дорад?
– Маънояш осон! – зуд ҷавоб гуфт Камол Исмоил. – Оне, ки ба коми дил расидааст, Комгор аст.
Марде ба зан дилдорӣ кунад,
Чу комаш расад, комгорӣ кунад!
Дигарон низ ҷавоби шоири ҷавонро тасдиқ намуданд. Вале Шакархонум рад карду ҷониби муғаннӣ чашмак зад.
– Дар дашту дамани Марв гуле ҳаст комгорӣ номаш. Азбаски рангаш бағоят сурх асту ба рухсораи ман ҳамранг, дӯстон моро Шарифи Комгор гуфтанду зиёфат хӯрданд. Мо ҳам умедвор!
– Зиёфату гап! – паст наомад Камол Исмоил. – Барои чор зиёфатхӯр як гӯсфанди чорӣ басанда аст?
– Дар толори машқ шиками даҳ ромишгар низ танбӯр менавозад, – хандид Комгор.
– Гурӯҳи мо ҳашт раққосаи соҳибҷамол дорад, ки дар ҷилвагарию зиёфатхӯрӣ устухон надоранд, – илова намуд Шакархонум.
Ҳама базавқ хандиданду калом ба таом лангар андохта, боз чандин мавзӯъ бирён ва зирбон гашт. Оқибат ба чунин хулоса расиданд, ки ҳамакаса бозор мераванду агар биринҷи девзираю равғани зағир ёбанд, Нигина палави исфарангӣ мепазад.
Бозори бузурги Ғӯрганҷ дар миёни шаҳристон ба чор тараф доман паҳн кардаву хариду фурӯш ва доду ситад бо нуқраю тилло анҷом меёфт. Дар растаҳо бозоргонҳои ҳама мамолики ҷаҳон неъматҳои алвон, ҷомаю палос, ороишоту атриёт, чинию чарчинворию дигар олоти рӯзгор, сабзавоту меваҷоту кулли озуқаворӣ ва ҳазору як майда-чуйдаро бо мағалу шавқун савдо мекарданд.
– Дар бозори мо баҳору зимистон меваҷоти тару тоза фаровон асту масалан, саду бист лавн ангур метавон ёфт яке аз дигаре латифтару лазизтар! – ситоишро ба авҷи баланд баровард Камолиддин. –Аммо ду навъи ангури Хоразм дар ақсои олам нест: парниён ва каланҷарӣ.
Устод Комгор бо лабханд луқма партофт:
– Зӯри зӯраш ангури парниён – тунукпӯсти хурдактакси асалтаъми шириноб. Тановулаш баъди ош айни муддаост!
Хидматгорон дарҳол чор сабат ангури таърифӣ бардоштанду баъди ҳисобӣ кардан Камолиддин нақлашро давом дод:
– Аз ин бозор барраҳои ширмаст ва моҳии тозаро ҳамеша табъи дил ёфтан мумкин аст. Лекин мардуми Хоразм бештари хӯрданиҳоро аввал мепӯсонанду баъд мехӯранд. Мо чӣ кор мекунем?
Устод Сайфуддин дарҳол ҷавоб гардонд:
– Мо намепӯсонем! Аввал девзираю зағиру гӯшти гов мехарему баъд равғанро доғ мекунему гӯштро мезирбонему биринҷро меҷӯшонему ошро дам меандозему баъди пухтан нӯши ҷон мекунем!
Қаҳ-қаҳаи ёронро ғалмағали бозор фурӯ кашиду якбора овози таблаку най баланд садо дод ва ҷавонзани ҳиндусурате даст ҷунбондаю сурин ларзонда, дар мобайни раста ба рақс даромад.
– Як моҳ пештар аз кишвари Ҳинд ба шаҳри мо қариб ҳазор нафар мутрибу ромишгар омадаанд. Зану марди луриёнӣ аз субҳ то шом дар ғурафоту маҳаллаҳо, кӯчаву кӯйҳо ва бозори Ғӯрганҷ пеши мардум ромишӣ мекунанду мерақсанд, то як бурда нон ёбанд…
Сухани дардолуди Комгори хунёгар ҳамаро ба дарёи тафаккур андохту чун ба манзил расиданд, Сайфуддин аз замир оҳи пурдарде кашид:
– Агар бо чашми хештан намедидам, ҳаргиз ба гапи Комгор бовар намекардам… Ин қавми ҳунармандро бингаред, ки аз дасти замона чӣ ҳоли табоҳ доранд! Аз хони сагон ба ҷаҳд устухоне мерабоянд, то вақти ҳоҷат нафси худ ором намоянд… Дар Самарқанду Бухоро борҳо дида будам, ки ҳунармандони асил бо машаққати алим рӯз мегузаронанду гурӯҳе беҳунару хушомадгӯ айшу тараб доранд. Дар Ғӯрганҷ низ бо чанд шоире тарнамои хушкдил ҳамсӯҳбат шудам, ки шеърашон киштии дур аз баҳр дар хушкӣ часпидаро монад. Вале… Дар назарашон ман дар шеър аз эшон камтарам ва беҳуда ба Ғӯрганҷ омадаам. Мисли ин лӯлиёни ҳиндӣ, ки ҳунарашон мояи нонгадоист…
– Маъзарат устод, локалом! – хуни гарми дили шоири ҷавон якуякбора сахт ҷӯшид. –Илтимос, дигар ҳарфе ба ин оҳанг нагӯед. Шумо бо изни худ ба Ғӯрганҷ наомадаед. Шумо бо зинҳори падари бузургвори ман омадаед ва малик-ул-каломи дарбори бобои азимушшаъни ман хоҳед шуд!
– Аммо он шоирон мегӯянд, ки унвони малик-ул-калом ҳамроҳи Заҳириддини Форёбӣ понздаҳ сол муқаддам хатм шудааст…
– Норост мегӯянд онҳо! Падари мо зинҳордори шоирони дарбор Ҳусайни Самарқандӣ, Халили Вахшӣ ва Музаффари Пайкандист, ки ҳар кадоме каломи олигуҳар доранду ин мартабаро шоистаанд. Вале шумо аз онҳо як сару гардан болотаред!
– Арслони Марвазӣ мегӯяд, ки андешаи Сафии Бӯстӣ дигар асту ба Ғӯрганҷ омадан ҳамон маро бозгашт ба Исфара мефиристад…
– Худи Арслонро ҳамин рӯз ба Марв бадарға мекунам!
– Оташин нашавед, эй фарзанди шоҳчеҳра! – алангаи сӯҳбатро паст кардан хост Шакархонум. – Мо, раққосаҳо, мегӯем, ки «ҳампеша ҳампешаро душман дорад». Интухин, маълум мешавад, ки шоирон ҳам ҳасад доштаанд…
Нигина бадоҳатан муносиби ҳол байт хонд:
Нест бо неку бади ҳампешагон коре маро,
Синаам соф аст чун оина, ҳар ҷо меравам!
– Офарин, Нигина! – дар чеҳраи беғубори Камоли Исмоил андаке табассум падид омад. -Эй устоди бузургвор, худатон дар сӯҳбати аввал ба падарам ишора карда будед, ки «зари пок аз маҳак наметарсад». Арслони бадбахт зари дағал асту ба шумо ҳасад мебарад. Лекин вуҷуди шумо зари ноб аст, ки дар ҳама ҷо қадру қиматаш волост. Вақте бобоям ба Ғӯрганҷ оянд, бо даҳони пур мегӯям, ки шумо қудрати қалам ва каломи шоири асилро ба ҳама нишон медиҳед:
Қалам ба соате он корҳо тавонад кард,
Ки оҷиз ояд аз он корҳо қазову қадар…
– Каломи ту равшан аст Камол, аммо кай ба Ғӯрганҷ омадани бобои ту номаълум… Нигар, рӯз ҳафта шуду ҳафта моҳ, фасли баҳор мераваду мавсими хазон меояд, хор ҷойи гул мегираду зоғ ошёни булбулро… Бар ивази боди роҳатфизо шамоли сард вазида, рухсораи барг зард гардонда, аз дарахтон мерезонад… Лекин аз шоҳаншоҳи олам дарак не…
Бар хатти ихтиёр қалам даркашидаам,
Пои диле ба домани ғам даркашидаам.
Аз нанги ҳамдамон, ки чу мушанд зери бор
Чун хорпушт сар ба шикам даркашидаам.
В-аз тори риши хармагасон гирди хештан
Чун анкабут парда ба ҳам даркашидаам…
– Ман ҳам аз заволи гул ва хазони сабза дилхастаам, устод! Лекин бо даму нафаси бобоям завол ба камол табдил меёбад. Назар ба шунидам, чоршанбеи оянда очакалонам ташкили базми шоҳаншоҳиро тарҳрезӣ мекунад. Яъне омадани бобоям анқариб аст!
* * *
Гапи Камолиддин дуруст баромаду Турконхотун баъди як ҳафта шайхулислом, муставфӣ, мири маҷлис, шаробдор, солори матбах, сарвари ромишгарон устод Комгору шоир Сайфуддинро ба ҳузур пазируфт. Мужда расонд, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ душмани деринаро саркӯб намуда, ғолибу сарбаланд ба роҳ баромадааст ва мебояд шоҳи музаффару боз ҳам баландмартабагаштаро бо гулбонги осмонкаф истиқбол гирифт. Модари хушбахт фарзанди фирӯзразми хешро Искандари сонӣ хонду даъватиёнро муаззаф сохт, ки перомуни истиқболи пуршукӯҳ пешниҳод ва андешаҳои худро мӯъҷаз ва мушаххас иброз намоянд.
Мири маҷлис, ки ба сол аз дигарон кӯчактар буд, аввалин шуда, иҷозаи сухан пурсид:
– Қабл аз ҳама, мунодиёнро бифармоем, то дар кӯю маҳаллаҳои шаҳр бонг зананд, ки дар фулон рӯзи муборак ба шарафи ғалабаи бузурги шоҳаншоҳи Хоразм бар кофирон дар Ғӯрганҷ базми ҷамшедӣ ороста мешавад. Азбаски меҳмонсарои мӯҳташам ва мусаффои қасри подшоҳӣ базмгоҳи асосист, онро оҷилан бо дебои қиматбаҳо ва зарфҳои нави пурҷило ороста гардонем ва барои аъёну ашроф курсиҳои мурассаъ бигузорем, хони алвонӣ бикушоем ва мураббоҳои гулшакару асалтамъ, меваҷоти рангину хушлаззат, полудаву қанду ҳалвои хелмахел ва таомҳои накӯ бигузорем, ки ҳама аълосифат бошанд ва хурмо аз Мисру афлесун аз Рай ва харбузаи амирӣ аз Сарахс биёварем ва ончунон базми ҷамшедӣ барпо кунем, ки дар таърих беназир бошад, рашки шоҳони олам шавад!
– Мо дар ин базми ҷамшедӣ аз саросари кишвар беҳтарин муғаннӣ ва хубтарин раққосаҳоро ба ҷилва меоварем, – гуфт бо лабханди зебо устод Комгор. – Ғайр аз ин, хуб мешавад, агар Шакархонум аз Бухоро машҳуртарин лутӣ ҳозир бигардонад, то лутибозӣ ба дараҷаи олӣ гузарад…
Навбати сухан ба шаробдор Саъдидин расид, ки ӯ аз замони салтанати шоҳ Отсиз ин вазифаро ба ӯҳда дошту шаробдорию таҳияи машруботи Султон Текиш низ ба ӯҳдааш буд. Вай андешаҳои мири маҷлисро куллан ҷонибдорӣ карда, ҳамин қадар афзуд, ки шароби лоларанги Хоразм дар олам беадил аст, зеро беҳтарин ангур дар ин иқлим мерӯяд ва машҳуртарин шаробкашҳо хоразмиянд.
–Барои пирӯзбазми подшоҳи муаззам шароби ҷамиле омода кардаам ончунон зулолу софу гуворо, ки ба масал бодаи таҳурист аз насибаи аҳли биҳишт ва барои аҳли тақво ба қадри кофӣ шароби кадарӣ21 низ муҳайёест.
Муставфии пиронасол, ки ӯ ҳам аз соҳибвазоифи қадрдон ва пайванди оли хоразмшоҳон буду аз зумраи хазинадорони порсо ва худотарс маҳсуб меёфт, сухан мухтасар гуфт ва иттилоъ дод, ки барои сикказанӣ ба номи мубораки подшоҳи соҳибқирон Қутбиддин ибни Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ Искандари Сонӣ ба қадри кофӣ захираи тиллои холис муҳайёст. Тоҷи хусравонӣ ва тахти заррин бо шаддаи навини ёқуту алмосу зуммурад мурассаъ шуда, хилъати нави шоҳаншоҳӣ бо волотарин зеварот ва ҷавоҳироти олам оро ёфтааст. Ҳамчунин барои базми ҷамшедӣ, ки иштироки ҳазор нафар дар назар аст, кулли муҳимот омода мебошад…
Турконхотун сухани масъулинро бо тамкин ва оромии модаршоҳӣ мешунид. Дар ин миён чанд мавриде шуд барои эрод гирифтан, вале ӯ саривақт худро нигоҳ дошт бо он андеша, ки ҳини ҷамъбаст сухан қотеъ бигӯяд. Ғайр аз ин, вай шоир Сайфуддинро махсус барои санҷиш даъват карда буду аз ӯ таҳлили бикр ва пешниҳоди шоирона умед дошт ва ҳар замон ба чеҳраи нуронии шоир менигарист. Мамнун буд, ки ин марди хирад гӯё аз мақсади улёҳазрат огоҳ бошад, ҳарфу ҳиҷои дигаронро мижа назада, бодиққат гӯш мекард ва мекӯшид то ягон ҳарф нашунида намонад.
Шаҳхотун мехост маросими истиқбол нотакрор гузарад ва боз мехост, ки шоир Сайфуддин ин ғояи ӯро тақвият бахшад. Бинобар ин пеш аз он ки вай сухан пардозад, луқмае партофт:
– Эй шоири бузургвор, воқифем, ки дар Исфара ба номи фарзанди мо қасидае оғоз кардаӣ. Бовар дорем, шоҳасари сазовор мешавад. Лиҳозо мехоҳем, бидонем, ки фикри шоир оид ба фикри дигарон чӣ гуна бошад?
Сайфуддин баъди сано ва шукргузорӣ гуфт:
– Қаблан маъзарат мехоҳам, агар оҳанги гуфтори мо табъи латифи нафареро коҳиш диҳад. Азеро шоирон ҳамеша сухан бепарда ва фошофош мегӯянд ва дар навбати аввал аз манфаати олии аълоҷаноби хеш дифоъ менамоянд.
Базми хусравонӣ анъанаи таърихии шоҳони бузурги олам асту месазад, ки ба ифтихори пирӯзии таърихии подшоҳи азимулмартабаи Хоразми бузург аҷаллауллоҳ22 даҳчандоне, ки Шумо гуфтед, ҳамҳамаю дамдама кунем ва дарангодиринги таблу нақора ба осмонҳо барорем. Оё эдун анҷумани олишон ҷои лутибозист? Ҳаргиз на! Лутӣ касест, ки бо навохтани думбура ва хондани шеъру суруд бузу маймуну хирсро мерақсонад ва ин саҳна барои кӯдакон аст, на барои подшоҳ ва аъёну ашроф! «Анносу ано дини мулукиҳим» фармудаанд бузургворон, яъне мардум равиши подшоҳонашон пеш мегиранд ва аз ин рӯ мо набояд мардумро ба лутибозӣ даъват кунем. Хуб мешавад, агар лутибозӣ нею базми шеър ва рақсу шодӣ ба авҷи олӣ расонем.
Боз як андешаи мушаххас дорам. Дар чунин маҷлиси мӯҳташам ва мутантан бо май нишастану бисёр шароб нӯшидан низ нохуб аст. «Ал-хамру уммул хабоиса» гуфтаанд аҳли китоб ва ҳақиқатан ҳам май модари бадиҳост.
Аз гуфтори шоири навзуҳур Шайхулислом ҳаловати том бардошта, сидқан муроот намуд:
– Шоири олишон ҳар чӣ гуфтанд, аз дили мо гуфтанд. Ва он чӣ фармуданд, билкулл саҳеҳ ва қобили қабул асту базми бешароб олиҷаноб мешавад! Ман ҳам ҳаргиз ҳаводори он нестам, ки чунин маҷлиси олиҷаноб ба маҳфили хамру шароб табдил ёбад.
– Қул-қули май набошад, ғул-ғули най форам садо намедиҳад! – шаробдор дарҳол лаб ба эътироз кушод. – Агар дар базми ҷамшедӣ соҳибзафарон ба коми дил май нахӯранд, кай мехӯранд?!
Сайфуддин хост ҷавоби сазовор гардонад, аммо Турконхотун имкон надод:
– Ҳар он чӣ шунавонидед, гӯши мо шунид ва дигар ҳоҷат нест ба мунозираю гапгузаронӣ. Аз беху бун решакан кардани хордарахти қарақаро орзуи дерини фарзанди мо буд ва ба ин муносибат шодию тантана ба осмони ҳафтум расонем, меарзад. Яъне, ҳам базми ҷамшедӣ ташкил мекунему ҳам ба аҳли Ғӯрганҷ зиёфати подшоҳӣ медиҳем. Дигаронро ҳам фаромӯш намекунем. Фақат одати деринаи хоразмиён гоҳи шаробу таом нигоҳ дошта, дар суфрае шарбат мегузорему дар хоне шароб, то яке ба дигаре халал нарасонад. Бигзор лутибоз аз Бухоро ояд ва кӯдаконро шод намояд, лекин дар базми ҷамшедӣ ғайр аз Сайфуддини Исфарангию Нигина ва ёронаш дигар шоиру раққоса набошад! Ҳама шуарою мутрибу шодгунаю ҳофизон ба назди халқ бароянду дар боғу гулгаштҳо ҳунарнамоӣ кунанду дар ситоиши бузургтарин шоҳаншоҳи олам мадеҳа хонанд.
Дастури мо, эй азизон, чунин асту аз ҳамин лаҳза дастурамали шумост. Аммо таъкиди доимии шайхулисломро аз ёд набароред, ки дуруст мегӯянд: «Валлоҳу аълам билҳақиқати ва садрулаъзам бисавоби» Яъне, Худованд огоҳтар аст бар ҳақиқат ва садри аъзам бар савоб. Яъне иродаи шоҳаншоҳи олам муқаддамтар аст бар ҳама гуфтаю шунидаю суханҳои мо…
* * *
Рӯзи дигар, баъди намози бомдод, шайхулислом Шарофиддин дар мақсура бо Сайфуддин бародарвор салом карду барои нӯшидани як пиёла чой ба манзилаш хонд. Шоир даъватро бо хушнудӣ пазируфт. Зеро бо хоҳиши Турконхотун ба ин алломаи замона мадеҳае навишта, ба дасташ супорида буду мехост, чанд байте ба самъи ӯ расонад. Шеър хонда шуд, аммо на муаллиф, балки мамдӯҳ азёд қироат кард:
Эй Шоҳ, дил фишону бар ин фатҳ сар фароз,
В-эй Шайх шод бошу бад-ин мавҳибат биноз!
К-андар замони нусрату таъйид аз сафар
Алломаи афозили олам расид боз.
Маҷду Шарофи миллату дин, он ки бар замин
Чун осмон ба файзи камол аст сарфароз.
Булфатҳи садр, зодаи ислом он, ки ҳаст
Иқболро зи турраи дастори ӯ тироз.
Аз гавҳараш чу нақди ҳақиқат ривоҷ ёфт,
Афсона шуд ҳақиқати бозори зулмаҷоз…
Гар дар Аҷам баёни ту шарҳи сухан кунад,
Саргум шавад фасоҳати аъроб дар Ҳиҷоз!
Хондани башавқи Шайх нишонаи дилбурдагӣ буд ва Сайфуддин, ки маҳз бо пешниҳоди Турконхотун ба маснади Шайхулисломи Хоразм пазируфта шудани Шарофуддинро қаблан медонист, аз фавран дастрас шудани шеъри тозаэҷод рамузи шоирона бардошт. Фаҳмид, ки чаро ин марди тозалибос ва баландболо ҳар шаб сурма бар чашм медиҳаду пайваста рӯған бар сару риш мемолад ва хушбӯиҳо фаровон истифода мебарад. Бовар кард, ки пайванди онон роҳатфизо ва ногусастанист.
Шайху шоир нони гарм бо гӯшти мурғ хӯрданду андаке лаҳми гӯсфанд ва харбуза. Вақти тановули шаҳду ширинӣ сӯҳбат тасфид.
– Ҳар дуи мо дар миллати обои хеш ҷоннисорем ва хуб медонем, ки ашъори баландғоя зевари давлату дин аст, – ба ҳукми мизбон сухан оғозид Шайхулислом. – Сидқан миннатдорам, ки ба кулбаи мо бетакаллуф ташриф овардед. Мо имкон дорем, батаанӣ сӯҳбат ороста, аз камоли фитрию фазилат ва дониши илоҳии ҳамдигар воқиф шавем.
– Мо низ бандаи Худои каримем ва ягона умедамон лутфу марҳамати илоҳист, – гуфт Сайфуддин чашм аз рухсораи нуронии Шарофиддин ибни Маҷдуддин наканда. Аввалин чизе, ки ҳис кард, покизамарди бӯё будани ин гиромиқадр буд, гӯиё дар ҷайб кулолаи мушки анбарӣ дошта бошад. Ин марди хушлибоси тахмин шастсола, ки риши гирдаи қатронӣ, абрувони пайвастаи камонӣ, чеҳраи сурхинаи нуронӣ ва чашмони софи хуросонӣ дошт, мухтасар ҳасби ҳол гуфту бо шайхи мӯътабари Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ шиноси дилхоҳ ва дерин буданашро махсус таъкид карда, бо меҳрубонӣ пурсид:
– Ҳоло, ки дар саргаҳи кори нав қарор доред, лутфан бигӯед, тадбир аз кӣ мепурсед?
– Оне, ки дини пок, муҳаббати беғараз ва дониши комил дорад, метавонад тадбир бигӯяд. Дар урфият мақоле ҳаст: тадбир аз пир, ҷанг аз сарҳанг…
– Эдар, ки ба дарбори Хоразмшоҳ наздик шудаед, худро ба чӣ василат манзур менамоед?
– Агар меҳрубонию қурбати беғараз ёбам ва рафтори шоҳро нек бишносам, ҳунари хеш мутобиқи рой ва ҳавои ӯ пешниҳод мекунам. Аз тамаллуқ мепарҳезам. Чун кори савоб оғоз кунад, шеъри воло дар чашму дилаш ороста гардонам, то шодии шоҳ афзояд.
– Омади кори шоир аз кӯшиш аст ё амри қазо?
– Кӯшиш қазоро сабаб аст.
– Ба фикри Шумо дар олам беҳтарин чиз кадом аст?
– Хушнудии Парвардигори азза ва ҷалла ва розигии волидайн.
– Кӣ оқилтар аст: аъробӣ ё аҷамӣ?
– Оне, ки бисёр донаду кам гӯяд ва беш шунавад.
– Дар шеъри худ моро «шарофи миллату дин» гуфтаед. Шараф чисту шароф чӣ маъно дорад?
– Номуси ватандорӣ ва ифтихор аз ҷадду обои хеш шараф аст. Асилзодаи барӯмандро шароф гӯянд.
– Адл чист?
– Бинои ободест, ки ҳаргиз хароб нашавад. Ҳар подшоҳе, ки аз сифати адл орӣ бошад, монанди абрест, ки борон надошта бошад. Як соати умри подшоҳ дар додгустарӣ баробар аст ба чандин соли ибодатбарӣ. «Адлуссоати хайрун мин ибодат-ис-сабъина санатин» – ин сухан аз аҳодиси набавист ва адли яксоата беҳ аз ибодати ҳафтодсола маъно доштанашро аз ман хубтар медонед.
– Накӯӣ беҳтар аст ё аз бадӣ дур будан?
– Аз бадӣ дур будан сарчашмаи накӯист…
Шайхулислом, ки ҷавоби пурсишҳои худро хуб медонист, аз посухи Сайфуддин қаноатманд гардид ва ӯро икром карду гуфт:
– Ҳаббазо, ки моро бо дониши қавӣ ва сухани мӯътамад шод гардондед, эй бародар. Мо ният дорем шуморо дар сафи аввали дӯстони беҳтар зи ҷон ҷой диҳем. Акнун мехоҳем бидонем, ки фикри шумо дар ин хусус чӣ гуна бошад?
– Шоҳаншоҳи олам шуморо раҳнамои мусулмонҳои Хоразм баргузида ва мо ба ҳукми тақдир хушнудем. Лутфу инояти шумо бағояти меҳрубонӣ ва карам аст, – Сайфуддин ангушти қабул ба дида ниҳоду изҳори фараҳ ва сурур кард ва афзуд: -шумо пуштибони дини Худо ва ҳомии донои Расули Худоед. Иҷрои ҳар амри мубораки шумо барои мо ҳам фарз асту ҳам суннати санийя…
– Эҳсос мешавад, ки сидқан сухан мегӯед. Акнун ба як масъалаи нозук мутаваҷҷеҳ мешавем. Хурду бузург медонанд, ки шеъру шоирӣ ва бодапарастию майгусорӣ ҳамрадифанд. Вале аз ашъори шумо бӯйи шароб ба димоғ намерасаду дирӯз алорағми шароб сухан ба коҳиш гуфтед…
– Қабл аз сафари Ғӯрганҷ аз бода бо хуни дил даст шустаам, то аз дари раҳмат ноумед нашавам. Зеро Шайх Маслиҳатдин ҳама шарру шӯру шаранги ҷаҳонро аз касофати шароб дониста, маро «Сайфуддин» тахаллус ниҳода ва чунин насиҳат карда: «Шоироне, ки бодахоҳ шаванд, аз майи сурх рӯсиёҳ шаванд!»
Аллакай фаҳмидам, ки шоире аз бодаи ишқ масту хуморист, лаззати онро ҳаргиз бо дами шароб намешиканад! Ман ҳаргиз зиною лавот ва корҳои ношоист накардааму минбаъд розномаи дил бо сиришк менависам, на бо шароб!
– Офарин! Лекин… Гап байни худамон монад, ҳолиё Шоҳаншоҳи Хоразм сахт пайванди шароб шуда… Ҳолдонҳо мегӯянд, ки мисли бобокалонаш Эл Арслон лаби ҷоми майро аз лаби майгуни ёр бартар медонад…
– Ин қиссаро намедонам. Агар бемалол бошад…
Шаёхулислом бо тааҷуби ошкоро Сайфуддинро нигарист:
– Наход шоир аз корномаи шоир огоҳ набошад? Ин қисса басо ибратбахш аст. Азбаски ба мавзӯи сӯҳбати мо дахл дорад, муфассал мегӯям…
Аз нақли равони шайхулислом маълум шуд, ки Эл Арслон бо як ҳамла Нишопуру Рай Байҳақу Сабзавор ва Абҳару Занҷону Қазвинро тобеи худ кард ва ба чор атроф фатҳномаҳо фиристод бо имзои Тоҷ-ад-дунё ва-д-дин, Малик-ат-турк ва-л-аҷам Эл Арслони Хоразмшоҳ… Аз нашъаи ғалаба маст гашту базму тараби осмонкафро оғоз ниҳод.
Рӯзҳову ҳафтаҳо ва моҳҳо беист аз машриқ ба мағриб сипарӣ мешуданд. Аммо садои табли шодӣ ва хурсандӣ лаҳзае фазои Ғӯрганҷро тарк намекард. Дахли беҳисоб сарфи шароб ва кабоб мешуд. Хазинаи машҳури Отсиз торафт тиҳӣ мегашт.
Мусалсалмаҳфили ною нӯш, ки оғози бадфарҷомист, қалби пайвандон ва муқаррибон ғарқоби хун мекард. Вале гурдадоре набуд, ки шоҳи лабташнаву дилсӯхта ва саргаштаву ақлхаста ба роҳи рост ҳидоят кунад. Он гоҳ Теркенхотун – ҳамсари вафодор ва хирадпарвари Эл Арслон маликушшуарои дарбор Рашидуддин Ватвотро ҳадя аз зари холис доду ба хилват хонд ва гуфт: «Эй донои кайҳон ва амири шоирони ҷаҳон! Ақли худованди моро дев асир кардааст ва акнун аз Шумост маро ёрӣ додан. Зеро «сухан аз даҳони пире – беҳ аз ҳазор тадбире» мегӯянд. Ҳоло панде пирона ва сухане пероста бояд сароид, то соябони сари мо аз Худо битарсаду дар кӯзаи айш худро ҳалок накунад»
Шоири ҳафтоду ҳафтсола пиронасар ҷавониҳо ёд оварда, ба маҳфили ною нӯш қадаме ниҳод бебокона ва ҷасорате нишон дод шоирона! Чун фурсати мувофиқ фаро расид, рухсати гуфтугӯ пурсид ва табъи сухантирозро ба ҷилва овард. Аввал қасидае мадҳия хонду бадоҳатан онро бо чанд абёти нав тамдид намуд:
Некӯӣ кун, шоҳо, ки дар олам,
Номи шоҳон ба некӯӣ самар аст.
В-аз ризо додани бадон ба бадӣ
Ҳам ҳазар кун, ки мавзеи ҳазар аст.
Носеҳе, к-он туро бад омӯзад,
Нест носеҳ, к-аз адӯ батар аст.
Дод кун, дод кун, ки дор-ул-ҳулд
Маскани хусравони додгар аст.
Як саҳифа зи номи нек туро
Беҳтар аз сад хазоини гуҳар аст…
Хабари ранҷи май ба олам рафт,
Эй дареғо, ки шоҳ бехабар аст.
Пири хирад байти охирин бо оҳанги афсӯс ба такрор хонд. Яке аз надимони хоси Эл Арслон ҳадаҳа аз ҷой хест ва тахаллуси шоирро дар назар дошта, ки Ватвот ба лафзи дарӣ «шабпара» мешавад, бо оҳанги масхара фарёд зад: «Ин маҳфил ҷои шабпара нест. Дафъ шав!»
Ҳама сағиру кабир нафасҳо дарун кашида, интизори хашми гарони подшоҳ ях бастанд. Аммо ҷавоби Эл Арслон дигаргуна шуд.
– Ба шоир нарасед! – омирона нидо баровард ва афзуд: – Шоир барои он шоир аст, ки бо зӯри сухан дили санг мум гардонад!
Дар толор аз нав сукути ваҳмангез барқарор шуд. Аммо акнун дили надим чун барги бед меларзид ва дасту пою китфонаш низ. Атрофиён бо тараҳҳум ӯро менигаристанд. Лекин хулосаи подшоҳ боз дигаргуна шуд.
– Шоир Рашидуддин ҳақ аст ва муроҷиати ӯ айни вақт! – ин бигуфту Эл Арслон ҳаракати хестан кард ва ҷумлаи охирини ӯ бо қатъият садо дод:
– Рост, бероҳӣ аз ҳад гузашт. Акнун теғи сиёсат бояд кашид!
Шайхулислом бо хитоби Эл Арслон нақлашро ба поён расонда, оҳи дардноке кашид:
– Аҷоиботи таърих ин аст, ки набера мисли бобо аз ғалабаҳои муфт сарчархаку бодӣ шуда, бодапаймоӣ пеша кардааст. Акнун аз айшу нӯши доимии фарзанд Турконхотун дилхавотир ва мушаввашхотир асту мо низ тадбири халосӣ меҷӯем. Дар ин амали хайр аз каломи таъсирбахши шоир умеди калон дорем. Моро ҳамдостон мешавед?
– Бе ягон шакку шубҳа! Аз ман дилпур бошед!
Шайхи бузургвори Хоразм бо табъи болида китфи шоирро сила карду даст ба дуо бардошт:
– Ба номи Парвардигори бахшояндаи меҳрубон дуо мекунам, ки шуморо шараф ёру арвоҳи қудсӣ мададгор шавад. Подоши сухани воло ва шеъри ноби шуморо Худованди муттаол ҳазор бар як гардонад ва малик-ул-каломи мулки суханро ба мартабаи мавлоӣ расонад. Омин ё Раббулъоламин…
* * *
Сайфуддин аз манзили шайхулислом баромада, рост ба суроғи Нигина рафт. Вале ӯро наёфт.
– Лаҳзае пеш духтари моро оҷилан ба тутуқ ҷеғ заданд, – изтироболуд ҷавоб гардонд Шакархонум. – Сабабашро нагуфтанду, интухин, диламро гургҳо тала мекунанд. Турконхотунро фаҳмидан душвор…
– Шояд тарзу тариқи ширкати Нигина дар базми ҷамшедӣ маслиҳат шавад.
– Агар ин хел мебуд, маро ҳам даъват мекарданд. Лекин, интухин, ягон гапу кори дигар шудагӣ, ки дилам ғаш мехӯрад. -Шакархонум буни гӯш хорида, якбора ба хурӯш омад. – Дарвоқеъ… ёфтам! Ин пагоҳӣ, вақти наҳорӣ, Нигина гуфт, ки дар хоб махлуқи аҷоибе дидааст, интухин, нисфи баданаш ба одам монанду ними дигараш ба тимсоҳ. Як даст доштаасту як пой ва як чашм. Ҷаҳида-ҷаҳида худро ба паҳлӯи Нигина расонда, интухин, аз оринҷаш маҳкам дошта, ҳамроҳи худ бурдааст.