Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (16-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

– Бо роҳи обӣ омадем мо… Аввал Сайҳун, баъд Ҷайҳунро киштисавор тай кардем.

– Шумо ҳақиқатан ҳам фарзанди дарё! Ҳеҷ аз об дил канда наметавонед… Ману Аҳмад-акоро ҳамроҳи худ нагирифтед?

– Ҳадафи мо саёҳат не, омӯхтани киштиронӣ буд. Пирам ба сад нафар муридони чобуксавори худ маслиҳат доданд, ки маллоҳӣ ва идора кардани сафинаро ҳамаҷиҳата ёд гиранд.

– Чаро?

– Гуфтанд, ки ба як ҷавон донистани чил ҳунар кам аст. Акнун ту бигӯй, ки чӣ ҳол дорӣ?

– Хайрият ки чунин рӯзи Худо ва чунин пурсиш будааст! Ба саволатон ҷавоб ҳамин ки шуморо дида, аз шодӣ гул-гул шукуфтам! Магар намебинед?

– Мебинам. Туро хеле нағз мебинам! – гуфт бо оҳанги духӯра Мирмалик. – Туро дида, бовар кардам, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат аз муҳаббат гул шукуфон мешавад!

– Маро шарм надоронед, ако. Беҳтараш, маро хотирҷамъ карда, гӯед ки худатон чӣ ҳол дореду ин қадар вақт дар куҷои Хоразм мебошед?

– Дар умқи дидаи Шаҳзода Ҷалолиддин муқим шуда, вайро қиблаи умед сохтаам. Ҳар лаҳза интизорам, ки агар фармоне бошад, бо зӯри бозу ва ҷасорати хеш иҷро кунам.

– Бовар дорам, ки рост мегӯед, ако. Лекин ба ман гуфтанд, ки дар Ғӯрганҷ ба умқи дили Нозпарӣ ҷой шудаед ва бо нақароти «Нозпарӣ – хушхиром чун кабки дарӣ» суруд мехонед…

– Донистам, ки ин сухан аз Гулсимо шунидаӣ. Хоҳаракам шабу рӯз барои ман арӯси мувофиқ мекобад. Лекин вай намедонад, ки Султон Хоразмшоҳ духтари нозанинаш Нозпариро ҳанӯз то омадани ман ба ҳокими Самарқанд Усмоншоҳ бахшида, чил рӯз тӯю тамошо додааст. Ғайр аз ин, аз ҳама асосиаш, Гулсимо намедонад, ки дар Моҳпарӣ гулдухтаре даҳчанд зеботар аз Нозпарӣ чун ахтари саҳарӣ ба чашмам намуда, маро дил пора карда, волаю шайдо сохтааст! Ҳолиё аз ишқи он гулпарӣ танӯри дилам аз офтоб гармтар асту ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ онро сард наметавонад кард!

– Шуд, ако. Маро дигар насӯзонед, ки дар пеши Шоҳзода рӯсиёҳ нашавам… Мо дар манзили вай нишастаем, ако!

– Дар набардгоҳи муҳаббат маро аз ҳеҷ кас заррае тарсу ҳарос нест! Вақте ки Шоҳзода дар Исфара туро «кабутари ҳарам» гуфт, пораи гӯшт дар даҳонам дармонд. Ҳарчанд кӯшидам, на берун меомаду на фурӯ мерафт. Ҳоли маро дида, Ҷалолиддин бо кафи дасти ҳузарбаш ба тахтапуштам сахт силӣ заду гӯштпораро берун овард ва бо заҳрханд гуфт:

– Ман бародари худро дигарбора ҷазо намедиҳам. Лекин ту дигарбора сари ношикастаро пеши довар набар, ки на аз доноӣ бошад:

Коре, ки на кори туст, мангар,

Роҳе, ки на роҳи туст, маспар!

– Дуруст гуфтааст Шоҳзода…

– Ту ҳам дуруст мегӯӣ?! Лекин ман аз роҳи интихобкардаи худ асло қафо намегардам! Агар хоҳӣ, дар ҳузури подшоҳ ба доманат гул мерезам! Агар хоҳӣ…

Нигина лаб ба ҷавоб накушода, Ҷалолиддину Сайфуддин пешопешу зани миёнқаде ва барнописаре тахмин понздаҳсола аз ақиб ба толор даромаданд.

– Дастур чунин шуд, ки пагоҳ ба роҳ бароем ва падарро қуввати дил шавем, – шитоболуд гуфт Ҷалолиддин. – Дамир Малик ҳамроҳи ман меравад, вале шумо ин ҷо мемонед. Нури чашми ман Камолиддин аз ҳамин лаҳза шогирди устод Сайфуддин. Нигинаи Ворухӣ- шогирди Шакархонуми Бухороӣ…

Нигина ба Ҷалолиддин бо ихлос ва сипос назар афканда, ба ёд овард, ки падараш ҳини гусел ба Шоҳзода гуфта буд: «Духтарамро ба ту амонат месупорам, то вайро дар дини ислом устувор дорӣ ва аз ҳаром нигоҳ дошта, рӯзии ҳалол диҳӣ. Шоҳписари худотарс будани туро медонам ва бо имони комил мегӯям, ки ҳеҷ вақт ба амонат хиёнат намекунӣ!» Ҷавобан ба суханҳои самимию таъсирбахши падар Ҷалолиддини Манкубернӣ дар ҳузури шоҳидони зиёд қавли шоҳона дода буд… Шояд аз ин боис махсус барои Нигина чанд сухани сабз гуфтанро зарур шуморид:

– Туро ба саройи худ фурӯ овардам, эй Нигина, то ҷойгоҳи накӯтарин дошта бошӣ. Замоне ин ҷо иқомат мекунӣ, аз меҳрубонии модари бузурги мо бархӯрдор мешавӣ, ғами рӯзӣ намехӯрӣ ва ҳаргиз намегӯйӣ, ки фардо чӣ пӯшам ва чӣ нӯшам…

Тарсу васваса аз дили худ дур андоз ва хотиратро ҷамъ дор: дар ин ҷо ҳеҷ кас ба ту ягон газанд расонда наметавонад! Ба Маликаи муаззама ва дигар аркони давлат кӣ будани туро фаҳмондаам. Ҳама фаҳмиданд, ки бо кабутари ҳарам ҳеҷ мардро ҳадди ҳамқадамӣ нест, ҷуз сояи Худо ва сояи худаш! Ҳар кӣ ба кабутари ҳарам беадабӣ кунад, ё сухане номақбул гӯяд, зиндааш намегузорем!!

Аз муҳориба кай баргаштани мо маълум нест. Аммо ту ягон рӯзро ройгон аз даст надеҳ! Чунки барои гулшукуфти ҳунари ту ҳама шароит муҳайёст. Алҳол дар олам ҳеҷ шаҳре аз Ғӯрганҷ хуррамтар нест! Ин ҷо боғи сухан сабз асту шукуфаи ҳунар арғувонӣ! Дар Ғӯрганҷ ғам коҳад ва шодӣ физояд. Зеро он нишот ва ромишгарӣ, ки дар рӯзгори падари мӯътабари мо роиҷ аст, ба ҳеҷ рӯзгори подшоҳӣ набуду намешавад! Ту хуш биншину нек бияндеш ва эмин бизӣ! Агар дилат ба парвози баланд орзумандӣ дорад, пешӣ аз ҳунар талаб, на аз чизу мол ва ҳамеша иззату шараф нигаҳ дор! Фаҳмо?

Нигина, ки аз адаб бар замин назар дӯхта, гуфтори шоҳона бо гӯши қалб мешунид, ба ҳурмати шоҳзодаи арҷманд сари таъзим фуруд оварду сидқан каломи садоқат гуфт:

– Шуморо бандаи фармонпазирам, эй Шоҳзодаи соҳибқирон! Ҳар чӣ фармоед, ба ҷону дил иҷро мекунам.

Камолиддин барфавр кӯшид, то ба сухани падар ҷомаи шоирона пӯшонад:

Маркаби иқболи ту ҳамеша ба зин бод!

Авҷи рақсат фарози чархи барин бод!

Аз ҳозирҷавобии фарзанди суханвар падар мамнун гашту фармуд, то хон оростанд ва сӯҳбатро бо ширу шакар пайвастанд. Сайфуддини Исфарангӣ, ки то ин муддат хомӯш менишаст, бо нигоҳи шӯълавар Камолиддинро нигариста, таҳсиномез гуфт:

– Хуб аст, ки чашмаи илҳоми писари шоиршаҳпари Ҷалолиддин беист меҷӯшад ва мудом ба эҷоди шеъри нав мекӯшад. Ҷӯшиш ва кӯшиш мубтадои тавфиқ дар шоирист. Қавли устодӣ ин аст, ки то замоне муқими ин пойгоҳ бошам, нозири дафтару девони ӯ шавам ва ҳар қадаре аз дили ҷавон сатрҳои мушкбор бархезад, гулчин кардаю гулдаста баста, ба падари орзупарвар пешкаш намоям.

– Бори дигар бовар кардам, ки аз зумраи сухангӯёни бофазл ва нотакроред. Се сол аст, ки малик-уш-шуарои дарбори хоразмшоҳӣ Сафии Бӯстӣ фарзанди моро илми шеъру адаб меомӯзад, аммо бад-ин оҳанг ҳеҷ сухане нагуфтааст…

– Сафии Бӯстӣ шоири пухтатабъи ширингуфтор ва хоҷаи номдор, аммо дар таърифу тавсиф басо эҳтиёткор. Дарвоқеъ, вай куҷост?

– Шоири дарбори подшоҳ алмудом дар сояи афзоли подшоҳ қарор дорад. Шояд Бӯстӣ алҳол аз фатҳу нусратҳои паёпаи падари мӯътабари мо илҳоми саршор гирифта, ба эҷоди зафарнома машғул аст. Ба вай аз малик-ул-калом дуруд мерасонам.

– Маро ҳамроҳи худ намебаред?

– Рости гап, чунин ният доштам, вале Маликаи муаззама хоҳони онанд, ки бо меҳмонҳои исфарангӣ ҳамсӯҳбат шуда, риштану тофтану бофтани шоири навро омӯхта, тору пуди сухани шуморо бо зар санҷида, маблағи ҳамсанги каломи гуҳарборро дақиқ муайян кунанд.

– Фаҳмидам, ки ба саррофи сухан зари боқӣ мефурӯшаму сими фонӣ мехарам. Аҷаб аст ин савдо ва боз аз чизи дигар дар аҷабам: Мирмаликро чаро Дамир Малик мегӯед?

– Замоне ки дар Фарғона охарин ҳокими қарохониро ба асфаласофилин фиристодем, Мирмалик бо заҳрханд гуфт: «Ана ҳамин Қадархон исми маро ба туркӣ гардонда, Темирмалик номида буд. Бигзор ин лақабро ҳамроҳи худаш ба гӯр барад! Илтимос, дигар маро Темирмалик нагӯед!» Бадоҳатан гуфтам: «Аз ҳамин рӯз эътиборан туро Дамир Малик лақаб мегузорем».

– Ин лақаб чӣ маъно дорад? – пурсид Сайфуддини доно ба нодонии худ иқрор оварда.

Шоҳзода Ҷалолиддин ҳозиринро бо нигоҳи ғолибона нигаристу хандон гуфт:

– Мирмалик ҳам чунин савол дода, чунин посух шунида буд: «Хоразмиёни қадим марди далерро «дамир» мегуфтанд ва Мирмалик ҳақиқатан ҳам родмарди далер-ғазанфар аст!» Иловатан ба шумо мегӯям, ки Дамир Малик ғояти орзуи ман аст – касе аз ӯ мардонатар нест дар аҳди бародарӣ! Дар ин мавзӯъ баъди баргаштани мо муфассал сӯҳбат мекунем. Маро бубахшед, дигар ягон дақиқаи холӣ дар ихтиёр надорам. Хайр, дар паноҳи Худо бошед…

Мирмалик рафту Нигина худро зайифтарин бандаи субҳонӣ ҳисобид. Зеро бо ҳазор умеду орзу ба Ғӯрганҷ омаду вайро ёфт, муддате ҳамсӯҳбат шуда, лаҳзаяке парда аз рӯйи асрори дил бардоштанд… Аммо сухан нимкола монд ва яку якбора тарбуз аз бағалаш афтид…

Пажмурда шудани гули хандонро дида, Шакархонум худ аз худ ба гап даромад:

– Осуда биншин ва ором гир, эй Нигинабону. Ба ҳар куҷо равӣ, осмон якранг асту, интухин, оғози ҳар кор лаҳзаҳои навмедӣ ва парешонӣ дорад. Аммо ҳама неку бади ҷаҳон мисли бод гузарон асту интухин, беҳтарин сармояи зиндагӣ сабр, эй Нигинабону. Ту, ки бо хости Худованди меҳрубон ба орзуи хеш расидаӣ, дар аввалин қадам ларзон нашав, ки Ҷалолиддин ба масоф мераваду интухин, базудӣ боз меояд. Дил фарох дор ва аз ғарази худ берун шав, Нигинабону, азеро Шаҳзода маро вазифадор карда, ки интухин, туро чун байзаи анқо зери боли хеш нигоҳ дорам…

Нигина андак осуда шуду бо дидаи меҳрангез ба хонуми бухороӣ нигарист. Ҳамин асно шогирди Сайфуддин давон омаду варақе дароз карда «Аз Дамир Малик» гуфт. Нигина ҳарисона ба нома чашм давонд: «Сухани асосиро, ки гуфта натавонистам, бо хуни дил менависам. Қасам ба Худо, маро дар олам ҳеҷ хушӣ бе ту хуш нест, эй Нигини дилам! Агар ҳар дуямон чун кокули дарозат муҷтамеъ дар як ришта шавем, ҳеҷ кас моро гусаста натавонад. Ягона умедам аз Парвардигор он аст, ки Маликаи қалбам ба муроду мақсад бирасад!

Аз ман дилпур бошу бо дуои нек интизор шав ва ҳоли худ ба ҳеҷ кас нагӯй. Бархезу шаҳр бубину коху боғу роғ, қалъа бубину арку тахти подшоҳ! Медонам, ки Ғӯрганҷ пур аз чангу най ва тарабу шодист, бикӯш, то аз боли орзуят паре кам нашавад ва ҳамеша ғазанфари Хуҷандро шодиафзой бошӣ!

Бизӣ ҳамчунин солҳои дароз,

Данону дамону чамону чарон!10

Хайр, то боздид паноҳат ба Худо»…


* * *


Дили Нигина гирифт. Ҳамроҳи Шакархонуму Сайфуддин ва шогирди шоирпешаи ӯ рӯй ба роҳ оварданд, то дар навбати аввал маликаи даргоҳ Дилоромбону – модари Ҷалолиддинро зиёрат намоянд. Раҳораҳ Шакархонум нақл кард, ки модари шоҳзода зотан аз тоҷикони Марв буда, қиссаи арӯсиаш вирди забонҳост.

– Вақте подшоҳи имрӯзаи мо Қутбиддини Муҳаммад ҷавони шонздаҳсола буд, интухин, азми сафари Марв кард, то аз нодиртарин китобҳои олам, ки фурӯшӣ нестанду дар ганҷинаҳои шаҳри қадима маҳфузанд, баҳра бардорад ва мобайни падару амакаш Султоншоҳ пули васл шавад – қиссаи тӯлониро мухтасар намуд Шакархонум. – Шоири дарбор Рашидудини Ватвот, ки роҳбалади шоҳзода буд, ӯро бо қасидасарои машҳур Анварӣ шиносонду вай дар дили шоҳзода оташи муҳаббат афрӯхт…

– Чӣ хел?

– Чӣ хел буданашро намедонам…

Сайфуддин зуд ба кӯмак шитофт:

– То ҷое медонам, дар маҳфиле, ки се шоир – Анварию Ватвоту Асиридини Асхикатӣ бо шоҳзода Қутбиддин ҳамнишин шуданд, мавзӯи сӯҳбат ишқу ҷавонӣ буд. Ватвот бо чашмони махмур сӯйи Қутбиддин нигоҳе аҷиб афканду аз ҳамнишинон пурсид:

– Шунидам, ки аз канораи Марвруд моҳи тобоне рух намуда, ҳоли ҷумла ҷавонмардон парешон кардааст. Ин гап рост ё дурӯғ?

Асиридин мисли булбули маст ба хониш даромад:

Ҳусни рӯяш дида пурхун мекунад,

Чашми ӯ, ё раб, чӣ афсун мекунад!

Дасти ҳуснаш моҳро гесӯкашон

Аз бисоти чарх берун мекунад!

– Офарин, Асхикатӣ, ки дар васфи он нозукниҳол шеъри арзанда гуфтӣ! – шоири ҷавонро рӯҳбаланд кард Анварӣ. – Аҳсанта валлоҳ-ил-ҳақ11, ки рухони зебо дорад он маҳҷабин! Дар ҳама дилҳо ҳаваси рӯйи вай аст. Зеро чеҳраи гулрангу зулфи гулбӯяш бо забони ҳол мегӯяд, ки андар ҷаҳон аз ӯ хушрӯйтар ёре набошад:

Қиблаи рӯйи варо ҳар кӣ шабе бурд намоз,

Чор такбири дигар рӯз бар ин панҷ кунад.

Наргиси масти вай ҳушёртарин мурғеро

Сина чун нор кунад, чеҳра чу норанҷ кунад!

Сутуни сабри дили шоҳзода андаке ларзид ва пурсид:

– Номаш чию нисбаташ ба кист?

– Исми латифаш Дилором, духти Рустами оҳангар, – Анварӣ мувоҷеҳ шудани шоҳзодаро пай бурда, шохчаи ангур болои хон пас гузошт:

Ҳуснаш андар ҷаҳон намеғунҷад,

Номаш андар даҳон намеғунҷад!

Ҳама баробар завқиданду шоири пир мисли ҷавони дилбохта ба хурӯш омад:

Ҳусни вай бар моҳ лашкар мекашад,

Ишқи вай бар ақл ханҷар мекашад.

Қутбиддин борҳо шунида буд, ки дасти ишқ дар ними нафас ҷомаи сабр пора мекунад. Вале азбаски дар дил шубҳае дошт, лом накафонда, ба Ватвот нигарист. Шоири рамузфаҳм дарҳол пурсид:

– Агар ин моҳсимои хуршедталъатро талабгор аз мӯйи сар зиёд бошад, оё дасташ озод аст?

– Озода ва дастнорас аст ин озодсарв! – бо оҳанги боварибахш ҷавоб гардонд Анварӣ. – Баҳри дафъи чашми назорачиёни рӯйи хубаш аз гулбарги бунафша ниқоб сохта, аммо чини зулфаш домест, ки ҳар ақли расо дар он муаллақ монад:

Азбаски кибриёи ҷамол аст дар сараш,

Бар ошиқон салом ба кибру риё кунад!

– Изни ӯ дар дасти кӣ бошад? – пурсупосро табъи дили шоҳзода идома бахшид Ватвот.

– Изни духтар ба дасти модари ӯст, ки ба ҳама хосторон як ҷавоб мегӯяд: «Гули рухсори шоҳдухтари Шоҳи Ҷаҳон зеби дасти шоҳписари Шоҳи замон аст!»

Шоҳзодаро дигар сабру тоқат намонд ва ходимони ҳамешаҳозирро фармуд, то фавран духтар ва падару модарашро ба меҳмонӣ хонанд…

Шакархонум аз пайроҳаи мармарфарш тарафи рост тоб хӯрда, ба роҳаткурсии таги гулбун нишасту Сайфуддинро паҳлуи худ шинонд ва риштаи сухан ба даст гирифт:

– Интухин, давоми қиссаро ман мегӯям.

Қутбиддини оташқалб, ки ба зудии ҳайратовар фирефтаи сухани шоирон шуда, гоми пурғалаён ниҳода буд, бо як дидан, интухин, ошиқи шайдо гашту дил аз даст дод ва хобу хӯр гум кард. Амакаш Султоншоҳ интихоби бародарзодаашро маъқул донисту интухин, гапу корро пазонд. Азбаски писар надошт, Қутбиддинро фарзанд хонду валиаҳди худ эълон кард ва бародарашро водор намуд, ки ба ваҳдати онҳо пайвандад. Бародарон ба қароре омаданд, ки базми арӯсии фарзанди шарикиро дар Марв оғоз карда, дар Ғӯрганҷ идома медиҳанд.

Ҳама шоду мамнун буданд, ғайр аз модари Қутбиддин, ки ба писараш хоҳарзодаи худро доданӣ буд. «Ин савдои хом аст мисли он ки гадое домоди подшоҳ шуданро орзу кунад. Бо духтари қизилаёқ12 ҳамсар шудани шоҳзодаи соҳибқирон аблаҳист!» гӯён Турконхотун, интухин, хеле доду бедод карду як сол зиёдтар зиддият нишон дод. Вале оқибат тираш хок хӯрду Қутбиддин ва Дилором ба муроду мақсад расиданд. Аммо Турконхотун ба тақдир тан надод, мағлуб шуда бошад ҳам, интухин, аспи ҷафоро зин карду ба турктозӣ даромад.

– Яъне хушдомани бад шуд?

– Аз бад ҳам бадтар! Ин зани бадсиришт, ки дар сар ҳазорон фикри зишт дорад, ба наварӯс ҳатто як рӯз рӯйи хуш нишон надоду баъди таваллуди фарзанди нахустин носозиро ба авҷи аъло расонд. Турконхотун мехост, номи нахустнаберааш Узлоғ бошад, ки исми қабилавии онҳост ва чун ба воя расад, Узлоғшоҳ шавад. Дилором қатъиян муқобил баромад, интухин, бо мулоиматӣ андешаашро ба шавҳар фаҳмонд: «Ман ҳеҷ вақт бар хилофи раъйи Маликаи муаззама амал намекунам. Лекин, ба фикрам, номи Узлоғ шоистаи писари мо нест. Чунки маънои улоғ ба туркӣ ҳайвони саворӣ, хар аст… Агар розӣ бошед, писарамонро Ҷалолиддин гӯем, ки бо исми табарруки шумо ҳамоҳанг, ҳамсадо ва бузургмаъност!» Қутбиддин пешниҳоди завҷаи худро маъқул донисту ваъда дод, ки модарашро розӣ мекунад.

Турконхотун сахт озурда гашта, ба писараш фаҳмонд, ки «узлоғ» ба лаҳҷаи қадимаи хоразмӣ «уқоб» асту исми хуби қабилавии онҳост. Вале аз истодагарии Қутбиддин фаҳмид, ки интухин пешниҳод аз даҳони Дилором дамидааст. Пӯстинро чаппа пӯшиду мисли модашер ғуррид ва «хоҳарзодаам Қамбарой модари Узлоғшоҳ мешавад!» гуфта, интухин, ҳамон замон Қутбиддинро маҷбур кард, ки барои ба никоҳи худ даровардани Қамбарой розигӣ диҳад.

– Писар ҳеҷ муқобилат нишон надод?

– Неъ. Чунки аз модараш сахт метарсид.

– Шакархонум дуруст мегӯяд. Дар ин боб як ҳикояти латиф ҳаст, бодиққат шунавед, – дубора ба сӯҳбат пайваст Сайфуддин. – Боре падар Қутбиддинро фармуд, то ба хоҳараш дар омӯзиши забони тоҷикӣ кӯмак расонад. Вай бе ҳеҷ андеша гуфт: «Модарам чунин нафармудааст»! Падар аз ин посух ранҷид ва хитоб кард: «Бар писар амри падар аз ҳама муқаддам аст»! Қутбиддин бебок ҷавоб гардонд: «Модарам низ чунин мегӯяд. Вақте то ҳол бе изни модар қатрае об ба лаб набурдаам ва то зиндаам, бе иҷозати модар нафас намекашам»! Ҷавоби фарзанд падарро мабҳут кард ва фаҳмид, ки муддати зиёд дар сафари ҳарбӣ будан ба тарбияти писар нуқсе ворид кардааст ва агар тариқи зиндагонияш тағйир наёбад, шояд дар оянда халале, ҳатто хатаре ба амал ояд. Бо чунин андеша сари Қутбиддинро сила карду бо меҳрубонӣ гуфт: «Дар оғӯши гарми модар болиғ шудӣ, ҷони падар! Акнун ба паҳлӯи падар биё, то марди ҳақиқӣ шавӣ. Минбаъд якҷоя ба кишваркушоӣ меравем!» Қутбиддин бо шодмонӣ хитоб кард: «Ба чашм, падарҷон. Дартоз меравам ва аз модар иҷозат мегирам»…

– Агар ин қадар фармонбардори модар бошад, чаро гапи ӯро нагирифт ва аз Дилором даст накашид? – бо ҳайрати ошкоро пурсид Нигина.

– Муҳаббати ҳақиқӣ, интухин, басо зӯру тавоност! Қутбиддин дар Марв аз фармони олиҳаи ишқ сар печида натавонист ва ин аввалину охирин нофармонии ошиқписари Маҷнунсифат буд. Дигар асло Қутбиддин аз хати кашидаи модар берун қадам нагузоштаасту имрӯз ҳам, интухин, Хоразмшоҳи Кабир дар ҳама кору масъалаҳо сухани модарро муқаддам медонад.

– Чаро?

– Имрӯза Турконхотун он Маликаи беқудрати чил сол пешина нест, ки набераашро табъи дил ном ниҳода натавонист. Ҳоло вай «Худованди ҷаҳон» лақаб дорад…

– Худованди олам? Чунин лақаб мондан хатои маҳз аст!

– Чанд шоиру олими дигар ҳам «ин хел гуфтан мумкин нест» гуфтанд. Лекин вай якравона «ба ман мумкин ҳаст!» мегӯяду интухин, бо даҳ ангушт фармонфармоӣ мекунад ва дар сархати ҳар амру фармон чунин туғро мегузорад: «Ҳомии дунё ва дин Улуғ Туркон Маликаи хотунҳои олам» Кор ба дараҷае расидааст, ки ин модашери ғарро, интухин, аксар фармонҳои шербачаи худро лағв карда, табъи дили худ бо шиори «Фақат аз Худо паноҳ меҷӯям!» амру дастури нав медиҳад ва ҳар фармоишоти вай бечунучаро иҷро мешавад…

– Яъне ки дар мамлакати хоразмшоҳиён ду подшоҳ ҳукмронӣ мекунад!? Ин нохуб аст:

Як мулку ду подшаҳ нағунҷад,

Ду калла ба як кулаҳ нағунҷад!

– Байте нағз гуфтӣ. Вале андешаи ман дигар: писар подшоҳи мулк асту модар – Маликаи милк, яъне интухин Султон Муҳаммад садри салтанат асту Турконхотун садри хазина ва дороӣ. Писар дар давоми понздаҳ соли подшоҳӣ ними оламро зери даст оварду муҳташам гардид, Искандари Сонӣ лақаб гирифт, модар бошад, аз ҳама дастовардҳою хазинаю дафинаҳо бештарин ва беҳтарин замину дороиҳоро соҳиб гашт ва интухин, бойтарин Маликаи олам шуд. Тавре бухориён мегӯянд, дасти сарватманд ҳамеша болост, зеро решаи сиёсат аз сарват ғизо мегирад.

– Дар чунин ҳолати номуайянӣ муносибати Турконхотун бо шоҳзода Ҷалолиддин чӣ гуна аст?

– То соли гузашта модаркалон сояи нахустнабераи худро аз дару девор метарошид. Ҳатто баъди таваллуд шудани додарандараш Узлоғ низ Ҷалолиддинро чашми дидан надошт ва интухин, ба вай рӯйи хуш нишон намедод. Хайрият ки тобистони гузашта пиряхи азим ба обшавӣ сар карду Турконхотун дар умраш аввалин маротиба пешонаи набераи чилсолаашро бӯсид! Вай аз он хурсанд буд, ки оқибат гапашро гузаронд ва, интухин, бо сеҳру ҷодую чашмбандӣ бародарони калонсол Ҷалолиддини Манкбурнӣ ва Рукниддини Ғӯрганҷиро аз мадди назари падар дур андохта, Узлоғи кӯчакро валиаҳди тахту тоҷ сохт!

Баъде ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ фармони худро ба аҳли дарбор ва оламиён эълон намуд, Турконхотун пешонии Ҷалолиддинро бӯсиду гуфт: «Аз ҳамин лаҳза туро раҳнамо ва пуштвони бародарат Узлоғшоҳ мебинам. Умрат дароз бод, эй ҷигарбанди она!» Ҳама оҳи сабук кашиданд, ки оқибат лаҳзаи деринтизор фаро расид ва, интухин, очаю бачаю набера бо ҳам оштӣ шуданд…


* * *


Гургоштӣ дар сӯҳбати Маликаи арҷманд Дилоромбону низ таҳлил гардид. Устодон ва шогирдон чоштгоҳон ба гулбоғе расиданд, сабзу хуррам аз оби равон ва тахте заррину чанд курсии мулойим бар канораи ҳавзи мусаффо ниҳода.

– Чӣ некӯ ҷою хуш мақомест! – хитоб кард Сайфуддин аз манзараи хуш ба шигифт омада. – Ҳавое ба ин латифӣ равзаест аз боғи биҳишт!

Дар тарафи рост хаймае аз атласи сурх назаррабоӣ мекард, ки бо ҳашт таноби абрешимин ва мехҳои заррини бар замин фурукӯфта устувор меистод. Наздик расидани меҳмонҳоро дида, канизак пардаи гавҳарнигорро баланд бардошту Дилоромбону чун моҳи мунир берун омад. Канизак ба эҳтироми зиёд ӯро то пеши тахт бурду вай мақдами меҳмонҳоро гиромӣ дошта, бо лаҳни ширин салом гуфт. Ба ҳар кадоме иҷозати дастбӯсӣ дод, хуш бинавохту ҳол бипурсид ва муносиби солашон ба ҷои мувофиқ ишора кард.

Бонуи аввали Шоҳаншоҳи олам, ки бо вуҷуди солмандӣ дар ниҳояти ҳусну ҷамол ва малоҳату латофат раънои ҷаҳон буд, бо лаҳҷаи гӯшнавози хуросонӣ сӯҳбат оғоз кард:

– Мо ҳурмати хонадонҳои қадим нигоҳ медорем ва ҳамеша дида ба дидори дӯст боз кардаем. Мо ба ин шаҳр аз пайи ҳашамату ҷоҳу мансаб наёмадаем ва ҳаргиз ба бад дидан дида наёлудаем. Дилнавозӣ дорему аз ҷангу ҷудойӣ безорем. Лекин ҳамеша рост мегӯему аз касе бим надорем, ҳарчанд ними ҷаҳон зери фармонаш бошад. Ин пешгуфтор аз барои он пешниҳод шуд, ки мо гургоштиро намепазирем, макру фиреби занона ва пурғараз меҳисобем. Ин оштӣ на сулҳ дорад ва на ҷангу нанг! Ғаразу марази ин хотуни арбадаҷӯ дар тарсу ҳароси доимии ӯ аз тақдири набераи ҳамхунаш Узлоғи хар аст, ки ҳам ба азму ҳам ба разм ба нохуни пойи Ҷалолиддини мо намеарзад. Ин хотуни бадният, ки кадхудои оламшумули моро ба забон сояи сари худ меҳисобаду дар асл соя бар сари фарзанд афкандааст, садҳо хешу табору ҳамқабилаи худро сарвару сарҳанги хайлу сипоҳ таъйин карда, лашкари яккачин сохтааст, аммо хуб медонад, ки қудрату шавкати даҳ ҳазор марди ҷангии Ҷалолиддини мо аз сад ҳазор сарбози яғмогари вай беҳтару бартар аст…

Нигина ончунон ба шавқ омад, ки забон аз гуфтор боздошта натавонист ва байти машҳури Фирдавсиро таъсирнок хонд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз садҳазор!

Дилоромбону хандаи шакаромез карду ба чеҳраи Нигина нек назар афканд. Қаду баст ва манзари ӯ ба табъаш хуш омаду аз табақи тиллоӣ як пора шаранг – харбузаи хушранги подшоҳӣ гирифта, ба Нигина дароз намуд ва бо оҳанги насиҳат гуфт:

– Офарин, эй шакарпосухи ҳозирҷавоб! Ҳамеша хуб гӯй, то хуб шунавӣ. Фарзанди соҳибқирони мо гуфтанд: «Нигина кабутарест, ки дар Ғӯрганҷ ошён хоҳад гузошт, набигзорем, то ба чанголи уқоб афтад!» Гапи фарзанди гиромӣ мо ба зарҳал навиштаем ва туро то бозгашти падару писар баиззат нигоҳ медорем. Мутмаинам, ки наргиси чашму сарви қомати ту, эй навбова, зиннати дарбори мо хоҳад шуд! Дил фарох дор: аз бими шоҳписари мо ҳеҷ кас ба ту дастдарозӣ намекунад ва ҳатто Маликаи хотунҳои олам туро як сари мӯ озор намедиҳад.

– Шукр Яздони покро! Шокирам аз суханҳоятон, эй модарбузург!

– Шокир будани духтараки қадрас хуб аст. Аммо шоири солманд чӣ андеша дорад?

– Мо низ ҳамеша шукргузорем.

– Боракаллоҳ. Хоҳиш мекунам аз қадами аввал нек аз баду бад аз нек бехато бишносед. Зеро дар шаҳри мо ҳеҷ кас намегӯяд, ки дӯғи ман турш аст!

Хоҳиш мекунам, аз шофеӣ будани мо бадгумон нашавед ва агар порае аз эътиқоди хеш наздатон гузорем, эй ҳанафиён, бе айбҷӯӣ қабул фармоед.

– Ризои шумо, ризои мост, эй модарбузург…

– Мо ҳамеша ҳар бандаи мусулмонро шофеъ мешавем, то дар чашми шоҳаншоҳи олам нисбати ӯ меҳру шафқат пайдо гардад. Агар шумо ҳам дар ин масъала тааммули шофеӣ фармуда, ҳар пурсиши муслиминро бо азми дуруст ва қатъӣ ҷавоби шофӣ гардонед ва аз ҳар олоише худро ба софӣ нигоҳ доред, шуморо мудом аз шарбати поки шофӣ баҳраманд мегардонем.

– Эй модарбузурги меҳрубон, ҳар чӣ фармудед, қобили қабул аст, азеро шофеиву ҳанафиён ҳамчашманд. Андешаҳое, ки иброз гардид, бар оқилон ҳалол, аммо бар ҷоҳилон ҳаром бошад. Ҳамеша баҳри он мекӯшем, ки дурру гавҳар ҳамсилк кунем, то Кохи ислом обод бошад.

– Ҳаббазо, шоир! Фардо ҳар дуятон ба тутуқ меравед, ки хиргоҳи Турконхотун аст. Ман ҳам даъват шудаам, аммо нахоҳам рафтан, зеро хотуни бузург бо ман агар сухан гӯяд, ҷуз талх нагӯяд. Вай дар тани ман пероҳани нав бинад, ба худ печаду ҳолаш табоҳ шавад. Вале дилпур бошед, ки дасти инояти Шоҳзода Ҷалолиддин ҳамеша болои сари шумост ва инро дар Ғӯрганҷ аллакай аз ҳафтсола то ҳафтодсола ҳама медонанд. Иловатан се андарз омехтаи танз мегӯям, барои андешаи амиқ. Аввал ин ки аз хотуни ҷаҳон некие бе бадӣ чашмдор нашаведу ягон ҳарфи номақбул ё ҳаракати ношоиста накунед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ узр қабул нахоҳад шуд. Дуюм ин ки он хотун либоси рангин, аммо дили сиёҳ дораду ҳар чӣ ба аҳсант бигӯяд, бо содадилӣ зари пок машуморед. Сеюм ин ки сарвату савлати ин хотун чархи баринро сақфи гуҳар мешиканаду тугмае аз кӯлоҳаш мисли шумо ҳазоронро соли дароз баргу навост, аммо риштае бе дилкашолӣ ба касе намебахшад ва агар хаспорае ҳадя кунад, хушдил бошед, ки меҳраш тофтааст. Маро дуруст фаҳмидед?

bannerbanner