Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (14-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

Хусраво, мулки салотини гузашта ин замон

Мар туро чун шири модар ҳаст мероси ҳалол.

Ахтари рушан Ҷалолиддин, ки аз иқболи ту

Бофурӯғ аст аз ҷамолат маснади иззу ҷалол.

Дар ҳавои дилкушои мидҳати ту рӯҳи ман

Ҳамчу товусони қудс аз нур дорад парру бол.

Ҳамчу Хизр аз баҳри шеъраш медиҳам оби ҳаёт,

То қиёмат ҳамчу тӯбӣ тоза бодо ин ниҳол!

То ба шодӣ бигзаронӣ рӯзгори иззу ноз,

Рӯзҳои рӯзгорат бод эмин аз завол!

Шоҳзода ҳамаро дар шигифт гузошта, ба ҳурмати шеър ва иззати шоир сар ба таъзим аз ҷой хест. Лаҳни мусиқӣ ва садои марғулаи Сайфуддин як парда баланд шуд:

– Ҳон, эй базмнишинони саройи сурур, вақти сабӯҳ аст, аттараб!

Эй ёрони маҷлиси унс, дари дилҳо бикушоед, то бо ҳам нишот кунем ва замзамаи ною нӯш, қойидаи гиру дори мардуми Исфара баҷо орем, ки мефармоянд: чанг зану бода нӯш, шод зию ғам махӯр!

Мутрибони чирадаст, ки маътали ишора омода менишастанд, аз «Ушшоқ» навое дар сабки исфарангӣ шурӯъ карданд. Надимони латифу озода нону фатиру кулчақанд оварданд, ғӯробаю риштаугрою оши наргисӣ кашонданд, гулоби Тамохуш ва анӯшаи Чоркӯҳ ба соғар кашиданд, рӯйи хонҳо нишалои Ворух ниҳоданд, барои меҳмони олиқадр хамсатулҳалво аз панҷ деҳа ба тарзи лавзина, машкуфӣ, бодомӣ, залеб ва давомушк фароҳам сохтанд. Дар мистаба ною нӯш ва рақсу хурӯш ба ҷӯш омад.

Хунёгарони волоҳунари Исфара санҷу чантор, чангу чағона ва ною рубоб ба забон оварда, бо камоли завқ сурудҳои ошиқона хонданд. Дили раққосаҳои шӯху шанг ба хурӯш омаду дар ҳавои «Ганҷи бодовард» рақси дастбандро ончунон нозуку латиф иҷро намуданд, ки чашме безиё намонд. Нигина, ки ҳар як ҳаракати мавзуни раққосаҳоро бо чашми омӯзиш менигарист, ҳаяҷони худро пинҳон дошта натавониста, ба Бибинурӣ бехгӯшӣ гуфт:

– Ин хелак рақси зебо бори аввал мебинам!

– Об дар кӯзаю ту гирди ҷаҳон мегардӣ, духтари оча!

– Хуб гуфтед, очаҷон, ман бояд бисёр омӯзам… Оъ, вая бинед!

Ҳар ду баробар Мирмаликро нигаристанд, ки мисли кӯҳ аз ҷой баланд шуду ноҳамвор қадам зада, назди Ҷалолиддин омад ва бо лабханд чизе гуфт. Шоҳзода бо аломати ризо сар ҷунбонду аз мевадони тиллоӣ як шафтолуи сурхи арғувонӣ гирифта, ба дасташ дод ва ангушти ишоратро ҷунбонда, коре фармуд. Сипаҳбуди кӯҳпайкар бо мамнуният таъзим намуда, тавре ки омада буд, ноҳамвор қафо гашту худро ба кати ворухиҳо расонд. Аввал ҳадяи Шоҳзодаро бо эҳтироми хос ба тағояш супурду баъд ба паҳлуи Абдулмаҷид нишаст ва латифае гуфт магар, ки ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд. Ҷой иваз кардани Мирмалик аз назари мири базм пинҳон намонд ва азбаски дар толор бемалол гаштугузор карда метавонист, бе ҳеҷ истихора ба шафати Иброҳимхоҷаи кадхудо омада нишаст.

Дар базмгоҳ ҳама мамнун ва масрур буданд, аммо Нигина шодию нишоти дучандон дошт. Пас аз интизорию умедвории ҳафтмоҳа оқибат бахташ хандид ва ҳар ду азизи дилашро дар як ҷо – ҳамнишину ҳамҷавор дид! Ҳар ду хилъату кӯлоҳи якхела доштанду наздиктарин муқаррабони Султон Ҷалолиддин маҳсуб меёфтанд – яке сиппаҳбуди разм, дигаре сипаҳбуди базм… Ҳар ду қаду басти якхела ва чашмоне мисли кавкаби дурахшон доштанду чеҳраи дилкаш, абрувони паҳну пайваста. Фарқи ягона ин буд, ки Мирмалик мӯйлаби сип-сиёҳи сипоҳона дошту Сайфуддин мӯйлаби дарози борик ва риши пасту гирдаи шоирона… Ҳар ду барои Нигина мӯҳтарам буданд – яке шеър бахшида буду дигаре китоби армуғонӣ ва қанди наврӯзӣ… Ва боз… ҳар ду дили бедори ӯро тасхир карда буданд – яке дар аспрезу дигаре дар боғи Чилмева…

Нигина аз паси парда ҳар дуро баръало медид, вале ин таҳам-танҳо ӯро дар паси парда дида наметавонистанд. Зеро аз пардабардорӣ оҷиз буданд…

Наход ин ҳолат то абад бетағйир монад??!

Нидои сӯзони қалби ларзонро ҳар ду шуниданд магар, ки баробар ба кати пардапӯш нигаристанд. Аз чунин мувофиқат Нигина лаҳзае карахт гашт, вале кати пардапечро бо даст нишон дода, бо ҷӯшу хурӯш гап задани Абдулмаҷидро дида, зуд бо фаросат дарёфт, ки шоири сархуш дар базмгоҳ ҳузур доштани Нигинаро ба онҳо ошкор кардааст…

Муғаниён оҳанги навозиш дигар карданду доира бо садои дилхурӯш раққосаи таннозеро ба ҷилва овард. Нигина бо як дидан ӯро шинохт. Тантанаи ҷашни ҳазора, ишваю ҷилваҳои Товуси навхиром, тозон ба саҳна баромада, ин раққосаро тақлид карданҳояш, аз сари ваҷд ба духтарчаи сесола шеър бахшидани шоири ҷавон Аҳмади Исфарангӣ турнақатор пеши назараш падидор гашт. Дар дили тасфидааш шавқи тозае ҷӯшид. Хост тозон ба саҳна барояду он лаҳзаҳои гуворои кӯдакӣ бори дигар такрор кунад, то аз малик-ул-калом Сайфуддини Исфарангӣ шеъри наве мукофот гирад. Вале панди Очанурӣ, махсусан «ҳеҷ вақт ба ҷилваи товус тақлид макун!» гуфтанаш монанди як каф оби хунук тафси дили ҷӯшидаро паст гардонд. Пушти лаб бо нӯги дандон газида, ба дастафшонию чашмпаррониҳои Товуси хушхиром бо чашми дигар назар афканд.

Шоҳзода низ ҷилваи ҳусн ва рақси кокулро бо диққати том тамошо мекард. Лекин аз ваҷоҳаташ аён буд, ки лаззати том набардоштааст ва гумон, ки лаб ба таҳсин кушояд. Раққосаи дуюм низ сазовори таҳният нашуд. Ҷамилаи Кандӣ ҳам ҳарчанд кӯшид, мавриди таваҷҷӯҳи олӣ қарор нагирифт. Мизбонҳои асосӣ хотирпарешон гашта, шодгунаи соҳибҷамол Нодираи Чоркӯҳиро пеш андохтанд, ки муғаннияи хушсадо ва раққосаи хушадо буду дурдонаи Исфара. Нодира дар ҳавои таронаҳои мардумӣ бо нозу адои дилбарӣ ба ҷилва омад ва дар мистаба шӯр ангехт!

Шоҳзода низ худро дошта натавониста, мисли дигарон кафкӯбӣ намуд ва бо чеҳраи болида гуфт:

– Ҳаббазо! Эй ҳунёгарони Исфара, бо савту садои ангубин ва рақсу адои оташин маро ҷигаркабоб кардед, офарин! Баста бодо нафаси субҳидам то даме, ки маро муроди дил ба каф ояд!

Маро дар дил орзуест, ки дар Исфараи нозанин беҳтарини беҳтарин раққосаи маҳҷабин бубинам. Шодгунаи сарвқади лоларухе мехоҳад дилам, ки хиромидану гуфтору рафтораш, қаду басту ҳусну ҷамолаш нотакрор, накӯтар аз тозагули навбаҳор бошад! Агар ӯро пайкар ва ҳунар дили маро писанд ояд, сар то қадамаш зару зевар пошам!

Ҳокими Исфара огаҳии том дошт, ки шодгунае ба чунин авсоф дар мистаба нест. Бо таваллою зора Сайфуддинро нигарист, ки мушкилкушо шавад ва бо сеҳри калом чора дарёбад.

Шоир дар байни обу оташ монданашро фаҳмид, аммо наларзид, балки бо лабханди ширин нидо кард:

– Фориғу дилшод бош, эй Шоҳзодаи хушиқболу фарохдавлат, ки туро лутфи Кирдигор муйин асту гулшани саодат ба ройи ту қарин! Азбас аҳли ҳунар азиз медорӣ, гули дилҳои пуршарар баста дар дасти тавонои туст. Қалби поки шоир далолат медиҳад, ки раққосаи дилҷусти Шоҳзода Ҷалолиддин дар ин мистаба ҳузур дорад. Аммо кӣ будани ӯро касе намедонад!

– Кист ӯ?

– Дувоздаҳ сол муқаддам рақси як духтарчаи сесоларо дида, аз ҳайрат даст ба гиребон бурда, шеърпорае ҳадя карда, шоирона фотеҳа дода будам. Лаҳзае пеш аз сипаҳбуди диловари ту Мирмалики Хуҷандӣ фаҳмидам, ки он лоларухак имрӯз Маҳастии замон асту маҳастивор менавозад, мехонад ва мерақсад.

– Маҳастиро медонам, ки ҳамнишин ва ҳамсӯҳбати Султон Санҷар буд. Аммо куҷост Маҳастии нав?!

– Нигина бинти Абдулсайид, ки аз Хуҷанд омадааст, меҳмони базми мост. Вале… наметавонам, ӯро ба саҳна хонам…

– Чаро?!

– Падараш Абдулсайиди дуредгар ин ҷост ва ба ман гуфтанд, ки Нигина бе изни падар ҳатто нафас намекашад.

– Ҳаббазо! Офарин ба чунин падар ва таҳсин чунин духтари покро!

Тавсифи Шоҳзода падару духтарро ба по хезонд. Баробари онҳо Аҳмадсайид низ аз ҷой хесту саросема лаб ба тамаллуқ кушод:

– Аввало, ассалому алайкум, эй Шоҳзодаи бузург. Ман Аҳмадсайиди бозаргон, амакбузурги Нигина. Ҳар як сухани Шоҳзодаи бузург тоҷи сари мо. Иҷро кардани хоҳиши дили меҳмони бузург барои мо ҳам фарз асту ҳам қарз. Ҳозир Нигинаи мо ҳунарашро нишон медиҳад.

Эй шоир Аҳмад ибни Муҳаммад, бишнав, ки падараш розӣ асту ба Нигина – иҷозат. Худо кушоиш диҳад.

Баъди фурсате дар мистаба навои «Нози Наврӯз» танин андохт. Бо ҳавои мусиқор рухсораи латифи Нигина чун моҳпора оҳиста-оҳиста аз пардаи рақиқ падид омад. Вай чамон гом ниҳода, ба мобайни давра расиду башаст сари зону нишаст. Ҳамон замон сар ба зер афканд ва бо ҳаракати латифе ҳиҷоби гулфом ба пушт партофт. Кулолаи қиргуни вай, ки бо моҳичаҳои нуқраю тиллоӣ – ҳадяи наврӯзии Бобокалони Бузургаш оро ёфта буд, мавҷ-мавҷ парешон шуд ва ҳарири танаш чу гули сапеде зери барги бунафша пинҳон гардид. Тавқи заррин, дастпонаи тилло ва гӯшвораҳои нуқрафом низ зери ҳиҷоб монд. Садои мусиқор ҳам сонияе хомӯш шуд ва ҳамагон фаҳмиданд, ки ҳусни оғози рақси нав идомаи пуршӯр хоҳад ёфт…

Душвортарин рақси айёмро интихоб кардани Нигина сабаб дошт. Вай беш аз сад рӯз заҳмат кашидаю баъзе шабон ҳатто нахуфта, мушкилтарин ҷузъиёти рақси фаромӯшгаштаро азбар намуд, ҳама дархосту талаботи устод Рубобиро нукта ба нукта иҷро кард, се маротиба дар танҳоӣ рақсиду ноҳамвориҳои ба чашми дигарон ноаёнро низ сайқал дод, то дар маҳфили наврӯзӣ баҳои сазовор гирад. Вале аз ноомади кор, як рӯз пеш аз маҳфил бемор шуду «Бисмил» бисмил шуд, яъне рақси эҳёгашта норақсида монд…

Вақте ки дар маҳфили имрӯза Шоҳзода Ҷалолиддин дидани раққосаи накӯтар аз тозагули навбаҳорро дархост кард, дили орзупарвари Нигина беқарор гашт. Овози дурпарвози Очануриро баръало шунид: «Эй кабки хушхиром, хушу хуррам ҷилва намо, шоҳзодаро бисмил гардон!»

…Нигина бо тамоми ҳастӣ мерақсиду Ҷалолиддин бо тамоми вуҷуд мафтун мешуд. Чун ҳамеша ҳушёру бедор буд, аммо мисли масте, масти беҳад бодахӯрдае чашми парешон дошт. Орази гулгун, наргиси фаттону лабони ақиқ, абрувони пайвасту холи мушкин, чеҳраи нурафзою соиди симин ва баногӯши булӯрини ин лӯъбати хиромонро дар тарозуи харидорӣ бармекашид.

Вай моҳталъатони хуршедваши бисёре дида, ҳатто ба шаҳри Халлух – макони гулрухони ҳурнажод сафар карда буд. Нозанини нозанинҳои олам Салмои арабдухтро ҳам медонист. Аммо ба чунин ҳусну латофат нозанини бунафшазулфу наргисчашм ва симтану насринбарро, ки ранги рухи аз лола басо нозуктаре дошт, то ҳол надида буд. Зери лаб «дар ҳеҷ давру замон ҳеҷ модар ба чунин ҳусну ҷамолу ҳунар ҳеҷ духтар назодааст!» гуфту бисмил шуд. Ва чун рақс анҷом ёфт, мисли хуршеди тобони сари кӯҳ баланд қад афрохта, се карат бо хушҳолӣ нидо кард:

– Зеҳ! Зеҳ!! Зеҳ!!!

Аз сари Нигина зару зевару тилло мисли борон борид…

Шоҳзода Ҷалолиддин ангушти ҳукумат боз боло бардошт:

– Ҳабазо, эй мардуми пок, барои эдун тӯҳфаи шоҳона!

Ин дурдонаи ягона зеби хазинаи шоҳаншоҳист! Ӯро бо эҳтиёти том ҳамроҳи худ ба Ғӯрганҷ мебарам ва мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорам.

Агар Маҳастии Хуҷандӣ кабӯтари ҳарами Султон Санҷари Салчуқӣ будӣ, Нигинаи Ворухӣ кабутари ҳарами Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ – Санҷари сонӣ шудӣ!

Ат-тараб, эй мардуми пок, ат-тараб!!

Поёни китоби аввал

КАБКИ ЗАРРИНҚАФАС

Пешгуфтори китоби дуюм. Дебочаи салтанати Хоразмшоҳиёни кабир аз дидгоҳи шоири суханперо ва раҳнамо

Шоҳзода Ҷалолиддин «кабутари ҳарам» гуфтан замон дили Нигина сахт такон хӯрд. Ёдаш омад, ки сиришташ бо риштаи ноаёне банд-банд ба ин паррандаи зебо пайванд аст: модари фарзандгадояш кабутар дар хоб диду Пири равшанзамири Хуҷанд аз кабутархонаи хеш якеро ба Мастура бахшид, лекин кампири дилсиёҳ коре кард, ки модари сарторик паррандаи биҳиштиро бо дасти худ кушту пора карду тӯъмаи ҷиғилдон кард; кабутаре, ки аз боло ба шикам даромад, аз поён саломат баромаду бо нидои шоири ҷавон Аҳмади Исфарангӣ ва хитоби ҷаҳонпаҳлавони ҷавон Мирмалик аввал кабутари навпарвози Ворух шуд, баъд кабутари ниқобдори Моҳпарӣ, сипас кабутари навзахмаи Хуҷанд; Пири Бузургвори замон ӯро кабутари обӣ хонду бо маслиҳату дуои нек раҳнамоӣ кард, рӯҳи шоди шоира Маҳастӣ ӯро кабутари муҳоҷир номид, навозид ва инак, бо амри шоҳзода кабутари ҳарами подшоҳ унвон гирифт!

Амри султонзодаро ҳадяи тақдир ҳисобида, болу пари нав бароварда, шодон ва ғазалхон омодаи парвоз шуд. Вале амакдухтараш Назокат ба косаи пуршаҳд қаламфуре хаст:

– Ҳайронам, ки чува аз шодӣ беист қанотак мезанӣ?! Оъ… кабутари ҳарам чизи ганда, парандаи ҳаром, амакдухтар. Чунки аз падару модар, ёру диёр, аз зиндагии инсонӣ умрбод ҷудо мешавӣ. Маънои дигари кафтари ҳарам кабки қафас, амакдухтар! Подшоҳ «шин» гӯяд – мешинӣ, «хез» гӯяд – мехезӣ, «мур» гӯяд – мемурӣ! Яъне ки дар Ғӯрганҷ бо ҳеҷ кас гап задан наметонӣ, аз зиқӣ дилат анор барин парс мекафад…

Нигина, ки дар лаҳзаҳои душвор чашми умед ба Бибинурӣ медӯхт, илтиҷо кард, то маънии «кабутари ҳарам» саҳеҳ фаҳмонад ва агар гапи Назокат дуруст бошад, аз сафар даст кашад.

– Дар зиндагӣ ҳамаи мо – занҳою духтарҳо кабки қафасем, бе иҷозати соҳибони сари худ майли хотир нафас намекашем. Аммо кабутари ҳарам ҳарчанд ба кабки зарринқафас монандӣ дорад, чизи тамоман дигар асту ғайри подшоҳ ба каси дигар тобеъ нест. Яъне ягон кас ба кабутари ҳарам бо чашми бад нигоҳ карда наметавонад ва ҳатто бе изну иҷозати подшоҳ бо вай гап зада наметавонад. Лекин кабутари ҳарам беғаму осуда мегардад, либоси дилхоҳашро мепӯшад, таоми дилхоҳашро мехӯрад, ба ҷойи дилхоҳаш саёҳату тамошо меравад, ғулому канизак, фаррошу хидматгузорҳо дорад… Агар хулосатан гӯем, ба кабутари ҳарам ҳама чиз дастрас асту лекин вай парандаест дастнорас!

– Барои Мирмалику Сайфуддин ҳам дастнорас аст?

– Ҳар дуи онҳо дар Ғӯрганҷ кабутари ҳарамро ду боли парвоз мешаванд!

Андактар шодии Нигина дучандон шуд. Зеро фаҳмид, ки шайхбобоҳои хуҷандиаш Бадеуддини Нурӣ ва Бурҳониддини Валӣ бо Пири маънавии Ғӯрганҷ, асосгузори тариқати кубравия Шайх Наҷмиддини Кубро пайванди мустаҳкам доранду ин бузургвор муттакои Нигина мешавад… Фақат… андаке дилхиҷил буд аз он, ки дар бораи шоҳаншоҳи Хоразм Султон Муҳаммаду писараш Ҷалолиддин ва давлати Хоразмшоҳиёни Кабир маълумоте надорад. Яъне, бо чашмони баста, кӯр-кӯрона ба мамлакати ношинос меравад.

Мушкилотро роҳ – роҳи басо дурмадарози Ворух-Ғӯрганҷ ҳал кард. Муддати сафар – сафари хеле мадид, ки анқариб ду моҳ тӯл кашид, имкон фароҳам овард, то Нигина ба ҳар пурсиши шогирдонаи худ аз шоири донишманд ва сухансарои раҳнамо посухи пухта шунавад. Сайфуддини Исфарангӣ, ки пирону волидон сарпарастию беҳрӯзии ганҷи ягонаи Ворухро ба ӯ супорида буданд, дар муқаддимаи сухан гуфт, ки алҳол сулолаи чаҳоруми Хоразмшоҳиён ҳукмронӣ мекунанд.

– Поягузори сулолаи хоразмшоҳиён шоҳ Африғ ба ҳисоб меравад. Вай нӯҳсад сол пеш дар ҷануби Хоразм қалъаи подшоҳӣ сохту дар гирдаш раво – раво шаҳри Кат бунёд гардид ва пойтахти давлати навзуҳур шуд. Баъди ҳафтсад сол шоҳ Маъмун аз шимоли Хоразм сар бароварду қисмати ҷанубро забт карда, дуюмин давлати хоразмшоҳӣ ба вуҷуд овард, ки пойтахташ Ғӯрганҷ шуд. Ин сулола ҳамагӣ бисту ду сол умр диду ғазнавиҳо Олтинтошро ба тахти подшоҳӣ шинонданд ва ӯ чор сол зиёдтар ҳукм ронд. Сипас сулолаи чаҳоруми хоразмшоҳиён ба арсаи таърих баромад.

– Ин сулоларо кадом подшоҳ асос гузошт?

– Асосгузори ин сулола подшоҳ не, ғулом аст, – гуфт бо овози паст Сайфуддин ва Нигинаро таъкид намуд, ки ин сирро дар дил маҳфуз дораду асло ба овози баланд нагӯяд. – Қиссаи мазкур басо ибратбахш асту баёнгари қудрати илоҳист. Яъне Парвардгори олам метавонад, шоҳро гадою ғуломро подшоҳ созад. Чуноне ки Анӯштегинро бо марҳамати олии хеш сарфароз гардонд.

Ин марди ҳақирро ғуломи ҳалқабаргӯши Маликшоҳи Салчуқӣ мегуфтанд. Ба ин маъно, ки овози шоҳ овезаи гӯшаш буду тибқи таомули дарбори салчуқиён як сол пиёда хизмат кард, зеро ҳуқуқ надошт, ки дар ин муддат бар асп нишинад. Аз қазо боре дар назари Маликшоҳ намоён гардид. Он рӯз бори ом буд ва фурсате мувофиқ афтоду Анӯштегин гуфт: «Эй бузургвор шоҳ, банда камари хизмат бар миёни камари ҷон бастаам»

Сухани шоирона султони баландҳимматро писанд омад ва фармуд, ки ҳар сухану амали вайро ошкору пинҳон биозмоянд. Зеро Маликшоҳ одате дошт, ки бар андозаи хизмати бенуқсон, ҳунари шоиста ва ҷоннисорӣ ғуломонашро тадриҷан, дараҷа ба дараҷа мартаба меафзуду некусуратӣ ва диёнати Анӯштегинро фаҳмида, маркабе одӣ бахшид. Ғуломи шодгашта соле дигар ба хоки қадами хоҷааш ҷон фишонд. Аъмоли шоистааш ба лутфу карами Маликшоҳ қабул афтод ва ӯро аспи туркӣ доданд бо лигому зини одӣ… Соли панҷум зине беҳтар ва лигом бо кавкаб гирифту соҳиби гурз шуд. Соли шашум ҷомаву қабои хоса доданд. Баъди соле соҳибхайма шуд. Се ғуломак дар итоати ӯ карда, вусоқбошӣ лақаб ниҳоданд ва кулоҳи намади сиёҳ дар сараш пӯшонданд. Пас аз се сол таҷаммулаш зиёда гашта, ба мартабаи хайлбошӣ расид. Пас ҳоҷиб шуд. Чун садоқату ҳунараш равшантар зуҳур ёфт ва ба корҳои бузург даст ниҳод, шиҳнаи Хоразм таъйин шуд. Ривояте ҳаст, ки Маликшоҳ дар ин маврид чунин гуфта: «Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст!»

Ҷумлаи пурмеҳри шоҳи салчуқӣ самари нек овард ва Анӯштегине, ки дар бардагӣ «Ғӯрча» лақаб дошт, Ғӯршоҳ шуд. Зеро пойтахти мамлакатро аз ҷануб ба шимол кӯчонду дар Ғӯрганҷ сулолаи чаҳоруми хоразмшоҳиёнро хишти аввал ниҳод…

Баъди сари ӯ Қутбиддин Муҳаммад ба тахти подшоҳӣ нишаст…

– Шоҳи ҳозираи Хоразм?

– Ин Қутбиддин Муҳаммади сонӣ аст. Қутбиддини аввал нахустфарзанди Анӯштегин буда, камолоти вай маро ба андешае мебарад, ки банда агар хоҷа шавад, хоҳ-нохоҳ умеди салтанат мекардааст. Анӯштегин низ албатта, орзуҳои хаёлӣ дар сар дошту ба тарбияи нахустфарзандаш эътибори махсус дода, аз хурдсолӣ дар дили кӯчаки ӯ нисбати илму адаб шӯълаи меҳру муҳаббатро фурӯзон сохт, Қутбиддинро дар беҳтарин мадрасаи Марв – Шоҳи ҷаҳон сабақ омӯзонид. Фарзанди қобили падар бо иштиёқи том таҳсили камолот кардаву дар аксари фунун камоли маҳорат ёфта, кори дину ҳикмати бисёр омӯхта, олиме фасеҳ ба Ғӯрганҷ баргашту назди аркони Салчуқиён мӯҳтарам гардид ва баъди фавти падар мансаби вайро соҳиб гашт. Андактар бо иродаи султон Санҷар волии Хоразм шуду иқтоъдор ва Хоразмшоҳ лақаб гирифт. Зеро бо панди падар бетақсир амал карда, ҳурмати хонадони салчуқиён сидқан нигоҳ медошт ва фарзандонашро низ насиҳат мекард, ки «ба забон дигар магӯй ва ба дил дигар мабош…»

Қутбиддин Муҳаммад муддати сӣ сол халқро одилу уламоро меҳрубон буд. Чун озодмарди худотарс шӯҳрат дошту мардумро ба хайри худ умедвор карда… Хоразм аллакай дар он айём таъна бар Мисру Чин мезад ва аъёну акобири замон садри Хоразмро бо эҳтиром «подшоҳ, қутби дунё ва дин Абулфатҳ Мӯъйин Амир-ал-мӯъминин» мехонданд.

Қутбиддини аввал бо ин ҳама бузургӣ ва ҷоҳу ҷалол ҳамоно бандаи содиқи салчуқиён буду хироҷи муқарраршударо як сару мӯ кам накарда, дар вақташ бехиёнат месупорид. Чун офтоби умраш бар сари девори дунё расид, меҳтарписараш Алоуддини Отсизро ба хилват хонд ва гуфт: «Савганд хӯрдаам, ки то ҷон аз ман набарояд, хонадони салчуқиён гиромӣ дошта, хидмати эшон ба ростон ва бенуқсон адо намоям. Кори Хоразм акнун мунтазам асту дар уфуқи салтанат хуршеди саодати ту тобон омада… Ҳоло, ки маро кор аз даст ва тир аз шаст меравад, суботи мулку бунёди давлати мо дар изни туст. Халқро дӯст дору молро душман ва ба ноҳақ аз раъияти Хоразм ягон дирҳам наситон, то туро ба ними он нафрӯшанд…

Бахти ҳумоюнист, ки туро бо оли салчуқ ягон савганд дар миён нест. Ҳолиё эшон бо хештан мағруранд, даъвии тоҷу тахт бо хун мекунанд, бо якдигар ҳарбу зарб доранд. Ту на бо меҳтар бошу на бо кеҳтар. Бо аҳли Хоразм нек бошу некӣ талаб ва рӯзи нек дарёб, ки худ толеи нек дорӣ…»

Отсиз васияти падар бо гӯши дил шуниду баъде ки Султон Санҷар бе ҳеҷ дудилагӣ ба номаш хати маншур дод ва ба тахти хоразмшоҳӣ шинонд, доии хешро сидқан дуо ва сано хонда, камари хизмат бо рағбат ба миён баст. Ин ҷавонмарди бистунӯҳсола турке буд мубориз, аммо донишманду нуктасанҷ. Мисли падар ва бо ҳидояти ӯ дар Марви бузург таҳсили илм карда, ҳамзамон бо удабо ва шуарои замон ҳамнишин гаштаву аз файзи сӯҳбати эшон баҳраҳо бардошта, ҳатто ба тоҷикӣ қасидаву рубоӣ эҷод мекард.

– Отсизро турк гуфтеду боз мегӯед, ки ба тоҷикӣ шеър менавишт…

– Мардуми Хоразм ва Аҷам ҳама аз як гавҳаранд, хеши якдигаранд ва ҳамкешанд. Мегӯянд, ки Зардушт дар ин диёр зуҳур намуда ва дини габроӣ оварда… Хати хоразмиёни қадим ба алифбои суғдию портӣ монанд асту идҳояшон то ба имрӯз якхела… Аҷоиботи таърих ин аст, ки араб ба мулки Хоразм дини ислом оварду… лафзи дарӣ! Ин забони шеъру шоирӣ забони қадимаи хоразмиро тадриҷан танг карда, аз арса берун оварду дар Хоразми имрӯза ҳама турку қипчоқу араб ба тоҷикӣ ҳарф мезананду менависанду давлатдорӣ мекунанд ва тавре ки гуфтем, ҳатто шоҳ Отсиз ба тоҷикӣ шеър менавишту васияти падарро мӯ ба мӯ иҷро карда, аҳли илму адабро гиромӣ медошт.

Муносибати хайрхоҳонаи шоҳ Отсиз ба олими забардаст Исмоили Ҷурҷонӣ исботи ин фикр асту бовар дорам, ки ту ин номи табаррукро шунидаӣ…

– Бале, асари олиқадри Ҷурҷониро дар кошонаи Маҳастӣ хондаам, – дарҳол посух гардонд Нигина. – Бо забони содаи пуртаровати дарӣ навишта шудааст. Осори гаронбаҳои илми тиб бошад ҳам, монанди шеъри фасеҳ равону оммафаҳм…

– Номи китоб дар хотират ҳаст?

– Агар хато накунам, «Захираи хоразмшоҳӣ». Ба хотирам омад: муаллиф дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки ҳукми боду ҳавои Хоразмро дида, ин ҷо мақом ихтиёр кардам…

– Дуруст гуфтӣ, аммо ноқис! – Сайфуддин аз хурҷин китоби муқовааш чармин бароварда, варақи аввалашро кушод. – Чанд ҷумлаи пешгуфторро мухтасаран мехонам, бодиққат шунав: «…Тақдири Эзади таъоло чунон буд, ки ҷамъкунандаи ин китоб қасди Хоразм кард ва ба хидмати Худованди некбахт… Абулфатҳ Қутбиддин Муҳаммад… шуд андар соли понсаду чаҳор аз ҳиҷрат. Хушии ҳавою оби ин вилоят бидид ва сирату сиёсату адли Худованди Хоразм бишнохту ин ҷо мақом ихтиёр кард ва андар сояи адлу давлати ӯ биёсуд, ба неъмату ҳашмати ӯ мустаҳзир гашт… Чун осори неъмати ӯ бар аҳволи худ бидид, аҷаб донист ҳаққи неъмат шинохтан ва шукри он гузоридану расми хидмат барҷой овардан… Бар ин ният… самараи илмӣ, ки муддате аз умри хеш андар он гузаронидааст, ба номи ин Худованд ҷамъ кард ва китобро «Захираи Хоразмшоҳӣ» ном гузошт, то ҳамчун номи ӯ андар офоқ маъруф гардад ва ҳамчун хубномаи ӯ андар ҷаҳон дер бимонад…»

Сайфуддин китобро пӯшиду бо табассум гуфт:

– Иловатан бар ин навиштаҳо мегӯям он чиро, ки дар Бухорою Самарқанд аз уламою удабо шунидаам. Дарбори Хоразмшоҳ ҳамарӯза пур аз аҳли илму адаб буд, вале вай табиби ҳозиқ ва олими пурдон Исмоили Ҷурҷониро дидан ҳамон гул-гул шукуфт, дорухонаи шоҳаншоҳии Баҳоуддавларо дарҳол ба ихтиёраш гузошт, барояш як ҳазор динор моҳона муқаррар карду бо лақаби «афозил-ул-утабо» сарфароз гардонд. Яъне, ба олими арҷманд ҳама шароитро фароҳам овард, то шоҳасаре иборат аз даҳ ҷилд эҷод кунад, ки муҳимтар аз ҳама китобҳои порсӣ то ба ин замон аст…

Замоне, ки Қутбиддин Муҳаммади аввал аз олам гузашт, Исмоили Ҷурҷонӣ пири хирадманди ҳаштодсола буд. Аз асрори тиб, ки огаҳии комил дошт, бо табъу завқи ҷавонӣ эҷодкориро идома медод. Шоҳ Отсиз низ дар пайравии падар меҳрубонию олиҳимматиро нисбати ин олими забардаст идома медод. Маҳз бо дархости подшоҳи ҷавон муаллифи китоби азими «Захираи Хоразмшоҳӣ» онро хулосатан ба шакли ана ин дуҷилдаи хурдҳаҷми сафарӣ дароварда, «Хуфии Улоъӣ» номид, ки ҳамеша бо ман аст. Маҳз бо маслиҳати Отсиз китоби наве бо номи «Ағроз» навишт. Вале оқибати кор нохуб шуд…

– Яке дигареро ранҷонд?

– Не. Султон Санҷар, ки мисли дигар шоҳони салчуқӣ хату саводи кофӣ надошт, Исмоили Ҷурҷониро ба меҳмонӣ даъват карду иҷозати аз Марв баргаштан надод. Вайро нисбати Отсиз ду карат бештар иззату эъҷоз кард, то «Зихираи Хоразмшоҳӣ» ба номи худ гардонад. Ин рафтори ғаразнок ҷунуни Отсизро бедор кард. Аз дилаш оҳи оламсӯз бархест. Азбаски дар шарёни вай аллакай хуни бардагӣ кам буд ва ба Султон Санҷари Салчуқӣ дили нохоҳам сари итоат фуруд меоварду пайваста барои исён пайти мувофиқ меҷуст, аз супоридани хироҷ сар печид. Султон Санҷар сахт малӯл гашта, шоири дарбораш Адиб Собири Тирмизиро гумоштаи худ хонд ва гуфт, ки аз китобхонаи шоҳаншоҳӣ чаҳор уштур дастнавис ва девонҳои камарзиш бо худ бигирад ва аз Марв ба Хоразм рафта, бо удабо ва уламои он иқлим дар иртибот бошад ва ҳокими нофармонро ба итоат даъват кунад. Бигзор ин амал ошкоро, дар мадди назари ҳамагон сурат бигирад, аммо зимнан «мутаҳафизи ҳолот ва мутафаҳҳис ва мунҳӣ бошад».

– Ин ибора чӣ маъно дорад? Ҷосус ва хабаркаш?

– Ё ҳар ду. Саҳеҳтараш, чашми бино ва гӯши шунавои подшоҳ.

Отсиз вакили Султонро бо иззату икроми шоиста пазируфт ва гуфт: «Ман коре ба тариқи қасд накардаам, ки хилофи ҷонсупорӣ ба Султони Кабир бошад. Ниҳоли хилоф шинондану меваи дӯстӣ ҷустан шеваи мо нест ва моро насиҳати падар он аст, ки дар роҳи садоқат каҷрафтор набошем, то давлати ҳумоюнӣ осеб наёбад ва мурғи бахт парканда нашавад».

Ҳокими исённиҳод хашм як сӯ ниҳода, ба ин радиф каломи ширин бисёр густарид, то ба самъи Султон гуворо ояд ва шоирро бовар кунонд, ки ӯ ҳамеша мутеъ ва фармонбардори Санҷари Бузург аст. Сипас шоири дарбори худ Рашиди Ватвотро ба хидмати Адиб Собир гузошт ва барои ташкили маҳфили шуаро ба уламои Ғӯрганҷ дастур дод.

Чун шоирон берун шуданд, Алоуддавла ба гӯшаи хилват рафт ва ғарқи дарёи тафаккур шуд. Зеро аз омадани гумоштаи хосаи Султон ваҳми азиме дар дилаш роҳ ёфта буд. Баъди андешаи тӯлонӣ ду шермарди фидоиро пинҳонӣ ба Марв фиристод, то илоҷи воқеаи номатлуб қабл аз вуқӯъ кунанд ва бо ҳилаю тазвир ё сӯиқасд Султон Санҷарро бикушанд.

bannerbanner