Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (12-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

– Қабл аз ту даҳҳо нафар ин суолро матраҳ кардаанд ва ҳама як ҷавоб шунидаанд:

Ҷаҳонам Форсӣ хондасту ҳаргиз

Бад-он ҷониб маро кас менахонад.

Саҳеҳ медонам, ки ману падараму падари падарам ва падари падари ӯ дар ҳамин маҳалла чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Вале агар падари ту ҳуҷҷати дигаре дошта бошад, манзур намояд, то сӯҳбатро идома бахшем. Маъқул?

– Оре, устод. Боз як саволи дигар – ба Байтулхуҷанда агар шоирони арабзабон омадан хоҳанд, оё иҷозат ҳаст?

– Дари ин кошона ба рӯйи ҳама тоҷику турку араб кушода!

– Оё аз дигар шаҳру вилоятҳо низ шоирон меоянд?

– Албатта. Моҳе қабл ду шоири исфарангӣ меҳмони мо буданд, ҳамшаҳриёни Нигина.

– Шаҳобуддину Аҳмад?

– Бале. Ин бародаронро мешиносӣ?

– Шаҳобуддинро шунидагӣ, Аҳмадро дидагӣ…

– Кай?

– Он вақт сесола будам. Вай дар як маъракаи мо иштирок карда, ба ман чор хат шеър бахшидагӣ. Лекин қаду басту чашму рӯяш дар лавҳи хотирам боқӣ намондаст.

– Инаш он қадар муҳим не. Муҳимаш он ки оё ҳамон шеърро дар ёд дорӣ ё не?

– Албатта дар ёд дорам! Гӯш кунед:

Гулбоди баҳор атрфишон аз рақсат,

Хушҳол шуда пиру ҷавон аз рақсат.

Маҳрум мабод то қиёмат ҳаргиз

Чашми ҳама мардуми ҷаҳон аз рақсат.

– Бале, ин сабку шеваи Аҳмад ибни Муҳаммад. Лекин вай имрӯз бо тахаллуси дигар машҳур аст. Бо пешниҳоди Пирам Подшоҳмарди Валӣ мо вайро Сайфуддини Исфарангӣ мегӯем.

– Ин тахаллуси шоирӣ хуш садо медихад. Ба ман маъқул!

– Мо ҳар сол камаш ду маротиба ҳамдигарро мебинем. Чунки Хуҷанд дар моварои Самарқанду Исфара ҷойгир аст. Ҳамсабақ, ки ҳастем, ба якдигар меҳру муҳаббати самимӣ дорем. Сайфуддин ба ман ҳам шеър бахшидагӣ…

– Шумо ҳам азёд мехонед?

– Не, Нигина. Ман баъзе шеърҳои худро низ дар хотира ҳифз накардаам. Дар доруламора муншӣ будан ташвишу дарди сари бисёр дорад. Агар рағбат дошта бошӣ, шеър дар дохили ана он дафтар, гиру хон.

Нигина чусту чолок коғази абрешимиро ба даст гирифту саволомез ба дугонаҳо нигарист. Гулноз бо ноз даст дароз кард:

– Нигинаҷон, дар пеши поят садқа шавам, коғаз ба ман бите. Шеърхониро чунон дӯст медорам, ки…

Гулноз лаҳзае ба коғаз чашм давонда, бо ҳусни хат чашмашро ошно карду мисли булбули хушовоз ба хониш даромад:

Дар ҳаққи Хоҷа Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ

Эй он, ки ба рӯшноии ақл

Бо нури ҳақиқат ошноӣ!

Аз партави шамъи хотири хеш

Чун чашмаи меҳр дар сафоӣ.

Парвонаи рӯҳро чароғӣ,

Хуршеди камолро зиёӣ.

Чун пайдо шуд дар офариниш

Осори саноеъи Худоӣ.

Аз барқи замири ту шаҳобе

Ҷон дод ба гавҳари саноӣ.

Чун шеъри ту хондаму навиштам

Дар ғояти лутфу дилкушоӣ.

В-эй карда ба тоҷи илму ҳикмат

Бар олами фазл подшоӣ…

– Ин шеърро дар боздиди охирин Сайфуддин ба шумо бахшидагӣ? – мароқ зоҳир кард Нигина.

– Не, ягон сол пештар. Ҳини мулоқоти охирин вай ҳавоси парешон дошт, дилозурда буд.

– Чаро?

– Бародари беморашро аз Самарқанд ба Исфара мебурд. Шаҳобуддин бо душворӣ нафас мекашид…

– Худо Шаҳобиддинро дар паноҳи худ нигаҳ дорад, ки хеши мост…

– Вай… магар араб аст? – аз ҳаяҷон забон хойид Нигина.

– Ду сол пеш хонаи ҳамсояамон меҳмонӣ омада буд. Аз пушти девор баръало шунидам, ки бо лаҳҷаи қурайшӣ равон ҳарф мезад. Ҳатто як шеъри арабӣ хонд!

– Шояд ин фикри Фотима дуруст бошад, зеро Сайфиддин дар як қасидааш байти соядоре гуфтааст, – Зиёуддин лаҳзае буни гӯш хорида, бо душворӣ мисраъҳои ҳасбиҳолии ҳамсабақашро ба забон овард:

Гар «фасеҳи аҷамӣ» хониям, ин дурӣ нест,

Чун маро ҷадди чаҳорум ба ҳақиқат араб аст.

Фотима ғолибона ҳамроҳонашро нигаристу бо нимтаъзим ба устод барои дастгирӣ арзи сипос кард. Аммо шоир бо заҳрханд гуфт:

– Араб будани ҷадди чаҳоруми Сайфуддин ва ба Салмони Порсӣ часпидани шаҷараи Зиёуддин он қадар муҳим нест. Муҳим он аст, ки Сайфуддин Исфарангию Зиёуддин Хуҷандӣ асту чунин хоҳад монд:

Нигар, ки сурати иқбол нав ба нав ҷон ёфт,

Ки ҳар чӣ буд муродаш аз осмон, он ёфт.

Қарину мӯниси ҷоҳи мо фазли Яздон бод,

Ки ҳар кӣ ёфт маҳалле, зи фазли Яздон ёфт!


* * *


Таҳсил дар мадраса барои Нигина душворӣ надошт. Зеро аз Бибинурӣ сабақи комил ва дониши зиёд омӯхта буду пайваста мекӯшид, ки ба илми муҷаррад қаноат накарда, баробари Қуръону Ҳафтяку Чоркитоб девон ва осори адибону фозилонро мутолиа намояд. Садри Байтулхуҷанда Зиёуддину Фариди котибро амак хонду чун фурсат меёфт, бо қадами пӯянда ба кошонаи Маҳастӣ мешитофт ва бо азми ҷӯянда дар китобхонаи пурганҷ соатҳо ғарқи мутолиа мешуд. Агар нафаре аз дар дарояд, бо умед менигарист, ки шояд Сайфуддин аз Исфара омада бошад…

Раҳпоӣ се моҳ зиёдтар тӯл кашиду Нигинаро ҳавои диёр ва меҳри падару модар аз замир сар зад. Худ ба худ шикастаҳол гашту дар дилаш шавқи таҳсил ва рағбати омӯзиш мисли чароғи хирасӯз бенур шуд.

Барои маслиҳат пеши Бобокалони Бузургаш омад. Шайх Маслиҳатдин вайро бодиққат шунид ва хандид:

– Сад рӯзи расо интизори ин лаҳза будам, эй духти мастураи бобо! Ту аз Ворух баромадию як байт шеър маро пеши назар омада буд:

Рашҳае аз бод бар ҷонам бирехт,

Риштаи ҷоду аз ӯ бояд гусехт!

Чун туро дар Хуҷанд дидам, маънии байт комилан равшан гашт. Фаҳмидам, ки Парвардигори олам моро қудрате додааст, то қуввати ҷодуро несту нобуд гардонем. Зеро баробари ба Хуҷанд омадани ту кушода шудани мадрасаи нав ҳаргиз тасодуфӣ нест ва ту барои он толибилм шудӣ, ки тилисм ҳаргиз мадори сарпанҷа задан бо илм надорад! Яъне ҳар рӯзи хониш ресмони ҷодуро як ришта фарсуда мекунаду азбаски аз ҷодухона дур ҳастӣ, аҷузкампир туро надидаву бӯятро нашамида, тадриҷан шикастаҷон мегардад. Яъне туро қуввати рӯҳонӣ ҳар қадар афзояд, тилисмро қуввати шайтонӣ ҳамон қадар кам шуда, баъди ҳафт моҳ гусехта мешавад. Он гоҳ мо туро маслиҳат медиҳем, ки бо хотири ҷамъ ба Ворух баргардӣ.

Бо таъсири сӯҳбати рӯҳафзо Нигина рӯҳбаланд гашт. Қавл дод, ки чор моҳи боқимонда низ таҳсилро бо раъйи рост идома бахшида, таҳсини устодонро сазовор мегардад, то тилисму ҷоду тамоман нобуд шавад.

Бо чунин азму ният фикри Ворух рафтанро аз сар дур андохту машғулияте кофт, то худро андармон созад. Бисоти аз хона овардаашро тит карда, чашмаш ба китоби докапеч афтид, ки нахустин ҳадяи Мирмалик буд. Бо дили гумзада «Чоргоҳи Маҳастӣ»-ро кушоду аз бӯяш машом муаттар сохт, аммо нахонда, фақат варақгардон кард. Вай азёд медонист, ки гоҳи якум ҳамагӣ сӣ рубоӣ дораду гоҳи дуюм шасту ҳафт ва ин навиштаҳо давраи ҷавонии шоираро дарбар мегиранд. Панҷоҳу шаш чаҳорпояи гоҳи сеюм ганҷавӣ асту фарогири зиндагии пуршӯри Маҳастӣ дар Ганҷа. Панҷоҳу ду рубоиёти гоҳи чаҳорум бошад, дар Балху Марв эҷод гардида, саршор аз латофату ҳурмат нисбати Умари Хайём аст…

Дар дили Нигина хоҳише пайдо шуд, ки рубоиҳои ин ду шоири маҳбубро бо ҳам муқоиса кунад. Вале ҳарчанд кофт, дар ҳуҷра китоби Хайёмро наёфт. Лоҷарам, «Чоргоҳи Маҳастӣ» дар бағал, ҷониби кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифт.

Дар ҳавлии берунаи Байтулхуҷанда ду мӯйсафед ва се ҳамсабақи Нигина рӯйи кати зери боғи ангур машғули сӯҳбат менишастанд. Нигина одоби саломро ба ҷо оварда, ба онҳо халал расондан нахосту бо пайроҳаи хиштфарш рост тарафи китобхона равона шуд, ки дар ҳавлии андарунӣ ҷойгир буду толори равшану барҳаво барои қироат дошт. Аммо китобсандуқҳо дар хонаи алоҳида меистоданду ғайр аз ганҷинадор ҳеҷ кас ба он ҷо намедаромад. Ҳамин асно дарвозаро калон кушода, бо нидои «Ҳеҷ кас ҳаст ё не?» ҳамсоязанаки шинос Муаззама дар даст сабади нонкашонӣ ба ҳавлӣ даромад ва «Эҳ-ҳе, ҷамоат ҷамъ-ку! Самбӯсаи гармак овардам, ҳозир аз танӯр кандагӣ!» гӯён ҳамаро гирди сабад ҷамъ овард.

Баъди тановул ва нӯшидани як пиёла чойи танӯрӣ яке аз пирони маҳосинсафед, ки бузургсолон Шайх Сӯфӣ мегуфтанду ҷавонон Бобо Камоли Хуҷандӣ, ба китоби дасти Нигина мароқ зоҳир намуд:

– «Чоргоҳи Маҳастӣ»-ро аз китобхона барои қироат бурда будӣ?

Нигина ба лабкушоӣ фурсат наёфта, ҳамсоязанак ҷавоб гардонд:

– Ин китоби худаш. Мирмалики хушнавис бо маслиҳати Пирам Подшоҳмарди Валӣ китобат карда, ба Нигина ҳадя бурдагӣ…

– Нигинаи Ворухӣ ту ҳастӣ? – якбора ба ваҷд омад шоири суфимашраб. – Номатро аз бародарам Шайх Маслиҳатдин шунидаам. Бо ин бародари мӯътабар ҳар замон дар соҳили Сайҳун мешинему туро накӯ медорад. Дирӯз Абумуслими Рубобӣ ҳам туро таъриф карду гуфт, ки «Нигина мисли Маҳастӣ дар чордаҳсолагӣ 12 боб ва 24 шӯъбаи мусиқиро пурра ёд гирифта, хуш месарояд, зебо мерақсад ва рубобу чангро хуб менавозад». Офарин туро, эй кабутари навзахма!

Нигина зуд аз ҷой хеста, таъзим баҷо овард. Бобо Камоли Хуҷандӣ бо хушнудӣ сар ҷунбонда, пурсишро идома дод:

– Китоби армуғониро ба китобхонаи Байтулхуҷанда армуғон овардӣ?

– Мехоҳам рубоиёти Маҳастӣ ва Хайёмро муқоиса кунам…

– Ман ҳам туро офарин мегӯям, ки ҷӯёи илм ҳастӣ! – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд мӯйсафеди дуюм ва байте муносиби ҳол хонд:

Наёбад мурод он, ки ҷӯянда нест,

Ки ҷӯяндагӣ айни ёбандагист!

– Мурғи илҳоми бародари мо Аҷабии Хуҷандиро ба парвоз овардан ҳунари ҳар кас нест, эй Нигина! Азеро Унсурӣ табъи зояндаи эшонро банда, Анварӣ бо нури табъи эшон соя бар худ наяфканда ва Муизӣ аз ғайрати такаллуми ин хуҷандӣ дилафканда аст! – бо лутф ба ҳампаҳлӯяш нигарист Бобо Камол. – Ту ба Хайёму Маҳастӣ ишора кардию ёдам омад, ки замоне дар Марв мо бо эшон ҳамнишин будем.

Вақте Маҳастӣ аз Балх ба Марв омад, он пойтахти давлати салҷуқиҳо буду Шоҳи Ҷаҳон унвон дошт ва моро низ ба дарбори Султон Санҷар даъват карданд. Ин подшоҳи бузург Умари Хайёмро бисёр мӯҳтарам ва баландэътибор гардонда буду болои тахт, назди худаш мешинонд. Санҷар, ки табъи шоирӣ дошт, Маҳастиро низ бо хушии бисёр пазируфт, вайро кабутари ҳарам эълон кард ва надимаю ҳамсӯҳбати хеш хонд. Ғайри подшоҳ фақат ҳазрати Хайём ҳақ дошт, ки бо Маҳастӣ бемалол гуфтугӯ кунад. Ҳамин тавр буд, эй бародар?

– Бале. Замоне, ки Маҳастии бистсола аз ҷабри қарохониҳо ба дод омада, Хуҷандро тарк гуфту ба Марв омад, ба ҳусни сурат ва зебоии ҷамол ягон нозанин то зонуяш намерасид. Бар замми ин хеле хушовоз буду шоираи баркамол…

– Эй бародар, мушоираи шоиронро дар мавзӯи «зулф» ёд дорӣ?

Даме ки Аҷабӣ дафтари хотирот варақ мегардонд, Нигина иҷозати сухан пурсид:

– Ин мушоира дар гоҳи дуюми китоби Маҳастӣ тасвир шудааст:

Хуҷандӣ он Маҳастӣ покгавҳар,

Муқарраб шуд ба пеши тахти Санҷар.

Чу рӯзи даҳ баромад, шоҳ як рӯз

Фаро орост ҷашни оламафрӯз.

Маҳастӣ пеши Султон чанг мезад,

Навое бас баландоҳанг мезад…

– Кифоя! – Аҷабӣ дасти рост боло бардошта, аз ҷой нимхез шуд. – Ёдам омад: соқии симтан сари пой истода, маи гулфом паёпай ба ҷом мерехт. Санҷар қадаҳ бар даст бо чашмони хуморӣ рухсораи чун гул шукуфони Маҳастиро нигаристу нигоҳи парешонаш дар зулфи парешон андармон шуд ва мастона хитоб кард:

– Эй шуаро!

Аз «зулф» ҳарф занед ва чаҳорпоя эҷод кунед!

Шуаро ҳамдигарро нигаристанду ғайричашмдошти ҳама Маҳастӣ мушоираро оғоз бахшид ва як чаҳорпояи зӯр хонд, ки матнаш дар ёдам нест…

Нигина дигарбора беқарор шуд:

– Он рубоиро азёд медонам. Иҷозат бошад, хонам.

– Боли парвоз кушо, эй духтари шеърсарой! Бигзор шоира Маҳастиро ровӣ Нигина бошад.

Нигина аз ҷой хесту хаёлан ба Маҳастӣ тақлид намуда, дастонашро дар шакли чалипо сари китф расонду маҳину гӯшнавоз қироат оғоз кард:

Дар вақти баҳор ҷуз лаби ҷӯй маҷӯй,

Ҷуз васфи лаби ёри суманрӯй магӯй.

Ҷуз бодаи гулранг ба шабгир магир,

Ҷуз зулфи бутони анбаринмӯй мабӯй!

Азбаски Аҷабӣ дигар лом накафонд, ҷилави суханро Бобо Камоли Хуҷандӣ ба даст гирифт:

– Таровиши табъи равону завқи саршор ҳамаро ба по хезонд ва аҳсанат аз шоҳу аҳли дарбор толорро ларзонд. Ранги шоирони камҳунар ва тамаъкори дарбор зард гашту фаши салларо парда бар чеҳра сохтанд ва андар уқёнуси тафаккур ғарқ гашта, роҳи тафвиз пеш гирифтанд. Яъне идомаи мушоираро ба ӯҳдаи шоирони хуҷандӣ – ману Маҳастӣ вогузоштанду ҳар кадом дар ситоиши зулф бадоҳатан дувоздаҳ рубоӣ эҷод кардем. Охиру охирон хеле хаста шуда, боз як рубоӣ хондам:

Дилдор чу дар нишот меовезад,

Бас шӯр, ки аз ду зулф меангезад.

Гар биншинад, сабр зи ман биншинад,

Гар бархезад, қиёмате бархезад!

– Ин рубоӣ писанди ҳамагон шуд, – бо лабханди нуронӣ он лаҳзаро ба ёд овард Бобо Камоли Хуҷандӣ. – Дидам, ки дигар зӯрам намерасад, дасти таслим боло бардошта, ба курсӣ пойин нишастам. Маҳастӣ вазъияти маро дуруст фаҳмиду бо меҳрубонӣ сӯям даст афшонда, «Шамъи Тироз» будани лақаби маро ба ҳозирин зеҳннишин карда, паёпай ду рубоии навро ба «зулф» печонду якеро ба шоҳ бахшид:

Дар ишқи ту ҳар сӯй ҳамебояд рафт,

Чун ашк ба ҳар рӯй ҳамебояд рафт.

Дар хидмати зулфайни ту ҳамчун шоҳон

Шарт аст, ки бар мӯй ҳамебояд рафт.

Нигина пас аз хатми қироат саволомез устодони суханро нигарист. Аҷабии Хуҷандӣ риши сафедашро бо панҷа шона зада, орифона гуфт:

– Рӯҳи поки шамшоди бӯстони ҳастӣ Бибӣ Маҳастӣ, ки аз нажоди мардуми ҷалилулқадр ва хонаводаи мӯҳтарам аст, шоду мамнун гардид аз ту, эй духтари ҳуҷастафол! Ҳам кори хайр кардию ҳам суханҳои накӯ гуфтӣ ва ҳам дурҳои маънӣ суфтӣ. Ту омадию мавзӯи сӯҳбати мо дигар шуд, гӯиё шоираи барҷастаи Хуҷанд бо дили шоду фараҳманд ба кошонаи худ омад. Чеҳраи зебо ва ҳусну латофати нотакрори ин малеҳаи фасеҳа, зарифаи шарифа ва зӯҳраи сипеҳри номдорӣ, ки дар мавзунии қаду қомат, таносуби лафзу маъно, ҳусни сурат ва сӯҳбат пешсафу пешоҳанги бонувони порсигӯ буд, мисли сурате дар ойина пеши назарам пайдост, ки бар тарфи баногӯш зулфи парешон дораду бо завқи олӣ ва ҳунари ҳозирҷавобӣ раунатро ба меъроҷ мерасонад.

Хотимаи базми оншаба исботи ин гуфтаҳост. Маҳастӣ, бемуболиға, бо сабки воло қиёмате бархезонд! Султон Санҷар, ки волаву шайдои шоираи ширинадо ва шириншамоил гашта буду барои ҳар рубоии Маҳастӣ як ҷоми пуршароб менӯшид, аз таъсири ду чаҳорпояи охарин сармаст гашта, фармуд, то даҳони шоираро аз зари холис пур кунанд. Сипас нимғурма «баъди Хайём рубоӣ ба Маҳастӣ хатм шуд» гуфту ҷумлае аз охирин рубоӣ ёдаш омаду «дар ишқи ту ҳар сӯй ҳамебояд рафт» гӯён оҳанги дастдарозӣ кард. Маҳастӣ, ки дабираи хушқалам ва надимаи хушсухани султони бузург буд, дарҳол худро қафо кашиду аз тори зулф боз як рубоӣ кушод:

Тан ба ту ба хорӣ, эй шаҳам, дарнадиҳам!

Бар он, ки зи ту кеҳ аст, ҳам дарнадиҳам!

Як тори сари зулф ба хам дарнадиҳам,

Бар об бихусбам хушку нам дарнадиҳам!

Дар базмгоҳ ғавғои рӯзи маҳшар барпо гашту шоҳи ба зулф печида сурх гаштаву хайкардаву шармзада аз маҳфил бадар рафт…

– Баъд чӣ шуд?

– Султони озурда Маҳастии ҳозирҷавоб ва алмосзабонро сахт ҷазо дод: ҷуссаи нозукашро ба пӯсти гови навкушта печонда, бо ресмон ҳалқа баста, ба дастокхона – зиндони яккаҳабси занона андохтанд…

Нигинаро дигар тоқати шунидан намонд. Бо дидаи пуроб, «Чоргоҳи Маҳастӣ» дар бағал ба китобхона даромад ва қабл аз ғуруби офтоб ба ҳавлӣ баргашту Бибинуриро танҳо дид, ки ба кабки қафас обу дон медод. Азбаски ин шуғли доимӣ ва дӯстдоштаи Шайхбобояш буд, ба ҳайрат афтода, шӯхиомез пурсид:

– Бобоям канӣ, ки шумо кабкбон шудед?

– Бобокалонҳоят Марғинон рафтанд.

– Оъ… як моҳ пеш рафта буданд-ку…

– Ман ҳам айнан ҳамин хел гуфтаму аз соҳиби сарам чунин посух шунидам: «Ба меҳмонӣ не, гапфаҳмонӣ меравем. Бародарам Шамсиддин мегӯяд, ки решаи дарахти қарақора аз оби Сайҳун канда шудаасту инро ба шоҳону бузургони Фарғона мебояд фаҳмонд».

– Очаҷон, нафаҳмидам, ки бобоям чӣ гуфтанду шумо чӣ гуфтед?

– Бародарам Бадеуддин доимо давлатдории қарахитоиҳо ва қарохониҳоро ба дарахти қарақора ташбеҳ медоданду мегуфтанд, ки ин пайванд сабзу хуррам намешавад. «Решаи дарахти қарақора аз оби Сайҳун канда шуд» гуфтани эшон чунин маънӣ дорад, ки аз беобӣ танаи дарахт дарҳол хушкида, ба ҳезумпора табдил меёбаду сӯхтаю хокистар шуда, ба боди фано меравад.

– Яъне заволи давлати қарохониҳо фаро расидааст?

– Дуруст дарёфтӣ, духтари тезфаҳми оча. Пагоҳӣ Шоҳмурод башитоб омаду баъди нисфирӯзӣ бобоҳоят рахти сафар бастанд. Падари Мирмаликро ҳамроҳ гирифтанд.

– Шоҳмурод танҳо омад? Бе Мирмалику Сабзалӣ??

– Аз номи Мирмалик ба мо дуруди самимӣ расонду ба бобоҳоят ягон паёми таъҷилӣ, ки зуд ба по хестанду таъкид намуданд, ки агар касе пурсад, бигӯем: «Пеши муридон ва муршидон рафтаанд». Фаҳмо?

– Бале, очаҷон! Аввал дуо кунед, ки сафарашон бахайр шаваду баъд гӯед, ки чӣ хӯрок пазам?

– Рости гап, палави Ворухро хеле пазмон шудаам. Барои ҳардуямон якта ошча паз…

– Хуб шудааст, очаҷон, ошу гап! – Нигина дарҳол сабзию пиёз оварду ҳангоми реза кардан оҳиста сирри дил кафонд: – Ман ҳам, очаҷон, Воруха ҷудо ёд кардагӣ.

Дар насими субҳ бӯйи Ворух аст,

Қиблаи қалбам ба сӯйи Ворух аст!

– Ту ҳам шоира шудӣ?!

– Не, очаҷон. Имрӯз дар Байтулхуҷанда аҷоиб сӯҳбати дилафрӯз доштем…

– Бо ҳамсабақҳоят?

– Онҳо мисли моҳии дарё фақат ғизо хӯрданду садое набароварданд. Бобо Камолу устод Аҷабӣ дар бораи шоира Маҳастӣ нақлҳое карданд, ки ҳангам канд. Медонед, очаҷон, ба ҷойи Маҳастӣ якчанд рубоӣ хондаму… ин байт ҳозиракак… худ аз худ ба забонам омад.

– Яъне камоли ҳамнишин бар ту асар кард? – сухан духӯра гуфт Бибӣ Нурӣ.

– Намедонам, очаҷон! Лекин ба Бобо Камол қоил шудам. Пир менамояд, аммо барнодил…

– Ба тахминат вай чандсола?

Аз навад кам не…

– Шайх Сӯфӣ аз бобокалонҳоят камаш бисту панҷ сол калонтар, шояд саду даҳсола бошад. Вай пири муаммари Хуҷанд асту донишманди закитабъ ва ҳамнишини нек. Номи аслиаш Қавомуддин асту писари Абдуллоҳи тоҷири китоб. Тахаллуси шоириаш Бобокамоли Хуҷандӣ асту суфиёни пандпазир ин устоди гиромиро Камолулислом мехонанд. Шогирди содиқи Шайх Наҷмиддини Кубро асту ҳамсилки Умари Хайём ва роҳнамои Зиёуддини Порсию Сайфуддини Исфарангию Шамси Ҳола…

– Ва ҳамшаҳрию ҳамсангари Маҳастии Хуҷандӣ!

– Дуруст гуфтӣ, духтари оча, онҳо ҳамовоз буданду ҳамовез шуданд. Мегӯянд, ки ин марди шариф баъди ҳабс шудани Маҳастӣ уламою удабои Марвро ба по хезонду ҳамагон Султон Санҷарро водор карданд, ки аз аспи ҷаҳл фурояд ва шоираи ҳақгӯйро аз дастокхона раҳо кунад. Сипас Маҳастиро хеле ташвиқу тарғиб кард, то ба Хуҷанд баргардад. Вале аз тарси қарохониҳои уштуркина шоираи фирорӣ дубора ба Ганҷа рафт. Бо Низомӣ ҳамсӯҳбат шуду бо ҳабиби давраи ҷавониаш манкӯҳа. Яъне бо хатибписар Аҳмад ақди ҳамсарӣ басту то охири умр ҳамроҳи ӯ буд ва дар ин шаҳри ғарибӣ ҷон ба ҷонофарин таслим кард…

Сӯҳбати очакалони хуҷандӣ ва набераи ворухӣ дар бораи Маҳастӣ баъди ошхӯрӣ идомаи тоза пайдо кард. Нигина бо замзамаи байти навэҷод ба ҳуҷраи хоб даромаду бисоти парешон дар рӯйи фаршро дида, аввал завқид, баъд аз пайи ғунучин шуд. Аз бурҷи хона дурҷи гулкорӣ – сандуқчаи хурди чӯбинро, ки падараш аз санавбари кӯҳӣ сохта, қабл аз сафари Хуҷанд тӯҳфа карда буд, назди панҷара овард, то чангу гарди даруну берунашро бо латтаи нам пок кунад. Аз таги сандуқча сӯзану ришта, пӯпаки зоча ва мизроби хокистарранге дарёфта, ҳамаро як сӯ ниҳоду аввал ҳалқаю марҷону ангуштарӣ ва дигар ҷавоҳироти дар ҷашну маъракаҳо ҳадягирифтаашро ботартиб ҷобаҷо гузошт. Сипас лату пут ва қаламу қоғазҳояшро рӯйпӯш намуда, сӯзану риштаю пӯпак ва китоби Маҳастиро аз ҳама боло монд. Сарпӯши бурҷро маҳкам карду мизроб дар даст андешаманд ба ҷойхоб дароз кашид. Зеро ҳеҷ ба ёд оварда натавонист, ки ин нохунаки рубобнавозӣ чӣ хел дар сандуқча пайдо шудааст…

Ҷавобро аз Очанурӣ дарёфт: кампири хубсурат ва хамидақомат дарро бесадо кушода, мобайни ҳуҷра омад ва бо лаҳни гӯшнавоз гуфт:

– Чаро парешонҳолӣ, эй ғунчаи нокушода! Ман омадам, то мушкилатро осон намоям…

– Хуш омадед, эй очаҷони накӯкор! Ана ин мизраб гарангам кард…

– Вай моли Маҳастӣ.

– Моли Маҳастӣ?! Пас…чаро дар дасти ман?!

– Эй ғунчаи нокушода, Маҳастию ту на хешу таборед ва на ҳамдиёред, лек ҷафсу ҷумлаед. Зеро ҳар ду ҳамгавҳаред!

То даме ки аз лабонатон шир равон буду эркаи модар будед, бепарво дасту пой афшонда, волидонро ба аспи шодӣ савор мекардед. Ҳар ду аз хурдӣ ба мактаб рафта, хату савод омӯхтед, аммо ҳам вақти хонарӯбӣ, ҳам вақти косашӯйӣ, ҳам вақти хӯрокхӯрӣ кӯдакона ҷавлон зада, ҷилва мекардед. Падарон зеҳни тезу завқу ҳаваси шуморо хуш пазируфтанду ҳар ду илми адабу мусиқию зебо рақсиданро омӯхтед, зарофату ҳозирҷавобии щумо писанди хосу ом шуд. Ҳар ду дар чордаҳсолагӣ бо шоирони номвари замон ҳамсӯҳбат будеду байти нахустинро эҷод кардед…

Синни чаҳордаҳ нахустин марраи умри духтар асту дар чордаҳсолагӣ аҳли Хуҷанд Маҳастиро моҳталъат мегуфтанд. Зеро равшании ҳусну ҷамолаш миннат бар сари моҳи чаҳордаҳ мегузошту аз ин боис ҳама бо як овоз «Эй Мӯниса, ту Маҳ астӣ!» мегуфтанд…

Эй ғунчаи нокушодаи имрӯз ба умри чаҳордаҳ расида! Мебинам, ки аз бадри мунир камӣ надорӣ, мисли Маҳастӣ ҳамшираи ҷодувони Бобул, дугонаи лӯъбатони Кашмир ва ҳамранги париёни Халлух нозанину маҳҷабин ва шоҳи духтаронӣ…

– Лутфи шумо аз ҳад зиёд шуд, эй модарбузург! Ман як духтари одии рустоӣ. Дар Хуҷанди зебо, ки ҳақиқатан ҳам Тирози ҷаҳон аст, ба ҳар қадаме як лоларухе дил мерабояд…

– Хоксорӣ ҳусни инсон асту зеби ту, ки нозанини нозанинонӣ! Ва барҳақ гуфтӣ, ки Хуҷанди мо аз қадимулайём макони лоларуху симбару лабшакарон аст. Лек онҳо дигаранду ту дигарӣ!

Эй ғунчаи нокушодаи рустоӣ! Ҳеҷ намехоҳам, ки дили ҳамгавҳари Маҳастӣ нолон ва парешон бошад. Барои ҳамин наздат омадам, то дар оғӯши шаб туро модарвор ба оғӯш кашам ва сухане чанд аз таҷрибаи рӯзгор бигӯям.

– Бифармоед, эй модарбузург! Гӯши ману сухани Шумо, дасти ману домани Шумо…

– Мебинам, ки туро бо овози дафу чанг хиромидан хуш асту агар гесӯи шоназада парешон карда, ба саҳна баройӣ, халқе ба по хезаду мардҳоро хун дар дил биҷӯшад ва ҳазору як булбули шӯрида бо тамоми вуҷуд дар пеши поят маддоҳӣ кунад. Ҳаргиз аз худ нарав: хушу хандон ҷилва куну ҷаҳонро хуррам гардон, аммо ба ҳусну ҷамоли диловези худ бисёр ғарра нашав. Дар миёни мардони номаҳраму бегона даст афшон, аммо ҳаргиз ба ному нангу номус даст наафшон! Обрӯй ва шарафи худро бар ивази хушсуханию ҳозирҷавобӣ аз даст мадеҳ. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун: мардон дӯст доранд, ки гулро шипеланд, обаш бароранд ва нӯши ҷон кунанд…

Медонам, ки медонӣ, ки кушоиш аз дари сабр аст. Аз ин хотир, барои ба деҳа баргаштан асло шитоб накун. Дар Ворухи баландкӯҳ кистӣ ту?! Хом монад мевае, ки кам офтоб хӯрад. Дар диёри офтобӣ бузургворон бисёранду ниҳоли бахту орзу аз сӯҳбати бузургон сарсабзу хуррам мешавад. Фақат бо дуои пирон ба майдон даро ва ҳеҷ вақт ба ҷилваи товус тақлид накун, зеро ту кабки хушхиром аз кӯҳи баландӣ!

Обои ту ба насаб сайидони Воруханд, ту ба ҳунар сайидаи Ворух шав!

Нигина хост, худро пеши пойи Очанурӣ партояд. Вай имкон ва иҷозат надоду бо оҳанги нарм гуфт:

– Ҳамду сано бод ба Худованди меҳрубон, ки ду ҳамгавҳарро дар шаҳри Хуҷанд ба ҳам пайваст. Дирӯз акоям бо ишорат гуфтанд, ки навбати Лайлӣ гузашту навбати Ширин расид. Зеро соҳиби мизроб гардид…

Ин мизроби хушбӯйро «Нохуни париён» ном аст. Онро шоҳи париёни Сайҳун ҳини хоби ширин ба Маҳастӣ бахшида буду вақти фирор аз сари шитоб дар токи хона фаромӯш карда рафт. Рӯзе, ки бори аввал ба кулбааш даромадӣ, бехабар аз қисмат, онро барои хотира гирифта будӣ…

«Нохуни париён» мизроби одӣ нест. Тори рубоб ба наво медарораду тори дили аҳбоб ба туғён меорад ва ҳунарманди хушангуштро умрбод шодмону шодкому шодоб медорад. Агар ин мизроб фаромӯш намекард, Маҳастӣ шояд дар зиндагӣ ғурбат намедид…

Ҳолиё ин нохунаки шодиовар моли туст Нигина. Дуо мекунам, ки туро комёбу комрону комраво гардонад!

Очанурӣ тавре ки омада буд, ноаён ғайб зад. Нигина саргаранг ба атроф назар афканду дар кафи даст гармие ҳис кард. Ангуштони гиреҳбаста аз ҳам баркушод ва дар дили панҷа мизроби хокистаррангро дид, ки чун садаф медурахшид. Онро ба сандуқи дил часпонду сидқан ниёиш кард, то «Нохуни париён» нурбахши пайроҳаи навин шавад…

bannerbanner