
Полная версия:
Нигина ва Мирмалик
Ин супориши билкулл махфӣ буд, аммо Адиб Собири зирак ва чолок тавонист онро бо тамоми ҷузъиёташ ошкор созад. Чеҳраи ин ду фидоиро возеҳу равшан рӯи коғаз ба тасвир кашиду хонумеро, ки машқи шеър дошт, киро карда, ду тасвира дар ду соқи мӯзаи вай ниҳод ва оҷилан сӯи Марв фиристод.
Баъди чанде навкарони махсуси Султон Санҷар он ду фидоиро дар хароботе дарёфтанд ва ба қатл расонданд. Чун овози ин фоҷиа ба Ғӯрганҷ расид, Малик Отсизро ҳатто як тора мӯйи абрӯяш хам нахӯрд. Зеро қабл аз вуқӯъ ҳама гуна фарҷоми ҳодисаро ба ҳисоб гирифта буду бе ягон дудилагӣ фармуд, ки дасту пойи Адиб Собири ҷосусро бо ресмон мазбут баста, ба дарёи Ҷайҳун андозанд ва бо азобу шиканҷаи алим ғарқ кунанд…
– Вай ман мурам!! Чунин бераҳмӣ нисбати шоир гуноҳест нобахшиданӣ! Маълум мешавад, ки Отсиз турки золим аст, на шоҳи одил!
– Ҳақ ба ҷониби туст. Баъди ин фоҷеъа аҳли илму адаб аз Отсиз ранҷиданду рамиданд, вайро бо танаффур нигаристанд. Шоҳи ошуфта бошад, хунсардона гуфт: «Агар маро танқид намекард, шояд сабуктар ҷазо мегирифт». Ҳама фаҳмиданд, ки Отсизи ришпаҳнро ду байти Адиб Собир нороҳат кардааст:
Хоҷаро бо ҳама зиштӣ ҳаваси мадҳи худ аст,
Бар лаби Хоҷа чӣ ҷойи ҳаваси бӯса бувад?
Ин ҳамоқат чӣ аҷаб бошад аз ин риши бузург,
Ҳар киро риш бузург аст, хирад кӯса бувад!
Хулласи калом, марги як шоир боиси ҷанги ду амир шуд. Шоҳ Отсиз бо чашмони хунполо муқаррабони худро нигариста, бо лафзи туркӣ хитоб кард: «Вақти он шуд, ки баҳри истиқлоли Хоразм азми ҷанг кунем! Олға7!!»
Лашкариёни Хоразм бо як ҳамла Сарахсро ишғол намуданд ва беист, чун регбоди биёбон, ҷониби Марв – пойтахти салчуқиён дамиданд. Султон Санҷар дар шаҳр набуд. Баъди шикаст хӯрдан дар ҷанги қарахитоиҳо ба дасти туркманҳои ғӯз асир афтода, роҳи наҷот меҷуст. Аз ҳамин сабаб Отсиз ва қушуни ӯро дар остонаи Марв имоми маъруф Аҳмади Бохарзӣ «истиқбол гирифт», то аз хунрезию сӯхтор ва шикан – шикан пешгирӣ намояд. Баҳри дафъи бало рӯи тааббуд бар замин дошт ва аз номи сокинони Шоҳи Ҷаҳон амон хост. Отсиз розӣ шуд, аммо бо як шарт: аҳли Марв амру фармони ӯро бечунучаро иҷро намоянд ва ба мансабдору коргузорони вай халалу зарар нарасонанд.
Имом Бохарзӣ шартро пазируфт. Он гоҳ Отсиз талаб кард, ки чанд тан маъруфон ва аъёну ашрофи Марв бо сарварии фақеҳи ҳанафӣ Абдулфазли Кирмонӣ чун гаравгон ба хаймаи ӯ биёянду Исмоили Ҷурҷонӣ бо онҳо бошад. Ин дархост бузургони Марвро хун наомад магар, ки оммаро шӯронданд, дарвозаҳоро бастанд, чанд намояндаи Хоразмшоҳро куштанд ва аз итоати Отсиз сар кашиданд. Ва сар шуд ҷангу қатлу ғорат! Ҳамлаи хоразмиён хеле бераҳмона буд ва дар қатори ҳазорон сокинону муҳофизон уламои забардасти замон Исмоили Ҷурҷонию Иброҳими Марвазӣ, Муҳаммад ибни Арслону Шариф ал Мусавӣ ва дигар бузургон низ дар талотуб нобуд гардиданд. Хоразмшоҳ Отсиз ба тахти Султон Санҷар нишасту хазинаю дафинаҳоро соҳиб шуд, даҳҳо сандуқи давлатро мӯҳру туғра ниҳод ва бо ғанимату шукӯҳи зиёд ба Ғӯрганҷ баргашта, зиёфати шоҳона орост. Рашидудини Ватвот булбули базм буд ва қасидае хонд, ки чунин матлаъ дошт:
Чун Малик Отсиз ба тахти мулк баромад,
Давлати Салчуқу олии ӯ ба сар омад!
Ин қасида қатрае охире шуд, ки косаи интиқоми Султон Санҷарро лабрез гардонд ва ӯ баробари аз ҳабс баромадан ба ҳар ғозии ҷанговари худ илова бар бистгонӣ дар ҳаҷми сад динори роҷеуннақд мукофот ва либоси фохира доду лашкари азим ҷониби Ғӯрганҷ фиристод, то лашкари Отсиз ба ҳолати зишт бишкананд. Худ солор ба асп нишасту хитобан ба Отсиз бо ҷаҳли ҷибиллӣ гуфт: «Туфу бар ту эй гандаписари бадаслу пастгавҳар, ки тахти моро орзу кардаӣ ва фармудаӣ, ки дар хуни ман шаванд. Агар ба мукофоти ин амал салтанати ғуломзода барбод надиҳам ва ҷонаш набарам, на Султон бошам, на Санҷар ва на салчуқӣ!»
Муҳосираи Ғӯрганҷ хеле ба дарозо кашид ва азбас Отсиз пойтахти давлати худро ба қалъаи дастнорас табдил дода буд, Султон Санҷарро лофу газоф бо масоф мувофиқ наёмад. Лоҷарам барои даъвати қушуни иловагӣ кас фиристод. Инро шунида, хоразмшоҳ, ки дигар қудрату тоқати ҳарбу зарб надошт, тадбир дар ҳилаю тазвир дид ва ба амирону кабирони салчуқӣ ҳадяҳои гаронбаҳо фиристод, то онҳо раъйи Султонро тағйир диҳанд. Ҳамчунин шуд: дами табарро ҳадя гирифту Санҷар узри нӯкизабонии Отсизро пазируфт ва баъди пурра баргардонида гирифтани хазинаю дафина ва мӯҳри подшоҳӣ ва ситондани товони гарон ӯро амон дод.
Тибқи паймон Отсиз аспсавор аз он сӯи дарёи Ому тани танҳо ба соҳил омад. Чун рӯ ба рӯи хаймаи Санҷар расид, дарҳол пиёда гашту дузону нишаст ва замини хидмат бӯсид. Бо ишораи Султон салчуқиён тибли шодӣ заданд ва лашкариёни ҳар ду тараф оҳи сабук кашиданд. Он лаҳза кам касон медонистанд, ки ин муросо муваққатист ва аз ноилоҷист. Шоири дарбор Анварӣ, ки аз марги фоҷиавии Адиб Собир ҳанӯз чашми хунполо дошту нисбати Отсиз кароҳате шадид, ғуломи салчуқиён будани бобои ӯро дар назар дошта, бадоҳатан мутоибае мавзун гуфт:
Нашояд баҳри одоби надиме,
Дигар бар ҷону дил меҳнат намудан.
Ки боз ояд ҳама кори надимон
Ба силӣ хӯрдану дашном додан…
Султон Санҷар ишораи шоирро фаҳмид. Таҳдор хандид ва таҳдор гуфт: «Ин надим ҷони ширини мо аз теғи надимон наҷот дода буд. Мо соф шудем!»
Нигина, ки хомӯш, аммо саропо ҳӯш даҳони шоирро менигарист, дарҳол пурсид:
– Рости гап, нафаҳмидам, ки сухани Санҷар чӣ маъно дорад?
– Ишораи Султон Санҷар ба як ҳодисаест, ки дувоздаҳ сол қабл рӯй дода буд… Султон баъди фурӯ нишондани исёни балвогарони Бухоро барои рафъи хастагӣ азми шикор кард. Отсиз он замон сояи Султонро ҳамқадам буд, вале аз сабаби беморӣ ба шикоргоҳ рафта натавонист. Аз қазо ҳамон шаб чанд ғулому хидматгор, ки фикри нобуд кардани Санҷар дар сар доштанд, ба иттифоқ ҷамъ омада, Султони сархуш ва танҳоро ба иҳота гирифтанд. Чун шоҳи хастаҳол аз пой афтод, ҳабаше пилтан корд аз ғилоф кашид ва барои зарбаи ҷонкоҳ даст боло бардошт… Маҳз дар ҳамин асно панҷаи оҳанини Отсиз бозуи ғулом ба чанг гирифту дар як мижазанӣ ӯву ҳамроҳонашро дасту гардан бишкаст ва шоҳро аз чанголи марг раҳо кард.
Султон Санҷар вақте ба худ омад, баъди шукру сипос аз Отсиз пурсид, ки «чӣ гуна аз фоҷиа хабардор гардид ва ба чӣ тариқ ин ҷо расид?» Отсиз кӯтоҳу мӯъҷаз гуфт: «Айнан ҳамин ҳабаши бадафтро дар хоб дидам, ки ба сари мубораки ҳумоюнӣ ханҷар кашидааст. Парида аз ҷой ҷастам ва парида ин ҷо расидам!»
Султон Санҷар ана ҳамин рӯйдодро дар назар дошта, «мо соф шудем» гуфт. Лек шоир Анварӣ баъди як лаҳза хомӯшӣ ҷуръат пайдо карду лаб ба гуфтор кушод: «Зиндагии подшоҳи ҳумоюнбахти мо дароз бод дар сиҳҳати бадану фарози умр! Он чӣ, ки фармудед, ғояти ҷавонмардист. Ҳусни раъй ва риояти каломи шумо тафохури мост. Аммо оқилон фармудаанд, ки кори мори думбурида нест кори сарсарӣ»
Султон бо оҳанги қатъӣ посух гардонд: «Эй шоири меҳрубон! Ҳар чӣ мегӯӣ, ҳама рост асту дуруст. Аммо аз касе қарздор будани подшоҳ хуб нест ва пайдост, ки дар олам ягон сир дар нуҳуфт намонад. Мо шарти банданавозӣ ба ҷо овардем ва пой аз гил баркандем. Агар он гандападар боз ба рағми мо сар бардорад, сад пора накунамаш – Санҷар набошам!»
Аксулсадои дӯғу даранги салчуқшоҳ аз гӯшҳо дур нарафта, хоразмшоҳ дигарбора сар бардошт ва савораҳои бодпарвози ӯ ба тасарруфи Ҷанд раҳсипор шуданду қади роҳ дигар вилоятҳои соҳилии Сайҳунро забту ғорат намуданд.
Султон Санҷар бағоят дар хашм шуд ва сипоҳиёнро дастур дод, ки Ғӯрганҷ ба хок яксон кунанд. Ин амрро шунида, Отсиз балоро аз пойтахт дур андохт ва қалъаи Ҳазорасп размгоҳ қарор дод. Лашкари салчуқ ин дижи қадимаро ба муҳосира гирифтанд. Шоир Анварӣ чун ҳамеша дар рикоби Санҷар буд ва дарҳол силоҳи хеш ба кор андохта, дар мадҳи Санҷар рубоие навишт:
Эй шоҳ, ҳама мулки ҷаҳон ғасб турост,
В-аз давлату иқбол ҷаҳон насб турост.
Имрӯз ба як ҳамла ҳазор асп бигир,
Фардо Хоразму Ҳазорасп турост!
Бо амри Санҷар ин навиштаро ба тири камон печонда, ҷониби қалъа парронданд.
Отсиз рубоиро бо тамасхур қироат карду шоири дарбори худро бо табассум нигарист. Рашиди Ватвот дарҳол давот ба даст бигрифт ва ҷавобияи зер рӯи коғаз овард:
Шоҳо, ба ҷомат маи соф аст, на дурд,
Аъдои туро зи ғусса ғам бояд хӯрд.
Гар хасми ту, эй шоҳ, бувад Рустами гурд,
Як хар зи Ҳазорасп натавонад бурд!
Чун ҷавобия ба самъи Санҷар расид, мисли раъд ғуррид ва амр кард, ки Ватвотро дастгир карда, ба ҷазои алим гирифтор кунанд.
– Баъд чӣ шуд?
– Баъди ду моҳи муҳосира шоир, бо ҳукми тақдир, бандӣ шуд ва султон фармуд: «Ватвот садпора кунед!»
Рашидадин хандид ва гуфт: «Эй шоҳи олам! Раъйи Шумо олист. Аммо иҷрои он номумкин аст!»
Шоҳ пурсид: «Чаро?!» Шоир гуфт: «Ватвот паррандаест хурдакак. Онро садпора кардан амрест муҳол! Лутф намоед ва бифармоед, ки Ватвот дупора кунанд…»
Аз лутфи бамаврид Салтон хандид ва гуноҳи шоир бубахшид…
Бо чеҳраи хандон аз гуноҳи Отсиз ҳам гузашт. Вале ин охирин сулҳу охирин ҷанги ду султони ғаюр набуд. Ба ибораи Ватвот «таазуроти ботил ва таҳаккумоти фосид» эшонро то нафаси охир дунболарав шуд. Ба ҳукми сарнавишт ҳар ду дар як сол – пешу қафо ҷон ба ҷаббор супориданд ва ғайри ин қазия аз давлату сарвати беҳисоби худ ҳатто нонпорае бо худ набурданд…
Нигина муддате хомӯш истода, шунидаҳояшро ҳазм карду бесаброна пурсид:
– Пас аз Отсиз навбати подшоҳӣ ба кӣ расид?
– Ба Эл Арслон! – гуфт Сайфуддин ва афзуд. – Вай инсони азиз буд, аммо ҳукмрони оҷиз. Аввали кораш бебарор буду оқибати кораш бахайр нашуд. Қариб буд сулолаи Хоразмшоҳиёнро аз тахту тоҷ маҳрум гардонад…
Шоири таърихдон болои ароба беҳаракат нишаста, қиссаҳои талхи он рӯзгоронро муфассал ба забон овард:
– Ҷисми Отсиз дар Ҳабушон фалаҷ гашту писари калониаш Эл Арслон, ки то лаҳзаи вопасин дасти рости падар буд, дар ҳузури шоҳидони мӯътабар камари мурассаъ – аломати хоссаи подшоҳиро соҳиб шуд. Вале дар пойтахти мамлакат – Ғӯрганҷ гапу кор дигар буд. Сулаймони бекамар – писари хурдии Отсиз беиёру бедаринг ба тахти подшоҳӣ нишаст! Ин ҷавони худхоҳ ва худрой Алхитой лақаб дошт, зеро аз хурдсолӣ панду насиҳати ягон касро ягон зарра ба маҳаки эътибор намегирифт ғайр аз сухани амакаш Юсуф ва атобакаш8 Улуғбек…
Аз аҳдшикании наздиктарин наздикон ранҷу доғи Эл Арслон саъбтар шуду мотами дили валиаҳди ҷомасиёҳ аз ҳад гузашт. Зеро ноҷавонмардии бародари ҳамхун аз мотами орзуҳои шоҳонаи ӯ дарак медод. «Бишкан сараш, чу аҳд бишкаст!» – зери лаб ғуррид Арслоншоҳ ва амирону сипоҳонро водор намуд, то барфавр савганд бар забон оваранд, ки сари иродат аз хоки пои ӯ барнамедоранд. Дигар фурсати истихора набуд ва азбас дар сиёсати салтанат таъхир тадбир нест, оҷилан аз Хуросон ба Хоразм шитофта, Сулаймоншоҳу Юсуфу Уғулбеку думравони эшонро беамон ба қатл расонд ва аз бадхоҳон ғами дил ситонд.
Бо вуҷуди ин аз ғам осуда нашуд. Зеро кӯчиёни биёбонӣ аз рӯи мақоли «марги хар бошад сагро арӯсӣ» амал карда, ҳалокати Отсиз ва кашокаши писарҳои ҷоҳталаби ӯро фурсати муносиб дарёфта, вилояти Ҷанд ва атрофи онро зарбу ғорат карда буданд. Эл Арслон, ки аллакай Шери жаён лақаб дошт, боз чун раъд ғуррид ва шамшери ислом бар сари бединҳо чун раъд дурахшид. Шоҳи ғолиб бо сари баланд ба Ғӯрганҷ баргашту баъди иди Рамазон рӯ ба Хуросон гардонд, то орзуи хазонгаштаи падар зи нав сабз гардонад. Аз сарҳади кишвари хеш қадаме чанд нагузошта, шаҳри Насо осон забт намуд ва бо лашкари гарон сӯи Нишопур роҳ пеш гирифту бо як ҳамла онро ишғол намуд. Бо мурури замон Байҳақу Сабзавор, Рай, Абҳару Занҷону Қазвинро низ тобеи худ кард ва ба чор атроф фатҳномаҳо фиристод бо имзои Тоҷ-ад-дунё ва-д-дин, Малик-ат-турк ва-л-аҷам Эл Арслони Хоразмшоҳ. Аммо… азбаски қарахитоиён чанд сол боз хироҷи ваъдакардаи падар ва писарро нагирифта буданд, баъди тохтутози бебарори Эл Арслон ба Самарқанду Бухоро тоқаташон тоқ гашту ба Хоразм ҳамлаи шадид карданд.
Эл Арслон бо хайлу сипоҳи худ ба Омул оқиб нишасту фармуд, ки сарбанди дарё бикушоянд, то роҳи Ғӯрганҷ зери об монад ва душман гузашта натавонад. Аммо аз ин тадбир ҳукми тақдир дигар нашуд ва шоҳи бахтбаргашта ҳарчанд кӯшид, зафар ӯро дигарбора ёр нагашт. Мубтало ба касалии бедаво ҷон ба ҳақ таслим кард…
Нигина беихтиёр оҳи дардноке кашида, ҷониби қибла нигаристу ғуруби офтобро ба хатми подшоҳии Эл Арслон ташбеҳ дода, хастаовоз пурсид:
– Баъди Эл Арслон подшоҳи ҳозира ба тахт нишаст?
– Падараш Аловиддин подшоҳи мамлакат шуд, аммо на ба осонӣ! Бо амри тақдир қиссаи ба тахт нишастани Эл Арслон ва муборизаю кашмакашҳои ӯ бо бародараш Сулаймон тарзи дигар такрор гардид.
Шоҳони Хоразм одате доштанд, ки аз решапайвандони хеш ба ҳар шаҳр якеро омил намоянд, то амонати он иқлим пурра ӯро дар гардан бошад, молу ҳол ва ҳатто нақши пои қозию шиҳна, мӯҳтасибу бозаргон ва ғайра чун дар оинаи сикандарӣ баръало бинад ва ҳақиқати пок ба шоҳаншоҳи муаззам бевосита ва дарвақт маълум кунад. Бо мулоҳизаи он, ки Ҷанд вилояти сарҳадӣ ва саргаҳи мусулмонободӣ ба ҳисоб мерафту дар умури давлатдорӣ мавқеи хоса дошт, Эл Арслони Хоразмшоҳ писари калониаш Аловаддинро ҳокими Ҷанд таъйин намуда, барои ба тахти подшоҳӣ шинондани ӯ майл дошт. Ин ба табъи Тэркенхотун – модари ӯгаи Аловаддин намефорид. Нуфузу эътибори вай камтар аз шоҳ набуд ва ба он муваффақ шуд, ки писари хурдиаш Султоншоҳ валиаҳди тахту тоҷ гардад.
Ин хабари номатлубро элчии Тэркенхотун ба самъи Аловаддин расонид ва иловатан гуфт: «Амри олӣ чунин аст, ки Шумо ҳар чӣ зудтар ба Ғӯрганҷ ҳозир шаведу ба шоҳаншоҳи нави Хоразм савганди садоқат изҳор кунед!»
Аловаддини Текиш сахт барошуфт ва девонавор хандиду гуфт: «Султоншоҳ фақат ба ном султону шоҳ аст, вай на ҳокими сари мо, балки додараки кӯчаку қадпасти аз миён поёни мост!!»
Тэркенхотун медонист, ки бахти баланди Султоншоҳ боиси ихтилоли ҳавоси Текиш мешавад, аммо чунин ҷавоби дурушт ва ихтилофи шадидро нигарон набуд. Лаҳзае ақлаш тира гашт ва мавкиби якҷилави худро фармуд, ки сӯи Ҷанд тундбод шаванду волии саркаш ва тундсуханро дасту по баста, бо аспи тундрав, бо хории ҳар чӣ тамомтар, кашон-кашон биёранд.
Гурӯҳи саворони хосаи Тэркенхотун аз дарвозаи Ғӯрганҷ набаромада, шоҳписари паршикаста аллакай ба пойтахти қарахитоиён – Баласоғун расидаву ба сӯҳбати маликаи онҳо Чэн Тян мушарраф гашта буд. Вай дар оғози муколама оиди модарандар ва фитнаю дасисаҳои ӯ шоирона қиссаҳо гуфта, нобакориҳояшро бо сад ранг тасвир карду фаҳмонд, ки дарахти макри Тэркен сад реша андар ҳар реша дорад ва аввалин нияти нопоки вай тасарруфи тахту тоҷи маликаи қарахитоиҳост. Бинобар ин аллакай худашро Маликаи Ҷаҳон эълон кардааст.
Текиш охирин сабзаҳои умеди андакашро бо ашки шашқатор шодоб гардонида, Маликаи муаззамаро модар хонд ва хайрхоҳи хеш гардонд.
– Якумр фарзанди ҳалқабаргӯши шумоям ва хироҷи Хоразм бароятон бо ду дасти адаб меорам!
Ҷумлаи охирин қулфкушо гашт ва Малика Чэн Тян бо гӯшу ҳуши занона вовайлои модархонда бишнид ва ба имдодаш расиданро маслиҳат дод. Мухтасар ва қатъӣ гуфт: «Барои ту он чӣ имкон бошад, накӯӣ кунам!»
Лашкари қарахитоиҳоро Фума – шавҳари Малика Чэн Тян фармондеҳ буду Текиш – сорбон. Раҳораҳ шаҳру вилоятҳои соҳили Сайҳунро мусаххар ва хироҷгузор намуда, охири тирамоҳ ба Хоразм наздик расиданд. Аз нисф зиёди сипоҳиён аллакай муслимин ва фармонбардори Текиш буданду бо ҳамҳамаи даҳшатрез ба Ғӯрганҷ ворид шуданд. Текиш ба тахти подшоҳӣ нишасту ҳар сол як-ду кишвареро фатҳ намуда, сарҳади мамлакати Хоразмшоҳиёни Кабирро то сарҳади хилофати араб расонд. Вақте вай дар Ироқи Аҷам меҷангид, шумхабар омад, ки Султоншоҳи гуреза «пойгаҳи хилват – гурбаро давлат» гӯён ба Хоразм ҳуҷум оварда, Ғӯрганҷро муҳосира намудааст. Оташи ғазаби Отсиз ончунон баланд аланга зад, ки имкони хомӯш кардан набуд ва бо суръати аз боди самум тезтар ҷониби Марв тохт. Аввали моҳи рамазон ба Абевард расиду миёнаравҳо айёми муборакро таъкид намуда, ҳарфи оштӣ оғозиданд, вале хоразмшоҳи ғаюр дигар ҳеҷ касро гӯш накард ва бо як ҳамла Сарахсро ишғол намуд. Мустаҳфизи қалъаи подшоҳӣ Бадриддин дарҳол калиди хазинаю дафинаро чун ҳадяи идона ба Текиш супорид. Аз ин хиёнат рӯзи равшани Султоншоҳ ба шаби тор табдил ёфту баъди ду рӯз – дар арафаи иди фитр чашм аз олам пӯшид.
– Ин хоразмшоҳиён бераҳму золим, бародаркуш будаанд! – гуфт Нигина ва ба назараш чунин намуд, ки аз дуриҳои дур, аз қабати осмонҳо Текиш сӯяш менигарад.
– Ҳар кадомашон ҳар хел. Лекин Текишро аз ҳад зиёд золим ҳисобидан норавост. Вай нисбати фуқаро ва сарбозон меҳрубон буд. Аз ин хусус мисол бисёру якеро намуна меорам, ки дар Бухоро шунидаам. Отсиз бо лашкари гарон ин шаҳри бузургро муҳосира намуда, ба ғалабаи осон умедвор буд. Вале сокинони далеру гарданшах мардонавор муқобилият нишон дода, «болои сӯхта – намакоб» хоразмшоҳро, ки як чашмаш аз захми тир нобино гашта буд, девонавор масхара карданд: ба саги якчашма ҷавшану калонсув – кӯлоҳи хоразмӣ пӯшондаю болои девори қалъа бароварда, бо оҳанги масхара нидо бароварданд: «Ана подшоҳи Хоразм!» Баъд саги бечораро тирборон карда, аз болои девор каллапо партофтанду «Мана подшоҳи Хоразм!» гӯён таҳқир ба авҷи аъло расонданд. Сарбозони Текиш аз ғазаб дандон хойида, масхарабозҳоро «аҷинаҳои кофир» номиданду гуфтанд, ки ҳама бухориёнро мисли сабзию пиёз реза-реза мекунанд. Вале, баъди фатҳи Бухоро, Текиш сарбозонашро аз қатли ом боздошта, гуноҳи бухориҳоро бахшид…
Текишшоҳ моҳе як маротиба бори ом медод ва дарди дили халқро мешунид. Оҳангареро ба қабули подшоҳ шарафёб гашта, бе ягон муқаддима гуфт: «Дар китоби шариф навиштаанд, ки мӯъмин бародари мӯъмин аст. Агар ба ин сухан эътимод дошта бошӣ, пас ману ту бародарем ва хоҳиш мекунам, ҳақи маро аз хазина ба дастам супор, ки сахт эҳтиёҷмандам». Текиш фармуд, то ба он мард даҳ динори тилло диҳанд. Оҳангар пул дар ҷайб пинҳон карда, бо оҳанги ранҷиш гуфт: «Магар ҳақи бародар аз хазинаю дафинаи бешумори подшоҳ ҳамагӣ даҳ динор аст?» Текиш хандид ва чунин посух гардонд: «Бархезу аз пайи зиндагӣ шав, ки агар дигар бародарон низ мисли ту густох шаванд ва ҳақи хеш талабанд, шояд ба ту як танга нарасад!».
Нигинаро ҳозирҷавобии подшоҳ хуш омаду дандоннамо табассум намуд. Сайфуддин дарҳол қиссачаи аҷоибе замима кард:
– Пештарак гуфта будам, ки шоҳ Отсиз ба порсӣ шеъри равон менавишт. Иловатан мегӯям, ки шоҳ Текиш хунёгари хушовоз буду дар навохтани уд маҳорати комил дошт. Шабе дар гулзоре бо лоларухе ҷимбазм ороста, бо лаҳни гӯшнавоз байт мехонд:
Аз омаданат агар хабар медоштам,
Дар пеши раҳат гули суман мекоштам.
Дар авҷи суруд шарфаи пойи бегона шунид. Аз қасди нопоке пай бурда, бадоҳатан матни сурудро тағйир доду пардаи овозро баландтар бардошт.
Аз омадани ту чун хабар ёфтаам,
Дар пеши раҳат доми аҷал сохтаам.
Вақте нақароти нав бори дуюм садо дод, аз пушти дарахт марде ҷонҳавлӣ қафо гурехт. Посбонҳо дар як мижазанӣ дастгираш карданду маълум шуд, ки халифаи Бағдод барои куштани шоҳи Хоразм қотили кироя фиристода будааст…
– Барои чӣ?
– Ироқи Аҷамро зери тасарруфи худ даровардани шоҳи Хоразм қаҳру ғазаби халифаи арабро ба туғён овард. Вай сараввал ба хубию хушӣ Хоразмшоҳро ба итоат даъват карда, ба Текишу писараш Қутбиддин либосҳои фохираю тӯҳфаҳои гаронбаҳо ва хати маншур фиристод, ӯро Султони Хуросон хонд. Вале Хоразмшоҳи мағрур аз аспи ғурур поён нафуромада, баръакс, боисрор талаб кард, ки дар маркази хилофат хутба ба номи Текиш хонда шавад. Албатта, аз чунин шакокӣ халифа Носир сахт шӯрид ва исмоилиҳоро бар рағми «Хоразмшоҳи азхудрафта» шӯронд, ки размандаҳои ҷонфидо ва силаҳшӯри бисёр доштанду он қотили зархарид ҳам узви ин тоифа буд. Аз ҷониби дигар сипоҳиёни халифа низ ба ҳуҷум гузаштанду муҳорибаҳои шадид муддати мадид идома ёфт…
Текиш нахуст кори исмоилиёнро яктарафа карда, баъди ғалабаи қатъӣ дар Аламут барои забт намудани Ироқи Араб ва пойтахти хилофат лашкари азим гирд овард. Шӯре дар олами ислом бархост! Дар ин ғалмағал нидои шоири ҳаҷвнигор Заҳириддини Форобӣ аз ҳама баланд садо дод: «Эй шоҳи Хоразм! Акнун ки Ироқи Аҷамро соҳиб шудӣ, осуда нашин, лашкари ғаррор ба Ироқи Араб бифирист, то чун мӯру малах ба зодбуми ислом ҳамла оранд, хоки поки шаҳрҳои мунаввару муаззам олуда гардонанд, махмали сабзи Каъбаро ба яғмо баранд ва рӯҳи муқаддаси пайғамбари гиромиро ноором кунанд. Сипас ба атроф якчашма нигару бифармо, ки лашкариёнат масҷиду мадрасаҳоро мисли хору хас бисӯзанд, уламои хирадмандро нимкушта ба оташ андозанд ва аз сари бузургворон калламанораи баланд чун кӯҳи Арафот бисозанд. Баъде ки ин ҳама амали шайтонӣ анҷом медиҳию кофир мешавӣ, он гоҳ сари халифаро аз тан ҷудо карда, ба қоони қарахитой бифирист, то ба лақаби «кофири мутлақ» сазовор шавӣ…»
Ҳаҷвияи тунду тез дуд аз димоғи Текиш баровард ва ҳадаҳа фармон дод, ки Форобиро аз таки замин бошад ҳам, дастрас намоянд, то нахуст ӯро «нимкушта ба оташи дӯзах» андозад. Навкарон ба чор тараф тохтанду бо амри Парвардгор Азроил сӯйи Текиш шитофт ва дар нимароҳ – қарибии шаҳри Нишопур «шоҳи тираақл» ҷон ба Ҷаббор супурд…
Ҳикояти андалеби хушнавои исфарангӣ чун ба нуктаи таммат расид, Нигина беҳолона луқма партофт:
– Камакак дам гирем… Хеле хаста шудам…
Сайфуддин фаҳмид, ки ба гапу таърихбофӣ саргарм гашта, тай шудани масофаи тӯлониро ҳатто пай набурдааст.
– Баъди як зум ба Шамохақалъа мерасем. Аз он ҷо то Ғӯрганҷ як қадам роҳ Андаке тоқат куну ҷумлаи охиринро шунав: расо баъди як моҳи вафоти шоҳи Хоразм – рӯзи бистуми моҳи шаввали соли 5969 писари Текиш аз Турконхотун – шоҳзодаи сиюҳафтсола Қутбиддин ба тахти хоразмшоҳӣ нишаст…
Сайфуддин аз гуфтор лаб фурӯ баста, бо нигоҳи санҷиш ҳамсӯҳбаташро нигарист. Нигина маънии нигоҳи шоирро зуд сарфаҳм рафт ва ҳарфе нагуфта, ба қафо сар гардонду хаёлан деҳаи Ворухро пеши назар овард: ҳабдаҳ сол муқаддам, маҳз дар ҳамин рӯзи муборак вай чашм ба олами ҳастӣ кушода буд… Он вақт ғайр аз Абдулмаҷиди шоир ягон кас бовар надошт, ки моҳи навтулӯъ ва шоҳи навзуҳур зери гунбади кабуди Хоразм ҳамқирон мешаванд. Аммо шуд, он чӣ Худо мехост ва инак, кабутарак дар остонаи ҳарам қанотак мезанад. Соҳиби ҳарам ӯро чӣ сон қабул мекарда бошад?
Пурсиши хотимавӣ посухи мухтасар дарёфт:
– Шоҳаншоҳи соҳибмурувватро надидаам. Фақат ҳамин қадар медонам, ки уламо ӯро подшоҳи мукаррам мехонанду шоирон комрон мегӯянд ва сипоҳиён мӯҳтарам медонанд. Давомашро дар Ғӯрганҷ мебинем, валлоҳу аълам биссавоб…
Равзанаи якум. Нахустпайки шодӣ аз боби дар ду рӯз ду модарбузург ёфтани ду ҳунарвари «Сойкелдӣ»
Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар пойтахт ҳузур надошт. Шаҳнаи Ғӯрганҷ Сарир Малик ҳангоми истиқболи расмӣ дар назди дарвозаи шарқӣ ин хабарро ба Шоҳзода Ҷалолиддин гӯшрас карду баъдан тафсилот дод, ки муҳорибаи ҳалкунанда бо қарахитоиҳо дар арафаи анҷомёбист ва хоразмиён дар ҳама ҷабҳаҳо пешсафу пирӯзанд.
– Аждаҳои пир ба танг омадааст, – гуфт шаҳна. – Анқариб подшоҳи пирӯзбахт ва пирӯзразми мо чун ҳамеша фотеҳу сарбаланд ба Ғӯрганҷ бармегарданд.
– Моро дастур ҳаст, ки ба кӯмаки падар шитобем?
– Ҳазрати ҳумоюнӣ аз касе мададе ва ионате тамаъ надоранд. Ҳатто хидмати Кучлукро рад кардаанд.
– Кадом Кучлук?
– Он хонзодаи найманӣ, ки аввал ба гӯрхон домод шуду баъд исён карду душман шуд.
– Донистамаш, одами дилпур не ин Кучлук. Аз паканаи балвогар ҳар лаҳза бояд эҳтиёт шуд. Салоҳи кор дар он мебинам, ки ҳар чӣ зудтар худро ба паҳлӯи падар расонам!
Азми Ҷалолиддинро шунида, дили нозуки Нигина ношод шуд. Вайро ваҳм пахш кард, ки агар шоҳзода ӯро партофта равад, дар шаҳри мусофирӣ, мобайни одамҳои бегона чӣ кор мекунад?! Саволомез ба Сайфуддин нигарист ва ӯро низ банди хаёл дида, зиқиаш дучанд гашт. Вале овози шоҳзода Ҷалолиддин орому осуда садо дода, ҳама тирагиро бартараф сохт. Вай бо имои ангушт Шоҳмуроди Кӯҳистониро наздаш хонд:
– Эй саркарда, меҳмонҳоро ба саройи ман бубар. Маро мебояд аввал вазир ва модаркалонро зиёрат карда, маслиҳатро пазонам. То сару гардан шустани шумо расида меоям.
Аз ишораи шоҳзода Нигина, ки ҳафтае ду бор нохун мечид, шарм дошт. Зеро ба ёд овард, ки як моҳ ин тараф мӯйи сар боз накардаву гармоба надидааст ва чун ба ойина нигарист, хиҷолаташ дучандон шуд. Хайрият ки канизаки хидматгузор дарҳол ба гармоба бурду шамъ барафрӯхта, дасторчаю шонаю лунгӣ ва собуни мушкбӯй овард, бухорро баланд кард, ӯро ба суфаи мобайн шинонда, оби фотир бар сараш рехт. Нигина чирку чангу гарду ғубори роҳро покшӯйӣ намудаву нохунҳои дасту пойро чида, мисли пештара шабеҳи гулбарги тару тоза гардид ва бо либосҳои наву шинаму зебо ба хонаи пазириш омад.
Ғайричашмдошт, Мирмаликро дид, ки ханда бар лаб танҳо нишастааст. Ӯро танҳо дарёфта, ончунон мутаҳаййир гашт, ки ҳатто салом гуфтанро фаромӯш кард:
– Шумо?! Кай омадед?? Чӣ хел омадед, ки дар ду моҳи сафар ягон бор надидам?!