Читать книгу Нигина ва Мирмалик (Додохони Эгамзод) онлайн бесплатно на Bookz (17-ая страница книги)
bannerbanner
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва МирмаликПолная версия
Оценить:
Нигина ва Мирмалик

4

Полная версия:

Нигина ва Мирмалик

– Оре, модарбузурги меҳрубон, андарзи нек равшангари роҳи мост.

Дилоромбону бо нигоҳи пурмеҳр Нигинаро нигарист:

– Мебинам, ки ҳарчанд гулӯбанде бо як дирам сим дорӣ, вале ба хубӣ ва ҳусну ҷамоли ҷавонӣ дар Ғӯрганҷ нафаре баробарат нест! Огоҳ бош: дар ин шаҳри ҷамил аз манзарҳо ва ғурфаҳо ҳар лаҳза хубрӯе оламгир хештанро ҷилва медиҳад ва ин ҷо ҳама наззорачиёни рӯйи хубонанд, аммо оне қадр дорад, ки ҷайбе пур аз дирам дорад! Имрӯз, ки ҷавониҳои моро ба ёди мо оварда, хушнуд гардондӣ, ҳуққаи сабзи айёми шабоб ба ту мебахшам. Дар ин сандуқчаи марворид ҳама ҷавоҳироту ороишоти даврони гулдухтариям маҳфуз аст ва акнун моли ҳалоли туст! Азбас ҳунар дорию гавҳар надорӣ, ҳеҷ намехоҳам, ки аз барои андак чизе назди дигар хотунҳо худро беқадр кунӣ…

Канизаке дорем гулдасту хушодоб, номаш Зулфӣ аз Самарқанд, ӯро низ ба ту мебахшем. Вай аз ҳариру ҳуллаву пароно бароят либосҳо медӯзад, мӯятро шона зада, кокулонатро майда бофта, гесувонатро бо мушку анбар муаттар месозад, чашмонатро сурмасор намуда, ба тамошои шаҳр мебарад. Он гоҳ сари мо, аз ифтихор, ба осмон мерасад. Зеро ҳусни ту дар Ғӯрганҷ намеғунҷад…


* * *


Рӯзи дигар Нигина донист, ки тутуқ чодари бузурги барҳаво будааст дар миёнҷойи гулбоғи шоҳаншоҳӣ ва дар ин нишемангоҳи олимаҳалу оинабандон Худованди ҷаҳон, Маликаи бонувони олам Улуғ Турконхотун ҳафтае як маротиба аҳли ҳунарро бор медодааст. Вақте ба вай навбат расид, дарбон ба Шакархотун ва Зулфӣ иҷозати вуруд надоду лоҷарам худаш танҳо ба хиргоҳ даромад. Дид, ки бар тахти пешгоҳ кампири хушлибосе бо кару фар нишаставу аз ду ҷонибаш ду канизаки хубчеҳра бодбезан бод медиҳанд. Чанд қадам пештар рафту таъзим ба дараҷаи олӣ намуда, бо лаҳни булбули хушнаво салом гуфт:

– Дуруд бар Шумо, эй Худованди ҷаҳон ва Маликаи занон ва офтоби замон!

Даҳ-дувоздаҳ нафар занони хушлибосу рангинчодир – дилбанду фарзанду пайвандон, муқаррабон ва муҳаррамони баландпояи дарбори ҳарами подшоҳӣ, ки дар курсиҳои поёнӣ менишастанд, аз таҳнияти ғайримуқаррарии духтараки ҳусну ҷамолаш ғайриодӣ ҳайратзада шуда, бо нигоҳи савол Турконхотунро нигаристанд. Хайрият, ки таҳнияти озоду самимона ба табъи нозукаш хуш омаду бо ишораи сар ҷавоб гуфт, яъне саломро пазируфт.

Атрофиён низ баробар сар ҷунбонда, оҳи сабук кашиданд ва ҷуръати Нигинаро сутуданду боз Турконхотунро нигаристанд, ки чӣ мефармояд. Худованди олам бо чашмони нимкоф сар то пои Нигинаро чену барчен карду бо лабханд гуфт:

– Ваҳ-ваҳ, афтат чӣ хушрӯ! Пештар биё, беҳтар бинамат.

Пояндози мулойимро озоре нарасонда, Нигина наздиктар рафт. Баръало дид, ки ба рӯйи беранги Турконхотун сурхӣ дамиду пешонии пурожангаш ҳамвор, чашмони тангаш кушода ва лабхандаш фарохтар шуд ва бо такаббур гуфт:

– Эй хотунҳо, ба ман қоил шавед! Баъди он, ки дасти шафқат ба сараш гузоштам, Ҷалолиддини сангдил заршиноси асил шудааст. Бинед, ба хидмати онакалонаш чӣ хел тӯҳфаи шоҳона овардааст!

Ҳама баробар «Қойил мо!» гуфта, бо чашми ҳавас Нигинаро нигаристанд, ки аз шарму ҳаё рангаш мисли лолаи аҳмар арғувонӣ гашта, дучанд зебову раъно менамуд.

– Ҷалолиддин гаштаю баргашта илтимосу илтиҷо кард, ки ин духтаракро хор надорем, – бо истеҳзо гапашро давом дод Турконхотун. – Маълум мешавад, ки ин набераи ман ҳанӯз ҳам нодон аст. Худатон росташро гӯед – кадом аҳмақ гулро хор медорад?!

Маликаи аъзам кампирона пиҳ-пиҳ хандиду дигарон вайро пайравӣ намуда, сохтакорона қоҳ-қоҳ заданд.

– Боз ҳам пештар биё, ки беҳтар шунавамат. Ту маро медонӣ ва мешиносӣ?

– Шуморо аз мағриб то машриқ ҳама медонанд ва уммулхалоиқ мехонанд. Имрӯз хушбахттарин одам дар олам манам, ки ба дидори рӯйи мубораки Худованди олам, Ҳомии дунё ва дин Улуғ Туркон, Маликаи хотунҳои ҷаҳон мушарраф гардидам. Агар Шумо фақат аз Худо мадад металабед, ман аз шумо имдод меҷӯям.

– Оҳ-ҳо, булбули гӯё-ку ту! Акнун бигӯй, ки номат чию зодгоҳат куҷою мақсади ба Ғӯрганҷ омаданат чӣ?

Нигина зиндагиномаи худро аз рӯзи валодат то ба ин соат варақ гардонда, ба таҳпурсӣ ҷавоби мухтасар, вале мукаммал гардонд. Турконхотун ангуштони дасти рост ба турра – мӯйи печида дар канори пешонӣ – ниҳода, нақли шеворо бодиққат шунид ва лаҳзае ба тафаккур фурӯ рафт. Сипас ҷуръае шарбат нӯшиду гуфт:

– Шайхони хуҷандӣ Бадеуддину Бурҳониддинро медонам, ки бо шайхи бузурги Хоразм Наҷмиддини Кубро ва шайхулисломи мо Ҳазрати Маҷдуддин робита доранд. Маҳастиро ҳам медонам, ки маҳбубаи Санҷари беимон буд.

Лекин…ман ҳайрон: падарат машоқчӣ набудаасту модарат шодгунаи усулчӣ не, лекин ту чаро раққоса шудию худатро кабку кафтар пиндошта, ба шаҳри дур парида омадӣ?

Ту аз афсонабофӣ чӣ мурод дорӣ?

– Он чӣ аз сарам гузашту аз гуфтаҳои модар ба хотирам омад, ба забон овардам. Шумо, эй Худованди олам, мухторед, ҳар чӣ беҳтар донед, бипазиред. Ман дар пеши пойи шумо як зарра хоки заминам…

– Агар ақидаи ту ин аст, қобили қабул бошад. Фақат афсонаро ана ин хел ба анҷом мерасонем: «Кабутари Ворух оқибат кабутари ҳарам шуду ба муроду мақсадаш расид». Маъқул?

Атрофиён ҳама ба як овоз «Рост мегӯед. Раво бувад» гуфтанду Нигина бо аломати ризо сар ҷунбонд:

– Маро хомӯшӣ беҳ, ки акнун шунавандаам…

– Аҳсан туро, ки фаросати хуб доштаӣ! Ба ин ҳусну ҷамолу ақлу фаросат ва хушсуханӣ нигини ангуштарини шоҳ нашавӣ ҳам, надими беҳтарини фарзанди мо мешавӣ!

Аз ҳамин лаҳза то омадани шоҳписари оламгири мо ту мӯҳтаҷиб шав! Яъне, дар паси ҳиҷоб пинҳон бош. Ҳатто ба ҳеҷ кас магӯй, ки номи ту чист. Сурриятканизи ҳарами шоҳаншоҳӣ аз пагоҳ сар карда, ҳафт андоми туро даҳчанд суфтаю муҷалло мегардонад. Вақте нури чашми мо Қутбиддини Муҳаммад бо тоқутурунби подшоҳӣ ба Ғӯрганҷ меояд, ҳадяи шоҳонаи моро дидан ҳамон аз хосияти ишқ ҷавон мегардад ва туро ба хилват мехонад… Нею агар ба шоҳписарам маъқул нашавӣ, он гоҳ туро ба ягон солори худ мебахшам. Ба ҳар ҳол ту дар кӯча намемонӣ.

Акнун ба ту ҷавоб. Шод бирав, эй гулбадан ва даҳ канизаки пушти дар истодаро барои хизмат бо худ бубар. Онҳо туро ба саройи хос мерасонанд…

Нигина тибқи маслиҳати Дилоромбону барои намоишу озмоиши ҳунар ҳамаҷиҳата тайёрӣ дида, бо кӯмаки Шакархонум рақси ҷаззобе омода сохта буд, то дили санги Турконхотунро нарм ва чашми хирабини вайро равшан гардонда, ба унвони кабутари ҳарам сазовор будани хешро бо ҳунари воло собит намояд. Вай аз ин мулоқот ҳама чизро умедвор буд: таҳқиру маломат, фиребу найранг, дӯғу даранг ва дигар ҳуққабозиҳоро… Вале ҳеҷ гумон надошт, ки сӯҳбати аввал бо шармандагӣ анҷом меёбаду кампири хушкидалаб ва гӯшоганда ба рақс ягон зарра мароқ зоҳир накарда, бе ягон шарму ҳаё ба сурриятканиз мефармояд, ки ӯро барои ҷимоъ бо подшоҳ тайёр намояд.

Аз чунин каҷфаҳмӣ ва беадолатӣ Нигина сахт барошуфт ва хост бо тамоми овоз фарёд кашида, ҳафт андоми сурриятканизакро бишканад ва хуншор намояд. Вале Турконхотун магар вайро сеҳрбанд карда буд, ки… даҳони пурсуханаш безабон шуда буд!

Яке аз пайвандони Маликаи олам, духтараки мавзунқомати тахмин ҳамсоли Нигина шитобон аз ҷой хесту саросема хитоб кард:

– Улуғмомои ҷон, агар иҷозати Шумо шавад, як даҳан гап дорам.

– Бигӯ.

– Дамир Малик гуфтанд, ки шоҳзода Ҷалолиддин ин духтаракро ҳамчун раққосаи зӯр аз Мовароуннаҳр ба падарашон тӯҳфа овардагӣ…

– Кай бо Дамир Малик ҳамсӯҳбат шудӣ?

– Шаб…

– Хеле хуб, Ойчечак. Бо хабари хуш оташи ғазабро паст кардӣ. Акнун давоми гапатро гӯй!

– Улуғмомои ҷон, илтимос, иҷозат диҳед, ки лаҳзае ҳунари ин сойкелдиро тамошо кунем…

– Раво набувад! То шоҳаншоҳи олам ба Ғӯрганҷ наояд, ин ҷинқарча ба ҷилва намеояд, дар паси ҳиҷоб ҷимакак мешинад.

Ду ҷавонзани дигар ба паҳлӯи Ойчечак рост шуданд.

– Эй Худованди олам, илтимос, Ойчечакро ноумед накунед. Мо ҳам ҷилваи ин сойкелдиро дидан мехоҳем…

– Ором шавед! – мисли модашер садо баровард Турконхотун. –Паси дар боз як сойкелдӣ интизор истодааст. Аввал ҳунари вайро бинем, баъд ба ягон хулоса меоем. Ин хушрӯчаро ягон ҷо шинонеду шоирро ҷеғ занед!

Баробари баланд сало додани дарбон Сайфуддини Исфарангӣ бо виқори шоирона ба тутуқ ворид гашту андаке чамида, мобайни чодир омад. Бо саломи хушк, вале пурлутфу табассум дили ҳозиринро фараҳманд гардонду бо саломи чарб Турконхотунро бинавохт:

– Ассалом, эй садру сарвари бонувони олам!

Эй ёфта оби зиндагонӣ

Дар лаъли ту оташи ҷавонӣ.

В-эй меҳри ту дар суродиқи дил

Афрӯхта шамъи шодмонӣ!

Бингар, ки ҷоми субҳ гул кард

Хушдил зи насими бӯстонӣ.

Савғои ту оташин баҳорест,

Чун шамъи сарой ҷону ҷонӣ!

Пӯшида чу гавҳари хушоб аст

Дар лаъли ту оби зиндагонӣ.

Турконхотун ҳар калимаи шеърро бодиққат шунид, аммо чунин вонамуд кард, ки чизеро нашунидааст.

– Эй шоир, бигӯ ки Ватвотро медонӣ?

– Агар муроди шумо шабпарак бошад, бовар кунед, то ҳол надидаам.

Ҳама ноаён хандиданду Турконхотун асабонӣ шуд:

– Бутун ҳафтафаҳм будаӣ-ку, эй қалмош!13 Ман Ватвоти шоирро дар назар дорам…

– Шоир Рашидуддини Ватвотро хуб медонам. Фаровон шеъри накӯ дораду номаҳои пурҳикмат ва мондагор. Фахр-ул-удабои дарбори Хоразмшоҳиёни Кабир будӣ…

– Ин қадар дониш дорию худро гӯлу гаранг нишон медиҳӣ. Минбаъд ҳушёр бош, то масхараи дарбор нашавӣ!

Ана акнун маро бодиққат гӯш кун! – Турконхотун китоберо аз рӯйи миз боло бардошт. –Ин китоби ана ҳамон Ватвоти шоир. Дар пушти муқова ба писари мо ким-чӣ навиштагӣ. Аввал ба овози баланд хон, баъд давоми гапро мегӯям.

Сайфуддин китобро аз дасти канизаки хидматрасон гирифта, тибқи дастури улёҳазрат амал кард:

– Номи китоб «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фи дақоиқ-уш-шеър». Дастхати муаллиф: «Ин нусхаи хосса аз ҳадиқаи маонӣ ва ганҷи ҷовидонӣ тӯҳфаи ихлоси муаллиф Амир Рашидудин Саъдулмулк Муҳаммад бинни Абдуллоҳ бинни Яҳёи Мардуз мутахаллис ба Ватвот аст барои шоҳзодаи дақиқунназар, амиқулфикр ва каримуннасл Қутбиддин Муҳаммад, ки соҳиби вуқуфанд ва басо нуктасанҷу нозукфаҳм:

Маъшуқа дилам ба тири андӯҳ бихаст,

Ҳайрон шудаму касам намегирад даст.

Мискин тани ман зи пойи меҳнат шуд паст,

Дасти ғами дӯст пушти ман хурд шикаст»

Сайфуддин қироатро тамом карда, саволомез кампири инҷиқро нигарист, ки боз чӣ мефармояд.

– Мазмуни шеър барои ман тамоман нофаҳмост! – бо абрӯи чин хитоб кард Турконхотун. – Кадом маъшуқа? Чаро мискин тани ман? Чӣ хел меҳнати паст ва барои чӣ пушти ман шикаст? Ин гапҳои муғлақ ба писари ман чӣ дахл дорад?! Ин пурсишҳоро аз ҳамаи шоирҳои дарбор пурсидам, касе ҷавоби дуруст надод. Ту чӣ посух мегӯйӣ?

– Мазмуни дубайтӣ ба шоҳписари муаззами шумо ягон зарра дахл надорад, эй садру сарвари бонувони олам! Шоир ҳолати душвори худро тасвир намуда, аз шоҳзодаи замон дастгирӣ умед кардааст, – орому осуда шарҳ дод Сайфуддин ва китобро ба дасти Турконхотун баргардонду бо лабханд гапашро давом дод. – Эй Худованди олам, агар ба сарҳарфи ҳар як мисраъ аҳамият диҳем, мебинем, ки шоир тавассути санъати мувашшаҳ лақаби ирфонии шоҳзодаи муаззамро шаҷара бастаасту чор ҳарфи аввалро дар алоҳидагӣ якҷоя нависем, исми мубораки «Муҳаммад» берун меояд…

Турконхотун бори дигар ба соядасти Ватвот нигаристу ҳарф болои ҳарф гузошта, дурустии сухани Сайфуддинро санҷид ва хандид:

– Қанд ур, эй келганшоир! Аз ҳама суханчинҳои дарбор ту зирактар будаӣ, ки ниқоб аз болои муаммо бардоштӣ. Вале ман ҳаргиз намегӯям, ки ту беҳтарӣ аз дигарон. Зеро шоирон, ки одати бад доранд, бо арбада ба ту шӯранд ва зиён оранд. Барои он ки маро ва худатро хиҷил накунӣ, чун шеър мегӯйӣ, ончунон гӯй, ки ҳамкасбонат қойил шаванд. Шеър ончунон гӯй, ки шоҳаншоҳи олам хоҳад…

– Эй Маликаи хубони олам, дар васфи шоҳаншоҳи олам ва модарбузурги Хоразм шеъри зеҳро бо хати туғро хоҳам навишт!

– Нияти хуб дорӣ, эй янгишоир, аммо дар хидмати шоҳписари мо ҳеҷ каломе беҳтар аз бадеҳа гуфтан нест. Агар шеъри олӣ бадоҳатан эҷод гардад, табъи шоҳаншоҳи олам хуррам шавад ва шоир ба мақоми олӣ расад.

Дар оғози сӯҳбат бо чанд байти хуб манро ба осмони ҳафтум бардоштӣ. Мадеҳа сара буд, аммо на бадеҳа буд! Фар-фар шеър гуфта метавонӣ?

Сайфуддин бо аломати ризо сар ҷунбонд. Турконхотун аз миёнаш поёнро саҳл ҷунбонда, ба курсӣ бароҳаттар нишасту гуфт:

– Мисраи якумро ман мегӯяму ту… нӯҳ мисраи дигар мебофӣ! Сар кардем:

Худованди олам, Улуғ Хотун меояд…

Сайфуддини Исфарангӣ мисраи пешниҳодшударо ду-се карат такрор карду аз чеҳраи Турконхотун чашм наканда, ба уқёнуси шоирӣ ғӯта зад:

Худованди олам, Улуғ Хотун меояд,

Теззеҳне, ки чу хуршеди ҷаҳон орояд.

Дурри гавҳари зоту шарафи дудаи ӯ

Ҳар чӣ аз ҷинси камолот бигӯй, шояд.

Дӣ маро дидаву ташрифи аёдат фармуд,

В-ин раҷо ҳаст, ки бори дигарам фармояд.

Ҳадди банда набувад ин караму лутф, вале

Чӣ кунам, бахти вилодист, ки меафзояд.

Ин чӣ эъҷози Расул аст, ки дар уммати ӯ

Мӯр бошад, ки Сулаймон ба сари ӯ ояд.

– Қанд ур, эй яхшишоир, ки бахти нек дорӣ ва то ман бошам, қадри суханат афзояд. Ба чашмам марди муқбил менамоӣ. Агар андоза нигоҳ дорӣ, корат боло мегирад. Акнун росташро гӯй, ки дар Ғӯрганҷ замона чӣ гуна гузаронӣ?

– Ҳар чӣ гардун диҳад, замона аз он созам. Бовар дорам, ки лутфи Худованди олам шоири бенаворо сабзу мунаввар мегардонад ва дар шакарҳои назми ман аз ҷоми дӯстгонии хеш гулоби муаттар мерасонад.

– Булбуле, ки хуш наво дорад, ҳаргиз бебаргу наво намонад! – бо лаби пурханда гуфт Турконхотун. – Низомулмулки мо Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро медонӣ?

– Албатта. Аҷаб марди зиндадил аст ӯ! Лабонаш чун субҳ доимо хандон менамояду ҳамеша чун боди сабо мушкафшон меояд.

– Дуруст сифат кардӣ, эй шоир. Вай зеҳни тезу килки қудратманд дорад, мисли теғи ҷаррор! Ҳар чӣ хоҳад, шоҳу вазирону малику бегҳо иҷро мекунанд, чунки бегларбегӣ унвон дорад! Агар вай набошад, мулк вайрон мешавад. Ибни Солеҳ шоирону олимонро дӯст медораду агар шоҳона зиндагӣ кардан хоҳӣ, дасту домони ин ҳимматбаландро маҳкам дор!

– Қурбони он дилам, ки дӯстдори шоир аст! Аз ҳамин лаҳза баҳри он мекӯшам, ки ба хидмати бузургвазир аз шоир фақат арӯси бикри маънӣ пешниҳод шавад, то ӯ силатҳои гарон баҳри мо арзон намояд:

Низомулмулк, Султон Носируддин,

Ки килкаш теғро бурҳон намояд.

Уторид бо камоли хурдадонӣ

Барояш ҳар чӣ хоҳад, он намояд

Нигар, аз дасти ӯ беобрӯе

Ба сони абри тобистон намояд

Ба олам рози давлатномаи ӯ

Кушодарӯй чун унвон намояд

Агар меъмори ҷоҳи ӯ набошад,

Бинои мамлакат вайрон намояд!

Чу Шоҳин бод мулкаш рост, то Наср

Ба нусрат шаҳраҳи имкон намояд…

– Боракаллоҳ, эй шоир! Ҳар он чӣ гуфтию суфтӣ, бо хати насталиқ дар коғази абрешимӣ бинавис, то ба Носириддин ҳадя кунам. Подоши шоҳона туро худаш меёбад. Акнун дар васфи набераи нағзи ман, ки рӯяш мисли офтоб аст, даҳ мисраъ мадҳия бигӯ! Хез, Ойчечаки офтобрӯй, ҳусну ҷамол ба шоир нишон деҳ!

Набераи фармонбардор парда аз чеҳра баланд бардошту шоири хушилҳон пеши рухи хуршедмисол ғазалхон шуд:

Эй наварӯси ҳусн, туро зевар офтоб,

Оинаро зи сурати ту дар бар офтоб.

Тори шаб аст сояи зулфи ту дар қамар,

Мушкин хат аст нуктаи холат бар офтоб.

Аз рашки моҳи рӯйи ту ҳар шом то саҳар,

Чун гирдбод хок кунад бар сар офтоб.

Давлатсаройи ҳусни туро вақти дору гир

Чашм аз ҳавои рӯйи ту дорад тар офтоб.

Гар панҷ вақт чеҳра дар ойина бингарӣ,

Дар моҳ мушк бинию дар анбар офтоб.

Ҳама ба офарин лаб кушоданду Сайфуддин чашм бар замин дӯхта, ҳукми Маликаи ҷаҳонро нигарон истод.

– Офарин бар чунин шоир бод! Акнун боз як бори дигар зӯри худро нишон деҳ, эй улуғшоир! Ду набераи дигарам дар паҳлӯи Ойчечак истодаанд. Инҳо экизак14. Номашон Гулрӯ ва Маҳрӯ. Дар васфи ҳар дуяшон чор хат – чор хат шеъраки ширин ва дилнишин бигӯ, то армони дилашон шикаста шавад. Лекин шарт ҳамин, ки ҳар ду ғазал ҳамқофия бошад, яъне экизак, то дили ҳеҷ кадомашон шикаста нашавад…

Сайфуддин дугоникҳоро ба паҳлуи худ хонду сар то пояшонро бо дидаи борикбин муойина карда, аввал ба васфи Моҳрӯ пардохт:

Эй Маҳи рӯят офтоб шикаста,

Зулфи ту бозори мушкноб шикаста.

Нози ту пирояи ниёз гусаста,

Ғамзаи ту корвони хоб шикаста…

Моҳрӯ бо чеҳраи шукуфта гоҳ ба модаркалонаш менигаристу гоҳ ба аҳли толор, аммо Гулрӯ сар ба зер афканда, бо илтиҷо ба даҳони шакаррези шоир нигоҳ мекард. Сайфуддин вайро маътал надошт:

Эй Гули рӯят ҷаҳон шикаста,

Аз ғамзаи ту синон шикаста.

Мурғест вафои ту чу анқо,

Бар худ қафаси ҷаҳон шикаста…

Каломи шакарбору гуҳаррез ҳамаро ба ваҷд расонд ва шӯридадил гардонд. Турконхотун аламбардори эшон буд ва ангубин бар шакар омехт:

– Қанд ӯр, эй улуғшоир!15 Се гули хандони ман, се набераи зебои ман энг16 аз ту хурсанд.

Қоб!!17

Нидои Худованди оламро шунидан ҳамон пешхидмат дарҳол табақи заррин пур аз нуқра оварду пеши пойи Сайфуддин ниҳод. Турконхотун бо рӯҳияи аввала суханашро идома дод:

– Се гули хандони ман мехоҳанд, ки аз ҷилваи кабки дарӣ, ки ҳамроҳи худ овардаӣ, лаззат баранд. Ман ин корро ба таъхир гузоштам. Ту, ки ба ин духтарак қаловуз18 ҳастӣ, чӣ гуфтанӣ дорӣ?

– Эй садру сарвари бонувони олам, то ҷое медонам, ин кабки хиромон аз кӯҳистони Ворух – дурдасттарин рустои давлати Хоразмшоҳиёни Кабир махсус барои шумо – уммулхалоиқи замон рақси наве тӯҳфа овардааст бо номи «Кабки дарӣ».

– Наход? Чаро ин гапи нағзро худаш нагуфт? Маълум мешавад, ки ҳанӯз гӯсола аст, калла аз каҳдон берун накардааст! Лекин… моли кироӣ, тарбият мекунем. Эй лӯъбатак, канӣ ту?! – Турконхотун ин карат бо чашми ноҳифозӣ сар то пойи Нигинаро шудгор кард. – Пакар нашав, духтар, қомататро рост гир! Як умр аз Ойчечаки ман миннатдор бош, ки мушкилатро осон кард. Аз шоири қаловуз миннатдор бош, ки пеши роҳатро кушод.

Зуд мутрибонро садо кунед! Эй улуғшоир, кабки кӯҳӣ ба ҷилва андоз!

Сайфуддин зуд ба замзама пардохт:

Эй лабат тӯтии шакарпардоз,

Зулфи ту ҳиндуи камандандоз.

Ҳин, ки мурғони андалеби наво

Баркашиданд безабон овоз.

Булбулон аз нишот чу анқо

Боз гаштанд арғунунпардоз

Саъд бартофт гӯшҳои рубоб,

Пардае кард дар Раҳовӣ соз.

Пойкӯбон ба ҷилвагоҳ баро,

Эй кабк, рақсидан намо оғоз!

Ромишгарон бо сарварии Шакархонум дохили тутуқ шуданду дар ҷойгоҳи ҳамешагӣ маътали ишора истоданд. Нигина ҳам аз пешайвон ба майдон гузашту бо чеҳраи шукуфон Турконхотунро нигарист. Ин карат овози хастаи Маликаи бонувони олам фараҳфизо садо дод:

– Шакархонум, бинавоз! Эй кабкрафтор, бихиром!!

Ту ҳунар бинамой, то бувинем. Фақат… аз ёд набарор: на ҳар ки даст ба рақс занад, хиромаш дилпазири мост!

Мусиқӣ танин андохтан ҳамон Нигина маҳин ба ҷилва даромад ва оламу одамро фаромӯш кард. Чун авҷи мақом расид, кабки дариро лаҳзаи ҷунун омад – мисли мастаки шӯрида ба шодӣ садо дардод ва чаммона болу пар афшонд. Турконхотун беихтиёр тарфи кӯлоҳ қаҷ намуда, дар нишемангоҳи хоси хеш бар кабки раққоси хеш хироманда шуд. Нигина мечархиду меболид, бо дасту китфон ва чашму абрувон болу пар меафшонд, ҳар мӯйи гесу ва тори мижгонаш болафшонӣ дошт. Кампири ҳафтодсоларо табъ хуш гашт ва сабру қарор аз даст дод. Чолок аз ҷой хесту тӯзӣ19 аз тан кашид ва бо табъи болида ҳаммароми Нигина шуд. Дигарон низ ба по хестанд ва тутуқ пур аз кабки дарӣ шуд.

Баъди анҷоми рақс Турконхотун пешонии Нигинаро гарм бӯсид ва «Шод бош, аҳсант, рақси зебо дорӣ!» гӯён, як каф ақча20 бахшид. Дигар бибисанамҳо ва гулдухтарон низ момои бузурги худро пайравӣ намуда, ба қадри ҳиммати хеш диноре ё рӯймоле шоҳӣ барояш нисор карданд.

Ойчечак ангуштари тилло бахшид ва сидқан гуфт:

– Аз ягон рақсе ба ин дараҷа лаззатманд нашудаам! Ҷилваи ту ҳатто хоҳарам Нозпарӣ-хиромон чу кабки дариро шефта мекунад!!

Нигина аввал одоби таъзим баҷо оварду сипас Ойчечакро хоҳарвор ба оғӯш кашид ва бо ҳаяҷони бузурги қалбӣ нидо кард:

– Илтимос ин гапро ба Дамир Малик гӯшрас намо…

Равзанаи дуюм. Ришханде ба рангомезиҳои Насноси бахткушо ва Савсани афсунгар

Ахтарони Исфара бо дили шод аз тутуқ баромада, аввал ба зиёрати маликабону Дилором шитофтанд.

Ҳама рӯйдод ва гуфтушунуфтро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намудаю чойи хуштамъ бо ангубин нӯши ҷон карда ва таҳният шунидаю маслиҳат гирифта, бо хотири ҷамъ ҳамроҳи Камолиддину Шакархонум ба тамошои шаҳри андарунӣ рафтанд. Нигина ин қисмати Ғӯрганҷро шаҳристони ободон ёфт бо куҳандиз – қалъаи қадим ва ҳам коху қасрҳои навин, бозору масҷиду мақбараю саройҳои мӯҳташам ва гулбоғҳои сабзу хуррам, иморатҳои барҳаво ва кӯшкҳои мунаққаш. Вай бо чашми сар медид, ки таърифу тавсифҳои Камолиддин бебунёд нест ва Ғӯрганҷ аз Хуҷанд даҳ баробар пурганҷ асту ҳар он чӣ ҳокимону зердастон ва бою камбағалонро ба кор ояд, фаровону зиёдатист ва ҳеҷ ҳоҷати ба ҷойи дигар рафтан нест.

Рӯзи дигар тахтгоҳи подшоҳ – боргоҳу дарбор, арку қасри ҳисорбаланди шоҳаншоҳӣ, доруззиёфату ҳарамсаройро тамошо карданд, ки аз қадимулайём бошишгоҳи шоҳони Хоразм ба ҳисоб рафта, дар даҳсолаи охир ба дараҷаи гӯшношунид ободу ҷалил ва мустаҳкам шуда буд. Ҳама ҷойгоҳи подшоҳнишинро девор аз хишти заррин буду сутунҳои чӯбину мармарӣ мӯҳташаму гавҳаркӯб ва дару панҷараю шифти хонаҳо пур аз нақшу нигори аҷамию арабию чинию румӣ…

Дарвозаҳо маҳкаму панҷараҳо мустаҳкам буданду сипоҳӣ анбӯҳ. Аз нақли роҳбалад маълум гардид, ки мардони Ғӯрганҷ ҷангӣ ва ғозипешаву тирандозанд. Як ишора кофист, ки дар давоми ним соат бист ҳазор размандаи саропо мусаллаҳ аз хонаи худ оҷилан назди қалъа расида ояду агар вазъият муташанниҷ гардад, дар як рӯз сад ҳазор бештар сипоҳӣ омодаи ҷанг мешавад…

Рӯзе устоду шогирд Сайфуддин ва Камолиддин ба меҳмонӣ омаданд. Шакархонуми муборакрӯ, аммо бешавҳару бедудмон, ки шабу рӯз ҳамроҳи Нигина мезисту аллакай хеле унс гирифта буданд, аз ташрифи ногаҳонии мардҳо ба саройи занона ноҳинҷор шуд:

– Шуморо кӣ ба ин ҷо далолат кард?

– Ҳеҷ кас. Худамон омадем.

– Маро ба ранҷу дард гирифтор кардан мехоҳед? Интухин, оё намедонед, ки бо кабутари ҳарам ҳамнишин шудан номумкин аст?!

– Эй хола, ақл дорӣ? Мо магар бегонаем?!

– Ин ҷо мо ҳама раққосаем, интухин, зани боақл куҷост?

– Ё тавба! – сахт барошуфт Камолиддин. – Дар ин сарой ғайри «интухин» ягон нафари меҳмонхоҳ ҳаст ё не?!

– Ҳаст! – овози маҳини Нигина аз саҳни ҳавлӣ ба гӯш расид. – Устод Комгор, меҳмонҳои нури чашмро истиқбол гиред.

Марде миёнақад ва сурхрӯй дартоз пеши дарвоза омаду писари Шоҳзода Ҷалолиддинро бо як нигоҳ шинохт ва бо иззату икроми зиёд пазироӣ карда, ҳар дуро ба нишемангоҳи лаби ҳавз овард.

– Эй хола, чаро дар дами дарвоза маро маъталу масхара кардӣ? – пурсид бо алам Камолиддин, ки дилаш аз ҷӯши ғазаб то ҳол меларзид.

– Узри маро бипазиред, азизон. Чунки, интухин, дигар илоҷ надоштам. Девору замини ин мавзеъ пур аз муш аст! Агар бе ягон монеа ба ҳавлӣ медаромадед, ҳамон замон ба шиҳна хабар мерасид, ки «ду мард ба саройи Нигина даромад.». Он гоҳ ғалмағал, интухин, бисёр мешуд. Акнун ягон гапу калочаи зиёдатӣ намешавад. Чунки мушҳои дупо, интухин, кӣ будани шуморо шинохта, саҳеҳ хабар расонданд…

Камолиддин таги гапро фаҳмида, ором шуду Нигина дарҳол қофия баст:

Ин саро шуд матлаи хуршед аз нури шумо,

Шоири зӯру шогирди тавоно – марҳабо!

Каломи мавзун шиддати ҳолатро ба нестӣ расонд ва сӯҳбати аҳли дилро тасфонд.

– Ҳунар ва сухани фасеҳро оқилон сеҳри ҳалол гуфтаанд, – шарҳ дод устоди калом. – Камолиддинро баракати қоғаз ва қалам сеҳри ҳалол мебахшаду Нигинаро ҳаракати даст ва чашму абрӯ! Яъне, агар ҳар дуи шумо илҳом ва ҳунари хешро бо рафоқат ҳамдостон намоед, тавфиқ меёбед, бо некномӣ ҳамнавард мешавед.

bannerbanner