скачать книгу бесплатно
– Як байти шоир ёдам омад дар бораи Патар. Г?ш кунед:
Чашми бад, к-аз патари о?ан? таъвиз нагашт,
Банди таъвиз бибурреду Патар бозди?ед!
Шумо ?ам аз чашми баду т?мору таъвизи кампир?о на?ароседу банди тилисм бибурред ва ро?и Патар фарох бикушоед, ки а?аб нишастанго?и оли?аноб асту аз Ка?бед бе?тар! Макони дилкушо набояд ?айф шавад. Сид?ан бик?шед ва сайрго? ба со?ибдилон бозди?ед.
Де??оне, ки таърихи Патарро ?икоят карда буд, бо чашми пуршарар аз ?ой хест ва даст болои дил ни?од:
– Барои ворух? сухани шоир баробари фармони амир ?адру ?имат дорад! Ин дафъа биёед, Худо хо?ад, болои шо?кат мешинед, сайрго?ро пуродам мебинед ва да?чанд лаззат мегиред.
?ама баробар дасти омин бардошта, бо дили шод ро?и сафар идома бахшиданд.
Р?зи сеюми саё?ат аз тамошои Рахнаи Оташон о?оз ёфт, ки дар ?ониби шимолу шар?ии де?а во?еъ буд. Вазифаи ро?баладиро мударриси мадраса Зарифи Доно бар ??да дошт. Ин марди таърихдон ва олими забардаст ?амро?онашро ла?зае аз ро?гард? боздошту бо ангушти ишорат тарафи офтобшинамро нишон дода, гапро аз дури?ои дур о?оз бахшид:
– ?у, ана он к??и сарсафедро мебинед? Дар бари доманаш г?ри му? ?ой гирифтааст. Шояд бипурсед, ки чаро г?ристон ё ?абристон не? Барои он ки пайравони дини зардушт? баробари оташу офтоб заминро низ му?аддас дониста, майит дар хок намег?ронданду фа?ат устухон?ои аз г?шт ?удошударо ба новус андохта, дар дахма мегузоштанд. Дар ин к??камар бошад, маъбади оташпарастон ?ойгузин буду агар ба ?исоб гирем, ки дар Ворух салтанат беш аз ча?ор ?азор сол пеш ба габрону му?он тааллу? дошт, пас ба хулосае метавон расид, ки ин дайр хеле ?адимист.
– Оре, оташкадаи Ворух маъруф ва маш?ур буд, – ба с??бат ?амро? шуд А?мад. – Дар китоб?ои ?адима сабт шуда, ки ба ин дайри му?он аз Бухорову Самар?анду Истаравшан низ мубадону ко?инон ва ?атто мубади мубадон ташриф оварда, манзума?ои «Авесто» месуруданду тафсири «Занд» мехонданд.
Мударрис бо ишораи сар шар?и шоирро тасди? намуд ва бо шав?и аввала афзуд:
– Боз як чизи дигар: ?ама ?ашну маросим?ои хурсанд?, ма?филу тантана?ои му?он дар ин оташкада баргузор мешуд…
– ?атто базми ар?с?? – пурсид ?авоне.
– Бале. Дар ин ма?фили муборак зардуштиён аз оташи ?амеша фур?зони дайр гулхани бузурге афр?хта, шо?у мо?, яъне ар?су домодро гирди он давр занонда, занону мардон баробар мера?сиданду суруд мехонданду шодком? мекарданд. Ав?и аланга, яъне спаниш ла?заи висол буд.
– Ин одат ?оло ?ам дар Ворух давом дорад, – лу?ма партофт Абдулма?ид. – Фар?аш ?амин, ки имр?за домод саллаю то?? дораду ар?с фаран??.
– Магар пешина ар?с?о фаран?? надоштанд? – боз пурсид он ?авони ?аднавча.
– Ту ар?с?ои пешинаро да??о маротиба дида?, ?осим. Лекин маълум мешавад, ки эътибор надода?.
– Ман дидаг??! Кай? Дар ку?о??
– Камтар сабр кун?, боз мебин?. Рафтем…
?ама ба умеди дидани ар?си замони оташпарастон аз дунболи ра?намо равон шуданд. Баъди соате дар канори к?чаи аробагузар санги дарозу борике падид омад монанди дастаи ?увоз, аммо ?азор карат бузургтар. Он санги к?? набуду ба хорою рухом ?ам шабо?ат надошт. Мисли санги дарё суфтаю ?амвору ла?жон ва чун санги шиша андаке шаффофу ?илодор метофт ва дар дашти васеъ яккаву тан?о меистод. Ба назар чунин мерасид, ки пайкарасозе онро махсус дар чунин ?олат гузоштааст, то бути сангин тарошад. Вале фурсат наёфта, ё натавониста, аз ?айкалтарош? даст кашидаасту нияти вайро боду борон бе?унарона и?ро намуда, бо харошу тарош дар ?исмати болои санг с?рохи?ое монанд ба чашму да?он ва бар?астаги?ое шабе?и бинию г?ш ба ву?уд овардаанд.
Дар атрофи санг хори бисёре р?йида, онро дастнорас карда буд. Аз ?амин сабаб ро?балад ?афт-?ашт ?адам дуртар тава??уф намуда, хитобан ба ?осими ?аднавча гуфт:
– Росташро г?й, ки ин сангро пештар ягон бор дида буд? ё не?
– Чанд бор?о дидаам.
– Лекин андаке пештар гуфт?, ки ар?си замони ?адимро ?е? ва?т надида?…
– Бори дигар мег?ям, ки сангро бисёр дидаам, лекин ар?сро не!
– Фа?мо! – сухан мухтасар кард Зарифи Доно. – Аз суханрониат фа?мидам, ки таърихи ин санг ва ?атто номашро намедон?. Акнун боди??ат шунав: ин санги од? не, Санги Ар?с аст ва та?рибан пан?садсола таърих дорад. Он ва?т дар Мовароунна?р дини ислом аллакай нуфузи зиёд дошт, вале ?ама ворухиён оташ мепарастиданд. Зеро ба ин диёри к??истон пойи араб нарасида буд.
Аввалин ворухие, ки ба ислом гаравид, Накисо ном савдогар аст, ки чун мусулмон шуд, Нурму?аммад ном гирифт. Вай духтаре дошт ба?оят са?иб?амолу хушманд, ки аз р?зи аласт бо ме?ру му?аббати саршор ба Парвардгори ягона ва бахшояндаву ме?рубон камол меёфт. Дар шар?и ?уръони шариф сухан?ои оммафа?м, лекин таъсирбахш мегуфту чун ба синни камолот расид, обида ва зо?идаи асил шуд, шогирду пайравони зиёде пайдо кард ва бо исми Сайида отун маш?ур гашт.
Писари мубади мубадон, яъне му??окими Ворух шефтаи ?усну ?амоли духтар шуда, сабру ?арор аз даст дод ва тиб?и расму одати онзамона худ ба хостгор? омад. Сайида ?ро хуш пазируфт, аммо шарт гузошт, ки агар Нурзан? дини исломро ?абул кунаду номашро гардонад ва ба нико?и мусулмон? роз? шавад, он го? издиво? ба амал меояд.
?окимписар шартро пазируфт. Вале дар р?зи а?ди нико? а?ду паймон бишкаст ва бо мадади ёру бародаронаш духтарро з?ран ба дайри Рахнаи Оташон бурдан? шуданд. Сайида чун модашер му?обилат кард, бо нохун р?й канду бо дандон дасту по газид, лек з?раш нарасид. Лоа?ал касе аз хешовандон ба имдод наомад. Дар ?оле, ки дилаш дар сина чу даф метапид, ло?арам ба Худованди ?одиру тавоно тавалло кард, ки ?ро аз шармандаг? ниго? дошта, ба санг табдил кунад, то уммати мусулмон зери бори гарони таъна ва масхараи оташпарастон намонад.
Илти?ои м?ъмина ва муслимаи пок муста?об гашт ва бо амри Парвардгори олам коре, ки банда?ои хок? аз и?рои он о?изанд – м?ъ?иза ба амал омаду дар ?ои исташ ар?с санг шуд.
Аз мушо?идаи ин ?олат айши хуши габракон ба мусибат мубаддал гашту доду фи?онашон бар фалак печид. Ба ?удрати Худои яккаву ягонаи мусулмон?о тан доданду пеши Санги Ар?с ба зону нишаста, саросар ба ислом гаравиданд. Тарзи дигар г?ем, бо ба?ои ?они Сайида Бону – нахустин муслимаи де?а Ворух мусулмонобод шуд…
?икояти ро?балад ба ?амагон таъсири ами? бахшиду ла?зае сукут варзида, ин оли?аро ба нек? ёд карданд.
– Шоире Санги Ар?сро гав?ари шабафр?з номидааст, – хаёломез лаб ба гуфтор кушод Абдулма?ид. – Вай менависад, ки чор фасли сол ?ар дили шаб аз дили ин санг нолае ?онгудоз мебарояд дар вазни «Дод аз дасти сангдилон, ки сангам карданд…»
– Он шоир худат нест??
– Не. Вале ман ?ам дар ?авон? як шеъри мотам навишта будам. Чанд байташ дар ёдам ?аст:
Дар фиро?ат, эй Сайида, зору ?айрон мондаем,
Дар хуморат, эй Сайида, синабирён мондаем.
Б? накарда нак?ати гул, ту шуд? Санги Ар?с
Дар азоят, эй Сайида, дидагирён мондаем.
?авобан ба ниго?и саволомези муаллиф ме?мони латифтабъ ма?бур шуд, ки таассуроти худро фошофош г?яд:
– Марсияи таъсирбахш навиштед, ако. Лекин ташбе?у сухан?ои он шоире, ки ?аблан ишора кардед, нисбатан ширадору андешапарвар аст. К? будани ?ро са?е? гуфта метавонед?
– Он шоир бародаратон Ша?обиддин буду баробари дидани Санги Ар?с бадо?атан ?азали ?онгудоз гуфт. Афс?с ки ба пурраг? навиштаю ?ифз карда натавонистам.
– Ша?обиддин дар баде?аг?й? устухон надорад. Агар ил?омаш ояд, дар як нишастан фар-фар чор-пан? ?азал э?од мекунад!
– Шумо ч??
– Ман ку?ою шоир? ку?о?! Агар ?афтае як рубо? ё ?азале э?од шавад, худро хушбахт ме?исобам.
– Бародаратон баробари дидани Санги Ар?с фар-фар шеър бофтааст. Шумо ?ам як к?шиш намекунед? – бозори гапро тез кард ро?балад ва андалеби Исфара аз о?анги савол пай бурд, ки ?амсафарон ?удрати шоирии ?ро сан?идан мехо?анд. Дар ?олати но?ин?ор монд – агар сатре наг?яд, бе?унар ме?исобанду агар шеъри хароб пешни?од кунад, эъти?од ва э?тиромашон меко?ад. Яъне вай ма?бур аст, лоа?ал як байти хотирмон бадо?атан э?до кунад.
Бо чунин андеша?о гирди ?айкалсанги нотарошидаро о?иста-о?иста давр гашту дар ?ар да? ?адам лангида, чор мисраъ тавлид намуд:
Эй иш?, туро шамъи фалак парвона,
Санги Ар?с Сайидарост кошона.
Хуш бош, зи афсуни ?аводис имр?з
Шуд ?иссаи ?оли душманон афсона.
Рубо? аз ?ониби ?амагон бо мамнуният пазируфта шуд, аммо шодии Абдулма?ид аз дигарон бештар буд:
– Маълум мешавад, ки фар-фар шеър гуфтан барои ду бародар хислати модарзод? будааст. Ин ?унарро, эй А?мади Исфаранг?, то метавон?, сай?ал де?!
Масли?ат бо арзи миннатдор? ?абул гардид. Вале он ла?за ?ар ду ?ам намедонистанд, ки муддати мадиде нагузашта, бо усули фар-фар боз як рубо? э?од мешавад. Ва аз ?ама а?ибаш, ба я?мо рафтани т?шаи сафар ба?онае барои э?одкор? мегардад.
Тасодуфи ногувор чунин ба ву??ъ пайваст: ?амсафарон аз Санги Ар?с тарафи офтоббаро ?аракатро идома дода, ?ариби?ои нисфир?з? ба шаршараи Шаввот? расиданд. Азбаски ?аво гарм буд, ?ама куртаю шалвор бадар карда, худро ба об заданд. А?мад низ ?амранги ?амоат буд, вале аз оббоз? дида, бештар тамошо мекард. Чунки ин гуна шаршараи нестандар?а?онро дар умраш бори аввал медид: оби нилгун аз ро?и мобайни ду тахтасанги бузург чакра-чакра за?ида, ришта-ришта чун бирешими ?афтранг поён мешорид ва дар замин бо сабзаи тару зираю пудина ?амо??ш гашта, ба тану бадан кайфияте мебахшид нотакрор!
Оббозию дилхуш? аз меъёр бештар т?л кашиду ва?те ?ама хаставу шалпар ва ташнаву гурусна аз оби ширгарми шаршара?авз худро берун кашиданд, дуд аз димо?ашон баромад: ша?оли баднафсе пойго?ро хилват ёфта, ?ама нону г?шти дар к?лбор бударо тамоман х?рдаю бурда буд…
– Омад ба сарам он ч? метарсидам! – даст ба пешон? зад ро?балад. – Мо, ворухи?о, то?ат мекунем, лекин… ме?мони мо…
?ама узромез А?мадро нигаристанду Абдулма?ид к?шид, то вазъияти ногуворро шоирона бартараф созад:
– Аз беэ?тиёт? т?шаи ро?ро аз даст додем… Бе баргу наво дигар ба ?ое рафта наметавонем. Маро бубахш, эй ме?мони азиз, ки ма?бурем бо шиками гурусна ро?и дарози душворгузарро тай карда, ба Ворух баргардем.
?амсафарон гуна?корона чашм ба замин д?хта, аз ме?мон ?авоби сард, ?атто пичингу кинояи талхро интизор? мекашиданд. Вале ? бо шеъри фарфар ?авоб мухтасар кард:
Дар бо? суи тараб ?авое дорем,
Эй д?ст, биё, ки нек рое дорем.
М-андеш зи нестию бебаргии ро?,
К-аз булбулу гул баргу навое дорем!
Шеъри равон ба дили шикастаи д?стон мар?ам гашту бо хотири осуда поён хамида, ва?ти говгум ба де?а расиданд. Дар хонаи Зарифи Доно шикамсер? х?рок х?рда, сипас манзил ба манзил пароканда шуданд, то табъи дил дам гирифта, барои саё?ати фардо омода шаванд.
* * *
Р?зи дигар Абдулма?ид паго?ии барва?т ба б?стонсаройи амакбузурги Нигина омад, то аз ?оли ме?мон хабар гирифта, самти хатсайрро муайян созад. А?мадро болои тахтакати са?ни ?авл? маш?ули мутолиа дарёфт ва бо як назора фа?мид, ки шоир ягон зарра осори хастаг? надорад.
– Имр?з ба ду ?ои тамошобоб рафтан?, – гуфт баъди саломуалейк ва ?олпурсии урф?. – Якумаш Га?вораи заррин дар мавзеи Ке?, дуюмаш Сия?к?л дар мавзеи Пули Офтобр?й. Ин дара?о дар ду самти му?обил доман па?н карда, яке аз дигаре зеботаранд.
Абдулма?ид ла?зае тава??уф намуда, бо ма?сади фа?мидани таъсири сухан?ояш синчакорона ба че?раи ме?мон нигарист. Дид, ки чаро?аки чашмони ? ба ?адри дилхо? ш?ълавар нашудааст, таърифу тавсиф як парда баландтар бардошт:
– Рости гап, дили ман кашоли Сиё?к?л, ки ?а?и?атан ?ам як г?шаи би?иштро мемонад. Агар ?озир аспсавор ба ро? бароем, то ?уруби офтоб ба со?или к?л мерасем, ки дар мобайни арча?ои сабзу хуррам ?ойгир асту обаш аз оби бе?тарин чашма ду карат ширину ?авояш аз ?авои тозаи Ворух ду баробар поктар аст…
А?мад китобро п?шида, ба кун?и кат гузошту риши навдамидаи мана?ашро бо н?ги ангушт ламскунон гуфт:
– Бовар кунед, ако, дили ман ?ам кашоли тамошои Сия?к?л. Лекин афс?с, ки рафта наметавонам…
– Чаро?! Дина ?ис кардам, ки поят андаке мелангад…
– Амакам Усто Мулло азми бозгашт ба Исфара доранд. Мег?янд, ки ме?мон то се р?з азизу мукаррам аст.
– Мо мег?ем, ки ме?монро омадан ба иродат асту рафтан ба и?озат…
– Дар ?ама ?о чунин мег?янд, ако. Лекин, бовар кунед, ман бе изни Амакмуллои худ ?атто нафас намекашам!
– Офарин, шоир! Гапе, ки гуфт?, басо пур?увват асту му?окима напазирад. Бо ву?уди ин, агар хо??, худи ?озир аз Усто Мулло рухсат мепурсам, ки се р?з ме?мони ман бош?…
– Ташаккур, акои Абдулма?ид. Лекин рафтан зарур. Гуфта будам-ку: дар Самар?анд маро Ша?обиддин интизор. Ва падарони мо мег?янд, ки «интизор? бадтар аз ?онкан?…»
– Ин гапатро низ беба?с ?абул мекунам. Фа?ат, илтимос, бегила раву боз биё.
?ар го?е меой?, хуш меой?! Со?ибдилони Ворух ?амеша андалеби Исфараро бо дили гарм ва рухи во интизоранд…
– Албатта меоям, ако! Бовар кунед, аз тамошои ра?си ширини кафтараки навболи Ворух мот гаштаму аз тамошои к??у дараи андалебнавози Ворух маб?ут шудам. Ин де?аи баланд дар баландии дилу дидаи ман маъвои абад ёфт. Зеро суб?и Ворух бо ?усну таровати нотакрораш ме?р болои ме?р меангезаду шаб?ои ма?тоб? ва осмони пурситора ин гулшанкадаро ?онафр?з мегардонад. Се р?зе, ки дар ин ?аннатмакон будам, гули дили ман ?амчу дили гули бехазони Ворух тозаю озода ва муаттару ар?увон? шуд. Акнун бо шав?у ил?оми дучанд ра?скунон ба сай?али ?а?он меравам ва ?ар ?о бошам, Ворухро ба сад забон та?син мег?ям. Бовар кунед, то ?он дар бадан дорам, бо иш?и Ворух мезиям:
Пайваста дилам ба ?усту??и Ворух,
Дар гулшани ?он ба?ори к?и Ворух,
Чун ваъдаи васлу а?ди нек?ном?
Дар дафтари иш? гуфтуг?и Ворух.
Равзанаи дуюм. Та?вили ?адя?ои та?дирсоз аз ша?ри азим ба к??и баланд
Нигина, ки ?афтмо?а таваллуд шуда буд, дар пан?солаг? ба хондан шоиста гашт. Р?зи ча?оршанбеи аввали мо?и шаъбон Бимастура дасти духтар гирифта ва дафтару давот бардошта, нозукни?оли хеш ба пеши Биб? За?ро бурд ва салому ?олпурс? карду афзуд:
– Эй бибии муътабар, фарзанди азиз ба парвариш ва тарбияи шумо овардам.
Биб? За?ро дасти Нигина аз дасти модар ба дасти худ гирифту сарашро сила карда, бо ла?ни навозиш гуфт:
– Кори хуб кард?, духтарам. Аз ?амин ла?за Нигина маро ?амчу фарзанд шуд. Аз чашмаш маълум, ки зираку ?ушёр аст. Агар ?обилу гапдаро шавад, ба осон? хондану навиштанро ёд мегирад.
Нигина дасташро о?иста ра?о карда, ?адаме ?афо гузошту бо сари хам ва гардани ка? ?урунгид:
– Гапдаро намешам ман…
Модар лаб газиду муаллимаро зав?аш омад ва хам шуда, пешонаи к?дакро б?сид:
– Офарин, ?они биб?, ки хатои маро исло? кард?! Майлаш, гапдаро нашав, аммо панду наси?ати маро боди??ат г?ш кун. Хуб?
– Хуб шудааст, биби?ун! – нидо кард бо чашмони шарарбор Нигина ва с?йи модар пан?аи падруд афшонда, аз ?афои муаллима ба мактабхона даромад.
Аз байн як мо? гузашт. Боре Бимастура барои куртад?зон? ба д?кони чевар ра?сипор шуду назди дарвозаи бозор якчанд духтарчаро маш?ули сангчабоз? дид. Бачагияш ёд омаду ла?зае истода, хаёломез он с? нигарист ва… Нигинаро шинохт, ки тамоми ?ушу ёдаш ба боз? банд буду ?афт сангчаро ба пушти даст ни?ода ва чолокона боло ?аво дода, мо?ирона бо кафи даст дошта мегирифту имкон намедод, ки ягонтоаш ба замин афтад.
Куртаю чевар фаром?ш гашту ба пеши духтаракон омад. Вале Нигина бехабар аз модар санги чилто?а мебозид. Сурфаи ошноро шунида, як ?ад париду бар?вор аз ?ой ?а?ид ва гуна?корона сар хам карда, барои шунидани маломат рост истод.
– Эй ?уни модар, чува аз дарсхуна гурехта, бо духтарча?ои бегуна боз? мекун??
– Аз дарс гурехтаг? не ман. Маълима ?авоб додаг?.
– Чува ?авоб дод?